Номаи табрикии ИНТ ба Нурмуҳаммад Исҳоқӣ
Муҳтарам Нурмуҳаммад Исҳоқӣ!
Шумо аз хурдӣ ба қалам ва сухан муҳаббат доштед. Навиштаҳоятон ҳамон вақт дар нашрияҳои маҳаллӣ чоп мешуданд ва аз азми ҷазму иродаи қавиятон дар ин роҳи душворпаймо дарак медоданд.
Ибтидои фаъолияти эҷодиятон бо рўзноманигорӣ вобаста аст, зеро нахустин чакидаҳои хомаатон мақолаву лавҳаҳо буданд. Ҳамин меҳри сухан буд, ки Шуморо соли 1980 ба факултаи суханшиносии Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон овард. Бо омўзиши назокатҳои адабиёт эҷодиёти Шумо самтҳои тоза ёфт ва баъдан дар се замина – рўзноманигорӣ, шоирӣ ва нависандагӣ ҷараён гирифт.
Ҳангоми фаъолият дар Донишгоҳи омўзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ низ аз эҷод дур нашуда, пайваста қаламфарсоӣ намудед ва дар матбуоти даврӣ навиштаҳоятон муттасил ба табъ мерасиданд.
Фаъолияти Шумо дар даргоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳангоми муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» буданатон равнақи тозатар гирифт ва дар ин давра як силсила осоре ба нашр расонидед, ки қобили таваҷҷуҳанд. Маҳз дар ҳамин давра, соли 2006 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудед.
Маҷмуаҳои ашъори «Дарди номус», «Месўзаму мегирям», романҳои «Мурдаи берун аз гўр», «Шаҳри тиру гови пир» ва дигар асарҳо гувоҳи рангинии фаъолияти эодии Шумо ҳастанд.
Ҷашни фархундаи 70-солагӣ ҳумоюн ва комёбиҳоятон рўзафзун бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон