Номаи шодбошии ИНТ ба адабиётшиноси маъруф Аламхон Кӯчарзода

 Номаи шодбошии ИНТ  ба адабиётшиноси маъруф Аламхон Кӯчарзода

Яке аз донишмандони маъруфи кишвар, адабиётшинос, матншинос ва мунаққиди намоён устод Алмхон Кӯчарзода ба синни мубораки 80-солагӣ қадам ниҳод.

Аламхон Кӯчарзода 4-уми феврали соли 1946 дар деҳаи хушманзараи  Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дида ба ҳастӣ кушод. Факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро соли 1969 хатм намуда, ба ҳайси муаллим дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба кор шуруъ кард. Мавсуф соли 2002 озими Душанбе гардида, то соли 2011 мудирияти  кафедраи назария ва ада- биёти навини форсии тоҷикии ДМТ-ро бар дӯш гирифт. Баъдҳо ҳамчун сарходими илмии Институти илмӣ-таҳқиқотӣ дар назди ДМТ фаъолият кардааст.

Аламхон Кӯчарзода соли 1997 дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илми фи- лология гардидааст.  Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 2017 Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рисолаҳои «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми Мирзо Турсунзода» (1988),  «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори С. Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» (2002), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ» (2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014), «Нақди матн ва нақди адабӣ» (2017),  «Матншиносӣ» (2017) «Фаъолияти муҳассилӣ ва омӯзгории устод Садриддин Айнӣ» (2018), «Андешаҳои дунявӣ дар осори С. Айнӣ» (2024)  ва зиёда аз  470 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба қалами ӯ навишта шудаанд. Ҳамчун матншиноси ҳирфаӣ ва пухтакор матнҳои илмиву интиқодии  қиссаҳои «Одина» (1992) ва «Марги судхӯр» (2010)-и С. Айниро дастраси мухлисон ва ҳаводорони илму адаби кишвар кардааст.

Устоди пуркори мо дар баробари фаъолияти илмӣ ва пажӯҳишӣ ба таълифи осори бадеӣ низ машғул буда, чакидаҳои қалами худро  дар маҷмуаҳои «Сад ру- боӣ» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013), «Насабномаи Файзалӣ» (2016), «Замзамаи Роғун» (2018), «Аламдор» (2019), «Аз дастҳои наҷобату гулрез» (2022) дастраси мухлисон гардондааст.

Мавсуф Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), дорандаи ордени Дӯстӣ (2001), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2003) аст.

Имрӯзҳо Аламхон Кӯчарзода бо ҳамон нерӯ ва иқтидори ҳамешагӣ машғули иншои осори илмиву адабӣ мебошад. Устоди гиромиро ба муносибати ҷашни ҳаштодсолагиаш бо ихлосу иродати бепоён муборакбод гуфта, барояш хотири ҷамъ ва рӯзгори нек таманно мекунем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо