Номаи табрикии ИНТ ба Муҳсин Аминзода
Муҳтарам Муҳсин Аминзода!
Шумо чун вориси содиқу собитқадами падари маъруфи худ – Муҳиддин Аминзода по ба арсаи шеър ниҳода, солҳои дароз чароғи ин сулолаи машҳури адабиро фурӯзон нигоҳ доштед.
Муҳити адабии хонавода барои парвариши завқу табъи Шумо ва ташаккули маҳорати суханвариятон бисёр мусоидат кард ва сарнавиштатонро барои ҳамеша бо шеъру сухан пайваст.
Ҳанӯз овони донишҷӯӣ, охири солҳои 70-и садаи бистум дар машваратҳои ҷумҳуриявии адибони ҷавон ширкат варзида, истеъдоди худро дар гуфтани шеър зоҳир кардед ва дар ин роҳ бо азми ҷазм қадам ниҳодед.
Фаъолият дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд, ки то замони бознишастагиятон идома дошт, боиси ғанӣ гардидани таҷрибаи Шумо ҳам дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ва ҳам дар роҳи шеър гардид. Ҳангоми фаъолият дар ин ҷо аз рӯзгори адибону ҳунарпешагон Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Аминзода, Озод Аминзода, Боймуҳаммад Ниёзӣ ва дигарон филмҳои мустанад таҳия намудед, ки дар хазинаи телевизион маҳфузанд.
Маҷмуаҳои ашъори “Чашма” (1989), “Сояи хаёл” (1998), “Занҷираи заррин” (2007), «Қаламам Ватан навишт» (2014), “Эй модари ҷон” (2023), “Садои Сир” (2023) фаъолияти пурбори шоириятонро нишон медиҳанд.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданатон гувоҳи қарор доштанатон дар доираи таваҷҷуҳи аҳли адаб ва хонандагон аст.
Ҷашни 70-солагӣ ҳумоюн ва комёбиҳоятон рӯзафзун бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон