Номаи табрикии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ

 Номаи табрикии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ

Алимуҳаммад Муродӣ аз шоирони маъруфи мост, ки бо ашъори хонданӣ соҳиби ҷойгоҳи хосса гардидааст.

Мавсуф дар охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта бо нафаси тоза вориди адабиёт гардида, зуд дар муҳи­ти адабии кишвар ва байни хонандагон эътироф шуд.

Баъди ба поён расондани риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои маҳал­лии ноҳияи Ёвон ва шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) корашро оғоз кард ва таҷрибаи рӯзноманигорӣ андӯхт.

Сипас ба пойтахти кишвар кӯчида, соле чанд дар редаксияи мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ва сипас дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба ҳайси мудири шуъбаи нақди адабӣ кор кард. Фаъолият дар маҷаллаи адабӣ боиси ташаккули ҳунари шоирии ӯ ва пешрафти кори адабияш гардид.

Маҷмуаҳои ашъори “Дастниҳол”, “Боғи мурод”, “Нози Наврӯз”, “Чароғи рӯзадор”, “Хайрбоди баҳор”, “Моҳи хасрав”, “Шафақи шом” ва “Сияҳҷангал” Алимуҳаммад Муродиро чун шоири хушсухану борикбин муаррифӣ карданд ва ба ӯ ному шуҳрат оварданд.

Шоир аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагон аст ва хидматҳояш бо Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадр­донӣ шудаанд.

Ҷашни ҳаштодсолагии шоири маъруфамонро сами­мона хуҷастабод гуфта, ба ӯ табъи ҳамвора саршору давлати бедор таманно мекунем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо