Нозирҷон Боҳирӣ. КОРГАРИ РОҒУН

 Нозирҷон Боҳирӣ. КОРГАРИ РОҒУН

Ба коргарони НБО-и Роғун

Кӯҳро он ки аз ро нишонад, туӣ,
Оташ аз оби дарё ситонад, туӣ,
Он ки чархи замон пеш ронад, туӣ,
Зиндагиро ҳаме гул кунонад, туӣ.

Сӯи фардо равон пеши саф коргар,
Толеи халқи олам ба каф, коргар.
Бори имрӯзу оянда бар дӯши туст,
Бар тую насли ту сад шараф, коргар.

Дода азми ту пӯлодро обутоб,
Гашта аз зӯри бозуи ту оҳан об.
Бо ҳама қудраташ монда андар шигифт,
Дида нурофаринии ту офтоб.

Сӯи фардо равон пеши саф, коргар,
Толеи халқи олам ба каф, коргар.
Бори имрӯзу оянда бар дӯши туст,
Бар тую насли ту сад шараф, коргар.

 

 

 

Дигар хабарҳо