Ногуфта наметавонам

Кароматуллоҳи МИРЗО

Барои Нур Табаров

Муаллим будам, ҷойи корам наздик, овозрас, баъзан баъди садои зангро шунидан мактаб мерафтам, ташвиши зиёд не, роҳат. Вале ҳамин гуна зиндагии осудаамро душвор намудам, айби худам. Ҳаваси рӯзноманигорӣ ба сарам омад. Маро ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба кор даъват намуданд. Ҷойи кор дур. Байни деҳаю Душанбе мошин ягон-ягон, автобус набуд. Аз кор дер намонам гуфта, субҳгоҳӣ ба роҳ мебаромадам. Пиёдаву савора, коре карда барвақт ба идораи рӯзнома мерасидам, аз ҳамкорон пештар ман дар паси миз. Аз кор ба хона баргаштан боз душвортар, кори рӯзнома то дер давом мекард. Ҷаласаҳои зиёд, летучка. Хуллас, вақте маҷлис анҷом меёфт, ки шаб шуда буд, ҳама хона ба хона мешуданд, осмон ситоразор. Ба деҳа дар ин вақт мошин аз куҷо? Банда боз дари ҳуҷраамонро мекушодам, курсиҳоро қатор мечидам, тарҳи ҷойхобам. Баъзе шабҳо бандаро ҳамкорон ба хонаашон мебурданд. Яке аз ин гуна дӯстонам сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии “Суҳбати дӯстон”-и радио шоир Наимҷон Назирӣ буданд. Ҳамсарашон ҳам аз аҳли эҷод. Аҳли оила ба банда меҳрубон. Шабе меҳмонашон будам. Аҳволамро медонистанд. Бесарпаноҳ, шабу рӯз дар роҳ, барфу борон. «Ҳа» гӯям, ҳамроҳам назди Сардори раёсати савдои шаҳр муҳтарам Ҷумъаев медаромадаанд. Он кас одами хуб, хоҳиш мекардаанд, ки барои рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” як мошини “Запарож” ҷудо намоянд, мошини майда, арзон. “Соҳиби мошин мешавам? Мошинам қатӣ деҳа рафта меоям?”

Назди муҳтарам Ҷумъаев даромадем, марди солманди миёнқад, гандумгун, чеҳракушод, хушсухан. Наимҷон Назирӣ хоҳишамонро гуфтанд. Рафиқ Ҷумъаев ваъда доданд, ки мадад мерасонанд, ба номи рӯзнома мошини “Запарож” ҷудо мекунанд, лекин гуфта наметавонистаанд, ки онро ба кӣ бидиҳанду ба кӣ не. Аз ман пурсиданд:

– Агар мошин ҷудо шавад, дар идора онро ба ту медиҳанд?

– Намедонам, – гуфта, дастҳо пеши бар аз ҷой бархостам ва дар фикр афтодам. Дар рӯзнома муҳтарам раиси Иттифоқи касаба ҳастанд, ҳақгӯ, қонундон. Боре ба ихтиёри рӯзнома хона ҷудо карда буданд. Барои хонагирӣ номи банда ҳам зикр шуд, лек муҳтарам раис ғавғо андохтанд. Гуфтанд, ки Кароматулло навкор, ҳатто барояш хобгоҳ додан мумкин нест, зеро банда дар қайди шаҳр набудаам.

Гуфтаи муҳтарам Ҷумъаев шуд. Ба ихтиёри рӯзнома мошини “Запарож” омад. Маҷлис карданд. Муҳтарам раис аз ҷой бархостанд. Пурсиданд, ки Кароматулло Мирзоев чанд пул маош мегирад? Бо кадом пул мошин мегирифтааст? Нигоҳҳо ба ҷонибам. Раис рост мегуфт, ки Кароматулло пул надорад. Ҳама хомӯш. Тақдири мошин ҳал мешудагӣ барин. Вале сармуҳаррир Муқимҷон Абдураҳмонов, рӯҳашон шод бод, бо чеҳраи кушод аз паси мизашон бархостанд.

– Муҳтарам раис, шумо ғами пул доштану надоштани Кароматуллоро нахӯред, – гуфта баъд фаҳмонданд, – ман аз аҳволи Кароматулло огоҳам, медонам, ки гову моли модарашон ҳаст, боғашон ангур бастааст, анористони паси хонаашон боз як боғ. Кароматулло аз худашон ба худашон як чи-ним чӣ доранд.

Тақдири мошин ҳал гашт, қарор шуд мошини “Запарож” ба Кароматулло дода шавад.

***

 Хабари мошингирии банда зуд ба гӯши аҳли деҳа расид. Ҳама дар ҳайрат, деҳа пури одамони дорандаву бачаи кампири Маҳкампошшо мошиндор мешудааст? «Э не-е», мошинро ба вай додаанд.

Рӯзи мошинро ба хона овардан дар кӯчаамон кӯдак борид. “Дид, дид” ошарф дода, “Запарож”-и хурдакаки маро аз миёни одамон мегузаронданд. Мошин ба пеши даричаи ҳавлиамон расиду роҳаш гум шуд, дигар ба куҷо ҳай кардани онро надонистанд. Ҳавлӣ дарвоза надошт, гирдогирдаш девор, ҷо-ҷояш гаштагӣ. Мошин дар роҳ монд. Дар атрофаш ҳама тамошобин.

– Мошини бачама дар кӯча намонед, ба ҳавлӣ дароред, – модарам шодмонӣ доштанд.

– Мошинро, хола, холаҷон, чӣ хел ба ҳавлӣ дарорем? Роҳ нест.

– Деворро гардонед, – модар сухани дигар наёфтанд.

Деворро гардонданд, аз паси мошин ба ҳавлӣ гову моли ҳамсояҳо

даромаданд. Модар илоҷ ёфтанд, як гилеми калони тахта-тахта сиёҳу сафеди ӯзбекӣ доштанд, гуфтанд, ки онро ба ҷойи гаштагии девор овезем, аз чор тараф мех занем.

– Дарвоза-а, бибӣ? Дарвозаи ҳавлии Кароматулло, – чанд нафар ба ҳоли модар хандиданд, масхара карданд. Модарам бонуи хондагӣ, босавод. Дар ҷавоб чанд мисраъ шеър хонданд. Аз ҷумла гуфтанд:

 – Дарвозаи маромар, шоҳу гадо баробар, – ва баланд хандиданд.

***

Банда мошинро ҳай карда наметавонистам. Он дар ихтиёри шавҳари хоҳарам. Он вақт ягона мошини шахсӣ дар деҳа. Имрӯз қариб ҳама соҳиби се-чор мошини хориҷӣ, ноёфт. “Запарож” гуфтанӣ мошин дар ёдҳо намонда. Вале ҳамон вақт ин мошин ба мардум хизмат мекард. Сари кӯдакеро дард гирад, фишори касе баланд шавад, пойи нафаре лат хӯрад, ба хонаи мо меомаданд. Онҳоро ба шаҳр, ба духтурхонаҳо бурда овардан лозим буд.

Баъд аз мошинро ба дару деворҳо бархӯронда, нуқсдор кардан ронданашро омӯхтам. Ба ҷойи кор бо мошин рафта меомадам. Баъзан ҳамкорон, ҳатто сармуҳаррирамон, корафтод мешуданд, хоҳиш мекарданд ба ҷое бурда биёрам. Яке аз дӯстони наздикам рӯзноманигор ва нависандаи машҳур Нур Табаров буданд. Баъзан он касро ба хонаамон меовардам. Дар маъракаҳои хушию нохушиамон ширкат мекарданд. Писаракони хурдсолам Иқболу Парвиз бештар аз он кас розӣ, барояшон ягон ширинӣ ё бозичае меоварданд. Аҳли хонадон бо эҳтиром «устод Нур Табаров» мегуфтанд. Он солҳо ширкати аъзои ҳизб, хусусан мансабдорон, дар ҳар гуна маъракаҳо мумкин набуд, ҷазо мегирифтанд, аз вазифа мемонданд. Боре мо ба сари Нур Табаров, ки мудири шуъбаи маданияти ҷумҳурӣ буданд, қариб ҳамин гуна рӯз овардем. Дар хона маъракаи хурсандӣ, адибони машҳур устодон Ашӯр Сафар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром омада буданд. Аз кормандони ҳизбӣ бо сарварии Нур Табаров дӯстонамон Б. Маҳмадов, Х. Шарифов, А. Шарифов низ ҳозир. Онҳо ҳама вазифадорони ҳизб, дар хонаи алоҳида менишастанд. Мақсади маъракаи моро фаҳмида, табъашон хира шуд.

– Кароматулло, ту моро ба тӯйи хатнаи бачаҳот овардӣ? Нафаҳмидем, меравем. – Нур Табаров ва ҳамроҳонашон дар айни гармии тӯй ҳама хестанӣ шуданд.

– Истед, истед, – устод Фазлиддин Муҳаммадиев, ки барандаи маърака буданд, баландгӯяк ва китоби ҳамон рӯзҳо нашршудаи банда қиссаи “Шабе дар Кабудҷар”- ро ба даст гирифта:

– Меҳмонони азиз, – гӯён ба гап сар карданд. – Медонед мо баҳри чӣ дар ин маърака ҷамъ омадаем? – Ва китобро нишон дода давом доданд: – Ана, ин китоби Кароматулло, нав баромадааст, сабаби дигар тифлакони ӯ мактабрав шудаанд ва афзуданд: – Тӯй муборак! Дар чеҳраи меҳмонони мо ханда омад.

Боз як бори дигар ҳам банда бародар Нур Табаровро дар хиҷолат монондаам. Барои он амали ноҷо, имрӯз ҳам аз худ норозӣ, гунаҳкорам.

Баъде, ки мошиндор шудам, дар хона ба гуфтани гапи рост эҳтиёт мешудам. Айёми ҷавонӣ, чӣ роҳҳое пеш намеомад. Гоҳе роҳ қад-қади дарёҳои Кофарниҳону Варзоб, гоҳе шабонгоҳ ҳам дар тамошои осмони ситоразор. Дар хона ваъдахилофӣ, аксаран хоҳишҳои завҷаам иҷро намешуданд. Раҳматӣ хафаю бедимоғ. Сабаб боз ҳамон гапҳо, маҷлис, навбатдорӣ ва баъд боз як баҳонаи дигар: Дӯсти хонадонамон Нур Табаров қатӣ будам, хизмат фармуданд.

***

Воқеаи нохуше, ҳамаамон хиҷил. Модари завҷаам ба хабаргирии хоҳарашон ба деҳаи Дарёбод рафта ба ногоҳ аз пой афтода, касал шудаанд, беҳушу беёд.

Бародарони завҷаам ҳама аз пайи мошинкобӣ, ки модарро биёранд.

– Мошин накобед, мошини худамон ҳаст, – завҷаам аз банда талаб кард, ки аз кор барвақт баргардам, дурӯғ нагӯям. Ва афзуд, ки агар ӯро дар назди бародаронаш забонкӯтоҳ намоям, меранҷидааст, мерафтааст.

– Ба куҷо?

– Баъд мефаҳмед, – гуфт дар ҷавоб.

***

Ба соат нигаристам. Вақти корбароӣ, саросема берун давидам, дари мошинро боз намуда муҳаррикро ба кор даровардаму раҳакӣ шуданӣ будам, ки дари мошин кушода шуд, Нур Табаров ва Камол ном ҳамроҳашон.

– Танка куҷо мебарорӣ? – Нур Табаров хандида-хандида бо Камол ба мошин нишастанд.

– Куҷо меравед? – Пурсидам.

– Худат куҷо меравӣ? – Дар ҷавоб суол шунидам.

– Хона меравам, – гуфтам бо димоғи сӯхта.

– Ҳай кун, ҳай кун танка, хонаи мо меравем, маърака аст. Мошинро ба роҳ даровардам.

Хунук, яхбандӣ, барф меборид. Дар роҳрӯ барф баланд. Банда бо мошинам дар роҳи Душанбе — Орҷинкидзеобод, хафаю маъюс. «Куҷо рафтанӣ будаму чӣ роҳе пеш омад». “Рафта наметавонам” гуфта натавонистам, забонам нагашт. Хомӯш будам, аммо ношунаво бо худ гап мезадам, хархаша доштам. Ақлам коста. Ҳаракати мошин чӣ гуна? Намефаҳмидам. Бероҳа шуд, ба девораи роҳ бархӯд. Пиёда шудем, як ними пеши мошин пачақ. Нур Табаров ба ҷойи осебдида чанд лаҳза нигариста:

– Мулло (гоҳе ба ҷои номам маро ҳамин тавр меномиданд), зиқ нашав, гуфтам-ку “Запарож”-и ту зӯр, танк, танк бояд ба ҳар куҷо бархӯрад, занад, абгор шавад, – гуфтанду хандиданд. Хиҷилтар гаштам.

Аз пули дарёи Кофарниҳон гузаштем. Аз пеши муҷассамаи “Модар”, ки дар даромадгоҳи шаҳр қомат афрохтааст, тоб хӯрда ба роҳи Файзободу Бадахшон гаштем. “Дар пештар чароғак, ба тарафи дасти чап тоб мехӯрем, аз назди бинои ҳукумат ва қасри фарҳанг мегузарем. Баъд кӯчаҳои каҷу килеб, баъд ҳавлии Нур Табаров, маърака. Ба маърака меравам, менишинам. Бояд нишинаму нишинам, ҷавоб намедиҳанд. Нур Табарову ҳамроҳашонро боз ба шаҳр, ба хонаҳояшон бурданам лозим”.

Гардиши як кӯчаи тангро тоб хӯрдем. Ба гӯшам садо меомад, садои завҷаам. “Боз гапи маро нагирифтед? Модарамро наовардед? Худам меравам, пиёда меравам, модар мегӯям, шумо мошин гӯед, мошин!”

– Нарав! – беихтиёр овозам баланд шуд. Дигар мошин ҳай карда натавонистам, пешу ақиб дода, фуки онро ба роҳи омадаамон гардондам.

– Чӣ гап, Кароматулло? – Нур Табаров дар ҳайрат.

– Меравам.

– Куҷо?

– Хона.

– Моро дар роҳ мепартоӣ?

– Фароед, – боҷуръаттар овоз баровардам.

Ҳаракати мошин суръат мегирифт, сӯйи хона, сӯйи завҷаам ва

тифлаконам мешитофтам.

***

Аз миён чанд рӯз гузашт. Имкони бо Нур Табаров вохӯрдан нашуд. Шунидам назди касе аз банда гила карда, боз ҷонибдорам ҳам шудаанд. Гуфтаанд, ки Кароматулло баъзан ҳамин хел якравӣ ҳам дорад. Баъд солҳо гузаштанду Нур Табаров сари он гапу ҳарф наомаданд. Аз танки мегуфтаи Нур Табаров — “Запарож” нишоне намонда. Банда боз мошиндор шудам. Нур Табаров ҳамроҳам, дар мошинам нишаста гоҳе бо шӯхӣ мегӯянд:

– Кароматулло, моро боз дар роҳ напартоӣ.

Сабаби он гуноҳамро ногуфта наметавонистам. Ҳикоя навиштам. Нур Табарови азиз ҳамеша побарҷоии оилаи моро мехоҳанд.

Дигар хабарҳо