Номаи шодбошии ИНТ ба адиби маҳбуб Латофат Кенҷаева

Латофат Кенҷаева соли 1967 баъди хатми мактаби миёнаи ноҳияи Деваштич ба шаҳри Душанбе омада, соли 1972 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх ба поён расонд, пас ба ҳайси муҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиои мамлакат барномаи «Фирӯза»-и радиои тоҷикро солҳо таҳия намуда, миёни бонувон ихлосманду шунавандагони зиёд пайдо кард. Вале ӯ чун барои кӯдакону наврасон шеър мегуфт, ба зудӣ сармуҳаррири маҷаллаи бачагонаи «Машъал» таъин шуд ва соли 1980 маҷмуаи нахустинаш «Лолаарӯсак» рӯйи чопро дид. Аммо муваффақияту шуҳрат маҳз дар замони Истиқлол насиби Латофат гардид, зеро ӯ аз ҷумлаи адибонест, ки нобасомониҳои солҳои навадуми қарни гузашта рӯҳафтодаашон накард, бо қатъияти махсус ба эҷод машғул шуд ва низ амалеро анҷом дод, ки дар он айём ноширони варзида ҳам ҷуръату ғайрат намекарданд: соли 1996 ташкилоти ғайридавлатии «Истиқбол»-ро таъсис намуд ва табъу нашру тарғиби осори барои кӯдакон таълифнамудаи адибони тоҷикро ҳадафи асосии худ қарор дод. Асарҳои ба зеҳну дарки бачагон мувофиқи адибони тоҷик Садриддин Айнӣ, Пӯлод Толис, Аминҷон Шукуҳӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Алӣ Бобоҷон, Юсуфҷон Аҳмадзода, Баҳром Фирӯз, Низом Қосим ва дигаронро «Истиқбол»-и Латофат чоп карда, ба дасти хонандаҳо супурдааст. Дар сӣ соли охир ҳар куҷо бачае ҳунаре дошт, «Истиқбол» истиқболаш кард ва офаридаи ӯро муаррифӣ намуд. Даҳҳо қаламкаш, рассом, хушнавис, овозхон, раққосу гулдӯзи наврасро «Истиқбол»-и Латофат сарпарастию раҳнамоӣ кардааст.
Эҷоди Латофат тамоми паҳлуҳои ба таълиму тарбия вобастаи насли наврасро фаро гирифтааст. Ӯ барои атфол шеър, бозӣ, ҳикоя, афсона, муаммо, шумурак, достонҳо навиштааст. Пас аз «Лолаарӯсак» маҷмуаи «Таронаҳо», «Марҷони ранга», «Шарораи хотираҳо», «Сандуқчаи марворид», «Рози шабнам», «Мусича ва Дурдона», «Оҳи гусаста», «Нома ба бародар», «Гурбаи Сомон ва ҷӯҷаи Ораш», «Наҷотбахши дунё кист?», «Қофиябозӣ 1-2», «Шеърҳо», «Хилвати гесӯ», «Фариштае ба нури орзу», «Афсонаи Тилонур», «Гаҳвораҷунбон», «Саргузашти чуҷаи доно», «Қофиябозӣ — 10», «Мӯрчаяки баднафс», «Зиёфат», «Афсонаи 10», «Бозии рустшавакон», «Шукрон, куҷоӣ?», «Очабузи Шоҳона», «Садбарги ҳае»,»Алифбои худомӯз», «Садранга пуфак барои Юсуфак», «Кӣ зуд меёбад?», «Кӣ чӣ гуфт?», «Нома ба бародар» ва ғайраро эҷод кардааст, ки ҳам мақбули кӯдакону наврасон ва ҳам насли калонсоланд. Латофат худро чун адиби рангинхаёл дар миёни хонандагони хурдсол барвақт муаррифӣ намудааст.
Намунаҳои осораш ба забонҳои дигари мардуми олам тарҷума шудаанд ва ӯ худ низ ба тарҷумаву чопи асарҳои адибони ҷаҳон машғул аст.
Адиби маҳбуби мо Латофат ба синни мубораки 75 қадам гузошт. Ин санаи фархундаро муборакбод намуда, барои ӯ тани сиҳату муваффақиятҳои корию эҷодии тоза ба тоза таманно дорем!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон