Номаи табрикии ИНТ ба шоира Зулфия Бобоева
Муҳтарам Зулфия Бобоева!
Шумо дар радифи дигар адибони ӯзбекзабони Тоҷикистон барои ташаккули ин бахши адабиётамон заҳмат кашида, як силсила асарҳои манзуме эҷод намудаед, ки аз ҷониби хонандагони ӯзбекзабон хуш пазируфта шудаанд.
Намунаҳои ашъори Шумо натанҳо дар нашрияҳои ӯзбекии Тоҷикистон, балки дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ӯзбекистон низ интишор ёфтаанд, ки ин далели эътироф шуданатон аз тарафи ҳамқаламони кишвари дӯсту ҳамсояамон аст.
Маҷмуаҳои ашъори «Бӯрон қизӣ», «Илтиҷо», «Бир кам дунё», «Қуёшдан қарз», «Тоғлар нидоси», «Ойсиз оқшомлар», «Эртага кеч бӯлади», «Кафимдаги капалак», «Сабрим саодати», ки дар Душанбеву Тошканду Хуҷанд ва Истаравшан ба табъ расидаанд, ҳосили заҳматҳоятонро дар ин ҷода дар бар гирифтаанд ва Шуморо дар силки суханварони муваффақи ӯзбекзабони Тоҷикистон ҷой додаанд.
Ба иншои мақолаҳои публитсистӣ иштиғол доштанатон гувоҳи иштироки фаъолонаатон дар ҳаёти ҷамъият ва бетараф набуданатон дар баробари рухдодҳои ҷомеа мебошад.
Ҷашни фархундаи 70-солагии Шуморо самимона хуҷастабод гуфта, бароятон тавфиқи рӯзафзун ва хушрӯзгории бардавом таманно мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон