Абдунабӣ Сатторзода соҳиби нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедил шуд
Номаи шодбошии ИНТ ба Абдулвосеъ Сангинов
Абдулвосеъ Сангинов баъди ба итмом расонидани таҳсил дар шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба кори матбуоту нашриёт пардохта, ба ҳайси мухбир дар рӯзномаи «Коммуна»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат), муҳаррири шуъбаи адабӣ-драмавии Телевизиони Тоҷикистон, мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», муҳаррир ва раиси нашриёти «Ирфон» кор кардааст. Ҳамчунин, дар солҳои гуногун ба сифати барқкори Муассисаи сохтмони алоқаи Тоҷикистон, афсари Қувваҳои мусаллаҳи собиқ ИҶШС дар Афғонистон, корманди илмии Пажуҳишгоҳи мероси хаттии АМИТ, мушовири ҳайати намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра фаъолияти пурсамар доштааст.
Дар баробари фаъолият дар матбуоту ташкилотҳои байналмилалӣ пайваста ба эҷоди ҳикояву қисса шуғл меварзид ва ҳосили он ҳама заҳматҳояш маҷмуаи ҳикояву қисса ва очеркҳои «Зайнаб-апа», «Ибтидои роҳ», «Фарзанди оҳангар», «Вохӯрӣ», «Навбаҳори куҳандиёр», «Ривояти кӯҳистонӣ», «Уқоби кӯҳӣ» ва ғайраанд.
Ӯ дар тарҷумаи бадеӣ низ қалами худро санҷид ва ҳикояҳои адибони гуногуни Иттиҳоди Шуравиро ба тоҷикӣ баргардонида, пешкаши мухлисони каломи бадеъ намуд. Ҳамчунин тарҷумаи даҳ филми мустанад ва китобҳои зиёде доир баҳуқуқи байналмилалӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Хидматҳои Абдулвосеъ Сангинов бо ордени «Ситораи сурх», Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии ИҶШС ва дигар медалу сипосномаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Мо ҳамқалами хешро ба муносибати 75-умин солгарди умраш табрик намуда, ба ӯ саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар ҷодаи эҷод комёбиҳои бештар таманно дорем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



