Номаи шодбошии ИНТ ба Алии Муҳаммадии Хуросонӣ
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ яке аз пажӯҳишгарон ва адабиётшиносони пурмаҳсул ва шинохта буда, дар пажӯҳиш ва нақду баррасии осори дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи худро дорад. То имрӯз асарҳои фаровоне аз қабили «Девони форсӣ»-и Навоӣ, «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол, «Илоҳинома» ва «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор, «Ҳазору як андарз»-и Низомӣ, «Ҳикоят ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ, «Девони Кабир»-и Ҷалолуддини Балхӣ, «Девониа шъор»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (ҳамроҳи Р. Ҳодизода) бо таҳияву тадвин, муқаддима ва тавзеҳоти ӯ ба чоп расидаанд. Мавсуф беш аз 50 сол аст, ки ба таҳқиқу пажӯҳиши осори илмиву адабӣ машғул буда, дар қиболи ин ашъори зиёде суруда, онҳоро дар маҷмуаҳои «Чашмаи нӯш», «Майи гулгун», «Насими тавҳид», «Вусъати ишқ», «Шукуфаҳои сабзи баҳор», «Номбардори падар» ва «Садои вақт» ба чоп расондааст.
Пажӯҳишҳои муаллиф дар атрофи матншиносии осори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва мушкилоти он, одоб ва ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома», рӯзгору осори Асадии Тӯсӣ, Аттори Нишопурӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Амир Хусрав, Ҷомӣ, Навоӣ ва дигарон дорои аҳаммиятанд.
Хидматҳои Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар рушди адабиёти тоҷик бо нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, «Ҷоизаи фахрии президентӣ»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ордени “Дӯстлик”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба адабиёт қадрдонӣ шудаанд.
Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагон аст.
Ҳамқалами худро ба муносибати 75-умин солгарди умри баракатбораш сидқан шодбош мегӯем ва ба ӯ саломатии комил, табъи болида ва саодати рӯзгор таманно мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



