Низом Қосим. Панҷ соли адабиёт: инкишофи жанрҳо, густариши мавзуъ, такомули ҳунар ва эҳсоси масъулият

 Вакилони муҳтарам!
Меҳмонони арҷманд!

Аз Анҷумани 15-уми нависандагони Тоҷикистон панҷ сол гузашт. Дар ин давра саҳми фаъолонаи давлати мо дар сиёсати ҷаҳонӣ, ташаббусҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натанҳо иштироки пайваста дар чорабиниҳои байналмилалӣ, балки баргузор намудани онҳо дар мамлакатамон обрӯю нуфузи кишварро бамаротиб афзуданд. Ин панҷсола давраи таҳкими ваҳдату саодати халқ ва рушди босуботи кишварамон буд. Садҳо корхонаҳо ба кор шуруъ намуда, боиси пайдоиши ҳазорон ҷои кор гардиданд, роҳу нақбу пулҳо дилҳову манзилҳоро бештар ба ҳам пайваста, нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқ дилҳову манзилҳоро гарму рӯшантар карданд, сатҳи зиндагии мардум болотар рафт, таъмини амну осоиштагӣ, бунёди пайгиронаю мақсадноки инфрасохтор ва шароити мусоиди будубош мулки моро ба макони дӯстдоштаи ҳазорон сайёҳон ва ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон табдил доданд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, шахсан Пешвои муаззами миллат ба адабиёту адибон низ рӯзафзун буд. Баргузории озмуну маҳфилҳои гуногуни адабӣ, ҷашни адибону асарҳои мондагор, ба ҳар хонадон тақдим намудани китобҳои ҷовидонаи “Шоҳнома” ва “Тоҷикон”, ки рамзи дирӯзу имрӯз ва ҷовидонагии миллату давлати моянд, боризтарин падидаҳои ин давра буданд. Пойтахти мамлакатро бо номи ноҳияву хиёбону кӯчаву боғу гулгашту мактабу донишгоҳҳояш метавон рамзан шаҳри адибон гуфт.

Дар чунин як муҳити мусоиди созандагиву бунёдкорӣ вазъи адабиётамон чӣ гуна буд? Чӣ комёбиҳо ба даст овард ва иҷрои чӣ вазифаҳоеро дар пеш дорад? Оё сатрҳои адибон ҳамрадифи роҳҳои дилбару манзилбар буданд ва осорашон дар қатори нерӯгоҳҳоямон дилҳову манзилҳоро гарму рӯшантар карданд? Ин ва боз бисёр масъалаҳои дигар мавзуи гуфтугӯи имрӯзаамон хоҳад буд ва, умед дорам, ки ҳар гуфтание, ки аз маърӯза афтод, дар музокираҳо барқарор хоҳад шуд ва бо ёрии ҳамдигар манзараи имрӯзаи адабиётамонро пеши назар хоҳем овард.

***

Дигаргунии куллие, ки боиси афзудани роман дар адабиёти навини тоҷик гардид, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар ин давра озодии сухан густариш ёфт, чорчӯбаи усули реализм васеъ гардид, дастурдиҳии идеологӣ аз байн рафт ва озодии воқеии эҷоди бадеӣ фароҳам омад. Романи тоҷик ҳамчун пурғунҷоиштарин жанри наср дар ин давра хеле аз худ дарак дод, натанҳо аз лиҳози мавзуъ ва масъалаҳои таҳқиқшаванда, балки аз ҷиҳати сабки эҷодӣ низ рангину хонданбоб шуд. Табиист, ки вобастаи ҷаҳонбинӣ, донишу таҷриба ва завқу маҳорати нависандагон сатҳи ғоявию бадеии романҳои муосир дар як поя нест, муҳим он аст, ки романнависон ҳамвора дар ҷустуҷӯ ва ковишҳои эҷодианд ва ба воқеият дахолати фаъолона доранд.

Аз таҳқиқи жанри роман дар панҷсолаи охир равнақи панҷ навъи маъмултарини ин жанри адабӣ – таърихӣ, иҷтимоӣ, саргузаштӣ, ахлоқӣ ва психологӣ ба мушоҳида расид.

Табиист, ки баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат ба таърих, илм, фарҳанг бакуллӣ тағйир ёфт. Чунон ки зикр шуд, адабиёт аз таъсири идеологӣ озод гардид, муносибати синфӣ ба таърих ва мероси илмию адабӣ ва фарҳангӣ барҳам хӯрд ва ҷои онро муносибати солиму воқеъбинона ба меъёрҳои умумибашарӣ ишғол намуд. Насри даврони истиқлол, бо вуҷуди пайванди қавӣ доштан бо адабиёти замони шӯравӣ, тозакориҳое касб кард. Ин дигаргуниҳо дар интихоби мавзуъ, мазмун, сабку услуб, шарҳи зиндагиномаи қаҳрамонон ва омилҳои дигар зоҳир шуд. Дар ин давра, ки худшиносии миллӣ беш аз пеш инкишоф ёфта, тафаккури таърихии халқ амиқтар гардид, тадқиқи илмии зуҳур, рушд ва шукуфоии наср, аз ҷумла роман дар адабиёти муосири тоҷик аҳамияти аввалиндараҷа касб намуд. Мардум ҳар қадар роҳи ҳаёти худ, талошу муборизаҳои аҷдоди шарафманд ва фарзандони бузургашро дар ҷодаи озодӣ ва саодати миллат хубтар бидонад, барои истиқлоли воқеӣ, хушбахтӣ ва ободии мамлакат ҳамон андоза бештар ҷаҳду талош мекунад. Дар шаклгирии чунин эҳсоси масъулияти ҷомеа адабиёт дар маҷмуъ ва бахусус жанри роман нақши муҳим бозида метавонад. Баррасии роҳҳои рушду такомули романҳои тоҷикӣ дар давраи истиқлоли миллӣ нишон медиҳад, ки озодии эҷодиёт нависандагонро ба умқи ҳаёти халқ то чӣ андоза мутаваҷҷеҳ намудааст, то чӣ дараҷа онҳо сабақҳои воқеаҳои ҳаётан муҳимро ба ҳалли масъалаҳои доғи зиндагии имрӯз корбаст кардаанд, ҳаводиси рӯзгорро бо ҳақиқатнигорӣ ва тахайюли бадеӣ паҳлуи ҳам оварда, дар тасвиру таҷассуми ҳаёт ва офариниши симоҳои хос ба чӣ комёбиҳо ноил гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ романҳои зиёде ба табъ расиданд, аз ҷумла, “Садама, ё худ достони як марди саргардон”-и Саттор Турсун, “Касе дар нимароҳ намемонад” ва “Соярӯшан”-и Муҳаммад Ғоиб, китобҳои сеюму чоруми “Саройи санг”-и Ато Мирхоҷа, “Ғуруб”-и Равшан Махсумзод, “Қасами Гиппократ”, “Қарз” ва “Талош”-и Маъруф Бобоҷон, “Дар ҷустуҷӯи IQ (Ай Қю)”-и Ҷумъа Қуддус, “Ниқоб” ва “Рангинкамон”-и Матлубаи Ёрмирзо, “Фарзанди Ватан”-и Субҳон Ёдгорӣ, “Ахтари сабз”-и Додохон Эгамзод, “Афсонаи рӯз ё рози Роғун”-и Мираҳмад Амиршоҳӣ, “Се сарво”-и Юсуф Аҳмадзода, “Гули марг”, “Шикасти рӯҳ”, “Оҳанги тавба” ва “Шикаст”-и Шарифбек Азизӣ, “Бозгашти Сафо”-и Абдуғаффори Партав, “Чароғҳо, оинаҳо”-и Саидаҳмади Зардон ва Фарзонаи Назар, “Ҳумоюнфол”-и Саидаҳмади Зардон ва Хушқадам Холиқов, “Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон” ва “Ҷанг ва олами афғонҳо”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, “Нони шарикӣ”-и Мирзонасриддин, “Порисаеву ворисе”-и Сипеҳр Ҳасанзод, “Исмоили Сомонӣ”-и Барот Абдураҳмон.

Бояд зикр намуд, ки дар ин давра ҳам нависандагони соҳибтаҷриба, ки қаблан романҳо офарида буданд ва ҳам адибоне, ки ҳанӯз таҷрибаи эҷоди роман надоштанд, ба ин жанри муҳташами адабӣ рӯ оварданд, аммо саволе ба миён меояд, ки оё ҳамаи он навиштаҳо ба талаботи жанр ҷавобгӯянд? Оё аз назари сохт, таркиб, мавзуъ, забон ва ҳунари нависандагӣ тозагие доранд? Риояти сужети муайян, устухонбандӣ, шахсиятофаринӣ ва дигар ҷузъиёти хоси асари ҳамосӣ дар онҳо риоят мешавад?

Посух ин аст, ки албатта, ин романҳо аз лиҳози мазмуну мавзуъ, ғояву бадеият ва ҳунари нигорандагӣ баробарпоя нестанд, зеро сифати ҳар як асарро савияи дониш, вусъати ҷаҳонбинӣ ва маҳорати нависанда муайян менамояд. Муҳим он аст, ки асарҳои мазкур ифодагари амиқрафти тафаккури таърихӣ, равнақу ривоҷи худогоҳии миллӣ, ҳиссиёти баланди ватанхоҳӣ ва ифтихори миллианд. Дар ин осор ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ инъикос ёфта, қаҳрамононашон чун ифодагари хулқу атвори неки миллат амал мекунанд.

Мавриди ёдоварист, ки ҳар як адабиёти бадеӣ сарчашмаҳои ҳаётӣ ва илмиву адабӣ дорад ва онҳо тибқи завқу савия ва таҷрибаи эҷодии ҳар нависанда истифодаю корбаст мешаванд. Барои офаридани романи таърихии арзишманд адиб бояд эҷодиёти шифоҳии мардуми мавриди тасвир, сарчашмаю суннатҳои адабиёти миллӣ, насри классикӣ ва дастовардҳои адабиёти ҷаҳонро пайваста биомӯзад. Инкишофи эҳсосу андешаҳои хештаншиносии аҳли адаб, баҳрабардорӣ аз осори  таърихшиносон, бахусус мутолиа ва руҷуъ ба таърихи ғании халқ муҳимтарин омилҳои равнақу ривоҷи романҳои таърихӣ дар адабиёти тоҷик гардидаанд. Ҳангоми мутолиаи асарҳои Барот Абдураҳмон, Ато Мирхоҷа, Давлатшоҳ Тоҳирӣ, Юсуф Аҳмадзода, Мирзонасриддин, ки ба таърихи дуру наздики халқамон бахшида шудаанд, инро беш ё кам эҳсос мекунем.

Ато Мирхоҷа дар романи чоргонаи “Саройи санг” сарнавишти печидаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшонро ба тасвир гирифта, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ҳам воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро тасвиру таҳлил бинамояд, ҳам моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқии давру замони муайяни таърихиро тавассути образ ва манзараҳои бадеӣ бикушояд, ҳам симоҳои барҷастаю нотакрори фарзандони бузурги халқро дар оинаи таърих нишон бидиҳад. Ҳузури се арзиш: дониши таърихӣ, таҷрибаи эҷодӣ ва маҳорати нигорандагӣ  асари хонданиеро ба вуҷуд овардаанд.

Мусаллам аст, ки тавассути бадеият иттилои дақиқи таърихӣ додан ба хонанда яке аз ҳадафҳои романи таърихист. Ба ибораи дигар, хонанда маълумоти таърихиро тавассути асари бадеӣ тезтару осонтар азхуд мекунад. Метавон натиҷа гирифт, ки Ато Мирхоҷа як силсила тадқиқоти илмии донишмандони ватаниву хориҷӣ – китобҳои академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, Нафтула Халфин “Политика России в Средней Азии (1857-1867 гг.)”, “Россия и Бухарский эмират на Западном Памире (конец XIХ-начало ХХ вв.)”, Нисор Шакармамадов “Назми халқии Бадахшон”, З. Юсуфбекова “Семья и семейный быт шугнанцев. Конец XIX-начало XX века”, Баҳодур Искандаров “Восточная Бухара и Памир во второй половине ХIХ в.”, Шоҳфутур Муҳаббатшоҳзода ва Сулаймон Қурбонмуҳаммадзода “Таърихи Бадахшон”, Ҳайдаршоҳ Муборакшоҳзода “Таърихи  Шуғнон”, Лахман Ҳусейнзода “Таърихи Рӯшон”, Сангмуҳаммади Бадахшӣ ва Фазлалибеки Сурхафсар “Таърихи Бадахшон”-ро, ки аз муҳимтарин маъхазҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ доир ба ин мавзуъ ба ҳисоб мераванд, моҳирона корбаст кардааст. Забони “Саройи санг” забони меъёрии адабии тоҷик, яъне равону  оммафаҳм, тасвирҳо шоиронаву дилрас аст. Диалогу монологҳо, чунон ки мебояд, бори маънӣ мекашанд. Ҳамзамон дар забони қаҳрамонон ва персонажҳои роман баъзе калимаҳои арабӣ, туркӣ ва ибораҳои тоҷикии асри ХIХ барҷо омадаанд, таркиби луғавии забони вақт ва шеваи гуфтори қаҳрамонони роман таърихан риоя шудааст.

Романи нависандаи шинохта Матлубаи Ёрмирзо “Ниқоб” ба насри андеша мутааллиқ буда, проблемаҳои ҷомеаи муосирро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Сужети онро саргузашти пуршебуфарози аъзои як оила ташкил медиҳад. Нависанда ҷараёни зиндагӣ, хушбахтию бадбахтӣ, ташвишу гирифториҳои онҳоро дар робита бо равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа ба риштаи тасвир мекашад, таъсири дигаргуниҳои ҳаётро ба фикру андеша ва хӯву хислати онҳо боварбахшу ҳаққонӣ тасвир мекунад. Ахлоқи иҷтимоӣ, ки дар насри андеша мавриди таҳлилҳои муфассали бадеӣ қарор гирифтааст, дар ин роман низ мавқеи муҳим дорад. Он моломоли низоъ ва садамаҳои сиёсию иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад. Таваҷҷуҳ кунед ба саҳнае аз рӯзгори пуртаҳлукаи давраи Ҷанги Бузарги Ватанӣ: “Барои сари вақт шудгор кардан занҳо маҷбур мешуданд, ки худашон юғи барзаговро ба гардан бигиранд. Манзараи бениҳоят вазнин буд дар гардани занҳо дидани юғи барзаговҳо. Давраи ғуломдориро ба хотир меовард он. Замоне, ки инсон ҳуқуқ надошт ба озодӣ, аммо имрӯз занҳо озодии худро барои ғалаба  қурбон мекарданд. Умеди ғалаба, умеди дидор барои онҳо муҳимтар буд”. Ин натанҳо вазъу андешаи чанд зани бо азоби алим машғули шудгору кишт, балки фикру зикри тамоми халқи он замон буд, ки нависанда бо лавҳаи гӯёе ба қалам додааст.

Чанде пеш ин бонуи заҳматкаши насри тоҷик романи нави худро бо номи “Рангинкамон” ба анҷом расонд. Хати сужет ва образҳои он маҳсули хаёлоти муаллиф бошад ҳам, воқеияти баёни он хонандаро бовар кунонида метавонад, ки рух додани ҳамин хел ҳодисаҳо дар замони мо аз эҳтимол дур нест. Қаҳрамони роман сарвари нашриёти бачагона буда, мехоҳад, ки ба воситаи чопи китобҳои мувофиқ саҳми худро дар рушди тафаккури кӯдакон бигузорад. Ҳамзамон духтараш Ҷононаро, ки нозпарвари модар аст, тарбия мекунад. Баногоҳ Ҷонона мефаҳмад, ки вай аслан духтари дугонаи модараш мебошад, ки баъд аз таваллуд вафот кардааст. Ин хабар барои Ҷонона зарбаи сахт мегардад ва ӯ аз модар хафа шудаву қаҳр карда ба хориҷа меравад. Ҳаёт дар хориҷа Ҷононаи ҷавонро аввал сармасту масрур мегардонад, аммо ин ҳолат дер давом намекунад. Дар ин маврид тасвири бархӯрди ду маданият хуб сурат гирифтааст. Агар дар қисми аввали роман оқибатҳои фоҷиабори аз асли худ дур шудани одамон мавриди тасвиру андешаҳои адибу қаҳрамононаш бошад, дар қисми дуюм зиндагии онҳое нақлу тасвир шудааст, ки аз танҳоии рӯҳиву ҷисмонӣ азоб мекашанд. Ҷонона ҳам дар чунин муҳит оқибат хулосаи дуруст мебарорад ва маҳз ҳамин чиз, ки қаҳрамони асар инсонгарӣ ва меҳру муҳаббатро интихоб мекунад, боиси умедвории хонанда мегардад.

Романи Мирзонасриддин “Нони шарикӣ” аз тозатарин асарҳоест, ки дар он сарнавишти муҳоҷирони водии Вахш тасвир ёфта, нависанда зиддиятҳои асосиро бар асоси зиндагии персонажҳо матраҳ намудааст. Набарди инсон бо табиат, таҳаввули маънавию ахлоқӣ, офариниши симои инсони ҳақталабу созанда меҳвари асосии консепсияи нависанда дар романи “Нони шарикӣ” ба шумор меравад, ки дар симои қаҳрамони марказӣ нишон дода шудааст. Аз роман чунин хулоса метавон бардошт, ки агарчи замонҳо ва шароитҳо тағйир меёбанд, зиддиятҳои иҷтимоӣ ҳамеша вуҷуд доранд ва бархӯрдҳои мафкуравӣ дар ҳеҷ сурат аз байн намераванд, балки бо фикру ақидаҳои ҷадид, дар шаклҳои дигар зуҳур мекунанд. Садамаву моҷароҳои иҷтимоӣ дар асар зиёд корбаст гардидаанд ва муаллиф ба воситаи онҳо муаммо ва проблемаҳои замонро рӯи кор меоварад. Аз ҷумла, таъкид мегардад, ки замони нав ба Вахш фарҳанги муосири либоспӯшӣ, тарзи нави манзилсозӣ ва ғайраро овард. Аммо истиқбол аз онҳо ҳаргиз маънии инкори фарҳанги миллиро надорад. Дар бораи ин роман чанд мақола ба табъ расид ва, аз назари мо, эродҳое, ки дар масъалаи муносибати муаллиф бо замони шӯравӣ гирифта шуданд, асосан барҷоянд. Танҳо се мисол меорем, ки натанҳо ин гуфтаро собит месозанд, балки ақидаҳои борҳо баёншударо урёну муҷарраду бетаъсир такрор мекунанд: “Инқилоб ин равишро қатъ кард (муаллиф ҳунари миллии тоҷиконро дар назар дорад), на фақат шуморо, касе, ки ҳунарманд, табиб буд, ҳаким буду донишашро пушт ба пушт дода меомад, ҳамаро бурида партофт”. Мисоли дуюм: “Солҳои 1920-1929, ки давлати Шӯро беқувват, бемуттако буд, ба қисме аз мардуми доро, донишмандон ва рӯҳониён рӯйи гарм нишон дод, ба кор гирифт, мансабҳои калон дод. Онҳо ҳам, ки дигар роҳ надоштанд, тарафдорашон шуда, тақдирашонро бо инҳо пайвастанд, корҳои фармудаашонро бо ҷону дил иҷро мекарданд. Лекин баъде, ки давлати синфи коргару деҳқон қувват гирифт, ҳамоно онҳоро бо туҳмату таҳдид аз сафаш берун кард ва ба маҳкама кашид. Чунки табиати синфи дорою камбағал мисли обу оташ аст, бо ҳам намесозад”. Ва мисоли сеюм: “Вале чунин рӯзгор дер давом накард. Фазои замона, ки олудаи ғаразу буғз буд, бисёрии онҳоро дубора ба душманию ҷосусӣ айбдор кардаву ба зиндон кашид ва онҳо нӯшобаи заҳрогини даври истибдодро фурӯ бурданд”. Қобили қабул мебуд, ки чунин ақидаҳо на бо нақл, балки тавассути лавҳаю лаҳзаҳои дилрасу муассир пешниҳод мешуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба бузургтарин муҳаққиқ ва мубаллиғи таърихи халқи тоҷик зикр намуданд, ки “Бобоҷон Ғафуров, зимни сиёсати муҳоҷиркунии дохилӣ, пеш аз ҳама, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ ва иттиҳоду ягонагии мардуми тоҷикро дар меҳвари фаъолияти роҳбарии худ қарор дода буд”. Яъне, муҳоҷиркунӣ сиёсате буд, ки манфиатҳои дарозмуддати давлату миллатро ба назар мегирифт  ва бо пешниҳоди раҳбарияти ҷумҳурӣ амалӣ мешуд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва тасвири бадеии ин мавзуъ низ огоҳии амиқу нигоҳи васеи муҳаққиқон, аз ҷумла адибонро металабад.

Бояд тан дод, ки истилои кишвар аз ҷониби Русияи подшоҳӣ паҳлуҳои мусбат ҳам дошт. Бахусус, аз назари омӯзиши энсиклопедии сарзамину мардум. Масалан, як низомии оддӣ – Николай Хаников оид ба ин таърих, тарзи рӯзгордорӣ, расму оин ва дигар ҷиҳатҳои ҳаёти халқи мо асарҳои зиёде навишт ва Василий Бартолд китоби “Тасвири хонигарии Бухоро”-и ӯро “энсиклопедияи Бухоро” номида буд. Георгий Арандаренко дар натиҷаи омӯзиши амиқи зиндагии мардуми ду минтақаи диёрамон китоби “Дарвоз ва Қаротегин”-ро навишт. Бахусус, он нуктаҳои он пурарзишанд, ки муаллиф тоҷикони муқимиро аҳолии ин қаламрав медонад, садоқати онҳоро ба оилаву аҳли хонадон зикр мекунад. Евгений Марков, ки оид ба сафарҳояш ба бисёр шаҳрҳои тоҷикнишини асри 19, аз ҷумла Тошканд, Бухоро, Самарқанд, маҳалҳои қад-қади дарёи Зарафшон китобе дорад, зикр мекунад, ки буржуазияи Русия бо сармоягузории бузургаш дар инкишофи аморати Бухоро саҳм мегузорад. Академик Бартолд, ки ба сиёсати мустамликадории Россияи подшоҳӣ назари манфӣ дошт, ба он пайвастани Осиёи Марказиро падидаи мусбат ва ташкили мактабҳои русӣ ва усули навро дар ин сарзамин омили пешрафти фарҳангу тамаддуни он мешуморад. Ё худ магар мешавад асарҳои Александр Семёнов оид  ба тарзи зист ва расму оини мардуми Зарафшон, Қаротегин, Дарвоз ва Шуғнон, китоби машҳури Александр Шишов «Тоҷикон»-ро, ки танҳо номаш як ҷаҳон арзиш дорад ва тадқиқоти антропологию этнографии халқи моро анҷом додааст, фаромӯш кард? Мо бояд ҷанбаҳои манфиву мусбати он марҳаларо амиқ, дурандешона, бе эҳсоси нозарур, дар мизони манфиатҳои имрӯзу фардои Ватан биомӯзем ва барои рушду инкишофи кишвар ва таҳкими Истиқлоламон истифода кунем.

Дар бозчопи романи Диловар Мирзо “Кайфар” бо таҳриру иловаҳо раванди ҳамчун шахсият ба камол расидани Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар ин замина каму беш бо чеҳраҳои инқилобии дигар – Шириншоҳ Шоҳтемор, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва дигарон низ шинос шудан мумкин аст. Мо аксари воқеаҳоеро, ки ровӣ – муаллими пири шоҳиди бевоситаи онҳо нақл мекунад, аз манбаъҳои дигар хонда ва ё шунидаем, аммо баёни далели таърихӣ дар атрофи тақдири як шахсият, муҳокимаи рухдодҳо ва ишораҳои тавзеҳию таҳлилӣ ба ҳусни асар меафзоянд. Мутаассифона, дар шакли таҳриру такмилшудаи роман ҳам ҷузъиёти тавзеҳталабе чун афзудани нисбаи Махсум ба номи Нусратулло писари Лутфулло, хонадоршавии такрориаш, тақдири фарзандони қаҳрамон ва ғайра боқӣ мондаанд.

Романи Маҷид Салим “Хирс”, ки бо ҷузъиёти тамсилӣ ба мавзуи табиат ва муҳити зист дахл мекунад, масъалаҳои шахс ва ҷомеа, таъсири манфии дахолати ноҷои инсон ба табиат, натиҷаи муносибати нодуруст ба ҷангалу кӯҳистон ва сокинони онро мавриди муҳокима қарор додааст.

Таззоди некию бадӣ мундариҷаи ғоявии романи Муҳаммад Ғоиб “Касе дар нимароҳ намемонад”-ро ташкил медиҳад. Он заминаи қавии иҷтимоӣ дошта, бо таваҷҷуҳ ба зиндагии ҳамзамонони мо образҳое офаридааст, ки хонандаро мутаваҷҷеҳ ва ба роҳи рост ҳидоят менамоянд. Қаҳрамони асар Манучеҳр дар оғоз рӯзгори осудае дорад, вале шоҳиди дуздидани духтари Сангини тоҷир – Шаҳлои хурдакак шудан ҳаёташро батамом тағйир медиҳад. Бо шоҳидии ӯ духтарак озод мешавад, аммо одамрабоён қасди ҷони ҷавон намуда, маъюб ва умрбод бистариаш мекунанд. Минбаъд бо усули таззод симои ду тоҷир – Сангин ва Ҷовид ба тасвир гирифта мешавад. Ҳарду ҳамкасбанд, лекин Ҷовид мисли Сангин баднафсу фиребгар нест ва кори неки навбатиаш ҳамин аст, ки тарбияи Манучеҳрро ба зимма мегирад, яъне бо ҳиммати инсони нек як нафари боистеъдод дар нимароҳ намонда, ба мақсад мерасад ва хидмати ҷомеа мекунад.

Романи тозанашри ин адиби пуркору ҷӯянда “Сояравшан” дар як ҷилд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хатти ниёгон чоп шудааст. Мазмунҳои алоқаманд ба ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои он, дурандешию зиракии сиёсӣ, ҳифзи сарватҳои моддию маънавӣ муҳтавои асосии онро ташкил додаанд. Назари таҳлилӣ ва андешамандона аз ҷумлаи имтиёзҳои ин асар аст.

Драматурги шинохта Ҷумъа Қуддус баробари таҳияи асарҳои саҳнавӣ ҳамчунин солҳои охир ба эҷоди наср даст зад. Романи ӯ бо номи “Дар ҷустуҷӯи Ай Қю» бисёр масъалаҳои доғи рӯз – зарари интернету гардиши ғайриқонунии асъор, ахлоқу вазъи байналмилалӣ, ноогоҳии ҷавонон ва ғайраро фаро гирифтааст. Асар бо шеваи танзомез иншо гардида, аз зарбулмасалу ифодаҳои мардумӣ саршор аст. Муаллиф образҳои машҳури саҳнавии худ – очаи Биккаву Зиккаро бо тарзи дигар корбаст кардааст, ки метавон гуфт, як воситаи ҷалби хонанда аст. Агар нависанда аз зуҳуроти урёнбаёнӣ ва истифодаи зиёди калимаю ибораҳои кӯчабозорӣ худдорӣ мекард, қимати асараш меафзуд.

Романҳои мустанади Мираҳмад Амиршоҳӣ “Афсонаи рӯз ё рози Роғун” ва Шералӣ Мӯсо “Достони Роғун”, чунон ки аз номҳояшон бармеояд, ба мавзӯи сохтмони нерӯгоҳи бузурги барқ бахшида шудаанд. Романи дуюм ҷолибтар буда, мақсади нависанда таърихнигории бадеии сохтмони азими аср бо таваҷҷуҳ ба кору пайкори коргарон ва андешаи ҳамсуҳбатон аст, ки бар мабнои воқеият, далел ва санад сурат мегирад.

Дар маркази диққати романи Равшан Махсумзод “Ғуруб” “тасвири бадеии таҳаввулоти ҷомеаи муосири тоҷик баъди пош хурдани собиқ давлати абарқудрати Шӯравӣ ва дигаргун шудани муомилаи байни одамон, бинобар тағйир ёфтани сохти ҷамъиятӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, дар мисоли зиндагии мардуми як рустои кӯҳистон” қарор дорад. Масъалаҳо, ки бештар бар тағйири замон ва дигаргуниҳои куллӣ дар бинишу рафтори одамон асос ёфтаанд, бо ҳикоят ва муҳокимаву натиҷагирӣ ифода мешаванд. Агарчи воқеаҳои роман – зиндагӣ дар замони шӯравӣ ва воқеаҳои тақдирсози он, аз ҷумла солҳои қаҳтию гушнагии замони ҷанг, талоши мардум барои зиндагӣ, барқарорсозии пасазҷангӣ, пош хурдани давлати шӯравӣ, оғози замони Истиқлол, нобасомонӣ дар сохтори иқтисодии ҷомеа, муносибат ба амволи давлатӣ, талоши сарват, шебу фарози зиндагӣ, ишқу муҳаббати ҷавонон ва ғайраро дар маҳдудаи як деҳа ва ҳаёти сокинони он ифода кардаанд, “аз назари тағйири мафкура ва бинишу назарҳо паҳнои васеи ҷуғрофиро дар бар мегиранд”.

Дар романи Абдуғаффор Абдуҷаббор “Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон” сафҳаҳое аз таърихи куҳан ва навини шаҳри қадимаи тоҷикон бо сабки ривоятию ёддоштӣ қаламӣ шудааст. Нависанда ҳамроҳи гурӯҳе аз хориҷиён ба мавзеъҳои таърихӣ сафар карда, дар остонаи ҳар макон вориди фазои таърихӣ мешавад ва ба ин восита лаҳзаву лавҳаҳои  “шаҳри таърихаш қадиму рӯҳаш қавӣ”-ро пешкаши хонанда мекунад. Агар куҳантаърихи шаҳр бо шеваи нақлу ривоят сурат гирифта бошад, таърихи навини он дар заминаи корномаи шахсиятҳое манзур мешавад, ки дар сад соли охир зиндагӣ карда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар нақш гузоштаанд.

Дар романи дигари ин муаллиф – “Ҷанг ва олами афғонҳо” “ҷузъиёти романҳои шарҳиҳолӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ, сентименталӣ ва… сафарнома” мушоҳида мешавад. Тасвири бадеии ҷанг дар асоси нақли қаҳрамонҳо ва мушоҳидаи ноқил сурат мегирад. Равшан ба қалам омадааст, ки дар андеша, гуфтор, тариқи зиндагӣ ва муносибати аксари мардуми ҳамсоякишвари ҷанубиамон ҷанг таъсири амиқи дарозмуддат дорад ва бо тасвирҳои қиёсӣ аз рӯзгори халқи мо бартарии мубориза бо ҷанг таъкид мешавад, ки барои насли ҷавон ҳушдори асоснокест. Мо бо таъкиди мунаққиди маъруфамон Мисбоҳиддини Нарзиқул мувофиқем, ки фаслҳои 46, 47 ва 50-и роман ба ахлоқи ҷомеаи мо созгор нестанд ва, ҳамчунин баъзе қисматҳои дигари он ҳам бояд мавриди бознигарии муаллиф қарор бигиранд..

Абдуғаффори Партав дар романи “Бозгашти Сафо” дар мисоли қаҳрамони асосии асар Сафо ҳаёти муҳоҷирон ва мушкилоти заҳмати онҳоро дар доираи муносибатҳои мухталиф, муомилаву муошират бо намояндагони халқҳои гуногун ва амалҳои неку хайрхоҳонаи персонажҳо ба риштаи тасвир кашидааст.

Дар ин давра Саидаҳмади Зардон (бо ҳамқаламии Хушқадам Холиқов) ду романи таърихӣ – “Оҳангар” ва “Ҳумоюнфол”-ро таълиф намуд. Асари аввал бозчоп ва дуюм нав аст. Ҳар ду роман аз назари мавзӯъ – эҳёи арзишҳои миллӣ, гиромидошти таърихи ниёгон, ватандӯстӣ, Модар ва оила, тасвири зебоиҳои кӯҳистон қаробат доранд. Мақсади муаллифон тарбияи ахлоқӣ, худогоҳию ватандӯстии хонандагон ва кӯшиши “офаридани тимсолҳои бошарофату бахосият, ахлоқу хислатҳои ибратбахши инсон” аст. Қаҳрамони асосии романи “Ҳумоюнфол” – Ҳумоюнпаҳлавон шахсияти таърихӣ буда, корномааш якуним-ду аср пеш аз рӯзгори мо рух додааст. Вобаста ба забони персонажҳои роман ҳаминро бояд гуфт, ки истифодаи  калимаҳое,  ки хоси забони наср нестанд, зуд ба чашм мехӯрад.

Дар сиву чор соли истиқлолият марҳалаи нави рушди роман ба миён омада, навъи иҷтимоии он дар баробари навъи таърихӣ ба таври бесобиқа рушд кард. Маъруф Бобоҷон ба ин навъи адабӣ майли бештар дошта, дар романҳои иҷтимоияш масъалаҳои муҳими ҷомеаро мавриди тасвир қарор додааст. Романи “Қасами Гиппократ” дар замони бисёр вазнин, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори ковид буд ва аксарияти ҷомеа ба духтурон ниёз дошт, рӯи коғаз омадааст. Дар меҳвари сужет ҳаёт ва фаъолияти як авлоду ду насл дар ду давраи таърихӣ нишон дода шудааст. Тафовути соҳаи тибро дар ду давраи таърихӣ баррасӣ намудани нависанда бесабаб нест, зеро дар ҳар маврид ҳадаф ҳам бартарӣ ва ҳам камбудиҳоро нишон додан аст. Аз саҳифаҳои аввали роман бармеояд, ки нависанда муттасил ва пайваста пайи ифшои хислату характерҳо шуда, кӯшиш кардааст, ки рӯҳу равони қаҳрамононро дар бархӯрдҳои воқеӣ ба таҳқиқ бигирад, шуури иҷтимоии одамонро воқеънигорона, бе ороиши барзиёд, бо назардошти зиндагии ҳамарӯза тасвир намояд. Дар бисту як боб масъалаҳои иҷтимоии ҳурмату эҳтироми калонсолон, пок нигоҳ доштани ишқ, зиндаятим накардани фарзандон, ҳолати вазнини рӯҳиву равонии фарзандони бепарастор, рӯ ба рӯ гаштани бачагон бо садамаҳои бузурги зиндагӣ, ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шарик шудани ҷавонон, чун “сарбози ислом” дар муноқишаҳои хориҷи кишвар иштирок намудани гурӯҳе фиребхӯрда, сарсониву саргардонии падару модар ва оилаҳои онҳо, дар замони нав дигаргун гаштани муносибат ба соҳаи тиб, ба инобат нагирифтани таълимоти Гиппократ, дар беморхонаҳои хусусӣ муолиҷа нашудани беморони камбизоат ба силки тасвир кашида шудаанд. Нависанда гӯё бо хонандагони худ, бо мардум сари ин масъалаҳои зиндагӣ гуфтугӯ мекунад, ҳақиқати зиндагиро тасвир намуда, моҳияти ҳодисаҳоро шарҳ медиҳад ва, ба ҳамин восита, барои дарки маънии воқеаҳои ҳаёти муосир ба тафаккури инсон таъсир мебахшад. Бояд таъкид кард, ки забон аслиҳаи асосии адабиёти бадеӣ, воситаи муҳими образофарист. Одатан, барои симоҳои ҷудогонаи асарро ба таври типӣ тасвир кардан, нависанда гоҳо ифода ва ибораҳои махсуси забони зинда ва шевагиро ба забони қаҳрамони асар дохил мекунад, ба шарте, ки унсурҳои шевагӣ аз ҳадди муайян ва зарурат берун нараванд ва фазилату нафосати забони бадеиро ба миён набаранд. Ин ҷиҳат дар романи мазкур низ ба мушоҳида расид.

Дар маркази диққати романи дигари ин нависанда “Талош” воқеан талошҳои як хонавода барои барқарории зиндагии шоиста дар давраи гузариш қарор гирифтааст. Дар симои Хуршед – қаҳрамони асосии роман кӯшиши як инсон барои пайдо кардани мавқеи муносиб дар зиндагӣ баён шудааст, ки бештар ҷанбаи иқтисодӣ дорад, аммо равиши зиндагӣ, вазъи тағйирёбандаи замон, алоқамандии инсон ба расму оин ва арзишҳои миллӣ ҷиҳати иҷтимоии романро ташкил медиҳад.

Мазмунҳои тағйири сайёра, дигаргуншавии низоми зиндагӣ ва рӯҳияи мардум, коста шудани меҳру муҳаббат дар миёни одамон, дунёбезорӣ, ҳадиси ишқ ва умуман, маънии ҳастии инсон ва адами ӯ меҳварҳои асосие ҳастанд, ки перомуни онҳо Юсуф Аҳмадзода дар романи “Се сарвои сардаргум” андеша мекунад. Ба гумони мо, сари шаклу баёни бисёр сафҳаҳои роман андешаи амиқи муаллиф зарур аст, чунки аксаран шакл бар мазмун афзалият ёфтааст.

Романҳои Шарифбек Азизӣ, ки дар куллиёти даҳҷилдааш чоп шудаанд, ҷузъиёти ҷолиби воқеиро, ки аз таҷрибаи кори муаллиф дар мақомоти корҳои дохилӣ сарчашма мегирад, дар бар доранд. Воқеаҳо ҷолибанд, лекин, аз назари мо, барои ифодаи фарогиртар ва таъсирбахшии онҳо боз ҳам ҳунари нависандагиро бештар кор фармудан лозим аст.

Чунон ки зерунвони романи Додохон Эгамзод “Ахтари сабз” – “Чор китоби муаззам аз сиришти Имоми Аъзам” ишора мекунад, он аз чаҳор бахш таркиб ёфта, мақсадаш ба таври бадеӣ офаридани чеҳраи шахсияти маъруфи мазҳабист, ки дар алоқамандӣ бо вазъи сиёсию иҷтимоии давр ба тасвир омадааст. Аз назари мо, банду басти асар бознигарии ҷиддӣ мехоҳад.

Дар ин давра адиби ӯзбекзабонамон Ҷӯрақул Аҷиб натанҳо романи “Мурури чархи фалак”-ашро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп кард, балки романи тозае бо номи “Ижод салтанати” таълиф намуд, ки аз назари тасвири самимонаи гузашти айём ва тағйироти зиндагӣ ҷолиб аст.

Бозчопи романҳои нависандагони машҳурамон Кароматулло Мирзо ва Юнус Юсуфӣ ҳам падидаҳои ҷолиби ин давра буданд, ки ба ошноии бештари наслҳои гуногуни хонандагон бо онҳо мусоидат мекунанд.

Аз ин мурури мухтасар ба чунин хулосаҳо расидем:

  1. Дар панҷ соли охир аз ҷониби аъзои ИН Тоҷикистон 26 роман пешниҳод шудааст. 5 роман таҳриру такмилшуда ва 6 роман чопи такрорианд. Яъне, дар панҷ соли охир 15 романи нав (дар сурати комил) ба адабиёти тоҷик зам шудаанд. Агар ба ин шумора романҳоеро, ки мухтасар ва ё боб-боб дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудаанд, илова кунем, ин теъдод ба 21 мерасад.
  2. Ҳамаи ин навиштаҳо, мутаассифона, ба талаботи жанрии навъи муҳташами адабӣ ҷавобгӯ нестанд. Аксаран адами таҷрибаи кофии эҷодӣ боиси парокандагӣ, номукаммалӣ ё дилгирии сужети асар ва нақли воқеаҳои таърих бидуни коркарди бадеӣ шудаанд. Таҳрифи таърих ва зиёдаравӣ дар чеҳраофаринӣ аз норасоиҳои дигари романи ин солҳост. Баъзе аз чунин навиштаҳоро, ки ҳаҷман хеле бузурганд, пешнавис ва ё маводи кофие барои навиштани романи хуб гуфтан мумкин аст.
  3. Ҳаҷми бузурги романҳо, ки аксаран бидуни моҳияту зарурате сурат гирифтааст ва боиси парокандагии асару дилгирии хонанда мешавад, нигаронкунанда аст. «Бузургтарин нуқси насри имрӯзии мо пургӯӣ, бе зарурат кашол додани сухан аст» – гуфта будем дар Анҷумани 15 ва имрӯз он гуфтаи панҷ сол пешро метавон айнан такрор кард.
  4. Бад нест, ки романнависҳо бештар ба мавзуъҳои таърихӣ таваҷҷуҳ доранд. Бад он аст, ки аксари муроҷиатҳо ба таърих муҷаррад, содалавҳона, бе коркарди бадеии маводи таърихӣ сурат гирифтааст.
  5. Мутаассифона, мавзуи муосир камтар мавриди таваҷҷуҳ шудааст. Аз ҷумла, танҳо ду романи мустанади нотамом сохтмонҳои азим ва ё дастовардҳои замони Истиқлолро мавриди тасвир қарор додаанду тамом. Созандагиву бунёдкориҳои бузурги замон, аз ҷумла нақбу пулу роҳ ва корхонаҳои саноатӣ, ташаккули инсони нави ватанпарвару миллатдӯст ва бунёдкору созанда, ки яке аз дастовардҳои бузурги ин даврон аст, аз назари романи замон афтодааст.
  6. Романҳои ин давра аз назари забон ва ҳусни баён яксон нестанд, ки табиист, аммо ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва баёну ифодаҳои равшани бар мабнои асосҳои фасоҳату балоғат зинатёфта масъалаест, ки бояд ҳамагон ба онҳо ҳамеша таваҷҷуҳ дошта бошанд. Истифодаи вожаҳо дар ғайри мавқеъ, бидуни зарурат ба сурати ихтисор овардани калимаҳое, ки хоси забони назманд, муғлақбаёнӣ, ҷумлаҳои беасос нотамом, сенуқтаҳои беҳадафу бемаънӣ, истифодаи калимаву ибора ва баёнҳои ғайритоҷикӣ, тафсилоти нозаруру дилбазани воқеаҳо аз ҷумлаи норасоиҳоеанд, ки зиёд ба чашм расиданд.

Хулоса, дастовардҳои панҷ соли охир дар заминаи эҷоди жанри роман аз назари миқдор хушҳолкунанда, аммо аз нигоҳи таваҷҷуҳ ба масъалаҳои замон, дастовардҳои замони Истиқлол, офаридани шахсиятҳои маҷмӯии даврони нав ва масъалаҳои забону ҳусни баён нигаронкунанда аст. Чунки, ба ифодаи муҳаққиқи нозукбини насри тоҷик шодравон Маъруф Раҷабӣ, “кӯшиши муътамад тасвир намудани ботини инсон ва ҳарчи бештар кам кардани воқеаву маҳдудтар гирифтани замон” камтар ба назар мерасад ва “кам диққат додан ба тасвири ҷаҳони ботинии инсон барои баланд шудани арзиши эстетикии асар” монеи ҳадафи волои нависанда мешавад.

***

Дар адабиёти бисёр кишварҳо жанри повест ё қисса то ҷое ба ҳошия рафтаву таълифи роман бештар гардидааст, вале дар мо акси ҳол ба мушоҳида мерасад. Ҷолиб он аст, ки дар ин давра нависандагони мо ба эҷоди қиссаҳои мустанад бештар рӯ оварданд. Қиссаҳои Кароматулло Мирзо “Унсури бегона”, Абдулҳамид Самад “Шамъе афрӯзандаи чароғҳо”, Мирзо Шукурзода “Захмҳои замони муҳоҷират”, Неъматуллоҳи Худойбахш «Марде бо диду дидаи зебо», «Занҷири заррини авлодӣ», «Бозгашти шери захмин”, Ҳасани Султон “Аллома Абурайҳони Берунӣ”, Маҷид Салим “Муҳандис”, Карим Давлат “Ёхсучиён”, Мирзо Муллоаҳмад “Амири беназир” ва дигарон тавассути нашрияҳои ИНТ ва китобҳои алоҳида ба дӯстдорони каломи бадеъ манзур гардиданд. Дар қиссаҳои мустанад муаллифон саъй кардаанд, ки роҳи пуршебу фарози зиндагии шахсиятҳои шинохтаи имрӯзу гузаштаро, ки намунаи ибрат ва пандомӯзанд, ба риштаи тасвир бикашанд. Мусаллам аст, ки асари мустанад дар асоси рӯйдодҳои воқеӣ ва далелу санадҳои муътамад таълиф мегардад ва диду назари муаллиф вобаста ба рӯйдоди тасвиршаванда сурат мегирад. Дар эҷоди чунин асар, агарчи корбурди тахайюли бадеии бамаврид равост, вале ҷузъиётбофии аз воқеият дур ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Мутаассифона, дар баъзе қиссаҳои мустанади нашршуда ин қоидаи ҳатмӣ сарфи назар гардида, хонанда ба ҳақиқат будани баъзе ҷузъиёт шубҳа мекунад.

Қиссаи “Шамъе афрӯзандаи чароғҳо”-и Абдулҳамид Самад ба ҳаёту рӯзгор ва қисмати фоҷиабори нависандаи шаҳир Пӯлод Толис бахшида шудааст. Ҳақ ба ҷониби академик Носирҷон Салимист, ки мегӯяд: “Ин қиссаи дилангези зиндагӣ ва марги нависанда қасидаест дар ситоиши Одам, Одамият ва Одамгарӣ, ки абадиву поянда аст”.

Қиссаи “Захмҳои замони ҳиҷрат”-и Мирзо Шукурзода мавзуи муҳоҷирати солҳои панҷоҳуми масчоҳиёнро ба дашти Дилварзин фаро гирифтааст. Нависанда тавонистааст, ки муҳити он солҳоро бо тамоми шебу фарозу талхиву тундиҳояш ба риштаи тасвир бикашад.

Ҳасани Султон дар қиссаи “Аллома Абӯрайҳони Берунӣ” бо корбурди ҷузъиёти ҷолиб аз ҳаёти қаҳрамони машҳураш вазъи сиёсию иҷтимоии он даврон ва ҷойгоҳи ин шахсияти таърихиро пеши назари хонанда ҷилвагар месозад.

Дар ин давра қиссаҳои мустанаде низ рӯи чоп омаданд, ки аз нигоҳи мавзуъ ва банду басту сохтор дар васати қиссаҳои сирф бадеӣ қарор доранд, зеро муаллифон кӯшидаанд ҷанбаи бадеии онҳоро тақвият бубахшанд. Қаҳрамонони ин гуна қиссаҳо шахсони воқеие ҳастанд, ки намояндаи соҳаҳои гуногун буда, бо фаъолияти пурсамар ва хидмати содиқона ба халқи хеш дар миёни мардум соҳибэътибор гардидаанд. Маҳз ҳамин омил боис гаштааст, ки нависандагон рӯзгори шоиставу пандомӯзи онҳоро ба қолаби асари бадеӣ бирезанд. Қиссаҳои Шералӣ Мӯсо “Теғи Синоро гирифт…”, Диловари Мирзо “Авҷи дилҳо – меъроҷи ман” ва “Фозиле, дарёдиле”, Сипеҳр Ҳасанзод “Чароғи ҳидоят”, Маҷид Салим “Офтоби тобон”-у “Муҳандис” ва ғайра  ба ҳамин гуна инсонҳои ибратомӯз  бахшида шудаанд.

Дар ин давра қиссаҳои Кароматуллои Мирзо “Дилдодагони Лаби Чашма”, Абдулҳамид Самад “Дастовез”, “Шаҳдрези садо” ва “Фарзандони рӯ ба хуршед”, Муҳаммад Ғоиб “Қурбониёни роҳи ишқ”, Юнус Юсуфӣ “Парандаи сабзи ишқ” ва “Хонаи сабз”, Шераки Ориён “Марде, ки паранда шуд”, Шарифбек Азизӣ “Духтаре бо вашми гули лола”, Зариф Ғулом “Пайкараи зинда” ва “Ҳукми дил”, Равшан Махсумзод “Кафшергар”, Азизи Азиз “Қиссаҳои Нахӯдак” ва “Майна”, Нозир Ёдгорӣ “Рухсатӣ”, Диловари Мирзо “Кӯргиреҳ”, Саидаҳмади Зардон “Ҳушдаргумҳо” ва “Парандаи лонавайрон”, Абдулвосеъ Сангинов “Парастуҳо омаданд” ва “Сарнавишти кӯҳистониҳо”, Сироҷиддин Икромӣ “Захми марҳамёфта” рӯи чоп омаданд, ки ба анвои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ишқӣ, таърихӣ мутааллиқанд.

Дар қисса-афсонаи Азизи Азиз саргузашти қаҳрамон ва дӯстонаш бо лаҳзаҳои аҷибу мантиқӣ ба риштаи тасвири бадеӣ кашида шудаанд. Маҳз чунин асарҳо шавқи хонандаи хурдсолро ба хондан бедор ва ба мутолиаи асарҳои ба истилоҳ ҷиддитари адабиёт тайёр мекунанд.

Қиссаи Муҳаммад Ғоиб «Қурбониёни роҳи ишқ» аз тақдири ғамангези ду дилдода ҳикоят мекунад, ки барои расидан ба висол монеаҳои зиёдеро паси сар намудаанд. Он хонандаро ба андешае водор месозад, ки ҳар фард бояд барои зиндагии шоистааш саъйу талош бикунад.

Қиссаи “Парандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ дар мавзӯи байналмилалӣ эҷод шуда, баёни андеша либоси рамзу роз ба бар дорад ва даркаш тафаккури амиқтарро тақозо мекунад. Дар асар сарнавишти  талхи Нӯшин ба риштаи тасвир кашида шуда, ки нокомӣ аз рӯзи чашм ба олами ҳастӣ во карданаш дунболагираш аст. Ҳарчанд бар асари бухлу ҳасаду нотавонбинӣ ба таври фоҷеавӣ дунёро тарк мегӯяд, номаш зинда мемонад, зеро маҳз ба хотири пос доштани номи неки ӯ духтарони гӯшаву канори Кобул соҳиби дабистон гардида, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Шераки Ориён бо қиссаи “Марде, ки паранда шуд” хонандаро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри вақт бирасад, ба роҳи тайкардаи умри худ бо дидаи ибратомӯз бингарад ва ҳар лаҳзаи зиндагиро босамару ба манфиати худу ҷомеа ба кор бибарад.

Қиссаи Равшан Махсумзод “Кафшергар” ба мавзуи муҳими замон – бунёди НОБ-и Роғун бахшида шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар дигар асарҳои то кунун дар ин мавзӯъ иншогардида ҷанбаи публитсистӣ барҷастатар буд. Муаллифи ин қисса кӯшидааст, ки бо офаридани образҳои хотирмони бадеӣ моҳияти мавзӯъ ва масъаларо таъсирнок бисозад. Образи Баҳром бозёфти эҷодии муаллиф ва тасвири тозаи бунёдкори Роғун аст. Қисса панди куҳнаеро барҷо бозгӯ мекунад, ки бо сарҷамъию ҳамдилӣ метавон монеаҳоро рафъ карда, ба анҷоми корҳои бузург муваффақ шуд. Ҳамчунин, ҳадафи нависанда нишон додани раванди шикасти қолабҳои моддию маънавист, ки аз ҷумла бо ин ҷумлаҳо ифода ёфтааст: «Одамон аз кайҳон гузаштаанд, аммо мо «дар ин ҷо хуни нофам рехтааст» гӯён ба бунёди як неругоҳе, ки ба хонаҳоямон нуру гармӣ меорад, монеъ шудан мехоҳем». Комилан бо тақризи Ато Мирхоҷа ҳамфикр будан метавон, ки “Хонанда аз мутолиаи қисса лаззати зиёд мебарад, руҳи сохтмонро дармеёбад, қудрату шаҳомати онро ба таври дигар – равшантар, муассиртар, наздиктар эҳсос мекунад ва аз ҳама муҳим ба ин савол: «Чаро тоҷикон дар баробари ин ҳама фишору таҳдидҳои миёншикан ба сохтмони НБО-и «Роғун» истодагарӣ карда тавонистанд?» ҷавоб меёбад. Суоле, ки на танҳо тоҷикистониён, балки тамоми мардуми аз ин сохтмон бохабарро ба ҳайрат гузошта буд.»

Нозир Ёдгорӣ дар қиссаи “Рухсатӣ” лаҳзаҳои дилраси зиндагии беғаши мардуми русторо фаро гирифта, хонандаро ба риояи суннатҳои миллӣ – пос доштани хотираи гузаштагон, раҳму шафқат, робита бо пайвандону ҳамдиёрони шодишарику ғамшарик талқин менамояд.

Қиссаи Сироҷиддин Икромӣ “Захми марҳамёфта” ба мавзӯи бефарзандӣ, ки сафои зиндагиии бисёр оилаҳоро аз миён бурдааст, бахшида шуда, дар он нигоҳи тозаи муаллиф рӯшан аст. Талоши рӯзи нек, фарҷоми ғами ҷабрдидаҳо, раҳо накардани домани умед, пос доштани пайванди хешутаборӣ асоси қиссаро ташкил медиҳад.

Имсол нахустқиссаи шоир Акбар Абдулло бо номи “Духтарам” ба нашр расид. Он воқеӣ буда, ба мавзӯи муҳими рӯз – масъулияти падар дар назди фарзанд бахшида шудааст ва сарнавишти пурпечутоби қаҳрамони асосиро фаро мегирад, ки дар ҷустуҷӯи духтари худ ҳолатҳои шадиди рӯҳию равонӣ ва монеаҳои зиёдро таҳаммул намуда, бо талошу масъулият пас аз чил сол ба дидори фарзанд мерасад. Он аз бисёр ҷиҳатҳо асарҳои жанри моҷароиро низ ба ёд меорад.

Маълум аст, ки жанри моҷароӣ ва ё детектив  дар адабиёти ҷаҳон хонандаи зиёд дорад. Мутаассифона, дар мо чунин нест ва шояд яке аз сабабҳо то ҳол хеле кам будани асарҳои хуби ин жанр бошад. Нависандагонамон Назрулло Тиллозода, Сироҷиддини Қосим, Шарифбек Азизӣ, Ғайрат Ҳаким, Зариф Ғулом, Хуршеди Атовулло, Сироҷиддин Икромӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ин жанрро барпо нигоҳ доштанд. Қиссаҳои дар давраи ҳисоботӣ таълифкардаи Шарифбек Азизӣ “Духтаре бо яшми гули лола”, Зариф Ғулом “Пайкари зинда”, Хуршеди Атовулло “Блогер” ва Сироҷиддин Икромӣ “Як қадам то варта” дар чорчӯбаи ин жанранд ва, умед аст, ки дар рушди он хидмате мекунанд.

Ҷиноят ба сифати муаммо дар асари моҷароӣ мақоми меҳварӣ дорад ва фақат ҷузъиёти бисёр ҷолиби раванди тафтишу таҳқиқ ва ошкорсозии он метавонад хонандаро банди мутолиа бинамояд. Мутаассифона, дар асарҳои дар ин жанр эҷодгардида шиддати воқеаҳо ва гардишҳои ғайриинтизор камтар дида мешавад. Камбуди дигар, ки натанҳо хоси онҳост, аҳамияти ҷиддӣ надодан ба мантиқ, забон ва ҳусни баён аст. Мусаллам аст, ки дар асари бадеӣ на танҳо чӣ гуфтан, балки чӣ гуна гуфтан низ нақши бориз дорад ва чӣ гуна гуфтан ба забондонӣ, маҳорати суханофарӣ ва доираи ҷаҳонбинии нависанда вобаста аст.

Дар ин панҷ сол қиссаҳои хуб кам набуданд, лекин асарҳое низ ба дасти хонанда расиданд, ки забону баёни хароб доранду саропо аз бемантиқӣ, муколамаҳои беранг, пургӯӣ ва нақли хушку холии аз бадеият дур иборатанд. Дар баъзе навиштаҳо корбурди аз меъёр зиёди калимаҳои лаҳҷавӣ ба мушоҳида мерасад, ки хонанда барои дарки маънои онҳо душворӣ мекашад. Устодони мо борҳо гуфтаанд, ки истифодаи калимаҳои лаҳҷавӣ агар зебову гӯшрас ва бамавқеъ сурат бигирад, ҳеҷ бадӣ надорад, аммо вожаҳои дағалу гӯшхарош ва ё танҳо барои худи муаллиф фаҳмо қобили қабул нест. Тамоюли дигаре, ки дар баъзе навиштаҳои нависандагон ба назар мерасад, корбурди калимаҳои арабии маъмул дар гӯишҳои ҳамзабонон аст, ки барои хонандаи рӯз ноошноянд. Аксари ин калимаҳо ҳатто дар адабиёти классикиамон вонамехӯранд, аммо муродифҳои тоҷикии онҳо ҳазорҳо сол мавриди корбурд қарор доранд ва сарфи назар намуданашон аз рӯи инсоф нест.

Фурсати он расидааст, ки дар эҷоди қисса ҳам ба мавзӯъҳои муҳимми рӯз рӯ биёрем. Албатта, ба гузашта таваҷҷуҳ намудани нависанда табиист, аммо хонандаи имрӯз  мехоҳад дар меҳвари асарҳои бадеӣ худро бубинад. Умед мекунем, ки нависандагонамон, бо нерӯи зеҳнӣ ва ҳунаре, ки доранд, ба масъалаҳои муҳими иҷтимоию сиёсии ҷомеа – хурофотпарастӣ, терроризму ифротгароӣ, ташаккули шахсияти боҳувият, инъикоси корнамоии бунёдкорони иншооти бузурги кишвар ва офаридани қаҳрамони даврон низ рӯ меоранд. Чунки нависандаи ҳамнафасу ҳамқадами замон бояд дар тарбияи маънавии инсони имрӯз ҳам, ки дар як замони басо ҳассосу душвор қарор дошта, ҳувияти миллиаш осебпазир аст, бо эҷоди осори дархур саҳм бигузорад, аз ёд  набарад, ки бо эҷоди асарҳо дар густариши ахлоқи ҳамида, фарҳангу суннати гузаштагон, баланд бардоштани маънавиёт, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ масъулият дорад.

***

Яке аз омилҳои рушди жанри маъмули наср – ҳикоя низ Истиқлоли давлатист, ки барои нашри асарҳои адибон, ибрози назар аз ҷониби хонанда ва аҳли таҳқиқ фазову майдони мусоид, аз ҷумла, чопи пайвастаи нашрияҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – «Садои Шарқ» ва  «Адабиёт ва санъат»-ро муҳайё кард. Қариб дар ҳар шумораи ин нашрияҳо дар ин панҷ сол ҳикояе ба хонанда пешниҳод шудааст. Ба хотири он ки дар муҳокимаи мундариҷаи ҳарсолаи маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» муҳаққиқону суханшиносон оид ба ҳикояҳои пирони адабиёт борҳо изҳори андеша кардаанд, имрӯз аз баррасиашон худдорӣ мешавад. Вале бамаврид аст, ки перомуни нигоштаҳои бархе адибон, ки дар офаридани ҳикоя таҷрибаву маҳорати хуб доранд ва дар интихоби мавзуъ, таҳқиқи бадеии олами мураккаби инсон, шебу фарози зиндагӣ, авзоъ ва ҳолатҳои равонии қаҳрамонон, талошу пайкорашон дар рӯйорӯи мушкилоти ҳаёт, тасвири лаҳзаҳои дилангезу пурнишот ё ғаму андӯҳзо ба муваффақиятҳо ноил шудаанд, андаке изҳори андеша сурат бигирад. Мавриди назар нависандагони шинохтаамон Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ, Шодӣ Раҷабзод, Матлубаи Ёрмирзо, Баҳманёр Муродӣ ва чанд нафари дигаранд.

Сироҷиддин Икромӣ ба як ҳикояаш «Курта» ном мондааст. Номи ашёи содаву ба ҳама ошнои рӯзгор. Вале чӣ ҳикмате дорад он, ки боиси иншо ва таҳқиқи бадеии нависандаи нозукбинамон шудааст? Гап сари ин ки қаҳрамони ҳикоя Некном «сари қадам» ба бозор медарояд ва дар «гузари куртафурӯшҳо» чашмаш ба «куртаи нилӣ» бармехӯрад. Нархро поён бурда, куртаро мехарад, лекин ҳамин ки  онро мепӯшад, “эҳсоси ногуворӣ” ва нохушиву бебарорӣ ва сарсониҳои пайдарпай гиребонгираш мешаванд. Аҷибтар он аст, ки нохушиҳо бо бародари занаш Камол низ, ки аз деҳа барои табобат омадаасту Некном куртаро туҳфааш мекунад, рух медиҳанд. Чунон ки дар ҳикоя омадааст, «… вай бегоҳ Камолро бо лабу лунҷи овезон дид. Чун сабаб пурсид, посух шунид», ки «дар автобус пулҳоямро дуздиданд». Бо рух додани чанд нохушии дигар Камол ҳам аз баҳри он куртаи зебои нохушизо мегузарад ва бо пероҳани куҳнаи худ ба русто бармегардад. Некном аз ноилоҷӣ «худро таскин дод, ки чӣ бисёр – талбанда: яке пул мепурсаду дигаре нон… Куртаро ба яке аз онҳо медиҳад…» Ана, дар ҳамин ҳолати шиддати эҳсоси нафрат ба куртаи бехосияту андешаи раҳидан аз он «садои тақ-тақи кӯбидани дарвозаи хонааш баланд гардид». Чун Некном «рафта онро боз кард, пушти дар ҳамон фурӯшандаи бозорро дид, ки ҳаргиз интизораш набуд. Либоси нимдошт ба бар дошт ӯ ва дар чашмонаш нишонаи ғаму андӯҳ хонда мешуд. «Мардикорам, – мегӯяд ӯ, – Аз дастам ҳама кор: деворбардорӣ, андова, дару тирезачаспонӣ… меояд.

– Агар хато накунам, як вақтҳо фурӯшанда будӣ.
– Шумо аз куҷо медонед? – ҳайрон пурсид ӯ.
– Чанде пеш ман аз ту курта, не, дарди сар харида будам…
– Нафаҳмидам, ако.
– Ҳозир, як дақиқа, – гуфт Некном ва шитобон рафта куртаро оварду пурсид: – Чунин курта мефурӯхтӣ?
– Мефурӯхтам.
– Ҳамаашро фурӯхтӣ?
– Не.
– Чаро?
– Намонданд.
– Барои чӣ?
– Шумо напурседу ман нагӯям. Моли дуздӣ будаанд. Ҳамон одаме, ки куртаҳоро аз ӯ харида будам, ба даст афтод… Милисабозиву кашокаши зиёд шуд. Оқибат кор ба ҷое расид, ки тарки савдогарӣ кардам…

Некном куртаро ба дасти вай дода, дарро ба рӯяш басту оҳи сабук кашид…»

Ин муколамаи андаке дарози қаҳрамонҳои ҳикояро барои он овардем, ки мақсади иншо ва таҳқиқи бадеии нависанда равшан бишавад. Гап сари он аст, ки муаллиф зимни як рухдоди содаву оддӣ ҳолати бадеӣ сохтаву масъалаи ҷовидонаи ахлоқиро ба миён гузошта тавонистааст. Дар чӣ зоҳир мешавад ин фалсафа? Дар он ки ба инсони покниҳоду парҳезкор сарвати ҳарому моли дуздӣ шикасту сарсониҳо меорад. Ин масъала имрӯз хеле доғ асту хонандаро ҳатман ба андеша водор мекунад. Агар забони ҳикоя андаке таҳрир бишавад, ҳусну арзиши бадеиаш меафзояд.

Ҷангу хушунат ва моҷароҳои дохилӣ, инқилобҳои рангаи таҳмилии охири садаи бист ва оғози асри бисту як дар саросари дунё инсониятро ба фоҷиаҳои сангини ҳиҷрат ва ҳолатҳои ногувори равонӣ гирифтор кард. Ин раванди фиребо мардону занонеро аз рӯи зарурат, ҷавононро бештар бо ангезаи ҳавову ҳавас чун муҳоҷири меҳнатӣ ба Россия ва мамлакатҳои дигар бурд.  Дар ин роҳ онҳое, ки касб доштанду забон медонистанд ва баирода, дилёбу кордон буданд, камубеш ба мурод расиданд. Аммо бисёр ҷавонони бе касбу ҳунар, ки забони мардуми мамлакати ғайрро намедонистанд, дар шаҳрҳои бегона дур аз чашми падару модар ё ҷамъияти зодгоҳ асолат, расму суннат ва шарафи хонадонро аз ёд бароварда, ба роҳҳои каҷу бадномӣ қадам ниҳода, доғи аламу шармсорӣ дар дили пайвандон мегузоранд, боиси шикасти рӯҳу равони падару модар ва хонадону фарзандон мешаванд. Нависандагонамон ба сарнавишти печида, шебу фарози хулқу атвори онҳо бетафовут намонда, дар ин мавзӯъ асарҳо офаридаанд.

Юнус Юсуфӣ таҳқиқи бадеии сарнавишти носозгори як муҳоҷири меҳнатии иродабохта, вазифаи шавҳарӣ ва таъмини зиндагии мусоиди зану фарзандро аз касофати майпарастӣ, бемеҳрӣ, беҷогардӣ аз ҳисоби пули мардикорӣ аз ёд бароварда ва ба ҷазои сахти амали ношоиста расидаро дар ҳикояи «Пайи по» хеле хуб тасвир кардааст. Қаҳрамони ҳикоя аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба қавле ду ангушт дар бинӣ бармегардад ва ба болои айёшиву муомилаи сард бо зан ҳангоми пархош аз ҷаҳлу қаҳру ғазаб бонуяшро се талоқ медиҳад. Хонавайронӣ, шармандагӣ, драмаи булаҷаби барқарор кардани низоми шаръии зиндагии пешинаи зану шавҳар аз рӯйи фармуди дину шариат ба миён меояд. Зани аз бемеҳрӣ, таҳқиру азияти шавҳар баҷонрасида марди ҳалолкардаро шавҳари беҳтар ва бо ӯ осудаву бемоҷаро зистанро авлотар меҳисобад. Марде, ки бар асари бепарвоию айёшӣ ба қадри зану ободии хона намерасид, чун подоши амал шармсору тирабахт шуд, марди гӯлу гаранг, лекин заҳматписанду ба зан меҳрубон соҳиби хонаи ободу рӯзгори хуш гардид. Ҳикоя бо диди нозуку ҳунари баланд эҷод шудааст.

Ҳикояи дигари Юнус Юсуфӣ “Корд” ҳам бисёр ҷолиб иншо шуда, аз гиреҳбандию гиреҳкушоии устодонаи ӯ гувоҳӣ медиҳад.

Паҳлуи дигари рӯзгори ороми одамонро парешону ҳалокатбор кардани муҳоҷирати ночори меҳнатӣ дар ҳикояи Ховари Пӯлод «Роҳи оромгоҳи ғарибон» бо ҷузъиёти хотирмон тасвир шудааст. Пирамарди нотавону хотирпарешон аз номеҳрубонии писарону ҳамсаронашон озурда бо тарғиби васвасаангези онҳо барои шиносномаву нафақаи баланд гирифтан бо автобус ҳамроҳи гурӯҳе ба Россия, назди писари муҳоҷираш сафар мекунад. Баъд аз азобу шиканҷаи сангини роҳи дарози чандрӯзаи дашту биёбон, дуруштии муомилаи нозирон, сармову тӯфон, вайрон шудани автобус, бад гаштани сиҳатӣ ниҳоят мӯйсафед ба манзил мерасад, вале ҳамоно мефавтаду дар мазори ғарибон манзили охират меёбад. Муаллиф, ки солҳо ҳамкору ҳамнафаси муҳоҷирони меҳнатӣ будааст, ҳолатҳои равонӣ, дунёи андеша, пайванди ҷонии қаҳрамонҳоро ба диёру расму оин дақиқ тасвир мекунад. Корбасти гӯишу масалҳои мардумӣ низ хуб аст, аммо, аз назари мо, истифодаи вожаву гуфторҳои зиёди авомона ҳусни ҳикояро костааст.

Дар ҳама давру замон ба шахсият ва заҳмату хидмати омӯзгор дар тарбия ва саводнок кардани кӯдакону наврасон арҷгузорӣ кардаанду мекунанд. Хоса омӯзгоре, ки масъулияти саводомӯзиву маърифатандӯзии хонандагонашро аз тарбияи фарзандони худ кам намедонад. Оре, имрӯз ҷомеаи мо ба омӯзгорони ба касби хеш содиқ, заковатманду моҳир бисёр эҳтиёҷ дорад. Зеро маҳз омӯзгори покниҳоду соҳибдонишу боирода насли ояндасоз, ватанхоҳу миллатдӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарбия мекунад. Аз ин хотир Ҳукумати мамлакат, Пешвои миллат барои баланд бардоштани мартаба ва ҷойгоҳи омӯзгор ҳамвора тадбир меандешанду талош меварзанд ва таҳияи қонун дар бораи мақоми омӯзгор далели навтарини ин аст. Нависандагони мо низ дар тарғиби образи омӯзгори фидоӣ ва масъулияти падару модарон ба воситаи осори дилнишин ҳисса мегузоранд. Исботи ин гуфтаро дар ҳикояи бисёр хуби Муртазоалӣ Муродалӣ «Муаллим» метавон пайдо кард. Муаллиф солҳои сол дар тарбияи хонандагон ҳисса гузоштааст, собиқадори соҳаи маориф аст ва дар ин ҳикоя тимсоли намунавии омӯзгорро, ки бо талошу заҳмати ҳалол дар таълиму тарбия ва хоксориву меҳрубонӣ азизи дилу дидаи мардум шудааст, хотирмон офаридааст.

Паҳлӯҳои дигари ин мавзӯъ дар «Нина» ном ҳикояи Нозир Ёдгорӣ бо ҷузъиёт ва биниши тоза хуб тасвир ёфтааст.

Шодӣ Раҷабзод  ҳам дар ҳикояҳои “Интизорӣ”, “Як сатил гандум”, “Бародарам”, “Девор” асосан зиндагии омӯзгорро мавриди тасвир қарор додааст. Қаҳрамонони ӯ шахсони фаъолу рӯшанфикр, ҷасуру дурандеш ва покизакоранд. Ва ин хислатҳо на урён, балки бо ҷузъиёти мувофиқу муассир бозгӯ шудаанд, ки арзиши ҳикояҳоро меафзояд.

Хуш аст, ки дар ин солҳо бонунависандаҳои мо бо эҷоди ҳикояҳояшон мазраи ин жанрро сабзу пурбортар карданд. Матлубаи Ёрмирзо чун ҳамеша дар ин ҷода фаъолу пешсаф аст. Вай бо нашри ҳикояҳои наваш – «Фарёд» ва «Чеҳра» ишқу ормон, дарду талошҳои занону духтаронро дар паҳнои пуршебу фарози зиндагӣ барои ноил шудан ба бахту саодат ба тасвир гирифтааст.

Дар нигоштаҳои Марямбонуи Фарғонӣ иродаи мустаҳками бонувони мубориз барои бартараф кардани мушкилиҳо қобили зикр аст.

Ҳикояҳои Муъҷибахон Ҷавҳарӣ “Иффат” ва ”Гадои ишқ” дунёи мураккаби инсонро тавассути лавҳаю лаҳзаҳои ҷолиб ва нишлн додани печутобҳои ботинии қаҳрамонон самимию табиӣ тасвир кардаанд.

Рангорангии мавзӯъ ва сабку шеваи нигориш, кору пайкори қаҳрамонон ва ҳикмати зиндагисози жанри ҳикоя дар ин фосила равшан ба чашм расид ва бозори ин жанрро адибони гуногунсол гарм карданд, ки боиси хурсандист. Ҳикояҳои Муҳаммад Ғоиб «Рӯзи сиёҳ», “Ҳидоят”, “Носеҳ”, “Ҷавоби мактуб”, «Хонаи шинос»-и Равшан Махсумзод, “Холаи Олиҳамоҳ” ва “Мӯйсафеди кафтарбоз”-и Неъматулло Худойбахш, «Аҷаб дунё»-и Муҳиб Қурбон, «Ҷемпери сабз», “Умрбохт”, “Ошиқи чашмони сиёҳ” ва “Бегона”-и Шодӣ Раҷабзод, «Росту дурӯғ»-и Абдулқодири Раҳим, «Амакбачаҳо»-и Тоҳири Муҳаммадризо, «Афсонаи Канаск»-и Диловари Мирзо, “Меҳмонони бобои Сафар”-и Муродалӣ Собир, “Киштии коғазӣ”-и Шоҳмансури Шоҳмирзо далели ин андешаанд.

Масалан, Муродалӣ Собир хонандаашро бо ин тарзи мармуз, ки аз носеҳии урён билкул фарқ мекунад, панд медиҳад: “Усто Сафар… устои кандакору чӯбтарош аст. Барои кӯдакон аз чӯб аспаку хирсак, мошинчаю бодбарак, ҳатто ҳуштак сохта медиҳад. Бепул, албатта, лекин ба ивази ҳақ  мудом як чиз талаб мекунад:

– Салом диҳед, салом доданро фаромӯш накунед!

Духтури деҳа — амаки Самандар мегӯяд, ки бозичаҳои чӯбини усто Сафар аз аспаку хирсаку лухтакҳои резинию пластмасӣ ҳазорон бор беҳтаранд, чунки зарар надоранд.”

Андешаҳои қаҳрамони ин ҳикоя низ ибратомӯзанд: “…парастуҳоро дида, ба одами хуб будану хонаи хуб доштанат боварат меояд. Боз – кӯдакон ба парандаҳо одат мекунанд, онҳоро дӯст медоранд, заҳматкаш буданашонро дида, панд мегиранд…»

Ё худ, ин ҷузъиёти воқеию самимӣ аз ҳикояи Шоҳмансури Шоҳмирзо:

  1. “Аввалин чизе, ки ба чашмам зад, шиоре бо ҳарфҳои калон рӯи симчӯб буд: «Ору номус дошта бошӣ, ба саҳро баро!» Ба Абдулло гуфтам: агар баъди ору вергул гузорем, аҷаб шиори хуб мешавад: «Ору, номус дошта бошӣ ба саҳро баро!». Рафиқам заҳрханд кард. Дар ду сӯйи роҳ мардону занон пахта мечиданд ва ҳамонанди мӯр ба ниҳолҳои пур аз ҳосил часпида буданду баъди рафтанашон ғӯзаи сиёҳ боқӣ мемонд.”
  2. “Он бачча бо синну солу тану тӯш аз мо бузург буд ва агар муқовимат ҳам мекардем, зӯрамон ба вай намерасид. Даст бурда аз кисаи Абдулло пулу тангаҳоро гирифту ҷайби маро ҳам холӣ кард. Он гоҳ дасташро боло карду ба баччаҳо амр дод:

– Занедашон.

Баччаҳо гӯё аз қабл маслиҳат карда бошанд, баробар ҳамла карданд. Фурсати дифоъ ва фирор намеёфтем ва мушту лагад бар сару рӯю шикамамон фуруд меомад. Абре аз чангу ғубор ба ҳаво мехост. Акнун мо тӯби футбол шуда будем.»

  1. Дар роҳ аз мошин хабаре набуд. Тракторе бо присепи пур аз пахта ба самти маркази пахтақабулкунӣ мерафт, ки ба маҳаллаи мо наздик буд. Давидему ба он часпидем. Бо пахта ман захмҳои Абдулло ва ӯ захмҳои маро хушк кардем.»
  2. Бархӯрди орзӯҳои анрми қаҳрамонро бо воқеияти дурушт чунин ба қалам медиҳад: «Ба хона расидам, ки додарам дар лаби ҷӯй набуд ва киштии коғазӣ дар гӯшаи ҷӯйбор канори алафҳо дар гил дармонда буд.»

Ҳикояи шодравон Абдулқодири Раҳим тахайюлӣ буда, ҷузъиёту ишораҳо барҷо ва рафтору гуфтори қаҳрамонон табиист. Сабку оҳанги фоҷиавӣ-мазҳакавӣ арзиши ҳикояро меафзояд. Қаҳрамон – ноқил дар рӯзи эълони фавташ то тавсифи муллову ҷаноза ҳамаро гӯё бо чашми худ мебинаду бо гӯши худ мешунавад ва рост ё дурӯғ будани он ҳама ҳарфҳои пуравсофу дилсӯзиҳоро ба андеша мегирад. Аксари ҳикояҳое, ки ном бурдем, андешаҳои қаҳрамон ва ё муҳокимаҳои атрофиёнро оид ба қимати умр ва вазифаи инсон дар ин дунё бешу кам дар бар доранд ва бешак хонандаро сари ин масъалаҳои абадии ҳастӣ ба андешаи созанда вомедоранд.

Зимнан пай дар пай ба майдони адабиёт бо асарҳои тозаэҷод қадам ниҳодани ҷавонони боистеъдод, ковишу биниши тоза, ҷасорати адабиву эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши густурда ва рангомезию забондонии онҳо дар эҷоди асарҳои бадеӣ ба ҷолибу хонданитар шудани адабиёти муосир мусоидат мекунад. Маҳз адибони ҷавон бояд инсони созандаи замони соҳибихтиёрӣ, заковату ирода, рӯҳи тавоно, кору пайкори ҳамзамононро дар ҳифзи асолати миллӣ, марзу бум, бунёди иншоотҳои бузург беҳтару мондагор тасвир бикунанд.

Дил мехоҳад, ки навқаламон аз оғоз ба пайраҳаи эҷодӣ бо омодагии пухта, мутолиа, дониш, дарки сухану бори масъулият қадам биниҳанд. Дар ин сурат роҳи ояндаашон равшан ва комёбӣ ёрашон мешавад. Аз ин назар ҳикояи Фаридуншоҳи Абдулло «Азоби виҷдон» хуб аст, Мавзӯи рӯз – эҳтиёҷ, нодорӣ, заруратро ба тасвир гирифтааст ӯ ва шоистаи таҳсин аст, ки қаҳрамонаш асолати инсонӣ, инсофу ҷавонмардиро фаромӯшу хор намекунад.

Ҳикояҳои аз ҷиҳати мавзӯъ, тасвири ҳолат ва дилу ният ибратомӯзи Мижгона Халилзода «Намакфурӯш» ва «Рашк» умед мебахшад, ки бо омӯзиши амиқтару заҳмати пурбортар ба комёбиҳо ноил мешавад.

Дар масъалаи каму костиҳои банду баст ва забону тарзи баёни адибони ҷавон фаъолияти бештари маҳфилҳои адибони ҷавони донишгоҳҳо ва Шӯрои кор бо адибони ҷавони Иттифоқи нависандагонро, ки вазифаи бевоситааш маслиҳат ба навқаламон аст, орзӯмандем.

Як падидаи дигарро мехоҳам бо қаноатмандӣ ёдрас бикунам. Солҳои охир нашрияҳои адабӣ намунаҳои беҳтарин ҳикояҳои нависандагони ҳамзабон ва дунёро дар таҳия ё тарҷума пайваста ба нашр мерасонанд. Ин икдоми хуб аст ва бе шак ба рушди жанри ҳикоя, баланд шудани завқу маҳорати ҳикоянависони ҷавон мусоидат мекунад.

Дар боло рафтани сатҳу савияи ҳикоя саҳми нависандагони русизабони худамон низ бузург аст. Онҳо, ба сифати намояндагони ду забону ду фарҳанг ва ду ҷаҳону ду ҳувият, нуқтаи пайвандро дар беҳтарин сифату хислатҳои қаҳрамонони гуногунмиллаташон мекобанду меёбанд. Бахусус маҷмӯаҳои Ҳафиз  Сайфуллоев ва Саид Сангин бе муболиға падидаҳои адабии давраи ҳисоботианд ва ҳар ҳикояашон дар тасвири рӯҳияву ҳолат, тафаккуру эҳсоси самимию дилраси ҳамзамонон, корбасти забони рангину ширин саҳми мушаххаси назаррас дорад.

Хуллас, ҳикоянависҳо, нисбат ба романнависҳо кам бошанд ҳам, ҳастанд, вале ҳикояҳои нағз аз ҳикоянависҳо ҳам камтаранд. Ҳикояҳои нағзи дар панҷ сол офаридаи ҳамқаламони мо ба андозаи истеъдод, ковишу заҳмати муаллифон дастовардҳое доранд, аммо хонандаи имрӯзу оянда аз ҳикоянавис мавзӯъҳои нав ба нав, тасвирҳои рангин, инъикоси табиии хӯву хислатҳо, кашфи олами пурпечутоби ботини қаҳрамон ва истифодаи моҳиронаи сарвати забонамонро интизор аст.

 ***

Мавриди таъкид аст, ки дар ҳама давру замонҳо шоиру нависандагони маъруф публитсисти чирадаст низ буданд. Зеро ҳар адибе, ки виҷдони бедор дорад ва дилаш ба миллаташ, халқу Ватанаш месӯзад, наметавонад бетараф бошад, камбудиеро дида, хомӯш нишинад ва ё барои ҳалли мушкилоти гуногуни ҷомеа андешаҳояшро нагӯяд.

Аҳамияти асарҳои публитсистӣ дар замони муосир бузург аст. Мо сиву чор сол боз дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ҳаёт ба сар мебарем. Дар давоми ин солҳо на танҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ тағйир ёфтанд, балки одамон, пиндору рафтор ва муносибати байни онҳо дигаргун гардид. Ва акнун ҳама он дастовардҳоеро, ки дар зарфи ин солҳо ноил шудем, тавассути публитсистика ба қалам додан зарур аст. Ҳамчунин, бояд проблемаҳо, масъалаҳои ҳалталаб ва дигар мушкилот, ки хоси ҳар ҷомеа аст, дар очерку мақолаву лавҳаю мусоҳибаҳо таҷассум биёбанд. Баъдан, мо дар замони пурихтилоф, зудтағйирёбанда ва ноором зиндагӣ дорем, ки барои фаҳмидан, дарк намудан ва посух гуфтан ба таҳоҷумҳои гуногуни он идроку таҳлили амиқи коршиносон, сиёсатмадорону олимон ва аз он ҷумла адибон ниҳоят муҳим аст. Дар Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Анҷумани понздаҳуми мо аз ҷумла омадааст: “Равандҳои босуръати таҳоҷуми фарҳангӣ… ҳимояи асолати арзишҳои миллӣ, ҳифзи забони ноби тоҷикӣ чун рукни асосии ҳастии миллат, тарбияи ахлоқиву маънавӣ ва меҳнатдӯстии насли оянда  дар назди адибони муосири тоҷик вазифаҳои бузургеро мегузорад. Шоиру нависандагони тоҷик, чун чашми бозу дили бедори миллати худ ба воситаи эҷоди асарҳои сазовори давру замон дар роҳи тасвири дастовардҳои замони истиқлол ва инсонҳои бунёдкор бояд беш аз пеш саҳми арзанда гузоранд”.

Асарҳои публитсистии адибони мо бештар дар нашрияҳои ИНТ (ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Помир”) ба табъ расидаанд. Инъикоси дастовардҳо ва масоили доғи ҷомеа дар очерк, мақола, лавҳаю мусоҳибаву фелетонҳои зиёд пешкаши хонандагон гаштанд. Албатта, сифати онҳо дар як сатҳ нест. Кормандони нашрияҳои моро лозим аст, ки дар интихоб ва чопи навиштаҳои адибон сахтгир бошанд ва мақоли “ҳарчи пеш омад, хуш омад”-ро сармашқи кор накунанд.

Бояд гуфт, ки на ҳама он навиштаҳое, ки таҳти рубрикаи очерк ба табъ расидаанд, ҷавобгӯи ин жанранд. Бар аксари онҳо бадеият, гармӣ, самимият намерасад, симо, характери қаҳрамон, дунёи ботини онҳо, тавре ки бояд, кушода намешавад. Бештар мақолаи калонҳаҷмро мемонанд ин ба ном очеркҳо ва аз бозгӯйи тарҷумаи ҳол ва тартиби кори қаҳрамонҳо иборатанд. Аз ин миён очеркҳои Карим Мӯсо “Волии Киштӯд” ва “Хунёгар”, Раҷаб Мардон “Шохаи дарахти булӯр”,  Холназар Муҳаббат “Ёде аз рӯзгори соҳибдилон”, Ҳусейни Нарзулло “Бикелини Катия”, Ҷамила Мурувватиён «Шахсият дард аст», ки сабкҳои нақлию тасвирӣ доранд, бо мавзӯъҳои ҷолиб, саргузашти аҷибу ибратомӯзи қаҳрамонон ва забону баёни равон  қобили зикранд.

Ҳар сол дар Паёми Президенти мамлакат дастовардҳо, камбудиҳо ва корҳое, ки бояд анҷом анҷом дода шаванд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ва тибқи анъана дар нашрияҳои мо андешаҳои адибон оид ба ин санади муҳим ба табъ мерасанд. Дар ин навиштаҳо бештар нуктаҳои муҳими паём бозгӯ мегарданд, яъне асосан ҳамовозианд онҳо. Аммо мақсад аз андешаи шоиру нависандагон, пеш аз ҳама, бояд таҳлили он камбудию норасоиҳое бошад, ки дар Паём омадаааст. Масалан, вақте ки дар Паём сухан аз норасоиҳои соҳаи мактабу маориф меравад, адибони мо, ки қисме устодони мактабу донишгоҳҳоянд, бояд решаҳои он камбудӣ ва роҳи рафъи онҳоро дар навиштаҳои хеш ба қалам бидиҳанд. Нуктаи дигар ин аст, ки ҳар сол дар ҳамовозӣ ба Паём асосан чанд нафар адибон ширкат меварзандуаксаран хомӯшанд.

Ба касе пӯшида нест, ки солҳои охир мо ба таҳоҷуми гуногуни сиёсӣ, фарҳангию динӣ рӯ ба рӯ ҳастем, ки аз ҷониби давлатҳои абарқудрат пинҳону ошкор роҳандозӣ мешавад. Ва асарҳои публитсистиии мо, ки ба масъала ва равандҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ низ сари кор мегирад, бояд ба ин хатарҳои замони муосир ҷавобгӯ бошанд. Дар чанд соли охир публитсистони маъруф Саломиддин Мирзораҳматов ва Давлатхӯҷа Назиров ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллию давлатии мо дар масоили гуногуни сиёсӣ ва геополитикӣ мақолаҳои хуб навишт. Ҳамчунин дар ин давра Саломиддин Мирзораҳматов на танҳо ҷавобгӯи қотеъи  ба ном мухолифини ҳазёнии давлату ҳукумати мамлакат буд, балки очеркҳои ҷолибе манзури хонандагон кард, ки дар онҳо симои фарзандони ҷонфидову бунёдкори халқамон инъикос ёфтааст ва ба хонанда, хусусан наврасону ҷавонон, дарси садоқату матонат медиҳад.

Имрӯз тарбияи фарзандон ва масъулияти волидайну мактаб дар ин роҳ, хурофотпарастӣ, зиёдаравии динӣ, бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегонагон масъалаҳоеанд, ки ҷомеаро ҷиддан ба ташвиш овардаанд. Адибони мо дар суханрониҳои хеш ҳангоми мулоқот бо ҳамватанон ва ҳамчунин дар мақолаҳояшон доир ба оқибатҳои ногувори ин амалҳо зиёд ибрози андеша кардаанд. Мақолаҳои Абдулло Раҳнамо “Мавлоно дар хатар?! (ё таҳдидҳои навин ба мероси фикрию фарҳангӣ ва пайомадҳои он барои ҳастии миллии мо)” ва “Маорифи миллӣ, амнияти миллӣ ва давлати миллӣ” аз он навиштаҳои андешабарангезанд, ки ин мавзӯъро ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд. Андешаҳои Равшан Махсумзод “То ба кай хомӯш биншинем?” дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Кароматулло Олимзода “Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?” чун посухи қотеъ ба “мавлавиён”-и навбаромад, Назрӣ Асадзода “Хурофотгароиву тақдирпарастӣ ва таъсири он ба характери миллӣ”, Ҳафиз Раҳмон “Тафаккури солим – заминаи озодиву озодагӣ” ва “Давлат, миллат ва масъалаи ҷавонон”, Бахтиёр Ҳамдам “Панҷ хатари замони муосир” ва “Шеваи тарғиби фарҳанги миллӣ чӣ гуна бошад” низ нишондиҳандаи мавқеи устувори  адибони тоҷик дар мавриди манфиатҳои миллианд.

Мавзӯи дигаре, ки дар ин панҷ сол адибони тоҷик таваҷҷуҳ доштанд, муҳити зист аст. Он имрӯз тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари моро, ки дар натиҷаи гармшавии иқлим ҳазорон пиряхҳояшро аз даст дода, ҳар сол хисорати зиёд мебинад, ба ташвиш овардааст ва адибонро лозим аст, ки ба проблемаи мазкур таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд. Дар зикри ин мавзӯъ пеш аз ҳама бояд мақолаҳои Холназар Муҳаббатов “Оқибатҳои тағйирёбии иқлим”, “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон кори таъхирнопазир аст”, “Хатари камбудии об дар Осиёи Миёна” ва “Дар соҳили Арал”-ро зикр намуд. Мавсуф ин масъалаи мубрами рӯзро, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, хеле жарф медонаду соддаю фаҳмо шарҳу эзоҳ медиҳад.

Хурсандибахшост, ки солҳои охир муаллифи зиндагиномаи ҷолиби Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемор ва мақолаву филмномаҳои мустанад оид ба фарҳанги мардум Қурбони Аламшо низ ба ин мавзӯъ рӯ оварда, дар бораи ганҷҳои бебаҳои кӯҳистон, фарҳанги шикор ва ҳифзи паланги сафед чанд маводи заруру хонданӣ навишт.

Як қисми асарҳои публитсистие, ки дар  ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ”ба табъ расиданд, ба кору пайкори созандагони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун бахшида шудаанд. Дар очерки Бахтиёр Муртазо  “Пирӯзии муҳандиси тоҷик”, Раҷабалӣ Аҳмад “Бунёдгузори Роғун”, Шералӣ Мӯсо “Калиди бахт” дар бораи мутахассисони варзидае, ки бо меҳнати пурсамар бунёди ин неругоҳи азимро таъмин мекунанд, ҷолиб ҳикоя карда мешавад.

Муаллифи очерки “Боғи Ваҳдат” Диловари Мирзо заминаҳои таҳкими Ваҳдати миллиро дар ободсозии кишвар мебинаду Шералӣ Мӯсо дар навиштаи хеш “Шаби сиёҳ аз шарм сафед шуд” аз фаъолияти духтуре, ки дар як сол панҷсад амали ҷарроҳӣ анҷом додааст, қисса мекунад. Муаллиф бо тасвири як рӯзи кори ин табиб мураккабии соҳа, зарурати пеша ва дунёи ботини қаҳрамонашро пеши назари хонанда оварда тавонистааст.

Адибонамон дар осори публитсисти хеш дар хусуси ҳамқаламонамон низ навиштаанд, ки қобили дастгирист. Зеро мардуми мо мақоли хуб дорад: заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист. Метавон ин ҷо навиштаи Карим Давлат “Равшанзамири камназир” дар бораи Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, Бахтиёри Муртазо “Саёҳати Қубодиён” дар бораи ҳамсафарӣ бо нависанда Баҳманёр Аминӣ, Холназар Муҳаббатов “Ёде аз бародарам Меҳмон” ва Диловари Мирзо “Ҷойи ӯ дар дида буд” аз лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёту фаъолияти Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад “Ёди Гулназар”, Мансур Суруш “Сабақҳои мактаби устод Гулназар” ва дигаронро мисол овард.

Гурӯҳе аз ҳамқаламон ин корро тавассути жанри дигари публитсистӣ, яъне мусоҳиба анҷом додаанд. Мусоҳиба барои кушодани дунёи ботин ва андешаҳои қаҳрамон вобаста ба масъалаҳои муҳими ҷомеа бисёр созгор аст. Аз мусоҳибаҳои нашршуда суҳбатҳои Толиби Луқмон бо Саттор Турсун, Муҳриддин Сабурӣ бо Кароматулло Олимзода, Сурайё Аҳмадзод бо Рустам Ваҳҳобзода, Ҳафиз Сайфуллоев, Акбар Абдулло ва Саид Сангин, Насимбек Қурбонзода бо Абдулҳамид Самад, Азизи Азиз ва Абдураҳмон Абдуманнон, Бузургмеҳри Ҳаким бо Фарзона, Бароти Абдураҳмон ва Шералӣ Мӯсо, Шодӣ Раҷабзод бо Назрулло Тиллозода, Матлубаи Ёрмирзо бо Ғайрат Ҳаким ва дигарон хонданианд. Тавассути онҳо хонанда натанҳо бо лаҳзаҳои ҷолибу хотирмони ҳаёти адибонамон, балки бо коргоҳи эҷодӣ, ҷаҳонбиниву дунёи маънавӣ ва нуқтаи назарашон ба рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ошно мешаванд. Андешаҳои ин шахсиятҳо дар бораи адабиёт, ҳунари нависандагӣ ва нозукиҳои эҷод метавонад барои адибони дигар, хусусан ҷавонон, дарси маҳорат бишавад.

Ҳамчунин дар ин солҳо дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мақолаҳои зиёди публитсистии адибонамон дар мавзӯъҳои нақши Пешвои миллат дар барқарорсозию таҳкими давлат, Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, ҷашнҳои гуногун, ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо, рушди саноату сайёҳӣ, замина ва оқибатҳои таассубу хурофот ва ҳоказо ба табъ расиданд.

Боиси хурсандист, ки дар ин давра шоҳиди нашри ду намунаи рӯзноманависии адибонамон – мунаққид Соҳиб Табаров ва нависанда Абдулҳамид Самад шудем. Агар аввалӣ ба як мавзӯъ таваҷҷуҳ намудаву дар атрофи он оид ба масъалаҳои гуногун изҳори назар карда бошад, дуюмӣ бо риояи ҳама қоидаҳои рӯзноманависӣ лаҳзаю лавҳаҳои ҷолиб ва симои шахсиятҳои гуногунхислатро устодона рӯи коғаз овардааст. Дар ҳамин ҷо бамаврид хоҳад буд, ки хотираҳои хондании  Сафияи Носир ва Раънои Муборизро зикр намоем, ки умедворем муждае аз эҳёи ин кори муҳими адабӣ бошанд.

Бисёр навиштаҳои мутахассиси варзидаи эҷодиёти мардумӣ Равшан Раҳмониро, ки бешубҳа сараввал моҳияту аҳаммияти илмӣ доранд, вале ҷанбаи тарғибу ташвиқиашон низ қавӣ ва ҳадафашон “ҳимояи асолати арзишҳои миллӣ”-ст, метавон ба публитсистика ҳам марбут донист.

Бешубҳа, дар омӯзиши ин тасмимҳову равандҳо, ба самти ҷустуҷӯҳои тозаи эҷодӣ хондани очерку публитсистиканависон ва ҳавасмандии маънавии онҳо муҳаққиқони варзидаи ин жанрҳо Иброҳим Усмон, Ҷовид Муқим, Мурод Муродӣ нақши бориз дошта метавонанд.

***

Тавре ки ними шабонарӯзи инсон аз рӯшанию ними дигар аз тирагӣ иборат аст, зиндагиаш низ аз ду чизи ногузир – ғаму шодӣ таркиб ёфтааст. Ва, бовар дорем, ки барои афзунтар шудани шодии хонандагон адабиёт низ саҳми бориз дошта метавонад. Аз ин нигоҳ дар радифи жанрҳои дигар ҳаҷв низ дар даврони Истиқлолият то ҷое такомул ёфт ва вусъат пайдо кард. Адибони ҳаҷвнигорамон пайваста мекӯшанд, ки ҳаҷв беш аз пеш муассиртару ҳадафгиртар бошад. Инро дар мисоли фаъолияти адибони ҳаҷвнавис дар давоми солҳои охир метавон мушоҳида кард. Бо намунаҳои хуби навиштаҳои Карим Давлат, Хайрандеш, Абдуғаффори Партав, Додохон Эгамзод, Гурез Сафар, Наҷмиддини Шоҳинбод, Абдурауф Муродӣ, Саидаҳмади Зардон, Абдусаттори Раҳмон, Ҳакималӣ Назаралӣ, Наҷмиддин Зайниддинзода, Эгамназар Соҳибназар, Муродалӣ Собир, Юсуф Насрулло, Саидҷаъфар Баёзӣ, Имомиддин Раҳимӣ мавқеи ҳаҷв дар адабиёт ҳифз шуд. Бахусус, Гурез Сафар дар ин давра фаъол буд ва натанҳо бо шеърҳои рӯшоду таҳдор, балки бо лавҳаҳои танзомезе, ки ҷиҳатҳои муҳими ҳаёту эҷод ва шахсияти адибони хушгӯро ифода мекунанд, саҳифаи ҳаҷви ҳафтаномаамонро пайваста рангин менамуд.

Далели нуфузи ҳаҷв ҳамин ҳам ҳаст, ки дар давраи ҳисоботӣ бори аввал дар таърихи адабиётамон китоби ҳаҷви Абдурауф Муродӣ «Пайкори мӯрон» соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардид.

Дар ин давра осори ҳаҷвӣ ҳам насрию ҳам назмӣ эҷод шуд ва ҳам тавассути маҷмӯаҳои шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва ҳам тавассути бахшҳои ҳаҷви нашрияҳои адабӣ, бахусус саҳифаи «Мушфиқӣ»-и ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» пайи рисолати хеш кӯшишҳо ба харҷ дод.

Ягона қиссаи ҳаҷвие, ки дар ин давра ба табъ расид, «Ҳушдаргумҳо»-и Саидаҳмади Зардон аст. Намудҳои дигари ҳаҷв – памфлет, нақиза, фелетон тақрибан ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Таассуфовар аст, ки бо истифода аз омилҳои гуногун онҳое бо ҳадафи ҳаҷвнависӣ қалам ба даст мегиранд, ки аслан дар ин боб қобилияту огаҳие надоранд ва танҳо ҳавою ҳавас раҳбаладашон аст. Дар натиҷа дар матбуоти даврӣ ба ном ҳаҷвияҳое роҳ меёбанд, ки сухани хушку холӣ ва орӣ аз бадеияту ҳунаранд. Мавзӯи аксари ҳаҷви имрӯз куҳна буда, ҳамоно ба сардори бемасъулияту зани баддаҳану шавҳари майзада рабт дорад. Гӯё рӯзгори мо аз дигар масъалаҳои доғ орист. Гӯзашта аз ин, баъзе аз ҳаҷвнигоронамон сари як рӯйдоди оддӣ он қадар беҳадаф сухан қатор мекунанду хушк менависанд, ки хонанда аз аввалин ҷумлаҳо дилгир шуда, барҳақ идомаи мутолиаро зарур намедонад. Агар ҳарчи зудтар беҳадафӣ, умумигӯӣ, муғлақбаёнӣ, кашолгапӣ ва хушкгуфториро аз арсаи ҳаҷв берун накунем, он ба ҷое намерасад.

Чанде пеш ҳампешаи хушқаламамон Хайрандеш масъулияти сарварии маҷаллаи як замон машҳури “Хорпуштак”-ро ба уҳда гирифт ва ҷои умедворист, ки бо заҳмату ҳиммати ӯ ҳаҷв рӯ ба беҳбудӣ меорад.

***

Агар дар гузориши Анҷумани Х111 (2015) дар замина зикри он рафта буд, ки нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик “чандон фаъол нест”, пас аз панҷ сол дар Анҷумани Х1У (2020) бо қаноатмандӣ эълон гардид, ки соҳаи мазкур “рӯ ба пешравӣ ниҳод”. Баррасии тақризу мақола ва китобу рисолаҳои панҷ соли охир (2021-2025) дар заминаи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи мазкур “ҳам аз нигоҳи фарогириву бозтоби муҳимтарин ҳодисаҳои адабӣ ва ҳам аз лиҳози нақду баррасии осори тозанашри адибон” тадриҷан фаъол ва пурбору пурғановат шуда истодааст. Абдунабӣ Сатторзода бар он бовар аст, ки “нақд дар пояи адабиёт қарор дорад”.

Гузашта аз ин дар нақди адабӣ ва адабиётшиносии панҷ соли охир пайдо шудан ва ё қувват гирифтани падидаҳои адабӣ ва илмии наве ба назар мерасанд, ки дар панҷсолаҳои пешина чандон назаррас набуданд.

Яке аз онҳо таваҷҷуҳ ба таҳқиқ ва баррасии масъалаҳои назарӣ ва ҷанбаҳои ҳунарии адабиёти пешина ва кунунии тоҷикӣ мебошад.

Тамоюли дигаре, ки дар нақди адабӣ ва адабиётшиносии кунунии тоҷик  ба назар мерасад, ин аст, ки таваҷҷуҳ ба нақд ва таҳқиқи назария ва амалияи тарҷумаи бадеӣ нисбат ба панҷсолаҳои пешина зиёд шудааст.

Тозагии дигаре, ки дар нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷики панҷ соли охир ба мушоҳида мерасад, вусъати баррасӣ ва таҳқиқи масъалаи робитаҳои адабӣ ва ҷанбаҳои назарии он мебошад.

Агар саҳифаҳои барои нақд ва  тақризу китобиёт ҷудошудаи маҷаллаи “Садои Шарқ” ва рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”-ро бо чанд соли пеш муқоиса кунем, равшан ба назар мерасад, ки солҳои охир нақди  адабӣ, аз ҷумла, нақди наср хеле пешравиҳо дорад ва бисёр асарҳои арзишманди нависандагон аз назари мунаққидон дур намондаанд.

Тӯли чанд соли охир  дар заминаи равандҳои асосии насри муосир, эҷодиёти нависандагони маъруф ва асарҳои тозанашри онҳо таълифоти зиёде ба нашр расид, ки онҳоро метавон ба чанд даста тақсимбандӣ намуд. Оид ба эҷодиёти нависандагони маъруфи муосирамон Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Муҳиддин Хоҷазод, Кароматуллои Мирзо,  Абдулҳамид Самад,  Сайф Раҳим, Баҳманёр Аминӣ ва дигарон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ навишта шуданд ва муҳтавояшон дар шакли рисолаву мақолаҳо дастраси алоқамандони адабиёт гардиданд.

Илова бар ин, дар заминаи баррасӣ ва таҳқиқи наср мутахассисони варзида Муҳаммадюсуф Имомзода, Абдухолиқ Набавӣ, Матлубаи Мирзоюнус, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Замира Улмасова, Сироҷиддини Эмомалӣ ва дигарон китобҳо нашр карданд, ки манзараи умумии равандҳои инкишофи насри муосири тоҷикро пеши назар меоранд. Муаллифони номбурда, дар баробари нақду баррасии асарҳои алоҳидаи адибон ва эҷодиёти  нависандагони муосир, равандҳои асосии насри имрӯз ва нақди онро низ ба андеша гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки инкишофи нақди наср ба воқеиятҳои адабию ҳунарӣ ва эҷодии нависандагон алоқаманд аст. Агар мо ба таърихи начандон дури насри муосир назар андозем, хуб эҳсос мешавад, ки дар он ковишҳои тозаи адабию ҳунарӣ ба зуҳур омадааст ва дар баробари ин нақдаш ҳам  пеш рафтааст. Яъне, тадриҷан қавӣ шудани нақди насрро бояд ба зуҳури асарҳои арзишманд ва ҷустуҷӯҳои бобарори нависандагони тоҷик дар солҳои охир алоқаманд кард. Воқеан, ба майдон омадани роману қиссаҳои солҳои охири Сорбон, Абдулҳамид Самад, Кӯҳзод, Кароматуллои Мирзо, Юнус Юсуфӣ, Мирзонасриддин, Ато Мирхоҷа, маҷмӯаҳои қиссаю ҳикояҳои Равшан Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ, Шодӣ Раҷабзод, Матлубаи Ёрмирзо ва дигарон нақди адабиро ҳам таҳрики тоза бахшид. Дар атрофи романҳои “Достони писари Худо”, “Гардиши девбод”, “Ҳайҷо”, “Куруши Кабир”, “Шоҳаншоҳ”, “Марги бегуноҳ”, “Оташ дар хонаи қадим”, “Шинак”, “Сарои санг”, “Вахш” ва ғайра мақолаву тақризҳо ба нашр расиданд ва мавриди зикр аст, ки муаллифони аксари онҳо ин асарҳоро бо рағбати хос, одилонаю холисона нақду баррасӣ карданд. Аз ҷумла, мунаққиди фаъоли насри солҳои охир  Мисбоҳидддини Нарзиқул дар мавриди романҳои номбурдаи Абдулҳамид Самад, Юнус Юсуфӣ, Мирзонасриддин, Саидаҳмади Зардон тақризу мақолаҳои алоҳида навишта, ҳусну қубҳи онҳоро нишон дод. Ҳамчунин, метавон аз тақризҳои Ато Мирхоҷа ва Шодӣ Раҷабзод ба китоби Равшан Махсумзод “Кафшергар”, Замира Улмасова ба романҳои Кароматуллои Мирзо “Ишқи сархӯр” ва Барот Абдураҳмон “Курӯши Кабир”, Матлубаи Мирзоюнус ба романи Юнус Юсуфӣ “Киштии Нӯҳ”, Мурод Муродӣ ба китоби Бахтиёр Муртазо “Нурофарин”,  Иброҳим Усмон ба романи Мирзонасриддин “Нони шарикӣ” ва ғайра ёд кард, ки далели эҳёи суннатҳои нақди адабианд, Масалан, Матлубаи Мирзоюнус дар мақолаи “Фалсафаи маргу зиндагӣ дар “Киштии Нӯҳ” муҳимтарин паҳлуҳои асар, ҳунари офарандагӣ ва тозакориву навҷӯиҳои Юнус Юсуфиро баррасӣ карда, муҳити барои шинохти як асар зарурро фароҳам меорад. Бешак, ба тақриз рӯ овардани мунаққидони наср ва худи нависандагон далели ҳамрадифи равандҳои наср инкишоф ёфтани нақди наср аст.

Дар баробари ин, носирону мунаққидони фаъоламон як силсила мақолаҳои муфассали таҳлилӣ ба нашр расониданд, ки дар шинохту муайян кардани равияҳои инкишоф ва сабабҳои бурду бохти насри муосир нақши равшан доранд. Дар ин радиф мақолаҳои муфассали Матлубаи Мирзоюнус, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Замира Улмасова, Ҳафиз Раҳмон доир ба эҷодиёти Абдулҳамид Самад, Кӯҳзод, Кароматуллои Мирзо, Баҳманёр Аминӣ, Зариф Ғулом, навиштаҳои танқидию таҳлилии Шодӣ Раҷабзод “Набзи замон дар наср”, Сироҷиддин Икромӣ “Носирони ҷавон чӣ мегӯянд?”, бешак саривақтию муфиданд.

Далели дигари ривоҷи нақду таҳқиқи наср дар солҳои охир ба нашр расидани як силсила китобҳои алоҳида перомуни масоили гуногуни насри муосири тоҷик аст. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, китоби Муҳаммадюсуф Имомзода, Аламхон Кучарзода, Масрур Абдуллозода ва Муҳаммадулло Табарӣ “Адабиёти тоҷик дар замони Истиқлолият”-ро бояд зикр кард. Дар ин китоб бахши алоҳидае ба насри имрӯз ихтисос дода шудааст, ки дар он заминаҳои ташаккул ва вижагиҳои насри ин давра муфассал баррасӣ мешавад. Муаллифон борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавҳару моҳияти насри тоҷикии давраи Истиқлолияти давлатиро ҳувияту худшиносии миллӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар як маҷмӯаи ҳикояҳо, ҳар як қиссаву романе, ки дар давраи Истиқлол ба табъ расидааст, шоистаи таҳқиқу таҳлили алоҳида мебошад. Аз қавли адабиётшиноси маъруфамон Атахон Сайфуллоев, дар замони истиқлоли давлатӣ адабиёти нави озод арзи ҳастӣ кард ва худогоҳию худшиносии миллӣ, ки бунёди ғоявии ин адабиётро ташкил медиҳад, боиси пайдоишу ташаккули шуури нави миллӣ гардид.

Дар ин ҷо аз китоби Мисбоҳиддини Нарзиқул “Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир” ёд кардан низ бисёр бамаврид аст. Муаллиф дар мақолаҳои “Диди таърихии романнависони имрӯзаи тоҷик”, “Роман дар адабиёти давраи пас аз Истиқлоли Тоҷикистон”, “Воқеияти тасвир”, “Ҷустуҷӯ дар насри муосири тоҷик” масъалаҳои марбути ғановати жанрӣ, шаклӣ ва услубию ҳунарии насри имрӯзаи тоҷикро ба таҳқиқ гирифтааст. Дар мақолаи “Диди таърихии романнависони имрӯзаи тоҷик” муаллиф равандҳои инкишофи ин навъи муҳими насрро дар адабиёти имрӯзаамон муфассал баррасӣ намуда, як қатор камбудиҳоеро, ки раванди инкишофи романро дар насри муосир халалдор месозанд, нишон медиҳад. Барҳақ таъкид мешавад, ки баъзе нависандагон танҳо бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷм асарҳояшонро “роман” номидаанд, яъне ҳаҷми асар ба ҳеҷ ваҷҳ намоёнгари қудрату тавоноии адиб буда наметавонад. Инчунин, дуруст ишора шудааст, ки вазъ ва рухдодҳои замони мо таваҷҷуҳи нависандагонро ба худ ҷалб кардаанд, вале дар асарҳои солҳои охир офаридаи онҳо тасвири бадеии масоили мазкур нокифоя аст.

Китоби дигаре, ки бевосита ба таҳқиқ ва нақду баррасии насри муосир бахшида шудааст, ба қалами Матлубаи Мирзоюнус тааллуқ дорад. Як силсила мақолаҳои китоби ӯ “Сабкшиносии  насри муосир” бевосита ҷустуҷӯҳои адабию ҳунарии нависандагони муосирро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Муҳаққиқ дуруст таъкид мекунад, ки дар насри муосири тоҷик дар баробари нақл тасвир низ торафт бештар мавқеъ меёбад, тавассути образҳои фаъолу андешапарвар масъалаҳои маънавии ҷомеа ва худшиносии миллат ба миён гузошта мешаванд.

Дар китоби «Баъзе масъалаҳои адабиёти муосир тоҷик»-и Шамсиддин Солеҳ, ки фарогири мақолаҳои дар панҷ соли охир таълифкардааш мебошад, равандҳои инкишофи насри имрӯз, эҷодиёти нависандагони маъруф, асарҳои тозанашри онҳо баррасӣ шудааст. Мақолаҳои пурмуҳтавои ин насршиноси маъруф «Бурду бохти ҳикояи имрӯз», «Баъзе масъалаҳои наср», «Саҳми ҷавонон дар инкишофи адабиёти муосир тоҷик», «Масъалаи таърихӣ дар насри муосир тоҷик» ва ғайра шебу фарози насри имрӯзаамонро мавриди таҳқиқи амиқу пурвусъат қарор додаанд.

Мақолаҳои Субҳон Аъзамзод «Атахон Сайфуллоев ва сиришти адабиётшиносии ӯ», «Намунаи хондании насри шоирона ва модерн», «Назаре ба «Парастуи рамида» ва «Балогардон»-и Додохон Эгамзод», тақризҳои Баҳром Мирсаидов ба китобҳои Муҳиддин Хоҷазод ва Баҳманёр Аминӣ дар шинохти осори носиронамон хеле муфиданд

Мавриди зикр аст, ки дар нақди наср ҳанӯз камбудию норасоии солҳои пешин такрор мешавад, ки ин қабл аз ҳама истифодаи шеваҳои баррасии нақди иҷтимоъгаро, бозгӯи мазмуни асарҳо, камтаваҷҷуҳӣ ба ҷанбаҳои ҳунарӣ, банду басти бадеӣ, забону сабки баёни нависандагон мебошад. Талаботи замону ҳунари адабӣ аз мунаққидони наср ин аст, ки бояд баррасӣ ва нақди асарҳои нависандагони муосирро дар сатҳи илмӣ ба роҳ монда, сатҳу савияи адабию ҳунарии онҳоро воқеъбинона ба хонандагон муаррифӣ ва аз ин роҳ нақшу мақоми нақдро ҳамчун василаи иртибот байни нависанда ва хонанда устувортар бикунанд.

***

Шеъри то,ҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон низ мавқеи хосеро ишғол кард ва бо тақозои замони нав, ки даврони эҳёи миллату давлат гардид, бештар рӯҳияи ватандӯстона ва худшиносии миллӣ касб намуд. Рӯҳияи  ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, ифтихори таърихӣ дар он тақозои замон ва ҳосили рӯҳияи миллии мардум буд

Агар бигӯем: шоире нест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мавзӯъҳои озодиву Истиқлолият, ваҳдати миллӣ, ватану ватандӯстӣ, ифтихори таърихӣ, тавсифи муқаддасоти миллӣ, бунёдкориву созандагиҳои кишвар ва шахсияти боризи Пешвои миллат шеър нагуфтааст, хато намекунем. Яъне, имрӯз шеъри моро дар маҷмӯъ як рӯҳияи баланди ватандориву меҳанпарастӣ фаро гирифтааст.

Мавзӯъҳое, ки ном бурдем, аслан мафҳумҳои баланди сиёсиву инсониянд ва гуфтани шеъри ноб, сухани тозаи бадеӣ, бозёфти шоирона, андешаи бикри нотакрор бо корбасти онҳо кори осон нест. Бинобар ин, аксари навиштаҳое, ки пайваста матбуот дар ин мавзӯъҳо ба нашр мерасонад, мутаассифона, ба шеъри асил дахле надоранд ва аксаран баёнҳое шиориву такрор ва бидуни сувари хаёланд.

Барои адиб мавқеи адабиву инсонӣ ҳамеша муҳим ва ба эҷодиёташ ногузир таъсиргузор будааст. Ин хеле волотар аст аз бемавқеӣ ва беҳадаф гуфтани шеър, ҳатто агар он шеър ҳунармандона ҳам гуфта шуда бошад.

Дар ашъори тозаи Гулрухсор Сафӣ сабки деринаи ӯ – тарзи ғайримаъмули баён равшан ҳувайдост. Шоир бо ороиши лафзиву дарунмояи қавӣ ҳузни шеърро забони гӯё ва самимияти беинтиҳо бахшидааст:

Обҳоро хоб бурда дар сари зонуи санг,
Дар булӯри нур мастур аст рақси ширмоҳӣ.
Рӯдбори хаставу баҳри дамон ошиқ наянд,
Мезанад чашми уқоби пир бо ёди баландиҳо сиёҳӣ

Боз аз як сифати шеъри шоир – муъҷазбаёнӣ наметавон ёд накард. Дар бораи вабои панҷ соли пеш – короновирус шеърҳои зиёд чоп шуд, лекин асли гапро Гулрухсор Сафӣ гуфт ва бо таносуби қавию пайванди мантиқии вожаҳои зарра, ҳастаӣ, силоҳ, ҷанг айни воқеиятро баён намуд:

Бе силоҳи ҳастаӣ, бе ҷанги сард
Заррае сайёраро тасхир кард.

Сухани хоси Гулрухсор Сафӣ ноаён инсону Ватанро ба ҳам мепайвандад ва эҳсосу ифтихори самимии ватандорӣ талқин мекунад:

Бо шодиву озори Ватан хушдорам,
Бо ғунчаву гулхори Ватан хушдорам.
Аз боди замон чи ғунчаҳо гашт хазон,
Дар боғи Ватан ҳамеша гулрухсорам.

Дар ғазалҳои Фарзона маъниҳои бикр, ташбеҳу истиораҳои тозаву ғайримаъмул ва таркибу ибораҳои саршор аз бадеият ба назар мерасанд. Таркибҳои «дили тиҳианбон», «дили баҳоройин», «шомҳои ҳалқатило», «субҳҳои лаълнигин» ва назири инҳо ба ғазали шоир таровати хос бахшидаанд. Таъбири мардумии «дилу бедилон» аз таваҷҷуҳи хоси шоир ба забони зиндаи халқ шаҳодат медиҳад:

Дило, бишӯру дилу бедилон тапиш манамо,
Бидам, тапиш ба тапиш нав шаву танин ба танин.
Бирав, ба таҳнияти шомҳои ҳалқатило,
Биё, ба ҳурмати ин субҳҳои лаълнигин.

Ва боз мисоле аз ин қабил:

Эй фалак, гӯшро мазан ба карӣ,
Гар ба гӯши ту ин суолам рафт.

Шеъри Фарзона ишқ, сафо, ормонҳо, ҳидояти некиву хубӣ буда, бо анвори худ роҳи неки инсонҳоро мунаввар мекунад:

Эй дӯст, ба ҷуз мақоми олӣ наравӣ,
Аз тахт нагун ба лоуболӣ наравӣ,
Ҳангоми гусел дил ба дастат додам,
К-аз хонаи дӯст дасти холӣ наравӣ.

Дар шеъри Фарзона мафҳуми муқаддаси Ватан беназир нерӯбахш садо  медиҳад:

Эй асли ману васли ману ҳамсафари ман,
Бигзор, ки дар хуни ту бошад асари ман.
То ҳаст ҷаҳон, ҳамчу дил андар тани ман бош,
Ман Меҳани ту ҳастаму ту Меҳани ман бош.

Дар ашъори Аскар Ҳаким хираду андарз, ки на ба таври мустақим, балки дар перояи калимоту таъбирҳои тоза ва дигар воситаҳои бадеӣ баён мешавад, мавқеи муҳим доранд. Чун дар ин рубоӣ:

Дастам, ки барои дасти кас доштан аст,
То ҳаст сарам, барои афроштан аст,
Дар пеши касе сар назанам, то ҳастам,
Хам гаштани ман барои бардоштан аст.

Кашандаи бори асосии маънои байти зерин ибораи «гули масмум», яъне гули заҳролуд аст, ки воқеан андешаро ба таҳаррук меорад ва масъулияту фоҷиаи шоири имрӯзро равшан бозгӯ мекунад:

Шоири имрӯз занбӯрест дар барги гули масмум,
К-ангубин гар оварад, худ мешавад нокораву маъдум.

Муҳимтарин хусусияти шеъри Камол Насрулло ҳадафмандӣ, саршорӣ аз зиндагӣ ва сӯзу созҳои он аст. Шоир дар ҳар шеъраш матлаби муҳиме барои хонанда дорад ва ин матлабро дилрасу бадеӣ баён месозад. Дар коргоҳи шоирии ӯ хаёли баланду тафаккури бадеӣ баҳам омада, шеъри коргару пурбор тавлид мекунанд.

То даме офтоб хоҳад буд,
Ҳар шуояш барои ман ид аст.
Бар суоли маҳи хамидаи шаб
Посухи субҳи тоза хуршед аст.

Камол Насрулло шоирест, ки ба хонанда муҳаббати зиндагӣ ва имон ба зебоиро талқин мекунад ва асли шоирӣ низ ҳамин будагист. Ӯ натанҳо худ шеъри расо мегӯяд, балки пайваставу бедареғ дар тарғиби шеъри классикиву муосирамон саҳми бузурге мегузорад.

Пайванди ногустаниии шаҳрванд бо Ватан дар шеъри Раҳмат Назрӣ ҳам бо тасвирҳои ҷолиби шоирона таҷассум ёфтааст:

Печ-печон гирифтаам оғӯш
Осмонро чу шохаҳои сада,
То ки бошам ман аз ҳавои Ватан
Сабз дар пуштаҳои бодзада.

Раҳмат Назрӣ, ки ашъораш мамлу аз ишораҳо ба расму оинҳои мардумист, ҳатто аз як падидаи бисёр табиӣ – баҳам омадани рӯдҳо низ рамзи оини машҳури аҷдод меҷӯяд ва бо хитоб ба дарёи Вахш мегӯяд:

Баҳамоии Сурхобиву Хингоб
Чу як устураи гаҳворабахшон.

Ҳамин муҳаббату масъулият дар назди оину анъанаҳои аҷдод аст, ки қаҳрамони шеъри дигари ӯро ба чунин андешаю амали амиқ вомедорад:

Баъд аз сари падар писари наврасаш дигар
Маҳкам миёни худ ба миёнбанди ӯ бубаст.
Метофт дар назар дигар аз худ калонтарак,
Бо пирамардҳои гузар давра менишаст

Расму оин ва эътиқоду боварҳои мардумӣ барои Раҳмат Назрӣ чун тӯморе ё мазоре муқаддас аст ва ӯ пайваста бо муроҷиат ба онҳо ба хулосаҳои ҷолиби шоирона мерасад ва аз адами батадриҷашон шоирона ғам мехӯрад:

Ҳанӯз харбуза ширин ба шираи дерин,
Ҳанӯз тарбузи бозор буд бедору.
Ҳанӯз барг ба барги шукуфаҳои боғ
Ба боли замзамаи хеш мепарид ору.

Ҳанӯз мардуми деҳқон набуд савдогар,
Ҳанӯз фарқи ҳарому ҳалол медонист.
Ҳанӯз аз пайи суду зиён намегашт ӯ,
Ҳанӯз қадри савобу вубол медонист

Дар ин пораҳо маъниҳои баланду муассири иҷтимоӣ ба гӯш мерасанд ва байти зерин, ки чун ҳушдоре садо медиҳад, авҷи аълои ин оҳанг аст:

Аз дигар акнун Урупои чалипоӣ
Холкӯбӣ мекунад дар худ сувасторо

Суханони Муҳтарам Ҳотам низ дар ин маврид чун ниёиш ба гӯш мерасанд:

Кам макун як зарра хокашро,
Қатраи дарёи покашро,
Атру боди атрнокашро,
Субҳи рахшонро нигаҳбон бош,
Тоҷикистонро нигаҳбон бош!

Рубоие, ки манзуратон мегардад, далели равшани муҳаббати Ватан дар сиришти шоиронаи ӯст ва муҳаббату масъулияти азалию абадии ватандорию ватандорро бозгӯ мекунад:

Меҳри Ватан аз миёни гаҳвора бувад,
Ҳарфи Ватан аз забони гаҳвора бувад.
Ҳар тифл, ки дар канори он бигзоранд,
Тирест, ки дар камони гаҳвора бувад.

Муҳтарам Ҳотам ба бадеияти сухан, таносуби зоҳирию ботинии вожаҳои маънисоз таваҷҷуҳи пайваста дорад, аз ин рӯ, хулосаҳои ғайримунтазирааш чун панди дилрас қабул мешаванд:

Сӯз асту ҳарорат аст аз ишқ гувоҳ,
Рӯсурх шавад зи сӯз ангишти сиёҳ.

Аз шеърҳои Ҷумъа Қувват эҳсос мешавад, ки ба қолабҳои суннатӣ ва тарзи баёни классиконамон рағбати бештар дорад. Шеърҳои ӯ аз ҷиҳати муҳтавову дарунмоя устувор ва то ҳадде пурумқу пургунҷоишанд. Байти тасвирии зерин гувоҳи табъи салиму хаёли паровари ӯст:

Саҳар хуршед гардад аз паноҳи Заркамар берун,
Зарандуд аст, гӯё гаштааст аз ҳавзи зар берун.

Байту мисраъҳои алоҳидааш чун панду андарзи варзида истиқбол мешавад:

Басо тири бало афтода андар синаи хок аст,
Магар аз ин ҷафоҳо синаи ҳар донаат чок аст?!

 Бехасм будан хоҳӣ агар, беҳунаре бош!

 Бадзабонӣ бар забунӣ мебарад!

Бар асари рухдодҳои иҷтимоии ҷаҳон оҳанги ҳазлу ҳаҷве, ки хоси навиштаҳои Хайрандеш аст, ҷой ба кинояву ишораҳои нозук дод ва инъикосгари равандҳои пурихтилоф дилу ҷонҳои муосирон гардид. Шоире, ки лоуболона мегуфт:

Бирез, эй соқии даврон, майи гулгун ба сад солам,
Надорам орзуи зистан з-ин беш дар дунё.
Пас аз чандин ҳазорон сол мехонанду мегӯянд:
Наёмад зираке монанди Хайрандеш дар дунё,

акнун ҷиддан аз мушкилаҳои оламу одам меандешад:

Хостам, ёрон, ягон касро наранҷонам, нашуд,
Хостам некӣ кунам, кинҳо барафшонам, нашуд.

Хостам аҳли риёро Ориёҷавҳар кунам,
Бурси бухлу кинаро аз кунда ғалтонам, нашуд.

Хостам бо шуълаҳо зулмотро равшан кунам,
Шуъла-шуъла бардамидам аз рагу ҷонам, нашуд.

Хостам бошад фақат меҳру муҳаббат байнамон,
Олами пуркинаро бекина гардонам, нашуд.

Вале ҳамоно меҳру шеър маънии зиндагии ӯянд ва аз ҷумла мавзӯи Ватанро дар эҷодаш тозаву пурҷило бозтоб медиҳанд:

Ба шеър меҳр чу бастам, гуҳарнисор шудам,
Шарорашеър навиштам, шараршиор шудам.
Хароб гашта дусад раҳ, зи нав шудам обод,
Чи қисмате, ба масал Қалъаи Ҳисор шудам.

Расму суннатҳои кӯҳистон ва покизасириштии мардуми он дар шеъри Давлат Раҳмониён чунин тасвир шудааст:

Гар надонӣ табиати алафаш,
Даст бар фарқи сабзааш набарӣ,
Чанбари лолааш ба сар наниҳӣ,
Кӯҳро ҳис намекунӣ, дигарӣ.

Чун намозист домани покаш,
Ҷангалаш дар намоз истода,
Дорад аз сангҳои рӯ ба ғуруб
Тахту ҳамвор карда саҷҷода.

Мавзуи ватандорӣ дар шеъри ӯ таҷассуми шоирона дошта, самимию қатъӣ садо медиҳад:

Эй кӯҳи Ватан, ба туст рӯи суханам,
Ҷӯшида чу мӯмиё зи санги ту манам.
Бар фарқам агар тоҷи саодат биниҳанд,
Бинам, ки дар он лаъли ту  набвад, фиканам!

Имрӯз шоироне дорем, ки тасвиру тавсифи Тоҷикистон ва хуҷастагиҳои таърихи миллати моро мушаххасу боварбахш, чунон ба қалам медиҳанд, ки тасвири рамзноки таърих ва муқаддасот ифтихору садоқати ватандориро дар вуҷуди хонанда бедор мекунад. Абдуллои Раҳнамо аз ҷумлаи чунин қаламкашон аст:

Қасам ба лолаи даште, ки сурх мерӯяд
Ба ранги хуни раги гардани ниёгонаш.

Қасам ба азми баҳоре, ки баъди ҳар куштан
Қиём мекунад аз синаи зимистонаш.

Қасам ба ҳурмати чӯби сафеди гаҳвора,
Қасам ба модари маъсуми покдомонаш.

Дар ин шеър тасвирҳо чунон ҳадафнок ва барҷо чида шудаанд, ки ҳар вожа маънои рамзиву таҳтонӣ дорад ва дар маҷмуъ қасами шоир таҷассуми ормонҳои баланди миллӣ мегардад. Шоир бо истифода аз тарзи маъмули баёни гузаштагон суханро тасвири наву маънии муосири ватандорӣ медиҳад ва тасвирҳояш маънои имрӯзӣ мегиранду таърих, замони муосир ва суннатҳоро ба ҳам шоирона пайванд медиҳанд:

Қасам ба бораи санге, ки қасри миллат шуд,
Қасам ба мавҷи хати Парчами парафшонаш.

Мурғи баландпарвози шеърҳои ватандӯстонаи Абдуллоҳи Раҳнамо ду бол дорад: оҳанги баланди ифтихорӣ ва афзори ҳунарӣ, ки бо ҳадафи воло ва забону баёну талмеҳу ташбеҳҳои равшан инъикос шудаанд:

Ин Ватанро “нигар ба чашми хирад”,
Ҷавҳари он басе бузургтар аст.
Аз фиреби харита бояд раст,
Тоҷикистон басе бузургтар аст!

Эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар шеъри мо аз ҷониби шоиронамон дар баробари нишони давлатӣ боло бардошта мешавад ва дар радифи Парчами миллиамон парафшонӣ мекунад ва дар ин манзара овои Хушомади Алидод аз баландии қуллаҳои Бадахшон ҳамсадои ватандорон мегардад:

Эй Парчами бахти миллатам, бол бизан!
Рамзи хуши тахту савлатам, бол бизан!
Имрӯз, ки кулли оламат зери пар аст,
Дар арши баланди давлатам бол бизан!

Кароматулло Олимзода дар ин давра низ фаъолона шеърҳо гуфта, пайванди ҳикмату бадеятро таҳким бахшид. Чун ҳар андешаманд ӯ аз вазъи асафбори ҷаҳон наандешида наметавонад:

Ҷаҳон имрӯз найранги дигар, макри дигар дорад,
Ки садҳо нақши барҳам додани навъи башар дорад.
Раёсатҳо чи зебо адлу доду меҳр мегӯянд,
Забонҳо ҳарфи дигар, мағзҳо фикри дигар дорад.

Ва дар ин замина ҳамватанонеро, ки аз ин равандҳои ҷаҳонӣ камтар меандешанд, ҳушдори барҷое медиҳад:

Чашми бегона интизори ту нест,
Гули боғи дигар баҳори ту нест.
Ҳаваси оби ғайр камтар кун,
Оби он мисли чашмасори ту нест.
Гарчи бегона мекунад васфат,
Ӯ ҳаводори ифтихори ту нест.
Чанд ҳарфи насиҳатат гуфтам,
Ҳамчу ман баски дӯстдори ту нест.

Мавзӯи Роғун вобаста ба нуру рӯшноӣ ва эҳёи навини кишвар падидаи рамзиест, ки дар он ормонҳои милливу ҳадафҳои баланди халқу кишвари мо таҷассуми шоирона метавонад ёфт. Дар ин росто манзумаҳои “Достони нуристон”-и Ато Мирхоҷа, “Достони Роғун”-и Давлат Сафарзода, манзумаи “Хостгоҳи рӯшанӣ”-и Толиби Луқмон, шеърҳои Ҳақназар Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Доро Наҷот, Озар, Абдуллои Раҳнамо, Давлати Раҳмониён, Парда Ҳабиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Иззати Раштӣ, Муҳриддин Сабурӣ, Ҳасани Султон, Беҳрӯзи Забеҳуллоро метавон далел овард. Аслан шоире нест, ки дар ин мавзӯъ шеър нагуфтааст ва ин гувоҳи он аст, ки Роғун воқеан рамзи бузурги ғояҳои миллӣ ва ҳадафҳои эҳёии миллати мо гардидааст.

Алимуҳаммад Муродӣ Роғунро чун рамзи ягонагиву пойдорӣ ба қалам медиҳад:

То ба кай паҳлӯи ҳам,
Аз ҳам  ҷудо,
Нотавон монандаи ангушт бояд буд,
Дар ҷаҳони муштзӯрон мушт бояд буд!

Шоир ҳар ҷузъи мушоҳидаашро дар ин корзори нурофарӣ чун инсон мебинаду чун инсон тасвир мекунад:

НОБ-и Роғун дидаму гуфтам, дили бесӯз нест,
Об ҳам дар синаи сарди худ оташ доштаст.
То намонад аз тапиданҳош дарёи ҳаёт,
Мавҷ бо мавҷи дигар ҷангу кашокаш доштаст.

Рустам Ваҳҳобзода моҳият ва ҳақиқати Роғунро чунин тасвири шоирона  медиҳад:

Сади Роғун шумори қуллаҳоро мекунад афзун,
Чу кӯҳе устувор истода ин уммеди истиқлол.
Уқоби авҷи озодист гӯё бар ситеғи кӯҳ
Ватансозе, ки бинад бар ҷаҳон аз диди истиқлол.
Бувад ҳар чархаи Роғун ҳарифи чархаи гардун,
Ки бо ҳар гардиши худ мекунад тавлиди истиқлол.

Шеъри сапеди Доро Наҷот, ки ба Роғун бахшида шудааст ва «Дили миллат» ном дорад, ба андешаи ман, аз беҳтарин шеърҳо дар ин мавзӯъ аст. Гузиниши вожаҳои зебову дурахшони дархури мавзуъ, таъбиру таркибҳои тозаву хоси шоирона, зарбоҳанги махсуси дарунии калимаҳо ва таносуби қавии мантиқӣ ҳам ба забон, ҳам ба маънӣ ва хуллас, ба саропои шеър таровату тозагӣ бахшидааст. Эҳсос мешавад, ки Доро Наҷот ҳар вожаро дар кӯраи табъу завқи хеш гудохтаву пазонда, ба гавҳаре тобнок табдил медиҳад.

Роғун дил аст,
               ки метапад дар синаи миллат!
Ва бартар аз ҳазор дили данкоӣ
                            медурахшад
                                            субҳи меҳанро
                                                        бо табассуми тулуъ
                                                               ва чароғаки шабнами боли гулпаракҳо.

Роғун дил аст
           чу гулхонаи хуршед,
                      ки шафақ мебезад
                                    ба чаманҳои ҳис,
                                                                       дарк
ва бозтоби нанги ориё
               ва тоҷиконатарин фурӯзонфариро
                                                                  тоҷбандӣ мекунад
                                                                                     бар сари миллат!

Шукуфоии Ватанро низ Доро Наҷот бо сабки хоси худ ба тасвир мегирад:

Вақте Ватан мегӯям,
                                   меғарқам
                       ба шамими хоки боронхӯрда,
                                          ба обу моҳиву маҳтоб
                                                      ва ошиқонаҳои насиму настаран

Асари ҳаҷман бузургтар дар мавзӯи бунёди Роғун “Достони нуристон”-и Ато Мирхоҷа аст, ки дар оғози ҷолиби он табиати пок ва таърихи некманишонаи мардуми мо бо рамзҳои маънидор пеши назар меоянд:

Ӯ надуздид чун Прометей
Шуъла аз Зевс Язди оташваш,
Ӯ чу Ҳушанги ҳушманд омӯхт
Аз дили санг зодани оташ.

Давлат Сафарзода – яке аз роғунсароёни фаъоламон

Ба ҳар қатра обу ба ҳар зарра хок,
Ба кӯҳу ба барзан, ба дарёи пок,
Ба ҳар пора сангу ба ҳар пора хишт,
Ба ҳар пуштаи сабзу саҳрои кишт

аз Роғун салом мефиристад, ки рамзи пирӯзии ин бунёдкорист.

Ҳасани Султон дар ҳавои илмӣ ба бунёди нерӯгоҳи Роғун назар андохта, ба пажӯҳиши шоиронаи мавзӯъ кӯшидааст:

Ту пиндорӣ, ки ҳар як чархаи ӯ
Ба шаш сайёра ҳампайванд бошад.

Файзи Ашӯр дар як рубоӣ бо истифода аз як ҷузъи оддии либоси коргарӣ умқу вусъати ин користони бузург, рисолати нерӯгоҳ ва бунёдкорони онро тасвир карда тавонистааст:

Ин хӯд, ки коргар ба сар бинҳодаст,
Рағми ҳама офату хатар бинҳодаст.
Дар сурату ранг мисли маҳ метобад,
Гӯё фалакаш ба сар қамар бинҳодаст.

Давлати Раҳмониён дар фарди “Ба коргари Роғун” ин маъниро равшантар мекунад:

Зулмотро чи гуна аз ин марз рондааст?
Ба фарқи сар кулоҳ зи хуршед мондааст!

Силсилаи шеърҳои тозаи Ҳақназар Ғоиб бо мазмунҳои ҷолибу ибратбахш, истеҳкоми қавии забонӣ ва таъбиру ифодаҳои шоирона ҷалби таваҷҷуҳ мекунад. Доираи фарохи тафаккуру тахайюл имкон дода, ки шоир ҳам дар мазмунсозӣ ва  ҳам дар тасвиргарӣ муваффақ бишавад. Сароҳати сухан, равшании маънӣ ва шевоии баён аз вижагиҳои асосии ин шеърҳоянд, ки ҳамроҳ бо тасвирҳои ҷолибу маъниҳои баланд арзишашонро афзудаанд.  Ҷолиб аст, ки аксаран дар қолаби ғазал суруда шудаанд ва ин дарак медиҳад, ки имрӯз ҳатто устодони мо, ки марҳалаҳои пешини эҷодиёташон аз ҷиҳати қолаб хеле гуногун буд, бештар аз пештар ба хилвати зебои ғазал майл доранд.

Ошиқиро тарк кун, ё ошиқи варзида бош,
Бо ҷунуни хоси худ ҷо дар дилу дар дида бош.

Рустам Ваҳҳобзода аз он шоиронест, ки метавонанд шеъри тоҷикро дар ҷаҳони шеъри хуби ҳамзабонон намояндагӣ бикунанд, аз ҷумла бо ин намунаҳои воқеан шоирона:

Борҳо бурдам ҳасад бар соати девори худ,
Ман басо бекор будам, ӯ басо дар кори худ.

 Пушти тиреза маҳви хаёлат нишастаам,
Борон ба рӯи боғу чаман гиря мекунад,
Номи туро ба ҳаври тиреза навиштаам,
Ҳар ҳарф дар баробари ман гиря мекунад.

Эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб натанҳо далели табъи гирояш дар сурудани ашъори ватандӯстона, балки шоҳиди он ҳам ҳаст, ки шоир дар шеърҳои дидактикию лирикии сабки суннатӣ ҳам  тасвиру  бозёфтҳои  зиёду тозаи  шоирона  дорад, чунон ки дар рубоии зер:

Бе ранҷ ба рӯ дари ҳунар во нашавад,
Тоб ор ба шаб, дари саҳар во нашавад.
Аз гиря муроди дил нагардад ҳосил,
Зеро гиреҳи риштаи тар во нашавад.

Дар ҳар байти ғазалҳои Муҳаммад Ғоиб як бозёфт, ташбеҳу истиораи нав ва орояҳои лафзиву маънавӣ дида мешавад. Яъне, тасаллути ӯ бар абзорҳои ҳунарӣ ва тафаннунии шеър равшан намудор аст ва ин қудрати шоирӣ дар қолабҳои ғазал ва рубоӣ зуҳури бештар ёфтааст. Аз ҷумла, дар чунин байтҳои ҳунармандона:

Дарахти пир ба ҷуз соя бар  намебахшад,
Замин кавир, ки гардад, кавар намебахшад.
Мабанд умед ба барфи сари тунукмағзон,
Варақ ба кӯра шарар он қадар намебахшад.

Зиё Абдулло ҳамоно забону баёни хоси худро дорад, ки даркаш фаҳми тунд мехоҳад:

Ҳама ҳарзаҳои фусун хондаанд,
Ҳақи нози мантиқ бурун рондаанд,
Чи “динҳо” ба Ҳақ ростбоз омаданд,
Дурӯғон ба садри намоз омаданд.

Шоири хосгуфтор мекӯшад, ки бо ҷуръату ҷасорати хоси худ макру фиребу дурӯғеро, ки инсоният асрҳо гирифтораш аст, фош бисозад ва пораи мазкур аз шеъри “Ростӣ” намунаи ин ҷасорату матонату ҳадафмандии ӯст.

Шеъри Озар Салим, ки дорои маъниву тасвирҳои тозаи бардошта аз зиндагист, реша дар суннати ҳазорсола дошта, бо равияҳои имрӯзӣ пайванд хӯрдааст. Шоир бо «Тоҷик» ном асараш анъанаи қасидагӯиро, ки то андозае фаромӯш шуда буд, идома дода, тавонистааст, ки афшураи аз меваҳои андешаву хаёл таҳиякардаашро дар ин паймонаи зебои қадимӣ бирезад. Бояд гуфт, ки қасидаи мазкур аз лиҳози шеърияту фасоҳат низ ҷолиб аст.

Шоирест ӯ, ки бо баҳрабарӣ аз имконоти ашъори суннатӣ ба шеъраш тозагиву тароват мебахшад. Навгӯии ӯ, махсусан, дар қолаби ғазал бештар зоҳир шудааст:

Баҳор қуфли дари боғ боз хоҳам кард,
Ба ҳар шукуфаи зебо намоз хоҳам кард.
Ба доғи лола агар ранги Каъба пинҳон аст,
Чаро хаёли сафар бар Ҳиҷоз хоҳам кард?

Дар ин маврид аз як нуктаи нигаронкунанда – зикри заруру нозарури истилоҳу вожаҳои мазҳабӣ дар ашъори шоиронамон нагуфта наметавонам. Дуруст аст, ки аҳён-аҳён чунин калимаву ибораҳо, масалан, дар ашъори Озар Салим, Рустам Ваҳҳобзода, Давлат Раҳмониён барҷо истифода мешаванд ва бори маънавие доранд, талмеҳҳову ишораҳо хонандаро ба андешаву ҷустуҷӯю пайдои маъноҳои ниҳон водор мекунанд, лекин аксаран истифодаи зоҳирпарастонаву беҳадаф дошта, тақлиди кӯр-кӯронаи шоирони кишварҳои мазҳабиии ҳамсояанд ва натанҳо гуфтаи муаллифро ба  доқиёнус мекашанд, балки муҳити қабули онро аз ҷониби хонанда ғализ мекунанд.

Таҷассуми шоиронаи тазодҳои зиндагӣ шеърҳои Алимуҳаммад Муродиро  андешапарварона намудаанд.

Қадаме пеш ниҳам, роҳ қафо мекашадам.
Фикри парвоз кунам, риштаи по мекашадам…

Ва  гоҳе бо истифода аз сабки ҳиндӣ байту пораҳои расо мегӯяд:

Рӯи доғи дардро бо ханда рӯкаш кардаем,
Мекунад дар пӯст пинҳон нахл захми тешаро.

Бояд гуфт, ки калимаи “рӯкаш” ҳазфи калимаи “рӯ”-ро металабад (масалан, ибораи “Рӯи доғи”-ро метавон бо калимаи “Доғҳои” иваз кард).

Ато Мирхоҷа аз зумраи он шоирон аст, ки заминаи ашъорашонро ормонҳои миллӣ ва муҳаббати Ватан ташкил мекунанд. Танҳо бо ҳамин эҳсос метавон сутунҳои кошонаи бадахшониро чунин тасвир намуда, маънидоди шоирона пеш овард:

Панҷ устуни хонаат бошанд
Панҷ устуни шеъри ноби Аҷам –
Ҳофизу Рӯдакиву Фирдавсӣ,
Носиру Мавлавии исодам.

Байни ин панҷ мешавӣ бедор
Ҳар саҳар бо дуои нарму латиф,
Ҳар саҳар тозатозаву навнав
Мисли ин панҷ мешавӣ ту шариф.

Ошноиву алоқамандии пайваста бо санъати суруду мусиқӣ ба шеъри Озарахш оҳангнокии хосе мебахшад. Мақсади шоир ҳам сурудани зиндагист, ҳатто дар шигифтангезтарин ҳолатҳо:

Ҳарчанд, ки ғусса хӯрдан осон шудааст,
Ҷон дар кафи даст бурдан осон шудааст,
Бар марг суруди зиндагӣ хоҳам хонд,
Шодӣ накунад, ки мурдан осон шудааст!

Абдуҷаббори Сурӯш дар байте ба зоҳир суннатгаро, вале дар асл навҷӯю навгӯ будани худро нозук ишора мекунад.

Бигӯям рамзи нав аз достони “Шоиру Ширин”,
Нагӯям қиссаи Фарҳод, агар як ҳамсухан ёбам, –

Бубинед, ки дар ҳамин ғазал натанҳо ободию вайрониро басо мутаносиб зикр намуда, балки нозук аз таърихи ободкории аҷдод низ ёд оварда:

Сухан гӯям зи Шаҳрисабзу Хуррамшаҳру Ободон
Дар ин даҳри харобобод, агар як ҳамсухан ёбам.

Шеъри Сурӯш, ки барои Ширин аст, ногузир ширин суруда мешавад ва мамлу аз тозагиҳои маънию тасвир аст. Ба ин байтҳо таваҷҷуҳ кунед:

Баҳр чашм аз ҳубобҳо дорад,
Дашт об аз саробҳо дорад.
Бод монанди умри одамҳо
По надорад, шитобҳо дорад.

Боз ҳам кӯшиши истифодаи истилоҳоти илми замон дар шеъри Назри Яздонӣ ба мушоҳида расид. Ӯ бо итминон “паргори родар”-ро, ки “доираи мавҷгири чатрии радиатсионӣ” шарҳаш додааст ва “кафшери лозар”-ро, ки ҳамчунон тибқи шарҳаш “дастгоҳи кафшери лазерӣ буда, ҳам фулуз ва ҳам захми дилро бидуни амалиёти ҷарроҳӣ бо теғ ҷарроҳӣ мекунад”, ба шеър ворид месозад:

Суханҳо дидаам титу парешон,
Қаламро кардаам паргори родар.
Дилеро дида будам пора-пора,
Қаламро кардаам кафшери лозар.

Лекин дар навиштаҳои ин шоири олим ё олими шоир пораҳои латифу нозук низ кам нестанд ва сатрҳои ба модар бахшида далели ин даъвоянд:

Аз раҳи себзори гулборон,
Аз раҳи сабзи кишт меомад,
Докаи барқадаш ҳаво хурда,
Ҳамчу ҳури биҳишт меомад

Он матои сафеди озода
Ҷомаи вопасин бар он тан шуд.
Шишаи тозаи чароғе буд,
Бар тани он чароғи равшан шуд.

Давлат Сафарзода чун ҳамеша кӯшиши зиёди навгӯӣ кард ва бозёфтҳои аёнаш далели инанд. Таваҷҷуҳ кунед ба ин рубоӣ, ки намунаи тасвиргароиҳои ӯст:

Дар бистари кӯҳ маҳ кушояд гесӯ,
Дар панҷаи боди рав бисояд гесӯ,
Хуршед зи пушти кӯҳ гоҳе ки расад,
Шаҳдухтари шаб ҷамъ намояд гесӯ.

Шеъри Абдуллои Раҳнамо паёмест, ки мардумро ҷониби ҳадафҳои баланди милливу инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Огоҳии амиқ аз таъриху фалсафа, рӯҳияи баланди миллӣ ва таносуби  маҳкаму баёни равшан шеъри ӯро ҳадафрасу хонданӣ кардаанд. Дар баробари ин шеъраш аз ороишҳои хоси бадеӣ саршор аст:

Доғи лола дар ниҳон чун баҳор зистан,
Ҳалқаҳалқа хуни дил, чун анор зистан,
Пушти хандаҳои маст сӯгвор зистан,
Сар ба санги бесадо, обшор зистан,
Зиндагии мурдаро чун мазор зистан…
Баъд аз ин наметавон мисли пор зистан.

Дар гуфтани шеъри иҷтимоӣ низ Абдуллоҳи Раҳнамо ба дунболи ҳарфҳо ва маъниҳое меравад, ки паёми хос доранд ва ҳамзамон аз ҷиҳати бадеият низ холӣ аз лутф нестанд. Як намуна:

Аз нармхези боди сабо эҳтиёт кун,
Аз неши ақраби кафи по эҳтиёт кун.
Бисёр дидаам, ки қалам чӯби дор шуд,
Аз ҳалқаҳои аҳли зиё эҳтиёт кун.
Бовар макун, ки кӯчаи дидор хилват аст,
Аз дурбини чашми гадо эҳтиёт кун.

Солҳои охир Раҳнамо дар бораи гӯшаҳои гуногуни ватанамон шеърҳои хубу матбуе гуфт, ки аз лиҳози шеърият, истеҳкому инсиҷом ва муҳтаво ҷалби таваҷҷуҳ мекунанд. Яке аз муҳимтарин вижагиҳои ин шеърҳо мушаххас ва мунҳасир ба худи ҳамон ашёи мавриди тасвир будани онҳост, яъне канор рафтан аз умумигӯӣ ва дарёфтани тасвирҳои дақиқу мушаххас, ки фақат хоси ҳамон мавзеанд. Ин вижагӣ ба шеърҳои «Ишкошим», «Ховалинг» ва «Ёддошти Яғноб»и-и силсилаи мавриди назар низ хос аст. Дар гуфтани шеърҳои ба истилоҳ, ҳасбиҳолӣ ва ҳиссиву отифӣ низ ин шоир дасти қавӣ дорад.

Дар мавриди ғазалҳои Аҳмадҷон Раҳматзод бояд гуфт, ки  онҳо ҳадафи неки ба андеша водор намудани хонанда, бедор кардани нангу номи инсониро доранд, ки дар шеъри имрӯз иқдоми муҳиммест. Гоҳе ҳам дурахши андарзу панд дар ғазали ӯ намудор аст:

То ҷавон монӣ, мабур шохи дарахти пирро,
Борвар бигзор умре шохаи тадбирро.

Дар манзумаи ба устод Бозор Собир бахшидааш лавҳасозию хислатофариниро ҳам таҷриба кард ва, бояд гуфт, ки он шеваю таҷрибаи муваффақонаест.

Лаълҷубаи Мирзоҳасан, шодмон аз роиҷии суннату боварҳои аҷдодӣ дар миёни мардуми диёр, аз наврӯзҳои аслию маҷозӣ мужда медиҳад:

Рӯзи Наврӯз сари шонаи мо,
Дар дами пойгаҳи хонаи мо
Орд пошид саҳар модари мо,
Ҳамчу як суннату як бовари мо,
То ки испед шавад роҳ ба сӯи фардо,
То ки испед шавад пайраҳаи бахт
дар ин олами пур аз савдо.

Силсилашеъри Беҳрӯзи Забеҳулло оид ба фоҷиаи занони мазлуми Афғонистон муассир аст ва ин муассирии самимӣ бешак ба хонанда таъсиргузор хоҳад буд. Таваҷҷуҳ кунед ба чанд байт аз қасидаи «Моҳрӯи афғонӣ»:

Гурезпои ман, эй моҳрӯи афғонӣ,
Фирор мекунӣ, аммо куҷо, намедонӣ.
Ба ҳар куҷо биравӣ, золимест дар роҳат,
Ба ҳар диёр фақат мехурӣ пушаймонӣ.
Ватан нишемани гургу шағолу кафтор аст,
Куҷост Рустами Дастон, яли хуросонӣ?

Дар ғазале ба сабки ривоятӣ, ки воқеан дар назми муосири Афғонистон зиёд дучор мешавад, рӯзгори занеро ҳамчунон муассир ба қалам додааст. Сабк танҳо зоҳиран ривоятист, дар асл бисёр тасвирист:

Биншаста, рӯи дафтари худ нақш мекашад,
Аз хотироти шавҳари худ нақш мекашад.
Нақше зи тонку тӯпи аду дар миёни шаҳр,
Дар ҷода наъши додари худ нақш мекашад.
Аз рӯзҳои талхи ғарибӣ, убури марз,
Аз нолаҳои модари худ нақш мекашад…

Кӯшиши ба тарзи хоси худ нигориш додани андешаву сухан дар эҷодиёти Парда Ҳабиб мушоҳида мешавад. Ва, инак, аз диди ӯ, ҳангоми  қаламро ба даст гирифтани шоир ҳама ангуштҳо ба ҳам ҷамъ меоянд ва дар ин тасвир маънои таҳтоние ниҳон аст, ки даъвати қалам ба ягонагиву ваҳдатро ифода мекунад:

То панҷаи дастро кунад сарҷамъ,
Сардастаи панҷаат қалам бошад.
Ҳангоми нигоришат чу ангуштон
Барҷастаи панҷаат қалам бошад.

Парда Ҳабиб муаллифи шеърҳои хуб аст ва пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сохтору дарунмояи шеърҳояш, аз ҷумла забону баён, фарқкунанда бошад ва барои ин аз шеър гуфтани маъмулӣ ба қадри имкон дурӣ меҷӯяд.

Дар Каҳкашон ту дуртарин ёдвораӣ,
Дар байни мост робитаи моҳвораӣ.
Аз он фазои дур, аз он хуштарин хаёл
Дар шеъри ман ғарибтарин истиораӣ.

Вале дар ин роҳ эҳтиёт ҳам зарур аст, ки таҷрибаи некниятона ба мавҳумии баёну ифода нарасонад. Чун дар ин пора:

Хобам чӣ гуна пеши ту таъвил мешавад?
Дунёи ман ба моли ту табдил мешавад!
Бар чашми ман камоли нигоҳу назокатат
Яъне маҳоратест, ки такмил мешавад.
Инак, ту бар қабули дили ман мувофиқӣ?
Акнун «ман»-ам ба кӯи «ту» таҳвил мешавад.

Ғазали «Сангари номус»-и Назрӣ Асадзода бо маънии баланду дарунмояи қавӣ ва фасоҳати забонаш имтиёз дорад. Таваҷҷуҳ кунед:

Барои субҳи Ватан ғарқ чун шафақ шудаанд
Ба хуни худ падарони сафедҷомаи мо.

Дар ин ду сатр ҳам тасвири зебо ва ҳам ташбеҳи гӯё ва ҳам талмеҳи барҷои таърихи Ватан ҳунармандона гунҷонда шудааст.

Ҷои гуфтан аст, ки баъзан чунин шеърҳо бо камбинии зиёд «хитобаву шиор»  унвон мешаванд, ки воқеият надорад. Шеърҳои хитобӣ дар ҳама давру замон чун бонги ҳушдору изтироб, чун зангӯлаи бедорӣ ва паёмнома хидмат кардаанд ва имрӯз низ заруранд, ба шарте ки заъфи баёну мантиқу таносуб ва баёни хушку муҷаррад надошта бошанд ва ҳодисаҳои рӯзмарраро ба таври мустақим, бе обуранги бадеӣ, қатори мақолаву гузоришҳои матбуот манзур накунанд.

Файзи Ашӯр асосан суннатгарост ва дар ин қолаб ашъори дилрас дорад. Тамсили «Тӯфони ҷабру раҳм», ки бар пояи ҳикмати мардумӣ эҷод шудааст, ҳам аз назари муҳтавову дарунмоя ва ҳам аз лиҳози сохтори суварии худ ҷолибу хонданист. Файз, ки намоишномаву сенарияву саҳнаҳои хуби зиёд навиштааст, сужетро хонданиву дар хотир монданӣ карда метавонад. Сухан аз гунҷишке меравад, ки барои вайрон шудани лонааш бар асари тӯфон аз Худо домангир мешавад, бехабар аз он ки ҳангоми вайрон шудани лонааш аз дасти море, ки ба он наздик шуда буд,  наҷот ёфтааст. Ин маънӣ дар шеър бо забони шевою устувор ва орояҳои хуби лафзӣ ифода ёфтааст, ки далели дасти қавии шоир дар баёни чунин матолиб мебошад. Дар байти охир маънӣ хубу хотирмон ҷамъбаст шудааст:

Гунҷишк қаҳр карда зи Парвардигор буд,
Дар чашми огаҳони Худо шармсор буд.

Дар бораи модар навиштаҳо ҳамеша зиёданд. Аммо аз шеъре, ки бо воқеияти тасвир, самимияти гуфтор, ҷузъиёти ҳаёти он муштипари парвоздеҳи мо гуфта шуда бошад, хеле кам дорем. Шеъри “Пур аз дуо”-и Файзи Ашӯр аз ингунаҳост, ки бо тасвири як лаҳзаи умри модар ин ҳамаро фароҳам овардааст:

Ман надидам намози хуфтанро
Дар чи ҳолат, чи сон адо мекард,
Дидаам борҳо вале модар
Пеш аз хоби худ сари моро
Силаҳо карда, “Хоби хуш!”-гӯён
Рӯй бар ҷониби Худо мекард,
Хонаи хоби кӯдаконашро
Нимашабҳо пур аз дуо мекард.

«Рӯй бар ҷониби Худо кардан»-у «Хонаи хоби кӯдаконашро пур аз дуо кардан» бори маънавии бузургеро ба дӯш дорад.

Охирин маҷмӯаи шеъре, ки дар арафаи анҷуман ба дастам расид, «Хотиранур»-и Нуқра Суннатниё буд, ки ашъораш бо баёни отифии соярӯшанҳои зиндагӣ ва диди нозуку латиф ҷолиби диққатанд. Шеърҳои китоб аз ҷиҳати жанру қолаб низ гуногунанд, мазмуну тасвирҳои шоирона ҳам дар қолабҳои суннатӣ ва ҳам озод зиёд ба чашм мехӯранд.

Шеъри ин давраи Шаҳрия Аҳтамзод бо силсилаи рубоиҳояш, ки эҷоди шифоҳии мардум ва чорпораҳои устод Бозор Собирро ёдрас мекунанд, дар хотир мондааст. Муҳим он аст, ки чеҳраи шоир ва махсусияти гуфтори ӯ бармалост:

Қишлоқаки ман, дар ту гулафшон будам,
Дар гардани гулҳои ту марҷон будам.
Он лаҳза, ки чида-чида тутат хурдам,
Пиндор, ки дар равзаи ризвон будам.

«Дар гардани гулҳои ватан марҷон будан» хеле шоирона ва дар лаҳзаи чида-чида тут хурдан худро дар равзаи ризвон эҳсос намудан бисёр воқеист.

Сурайёи Ҳасансултон, ки дар нақд ҳам фаъол аст, дар роҳи кофтану ёфтани забону баёни хоси шоиронаи худ устуворона қадам мезанад. Барои ин аксаран аз ифодаҳои мардумӣ ва баёни ширини шева истифода мекунад, ки ба гуфтаҳояш «лутфт сухан» эҳдо менамоянду ба хонандааш «қабули хотир».

Аз анҷумани ишқи Сурайё хабари нағз:
Оши
қ шуда чашмони маро як писари нағз.
То хонаи дил ро
ҳ пур аз шебу фароз аст,
Хушбахт шавам, гар ту шав
ӣ ҳамсафари нағз.

Аз нам-нами ёди рухат чун гул шукуфон мешавам,
Бар ташналаб ҷони ҷавон пайғоми борони манӣ.

«Ёд»-у «рух» ба «борон» ҳеҷ мутаносиб нестанд, лекин хаёлангезии шоир бо «ҷони ташналаб» ва «шукуфон шудан» таносубашон бахшида, борону шукуфтани маҷозиро пеши назари хонанда меоранд.

Дар пораи зерин аз мулоҳизаи воқеии мантиқӣ шеърияти хаёлангезе берун кардааст:

Мегуфтӣ:
«Маънии зиндагии манӣ
Имрӯзҳо бо зиндагии бемаъно чӣ мекунӣ?

Ин рубоии Субҳияро мехонему барфи асливу маҷозиро воқеан дар дилу ҷони хеш эҳсос мекунем:

Шеър аст, ки аз ҳарфи дилам огоҳ аст,
Аз масъалаи жарфи дилам огоҳ аст.
Гӯянд, ки фасли дай ду-серӯза бувад,
З-ин қисса фақат барфи дилам огоҳ аст.

Шеъри Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, ки солҳои тӯлонӣ машғули омӯзишу пажӯҳиши ашъори гузаштагонамон аст, бештар ҳолу ҳавои суннатӣ дорад. Аз ҷиҳати равониву хаёлангезӣ баъзе аз онҳо шоистаи зикранд. Масалан, ин ғазал:

Боғбоно, боғбониро кӣ таълими ту дод?
Саҳни гулшан гулфишониро кӣ таълими ту дод?
Бо баҳорон дӯстиро гар ту худ дарёфтӣ,
Бо ҳазорон ҳамзабониро кӣ таълими ту дод?

Албатта, дар шеър ҳамеша қолабҳои забоние ҳам қобили истифода будаанд, ки дар насру гуфтугӯ ҳеҷ қабул намешаванд. Лекин, аз назари мо радифи «кӣ таълими ту дод?» ба табдил бо ҳамон қолабҳои маъмулии «кӣ таълимат дод?», «кӣ ба ту таълим дод?», «аз кӣ таълим гирифтӣ?» ниёз дорад.

Дар охирин ашъори равоншод Нуриддини Амриддин  пораву байтҳое ҳастанд бадеъу балеғ ва тасвирӣ, масалан:

Ҳар чор фасли кӯдакии ман баҳор буд,
Бишкуфта хайл-хайл гули шохсор буд.
Сурхида буд аз шафақи субҳ чашми ман,
Дар дашти сурхи дидаи ман лолазор буд.

Дар бораи ҳусну қубҳи шеърҳои Равшан Ҳамроҳ, Саъдӣ Мирзо, Хурсандӣ Ҳоҷимурод, ки ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод шуда буданд, дар матбуот хеле мақолаву тақризҳо ба табъ расиданд. Пораҳои хонданӣ аз ҳар навъи шеър дар эҷодиёти Сафар Амирхон, Муҳсин Аминзода, Ҳасани Султон, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, Саид Юнусиён, Ҷӯра Юсуфӣ, Аъзами Хуҷаста, Акбар Абдулло, Аҳлиддин Ҳисорӣ, Ворис, Исмоил Зарифӣ, Иброҳими Наққош, Рустами Хомарахш, Умриддин Юсуфӣ, Иброҳим Дӯстализода, Шаҳриёр Олимӣ ва дигарон низ кам нест, лекин дар ин миён овози Сафар Абдураҳим, Сафармуҳаммади Аҳмад, Сулаймони Султон, Эҳсон Раҷабӣ, Искандари Раҳмон, Абдуқаҳҳори Мӯсо, Рустами Аҷамӣ, Абдулвоҳиди Зевар мутафовиту баландтар аст. Масалан, Сафармуҳаммади Аҳмад озодиро, ки бархе лаҷомгусехтагиву шаттоҳию беҳаёиаш медонанд, чунин шарҳи ғайриқолабӣ медиҳад:

Чист озодӣ – бурун аз ҷода по нагзоштан,
По бурун аз ҷодаи шарму ҳаё нагзоштан.
Шарм имон асту инсоф асту адлу дод низ,
По хилофи адлу инсофу вафо нагзоштан.
Бо низоми зиндагии иҷтимоӣ сохтан,
Ҳарфи қонунро даме беэътино нагзоштан.

“Рӯҳияи занона дар шеъри имрӯз як самти мушаххас аст, – ақида дорад  Муҳриддин Сабурӣ. – Занони эҷодкори мо тавонистаанд бо нигоҳ ва иффату назокати худ ба адабиёт ворид шуда, дар раванди сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ширкат биварзанд… Бетафовут нагузаштан аз канори ин ҳама ашъор ва зарофатҳои табъи латифи занон ва ҷойгоҳи ононро дар адабиёт нишон додан кори шеърпажӯҳони имрӯз аст”. Яъне, кори худи Сабурӣ ва ҳамкасбони ӯ дар коргоҳи нақд. Мутаассифона, алҳол ин кор сурат нагирифтааст ва хонанда аз дунёи дили шоирони зан хеле кам огоҳӣ дорад. Дар давраи ҳисоботӣ Меҳриннисо, Баҳриннисо, Хосият Вализода, Зулфия Атоӣ, Рафоҳат, Назокат Олимзода, Адибаи Хуҷандӣ, Сурайё Ҳасансултон, Ситора, Робиаи Холмирзо, Офоқ, Дилором, Шоҳбегим, Мафтуна , Зебои Хатлонӣ, Мағфират Юсуфӣ, Адибаи Ҳабиб, Ҷавҳар, Шаҳёд, Руъё Усмонӣ, Аниса, Шаҳодат, Шоҳона, Муҳаррама, Раъно Зоирдухт, Маҳваш навиштаҳои зиёди тозаву бозчопашонро манзури хонанда карданд, ки интизори баррасиву қазоватҳои мушаххаси нақданд. Бинобар пешниҳод шуданашон ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ашъори Раънои Мубориз, Гулноз Тоҳириён ва Рӯдобаи Мукаррам каму беш мавриди баррасӣ қарор гирифтаасту бас. Воқеан, эҷоди нависандабонувон – Сафияи Носир, Матлубаи Ёрмирзо, Марямбонуи Фарғонӣ, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Муҳаббат Юсуфӣ, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Нигина Муҳаммадҷонова, Гулнор Усмон ҳам то ҳол нақди ҷиддӣ нашудааст. Бинобар ин, таваҷҷуҳи аҳли нақд, бахусус бонувони донишманд Матлубаи Мирзоюнус, Замирахон Ӯлмасова, Анзурат Маликзод, Сайрам Бақозода ва чанд тани дигарро, ки печутобҳои вуҷуди бонушоирону бонуносиронро беҳтару бештар эҳсос карда метавонанд, ба ин гӯшаи пурбору хушнакҳати адабиётамон таманно дорем.

Вале боз бармегардем ба равзаи шеър ва ва акнун мехоҳам оид ба чанд шоири ба зоҳир аз Ватан дурамон бахусус таваққуф бикунам. Сухан дар бораи Мирзо Кенҷа, Нарзулло Азизиён ва Нусратулло Бобост. Онҳо бо тақозои зиндагӣ берун аз Ватан зиндагиву кор мекунанд, лекин, агар ба ашъори дастрасашон таваҷҷуҳ бикунем, равшан эҳсос мешавад, ки дар ватани маънавии хеш – дар забону адабиёти Ватан қарор доранд. ҳар се ҳам натанҳо шеърҳои хуб менависанд, балки ҳамеша дар мавқеи ватандорони бонангу номи кишвари хеш қарор доранд, аз комёбиҳои он мегӯянд ва бо миллату давлати хеш ифтихор менамоянд. Гумон мекунам, ки ин мавқеи бисёр омӯзанда ва ибратангез аст.

Зуҳури шоироне чун Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Паймон, Абдулло Субҳон, Хусрави Саъдулло, Саида Синавӣ, Илҳоми Насафӣ дар кишвари ҳамҷавор аз он дарак медиҳад, ки шеъри тоҷикӣ дар тамоми қаламрави хеш решаҳои амиқу шохаҳои сарсабзе дорад ва пайваста бо меваҳои лазиз коми хуштабъонро ширин месозад. Равонии забон, самимияти баён, амиқияти андеша ва вусъати тасвир хоси ин шоиронанд. Чанд мисол аз Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ:

Кӯҳҳои ману ту ҳамшаҳрӣ,
Рӯдҳои ману ту ҳамхешанд,
Чашмаҳои ману ту ҳамшира,
Роҳҳои ману ту ҳамкешанд.

Болини хотирот хобам намедиҳад,
Омӯи мӯдароз обам намедиҳад.
Ман тори куҳнаам ноҷӯру камсадо,
Хунёгаре чаро тобам намедиҳад?

Бе ихтиёри ман ҷабрест дар дилам,
Сангест дар дилам, сабрест дар дилам.
Пур гашта доманат бо рӯбаҳу шағол,
Эй беша, раҳ бидеҳ: бабрест дар дилам.
Бо номи он Худо, к-аз нест ҳаст кард,
Дар саҷдаам, вале габрест дар дилам.

 То кай азонишастаи поизӣ, эй дарахт?
Вақт аст, бо баҳор даромезӣ, эй дарахт!
 Офтоб омаду дар қалби ту ҷо шуд, шабнам!
Ғунча бикшод лаб аз баҳри тасанно, шабнам!
То саҳар ишқ ба ҳар ташнаҷигар бахшидӣ,
Ҳиммате ҳаст туро, нест ба дарё, шабнам!

Дур монданамонро аз табиат чунин дақиқу пуртаъсир баён кардааст:

Бо гул, гиёҳ, сабза, дарахт, обу хоку бод
Сад сол шуд, ки ишқ наварзидаем мо.

Паймон бештар ба зоҳири ашё менигараду онро шоирона менигорад ва дар ин роҳ мутаассириашро аз устодон пинҳон намедорад:

Пайдо набувад гавҳари арзандатар аз ишқ,
Ганҷи абаду давлати пояндатар аз ишқ

(Арзандатар аз ишқ ба олам гуҳаре нест… – Лоҳутӣ)

Чунон ишқи ту мехоҳам, ки дар сармо баҳоронро,
Чунон меҳри ту меҷӯям, ки як дур аз Ватан онро.
Кунун, к-аз ёдҳо вомондаам ҳамчун сароб аз об,
Чунон ёд аз ту меорам, ки раҳгум раҳгузоронро…

(Чунонат ёд меорам, ки раҳгумкарда манзилро… – Лоиқ)

Ҳикматҳои гӯё маълумро таъсирбахшу гӯё бозгӯ карда, дархури ҳоли хонанда қарор медиҳад:

Одамони хуб бисёранд, к-ин олам бапост,
Кори олам буду бошад з-одамони рост рост.

Панд гӯӣ то куҷо ношукрро,
Набвад андарзе раво ношукрро.

Озмуданд, аз китоби одамӣ
Ҳикмате н-омад сазо ношукрро.

Аз ҷаҳону аз замину осмон
Кас надид асло ризо ношукрро.

Бинои ишқро то дар дили худ кардаам обод,
Имороти дигарро з-он саросар додаам барбод.

Надорам неъмати дигар ба ҷуз ин ишқи афсунгар,
Зи худ ғамрову худро аз ғамон бинмудаам озод…

 Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Авранги баландаш бин, Аржанги писандаш бин,
Доро шуду Монӣ шуд, то бод чунин бодо!

Сухан ар мағз надорад, лошак,
Сухане нест, гапи бекор аст.
Ҳаст ин нукта  ҳақиқат, Паймон,
Аввал андеша, пасон  гуфтор аст.

Эй хуш он, к-ӯ ҳусни пинҳону аёни мардум аст,
Гавҳари чашм аст, яъне дар миёни мардум аст.

Абдулло Субҳон бар муқаддасоти миллии хеш ҳассосона меандешад. Аз ҷумла, дар мавриди забони модарӣ ва мақоми он мегӯяд:

Ин шакарро рӯзгоре ними дунё хӯрдааст,
Комҳоро ин замон бе ин шакар кардан хатост.

Наврӯзро бо тасвиру ҷузъиёти хоси ҳаёти хеш ба тасвир мегирад:

Бо омади Наврӯз ҷавон шуд ин дил,
Бар олами кӯдакӣ равон шуд ин дил.
Ҳарчанд бигуфтам, ки надав, меафтӣ,
Дар даст гирифта по, давон шуд ин дил.

Боз ду мисол, ки мавзӯъҳои хоси шоирро бозгӯ мекунанд:

Гузашти умр, оваҳ, пай набурдем,
Зи нахли орзӯ хурмо нахӯрдем.
Дар ин дунё, ки як майдони бозист,
Ба пирӯзӣ расидему набурдем.

Ба умру аз гузашти он биандеш,
Зи қути ҷисму қути ҷон биандеш.
Тан аз ҷон зинда, ҷон бо нони маънӣ,
Дар ин дунё ба ҳарду нон биандеш.

Бо истифода аз ин фурсат ба Сафири ҶТ дар ҶӮ, узви Раёсати ИНТ Абдуҷаббор Раҳмонзода барои муаррифию дастгирии суханварони ин гӯшаи қаламрави бекарони забону адаби тоҷикӣ миннатдорӣ баён мекунем.

Имрӯз аъзои ИНТ қариб дар тамоми мамлакатҳои дунё умр ба сар мебаранд ва вазифаи созмон аст, ки осори онҳоро низ чун ҷузъи муҳими адабиётамон, ки дар матну батни фарҳанги дигар сурат мегирад, дар назар дошта бошад ва дар ин мавзӯъ гуфтугӯҳо доир бикунад. Яке аз вазифаҳои мушаххасест ин, ки ба муовинон ва бахшҳои дахлдори созмон вогузор мешавад.

Эҷоди ҷавонон ҳамеша як ҷузъи муҳим ва қобили таваҷҷуҳи фаъолияти созмони адабист. Иттифоқи нависандагон дар мавриди тарбияи эҷодкорони ҷавон навъ ва василаҳову чораҷӯиҳои анъанавиро такмил бахшида, машваратҳои адибони ҷавон, вохӯрӣ ва ҷаласаҳои баррасии эҷодиёташонро аз лиҳози фарогирӣ, услуби муҳокима ва муаррифӣ вусъат дод ва рангинтар сохт. Нақди адабӣ низ дар гуфтани бурду бохти навсафарони роҳи адабиёт нақши равшантар бозид. Маҷмӯаҳои адибони ҷавон ба таври силсилавӣ нахуст бо ибтикори Раёсати ИНТ дар нашриёти «Адиб», сипас дар ҳамкорӣ бо Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар нашриётҳои Хуҷанд чоп шуданд.

Дарёфт ва таҳти боли ғамхориҳову тарбия гирифтани эҷодкорони ҷавоне, ки ба таври ҷиддӣ ва бетардиду билофосила заҳмат мекашанд, ба кори рӯзмарраи бахшҳои назм, наср, адабиёти кӯдак, тарҷума, нақди адабӣ ва драмаи ИНТ табдил ёфтааст. Дар ташаккули онҳо худи ҳаёти пурҷӯшу хурӯши адабии кишвар, комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ковишу ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, рангинтару навгароёнатар гардидани шаклу услубҳои кори адабию бадеӣ низ нақши равшан мебозад. Ғазалгунаву қасидагуна, дубайтиву рубоӣ ва маснавиҳои шоирони ҷавон гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо дар пайванду иртибот бо андешаву арзишҳои маънавии анъанавӣ гуфтани сухани худ ва услуби баёнашонро тадриҷан таҷриба мекунанд. Махсусан, дар эҷоди ғазал миёни ҷавонон зоҳиран як навъ сабқат ба назар мерасад, ки барои таҷрибаандӯзиашон бад нест. Онҳо дар маҷмӯъ эҳсос намудаанд, ки бо такрори суханону маъноҳои обшуста ва кофияву радифҳои маъмулӣ мурод ҳосил намешавад. Мақсад паҳлӯҳои тозаи сухану маънист, ки орзуву омол, нигаришу нигориши хоси онҳоро баён карда метавонад.

Дар байни шоирони ба истилоҳ ҷавон саводи шоирии Толиб Луқмон бештар ва назараш ба зиндагӣ фарохтар буда, фаровон бардоштҳои шоирона дорад ва пайваста мекӯшад, ки суханаш тоза, бадеӣ ва имрӯзӣ бошад. Ӯ ҳатто ба боз будани равзанаи хона шоирона менигарад ва дар он рамзи боз нигоҳ доштани даричаи ҳастии инсонро ба рӯи зиндагӣ  мебинад. Дар манзумаи «Хостгоҳи рӯшноӣ» Толиб созандагиҳои даврон, нақши ҳамватанон дар эъмори ҳаёти навро мавриди идроку эҳсоси шоирона қарор дода, аз иртиботи ормони ниёгон, аз пайванди нури хирад ба нури Роғун мегӯяд, ҳар банди онро моҳирона бо байти баргашт хулоса мекунад ва диққати хонандаро ба банди навбатӣ мепайвандад:

Кӣ гуфт нури садоқат завол меёбад?
Зи дил ба дил ҳама давр интиқол меёбад!

Ӯ ҳамчун шоири соҳибдилу аз рамзу рози шеър огоҳ, ба ҳар мавзӯе, ки рӯ биёрад, сухани амиқ, муассир ва ширин пеш меорад. Шеъри Толиби Луқмон шеъри мушоҳида аст, мушоҳидае, ки ҳосили хотираи ҷавони ӯст ва бешак хонанда, бахусус ҳамсолону ҳамболони шоирро мутаассир мекунад. Ба ин пора таваҷҷуҳ кунед, ки байти аввалаш чӣ гуна накҳати як ҳавлии деҳотӣ дорад ва байти дуюм манзараи азизеро пеши назар ҷилвагар месозад:

Кӯдакӣ буду сафо буду наво буду ҷаҳон
Ҳамчу ҳавлии падар накҳати шафтолу дошт.
Дар баҳорон ба сари пуштаи фартути гузар
Тоқии сабз буду пӯпаке аз қоқу дошт.

Он чӣ хурсандибахшост, Толиби Луқмон беш аз дигар ҳамсолонаш шоири иҷтимоигарост, ба он чӣ, ки дар атрофи ӯ мегузарад, ҳеҷ бетафовут нест. Вале хурсандибахшотар он аст, ки иҷтимоъро урён не, балки шоирона ба тасвир мегирад. Шеърҳои «Сармои интизорӣ» ва «Аккордеоннавози пир», ««Рӯзномафурӯш»»-аш далели инанд.

Солҳои охир зумрае шоирмаоб шеъру таронаҳои зиёд ва ҳатто китобҳои комилеро пурра ба падару модарони худ бахшида, бо ҳарфҳои дилфишори обшуставу забонзадаи қатор ва ҳатто аксу расмҳои фаровон хонандаро мутаассир ва ба дилсӯзӣ водор карданӣ мешаванд. Ва, чунон ки дар баъзе барномаҳо мебинем, хонандаи авом дилсӯзӣ ҳам мекунаду ашк ҳам мерезад. Лекин, батакрор мегӯем, он ҳама пораҳои манзуми пурнуқсон аз шеъри падару модар фарсахҳо дуранд, чунки чизе дилрас надоранд. Бетардид метавон гуфт, ки то шоир падару модари шеърашро падару модари хонанда карда натавонад, навиштааш васфия ё марсияи хонаводагие беш нахоҳад буд.

Дар ин мавзӯъ ҳам Толиби Луқмон муваффақ аст. Шеъри машҳураш – «Модарам меояд…»-ро ба ёд биёред, ки саропо аз ҷузъиёти зебандаю барозанда фароҳам омадааст, ҷузъиёти ҳамагонию хосе, ки модари шоирро модари қарину азизи хонанда мекунад.

Шеърҳои “Руъёе қабл аз қатл”, “Кӯч”, “Эй ошнои ман”, “Соаташ хоб рафта баъд аз ӯ”-ро, ки паёми шоирона ва воқеиятро даромехтаанд, метавон гувоҳи кӯшишҳои Муҳриддин Сабурӣ дар роҳи дастовардҳои тозаи суханварӣ донист. Пораи зер ин боварро тақвият мебахшад:

Аз кӯдакиам одати дигар дорам,
Бар хобу хаёли хеш бовар дорам.
Мероси дигар ба гарданам чун тӯмор
Як сурати се ба чори модар дорам.

Шоир бе шиор ва бе баёни урёни ифтихор аз Парчами Ватан ва тавассути он бо халқу диёри хеш меболад:

Шабе, ки дар ҷаҳон ахтар набошад,
Насозад дар замин як шуъла мил-мил,
Ҳамоно дар ҳавои Тоҷикистон
Чароғи Парчами мо мезанад дил.

Чунон ки ишора шуд, дар эҷодиёти ҷавонон ба тарзи тозаву хоси худ гуфтани шеър мушоҳида мешавад ва ин хусусият дар эҷодиёти Баҳром Раҳматзод равшантар аст:

Зи тақтақ омадани ту гирифтаам тақтеъ,
Вагарна шеъри дили ман равон куҷо мешуд?

Гароишҳои гуногуне дар шакл ва мазмуни навиштаҳои ӯ ба назар мерасад, ки тамоюл ба сабку услуби шоирони таъсиргузори муосир ва таҷрибаҳои  ҳунарии устодон дорад. Масалан,

Аз байни баргҳои хазонгашта,
Тақвимҳои куҳнадаронгашта
Ман омадам, баҳори шумо бошам,
Ҳам номи ифтихори шумо бошам.

Дар аксари шеъри озод, ғазал, чорпора, соқинома, дубайтию рубоиҳои Баҳром Раҳматзод гароиши равшане ба пайравӣ, омӯхтан ва таҷриба кардан дида мешавад, ҳатто дар қолабҳои анъанавӣ пораҳое фаровонанд, ки фикру тобиши ҳунарии тоза доранд, ҳарчанд ки сари баёну ифода боз ҳам мебояд андешид:

То мани пур аз хуршед рӯшанӣ ба худ бахшам,
По ба пои ман гардад сояи зуломи ман.

Ё:

Эй шеър, эй ниҳоншуда Юсуф ба зери чоҳ,
То бо кадом ришта туро метавон кашид?!

Мутаассифона, дар баъзе ғазалҳо мавҳумбаёнӣ ҳусни гуфторашро костааст, чун дар ин пора:

Тавба мекунам рӯзе ман зи ишқбозиҳо,
Дар намози бе вақте, вақти бенамозиҳо.
То кунун намедонам чист маънии будан,
Дасти ақл кӯтоҳ аст, фикри мӯдарозиҳо…

Мехоҳам чанд сухан оид ба се Бузургмеҳри шеърамон бигӯям. Дар маҷмӯъ ҳарсеи онҳо меҳри бузурге ба шеър, ба сухан ва Ватан доранд ва дар ин роҳ собитқадамона қадам мезананд.

Бузургмеҳри Баҳодур бештар ба мавзӯъҳои рӯз ҳамсадоӣ дорад. Қитъаи зерин, ки кӯшиши дар як пора мухтасар гуфтани таъриху тақдири Ватанро мемонад, далели ҷустуҷӯҳои шоиронаю ватандоронаи ӯст:

Сӯхтан, бигдохтан осон набуд,
Ин Ватанро сохтан осон набуд.
Ин ҳама ороиш аз хуни дил аст,
Хонаро пардохтан осон набуд.
Баъди марги Коваву ҳаждаҳ писар
Парчаме афрохтан осон набуд.
Баъди хуни панҷаҳои Борбад
Уди нав бинвохтан осон набуд.

Аввалин мушоҳида ҳангоми мутолиаи ашъори ӯ ҳарорат ва шӯру шаафест, ки аз дили шоир ҷӯш мезанад. Гузаштагонамон дар баробари санъатҳои гуногун, ҷилваҳои ҳунар, забону баёни мустаҳкам ва дигар абзорҳои шеър ҳузури шӯру ҳоли шоирро муҳим донистаанд. Чунин шӯру ҳол тақрибан дар ҳар навиштаи Бузургмеҳри Баҳодур эҳсос мешавад. Ваҷду ҳаяҷонаш махсусан дар шеърҳои ватандӯстона созандаю барозанда аст. Чун дар ин ғазал:

Аз Балху Ҳиротам, бадар оям зи Нишопур,
Аз Суғд раҳам то ба Сиистони бузург аст.
Гарчи зи Бухоро ба Бадахшон ҳама санг аст,
Дар синаи мо нақби Зарафшони бузург аст.
Эй дида фақат хатти кажу сурхи харита,
Ҳар як раги мо хатти Хуросони бузург аст.

Бузургмеҳри Тоҷиддин бо истифода аз оҳангнокии баён андешаҳои шоиронаи худро намои равшан мебахшад:

Ҳусни нотакрори ту такрор дар шеъри ман аст,
Ишқи пуртемори ту тӯмор дар шеъри ман аст.

Ин шоири ҷавон дар ғазал пайрави мактаби суннатист ва содаву равон ғазал мегӯяд. Мисли ғазале бо ин матлаъи зебо:

Субҳи Ватан ғубори ҳавоӣ надоштаст,
Ин сафҳаи сафед хатоӣ надоштаст.

Байти зерин таносуби мустаҳкаму мантиқи қавӣ ва лутфи зебои ниҳон дошта, гувоҳи қобилияти хуби маънисароии Бузургмеҳри Тоҷиддин аст:

То рӯйи каф оранд чу тиллову навозанд,
Бояд зи дили кӯҳу дили санг бурун рафт.

Бозёфти шоирона бахусус дар ин рубоӣ дурахшон ба чашм расид:

Ҳушёр мабод он ки масти саҳар аст,
Озод касе, ки пойбасти саҳар аст.
Хуршед барои синаи бедорон
Як медали тиллоии дасти саҳар аст.

Мавриди гуфтан аст, ки вақтҳои охир Бузургмеҳри Тоҷиддин чанд тарҷума аз шеъри рус ҳам чоп кард, ки хуб буд. Орзӯ мекунем, ки аз ҳисоби коҳиши хобҳои шоирона ин самти эҷодашро ҳам равнақ бидиҳад.

Бузургмеҳри Ҳаким дигар ҷавоншоири кӯшои мост. Як намунаи хуби шеъраш пораи зерин аст, ки дар он таносуби дилу хонаи падар тасвири воқеиву зебои шоирона дорад:

Бар хонаи лойии падар монанд аст
Ин дил, ки ба содагии худ хурсанд аст.
Хуноба агарчи мечакад аз сақфаш,
Аз лола лаби боми варо лабханд аст.

Эродаке дар ин маврид ин аст, ки ҳарчанд ибораи «лолаи лаби бом» барои чунин гуфтан замина фароҳам овардааст, «хуноба чакидан аз сақф» қобили ҳиссу ламс, беш аз ин хушоянд нест.

Дар ашъоре, ки Абдумалики Абдуҷаббор ба табъ расонд, намунаҳои хуби эҷоди шоирони ин наслро дидан мумкин аст:

Дар дасти осмон буд имшаб калобаи моҳ,
Нӯги калоба аммо дар панҷаи сапедор,
Дар рӯи шонаи шаб афтод кокули моҳ
Чун шохаи дарахте бар рӯи китфи девор.

Хаёлу ҳунари шоирона аён аст, лекин сари ҷузъиёт, дар ин маврид таносуби кокулу шоха андешидани шоир танҳо ба нафъи шеъраш аст.

Кинояи шоиронаи Насимбек Қурбонзода хонандаро ба андеша перомуни бисёр паҳлӯҳои воқеияти имрӯз вомедорад:

Як офтоб монда кунун шарқии асил,
Афсӯс, дигарон ҳамагӣ аврупоиянд.

Дар силсилаи тозаи шеърҳои кӯтоҳи ӯ низ тасвиру маъниҳои бикри шоирона зиёд мушоҳида мешаванд.

Анор метаркад,
Аммо ҷуз худ
касеро намекунад
захмӣ.

Сафедорро
аз по наафканед,
меранҷад
озодӣ.

Шеъри Тағойназари Бақо тасвирист ва аксари тасвирҳояш тозаанд. Мушоҳидакор аст ва мушоҳидаҳояшро зебо рӯи сафҳа меорад:

Кӯҳи Себистони ман чун модари нуроние
Докаи абри сафеди навбаҳорон бар сараш,
Чашмаҳои соф чун шири равон аз синааш,
Теппаҳои сабз чун тифлони хандон дар бараш.

Бахтиёр Раҳмониён мехоҳад васфи Ватанро бо тарзе тозатар ба қалам бидиҳад ва ин кӯшиш дар ғазали “Замзамаи намурдан” ҳувайдост:

Меҳан, ба роҳи ҳифзи ту мурдан намурдан аст,
Ҷони азизи хеш супурдан намурдан аст.
Андар ҷаҳони ҳодисахези зи фитна пур
Макру фиреби ғайр нахӯрдан намурдан аст.

Дар рубоии зерини Бахтиёр Раҳмониён ибораи пурмаънои “девонагии накардаи Маҷнун” ҳарфи тозаи шоирона аст:

Ман дар ту надидаам дили маҳзунро,
Як рамзи дақиқи Лайлии дилхунро.
Бо ин ҳама дар ишқ бихоҳӣ аз ман
Девонагии накардаи Маҷнунро.

Дар ин байти Шаҳриёр Олимӣ «оташ гирифтани интизор дар нигоҳ» шоирона аст:

Дар дилам имшаб хумор оташ гирифт,
Дар нигоҳам интизор оташ гирифт.

Аброри Аҳрориён пайванди Ватану ватандорро бо ишораи нозуке ба расми аҷдод ба қалам додааст:

Он кас, ки ҷони хуррамаш аз хоки кишвар аст,
То ҳаст, гарди хок ба душман намедиҳад.

Шеърпораи зер намунае аз эҷодиёти Меҳровари Масчоҳист, ки бо воқеияту самимияти тасвир касро ҷалб мекунад:

Шукри ваҳдат, ки лаби халқ табассумро дид,
Модаре омадани баччаи раҳгумро дид.
Сулҳ бар сӯи ҳама дасти саховат бикшод,
Суфраи холиямон неъмати гандумро дид…

Дар бораи Сафар Абдураҳим, Шаҳёд, Шоҳбегим, Мафтунаи Қосим, Эҳсон, Баҳманёр Муяссарзода, Сулаймони Адҳам, Абдуманнони Хаммор низ метавон гуфт, ки кӯшову умедбахшоянд.

Мавриди таъкид аст, ки панҷ соли охир аз лиҳози чопи шеърҳо ва маҷмӯаҳои алоҳидаи ҷавонон пурмаҳсултарин марҳилаҳост. «Баҳор овардан осон нест»-и Бузургмеҳри Баҳодур, «Навори ҷавонӣ»-и Бузургмеҳри Тоҷиддин, «Каъбаи имони сабз»-и Абдуманнони Хаммор, «Саҳифаи дарё»-и Насимбек Қурбонзода, «Матни сукут»-и Бахтиёри Раҳмониён, «Сафири Хуршед»-и Комрон Аслон, «Равзанаи саҳар»-и Шаҳриёр Олимӣ, «Навиди офтоб»-и Шаҳнози Шаҳнавоз, «Дар масири бе ту будан»-и Садриддин Ҳасанзод – дар маҷмуъ беш аз сад маҷмуаи шеъри ҷавонон ба табъ расид ва дил мехоҳад, ки ин шумора ифодагари вазъи дигар жанрҳои эҷоди ҷавонон ва, албатта, пайвастаи сифат бошад.

Шеъри асили рӯз, чунон ки дар ҳама замонҳо буд, бояд замони худро таҷассум намояд. Чунин шеър аст, ки тавассути мутолиаи он мо дар бораи таърих ва сатҳи маърифати миллат тасаввурот пайдо мекунем. Яъне, шеър таҷассуми маънавиёти халқ аст ва ин масъулияти шоиронро меафзояд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди шеъру шоирҳои хуб дар маҷмӯъ касбият дар шеър пайваста мекоҳад, баёнҳо заифу оддиву кӯчагӣ мешаванд, шаҳомату ҷозибаи забон, ки такя ба донишу ҷаҳонбинии шоир дорад, аз байн меравад. Суханҳо хеле оддӣ, осон гуфта мешаванд, ҳунар ҷилои камтар дорад. Мушоҳидаи дигар ин аст, ки баъзе ҷавонон ба иборасозӣ, ибораороӣ, вожаҳои алоҳида, сабки нигориш, мавзуъ ва мазмунҳои шоирони кишварҳои ҳамзабонамон сахт гаравидаанд. Вобаста ба ин эродҳо андешаҳои қотеъонаи шоирони муҳтарам ва мунаққидони муътабари шеър лозим аст.

Чунон ки ишора рафт, солҳо адабиёти русизабон дар Тоҷикистон собиқаи деринаю мақоми шоиста дошт ва адибони рус, аз ҷумла шоирон, дар тасвири рухдодҳову шахсиятҳои ин диёр саҳмгузор буданд. Ман аксари он ашъореро, ки шоирони рус, аз ҷумла шоирони руси ҳамдиёри мо дар бораи Тоҷикистон, шаҳру деҳоти дилҷӯ, фарзандони номвар ва табиати беназири он гуфтаанд, ҷамъ овардаву тарҷума кардам, ки китоби бузурги сеҳри шеъру меҳри он шоирон шуд. Мутаассифона, имрӯз ин кор хеле камранг шудааст ва танҳо аз ду нафар – Андрей Сметанкин ва Марина Некрасова метавон ёдовар шуд, ки бо ҳамон меҳру самимият шеъри русизабони Тоҷикистонро зинда медоранд. Аввалӣ дар диёри мо зиндагӣ мекунаду дуюмӣ ба Москва кӯч бастааст, лекин дар ашъори ҳарду рангу бӯи ватани маънавиашон бармало эҳсос мешавад.

Чанд сухан оид ба суруду тарона нагуфта наметавонам. Дар кишвар пайваста маҳфилҳои фарҳангӣ, суру хурсандиҳо баргузор мешаванд, шабакаҳои зиёди радиову телевизион фаъолият мекунанд, интернет ҳам пур аз суруду тарона аст. Мутаассифона, аксари онҳо бемаънию бемазмун, бемантиқу бетаносуб, аз ҷиҳати забону баён хароб, баъзе ҳазёну сафсаттаи рӯиростанд. Албатта, шеърҳои шоирони хубамон мунтазам сурудҳои хуб мешаванд, шоирони таронасароямон Собир Султон, Олимхон Исматӣ, Орзӯ Исо, Нурулло Ориф пайваста машғули эҷоданд, мутахассисони соҳа Шаҳобиддини Ҳақназар ва Бахтиёр Раҳмониён аз ҳусну қубҳи суруду таронаҳо менависанд, лекин вазъи матни суруду тарона ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад ва агар дар сатҳи баланд чораҳои муассир андешида нашавад, таъсири чунин вазъ ба завқи ҷомеа асафбор хоҳад буд.

 ***

Нақди шеър дар панҷ соли охир бо ҳама нуқсу камол ва фарозу фурудаш фаъол буд ва сатҳу сифати онро дар ҳавзаҳои адабии кишвар дар заминаи рисолаву мақолаҳои дар ин мавзӯъ таълифшуда арзёбӣ кардан имконпазир аст. Бештари навиштаҳои марбут ба нақди шеър ба сурати тақри­зу мақола дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар маҷаллаву рӯзномаҳо нашр шудаанд.

Аз касоне, ки дар умури нақд, бавижа нақди шеър, дар панҷ соли охир фаъол буданд, метавон аз Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Абдураҳмон Абдуманнон, Аламхон Кӯчарзода, Рустам Ваҳҳобзода, Боймурод Шарифзода, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Субҳон Аъзамзод, Ҳасани Султон, Ҳафиз Раҳмон, Беҳрӯзи Забеҳулло, Муҳриддин Сабурӣ ном бурд. Дар ин замина кори шоирон Камол Насрулло, Давлат Раҳмониён, Озар Салим, Салими Зарафшонфар, Баҳром Раҳматзод, Толиби Луқмон, Баҳром Мирсаидов, Хуршеди Эҳсон  низ қобили зикр аст.

Китобҳои таълифшуда дар ин хусус, аз қабили як бахши умдаи “Баргузидаи навиштаҳо”-и Абдунабӣ Сатторзода, «Пажӯҳиш ва нақди шеър»-и Аскар Ҳаким, «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик»-и Абдураҳмон Абдуманнон, “Мирзо Турсунзода: маҳорат ва садоқат”-и Аламхон Кӯчарзода, «Сухан пироҳани ҷон аст»-и Камол Насрулло, «Вазни шеъри тоҷикӣ» ва «Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир»-и Мисбоҳиддин Нарзиқул, «Ҷойгоҳи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар адабиёти навини тоҷик»-и Субҳон Аъзамзод, «Бозор Собир — шоири танҳои миллат»-и Ҷамолиддин Саидзода, «Адабиёт ва ҳуввияти миллӣ»-и Беҳрӯзи Забеҳулло, “Падидаҳои ҳунарӣ дар шеъри Гулназар”-и Равшан Ҳамроҳ метавонанд самтҳои гуногуни нақди адабии тоҷик, бавижа вазъи шеъри имрӯзро бозтоб диҳанд.

“Бозтоби замони Истиқлол дар адабиёт”-и Абдунабӣ Сатторзода, “Шеъри нав дар замони истиқлол”-и Аламхон Кӯчарзода, “Лоҳутӣ – устоди шеъри ғиноӣ”, “Вуруд ба ҷаҳони Лоиқ” ва “Тозагӯиву навофарӣ дар шеъри имрӯз”-и Абдур­аҳмон Абдуманнон, “Шеъри “Ба мо­дарам” – ҳамосаи ғиноӣ”-и Абдухолиқ Набавӣ, “Тӯфони ҷаълиёт”, “Девони Дониш” ва “Барои нақди созанда”-и Рустам Ваҳҳобзода, “Хирмани моҳ” ё номаи дарду ормонҳои шоир”-и Абдушукур Абдусаттор, “Устод Турсунзода – бунёдгузори шеъри навин” ва “Калиди олами мафтункунандаи инсоният”-и Камол Насрулло, “Бозтоби нақди адабӣ дар як сол” ва “Сабақҳои таърих аз диди тоза”- и Мисбоҳиддин Нарзиқул, “Инъикоси ҳуввияти миллӣ дар осори Муъмин Қаноат”-и Беҳрӯзи Забеҳулло, “Шеър дар оинаи «Адабиёт ва санъат»”-и Баҳром Раҳматзод, “Шоире дар қала­мрави шеъри нав”, “Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гуфтан” ва “Баҳонае кӯчак барои оғози як баҳс” ва “Шеъри занона”-и Муҳриддин Сабурӣ, “Дунё ҳанӯз зебост”, “Чанду чуни ашъори “Садои Шарқ” дар соли 2021” ва “Як соли шеър дар “Садои Шарқ””-и Толиби Луқмон,  “Сухан аз Ватан аст”-и Хуршеди Эҳсон мақолаҳоеанд, ки ба ҳар навъе вазъу равандҳои шеъри имрӯзро мушаххас карда тавонистаанд, силсилаи  мақолаҳои Тоҷибой Султонӣ ва Нуралӣ Нурзод дар бораи шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ, Мастон Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Аҳмадҷон Раҳматзод, Муҳсин Аминзода, Искандари Хатлонӣ, Фарзона, Озарахш вусъати андешаи шеъру шоирӣ ва андешаҳои шоиронро оид ба рухдоду равандҳои адабӣ ба доираи тадқиқ кашиданд.

Дар заминаи нишастҳои илмиву адабӣ роҷеъ ба вазъи нақд дар панҷ соли охир минбари мубоҳисаи ҳафтаномаи “Ада­биёт ва санъат” мақолаҳои зиёде ба табъ расонд, ки бархе аз онҳо ба нақди шеър ихтисос доштанд. Мақолаи Рустам Ваҳҳобзода “Аслҳои нақди шеъри муосир” дар саргаҳи ин баҳс қарор дошт ва дар он муҳимтарин масъалаҳои нақди шеър матраҳ гардид. Мавсуф дар хусуси навъҳои маъмули нақди адабӣ – иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳунарӣ, равоншиносӣ, сохторшиносӣ, муқоисавӣ ва заъфҳои умдаи нақди муосир фикрҳои ҷолиб баён дошт. Аз ҷумла, таъкид намуд: “Беҳтарин нақд он аст, ки ба иқтизои зарурат ба таври мутаносиб ва бамаврид ҳамаи унсурҳои ин навъҳои нақд ба кор бурда шавад. Ма­салан, ҳеч навъ асари дорои мазмунҳои олии ахлоқӣ ё иҷтимоӣ бидуни вуҷуди унсурҳои ҳунарӣ наметавонад моли асили адабиёт маҳсуб бишавад”.

Маҷлиси Садо­рати Иттифоқи нависандагон дар соли 2022 ба мавзӯи “Вазъи нақди адабӣ дар даҳ соли охир” бахшида шуд ва дар он Рустам Ваҳҳобзода маърӯза кард. Дар маърӯзаи Абдунабӣ Сатторзода ҳам, ки дар маҷлиси дигари садорати давраи ҳисоботӣ пешниҳод шуд, ба таври густурда масъалаи вазъи шеър дар замони Истиқлолият арзёбӣ гардид. Аз ин маърӯзаҳо ва музокираҳо перомуни онҳо сатҳу сифати нақди шеърамонро хуб дарёфта метавонем.

Як мавзӯи бисёр муҳими дигаре, ки дар панҷ соли охир матраҳ шуд, баҳси “Пайванди анъана ва навоварӣ” дар маҳфили илмиву адабии «Шеър ва зиндагӣ» буд. Назару андешаҳои донишмандону адибон дар ин хусус дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст. Дар ин маҳфил Рустам Ваҳҳобзода масъалаи суннат ва навовариро аввал дар корбасти жанрҳои суннативу нав ва сипас дар истифодаи забону баён ва таркибу вожаҳои шеъри дирӯзу имрӯз баррасӣ намуда, хулосаҳои амиқи илмӣ баровард. Аммо музокира қаноатбахш набуд, ки инро мо дар рафти маҳфил ҳам мушоҳида карда будем ва акнун дар “Садои Шарқ” ҳам ин навиштаҳо андешаи моро собит мекунанд. Мавзӯи маҳфил, чунон ки зикр шуд, мушаххасан масъалаи суннат ва навоварӣ буд, аммо андешаи музокирачиён аз ин масъалаи муҳим хеле дур мондааст.

Мусоҳибаҳо бо адибону донишмандон дар мавзӯи адабиёт метавонанд хеле аз паҳлӯҳои ҳаёти адабиро равшан бисозанд ва барои раванди нақди адабӣ хидмати шоиста бикунанд. Шеършефтагӣ, ки аз баҳсҳои доғи имрӯз аст, асоси суҳбатеро ташкил медиҳад, ки корманди маҷаллаи “Садои Шарқ” Бузургмеҳри Ҳаким бо Фарзона анҷом додааст. Ҳарчанд ки шоир шеъргӯии омро чандон ба эътибор намегирад, бояд иқрор шуд, ки нишонаи аввалини шеързадагиро даъвои шоирӣ кардани камтарин хонандаи имрӯз ташкил медиҳад. Дувум ин ки шеъри мо бамаротиб аз маҷрои зиндагии воқеии инсонҳо берун шудааст ва камтар ба дарди ҷомеа мехурад. То ҳанӯз хеле аз ашъори мо пойбанди хату холи дилбар аст ва маҷоли мушоҳидаву тадқиқи иҷтимоъро надорад. Пас бояд қабул дошта бошем, ки воқеан шеързадаем.

Роҷеъ ба мавзӯи ҷаълиёт, ки имрӯз дар адабиётамон бисёр ба назар мерасад, дар панҷ соли охир ду мақолаи Рустам Ваҳҳобзода “Тӯфони ҷаълиёт” ва “Девони Дониш” нашр гардид. Устод Садриддин Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” роҷеъ ба шоирии Аҳмади Дониш чунин гуфта буд: “Аҳмад Махдум, агарчи ба ҳар муносибат ба тариқи рубоӣ, ғазал, қитъа ва қасида хеле шеър иншо карда бошад ҳам, бинобар аҳамият надоданаш, нусхаҳояшро ҷамъ накардааст. Ба ҳамин сабаб маҷмӯаи осори манзумааш дар миён нест”. Дар мақолаи “Девони Дониш” ҳамин масъала, яъне, ҷаълӣ будани ашъоре, ки ба сурати девон ба номи Аҳмади Дониш тартиб додаанд, баҳсу баррасӣ шудааст.

Муносибат бо назми классикӣ солҳои охир бисёр нигароникунада ба назар мерасад. Албатта, роҷеъ ба шеъри пешиниён мақолаҳои хубе дар ин панҷ сол иншо гардид, ки қобили истиқболи гарм аст. Аммо ҳанӯз мақолаҳое кам нестанд, ки бо ҳамон равиши куҳнаву обшуста навишта шудаанд. Таворуди афкор, таъсирпазирӣ амри маъмуле дар адабиёти гузаштаи мост ва солҳо дар меҳвари ин масъала чархидани донишмандони мо ҳам ба нафъи кор нест.

Мутаассифона, дар фазои илмиву адабиамон мақолаҳое низ чоп мешаванд, ки натанҳо доираи пажӯҳишашон маҳдуд аст, балки чунон ба назар мерасад, ки муаллифонашон аслан гапи гуфтанӣ надоранд. Муҳтавои ин даст навиштаҳо иборат аз баёни назари сатҳӣ, бозгӯии мазмуну мундариҷаи шеър ва ситоишҳои бебунёду осмонист. Мутаассифона, ин гуна тақризу мақолаҳо торафт хусусияти ҳамагонӣ пайдо мекунанд ва имконият намедиҳанд, ки арзишҳои ғоявӣ ва ҳунарии эҷодиёти шоирон ва ҷараёни адабӣ воқеъбинона муайян карда шаванд.

Солҳост, ки барои пешрафти нақди адабӣ, ба вижа нақди шеър, ҳузури тақризро зарур меҳисобем, вале ин навъи нақд низ дар ин панҷ соли охир қонеъкунанда набуд. Аз  хондани аксари тақризҳо маълум мешавад, ки онҳо, ба гуфти Муҳаммадҷон Шакурӣ “таърифнома, иншонома, дурӯғнома, “танқиди бефикр”, ба қавли Абдунабӣ Сатторзода “нақди бартерӣ (ту ба ман, ман ба ту)”, аз диди Бадриддин Мақсудзода “нақди зӯракӣ” ва ба таъкиди ин ҷониб “танқиди дӯстона” ва “таърифи адабӣ” беш нестанд ва асосан тобиши ситоишӣ доранду нақди асилро қувват намебахшанд. Мутаассифона, ҳатто ҳастанд муаллифоне, ки дар шинохти анвои адабӣ ба иштибоҳ роҳ медиҳанд, рубоиву дубайтиву қитъа ва «арӯзи озод»-у «шеъри сафед»-ро фарқ карда наметавонанд.

Дар маърӯзаи ҳисоботӣ ба анҷумани 15-уми нависандагон омада буд, ки  «дар навиштаҳои донишмандон равандҳои шеъри имрӯз мушаххасу пурра муайян нашудааст. Ин ҷову он ҷо зикр мешавад, ки зумрае аз шоирон, бахусус насли ҷавон, шеърро аз зиндагии воқеӣ дур карда истодаанд, шеър дар эҷоди баъзе аз шоирон обутоби бадеии худро аз даст дода, ба каломи хушку бетаъсир табдил ёфтааст, вале асли ин масъалаҳо, сабабу оқибатҳои нохушкунандаашон дар навиштаҳои донишмандон бо далелу исботҳо баррасӣ намешавад…». Мутаассифона, дар панҷ соли баъдӣ ҳам ин масъала роҳи ҳаллашро наёфт.

Бо илова ба таъкиди боло ва мушоҳидаи раванди шеър дар панҷ соли охир мешавад гуфт, ки шеъри имрӯз ба қолабҳои маъмулӣ, ба қавле шахшудаи забониву услубӣ ва якрангиву якнавохтӣ дар тарзи ифода побандии аз ҳад зиёд дорад. Ин вобастагӣ имкон намедиҳад, ки дасту пои фикру хаёли шоир аз завлонаҳои куҳнаву зангзада озод бошанд.

Вақте ки ашъори имрӯз, бахусус шеъри ҷавононро бадиққат мутолиа мекунем, ҳузури шоир ва инсони муосирро бо ғаму шодӣ ва нигарониву изтиробҳои зиндагии имрӯза, бо забону баёни мувофиқи замонае, ки ӯ дар он мезияд, хеле кам мебинем. Аб­дунабӣ Сатторзода дар мақолаи “Асли нақди асил” таъкид мекунад: “Нақди асили шеър дар заминаи шеъри асил ба вуҷуд меояд”. Дарвоқеъ, агар иқдоме дар таҳаввули шеър сурат нагирад, ба ҳеҷ ваҷҳ умеде ба таҳаввули нақдамон карда наметавонем.

***

Мавриди зикр аст, ки драматургия чун яке аз самтҳои муҳими эҷоди бадеӣ аз лиҳози масъалагузорӣ, назари бевостита ва воқеӣ ба рӯзгор, инъикоси мавзӯъҳои замонавӣ ва тадқиқи психологии характери инсон бештар аз назму наср имкониятҳо дорад. Драмаро бидуни амалиёти пурнабзу ҷӯшон ва мантиқан асоснок, бархӯрди характерҳои аз назари равонӣ амиқ тасаввур намудан амри маҳол аст. Дар асоси драма ба маънои комил бояд ҳамеша конфликти ҳаётӣ ва сужети шавқовар, муколамаи мӯъҷазу пурмаънӣ қарор дошта бошад.

Ҷумъа Қуддус аз драмнависони шинохта аст, ки заҳмати бардавом боғи ҳунарашро борвар кардааст. На ба ҳар драмнавис муяссар мешавад, ки театрҳои касбӣ дар як сол панҷ асарашро ба саҳна бигузоранд. Асари нисбатан тозаи ӯ «Баҳори ваҳдат» аз воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали истиқлолияти мамлакатамон суҳбат мекунад. Жанри асарро худи муаллиф «драмаи халқӣ» муайян намудааст ва воқеан дар он манзараи муҳташам ва мудҳиши он солҳо офарида шудааст. Симоҳои хотирмони мусбату манфӣ дар маҷмӯъ рӯҳия ва авзои замони тадқиқшавандаро ифода кардаанд.

Фактҳои таърихӣ ва тахайюлоти Абдуғаффор Абдуҷаббор дар асари саҳнавии «Худоназаркарда» раванди тӯлонию мушкили истиқрори сулҳро дар кишвар  инъикос намуд. Чеҳраҳои тахайюлии асар низ чун шахсони воқеӣ симои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро инъикос менамоянд ва аксаран прототипи чунин ашхосанд.

Ду асари Ато Ҳамдам – “Агар ҷанг намебуд” ва «Устоди рақс» ду марҳалаи муҳими рӯзгори мардуми моро мавриди тасвир қарор додаанд. Агар аввалӣ аз қисматҳои шикастаи давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл кунад, дар асари дуюм аз ҳаёти ҷавонони шаҳри Роғун сухан меравад, ки ҳамзамон бо сохтмони азими аср ба сохтану обод кардани зиндагии худ машғуланд.

Кӯшиши таҳқиқи равонии инсони дар кӯраи ҷанг обутобёфта дар намоиишномаи Тоҳири Муҳаммадризо «Баҳори Фаронса» ба назар мерасад. Асари дигари ӯ – «Рӯзҳои Худо зудгузаранд»  тағйироти куллии дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву маънавии мардум, хоса насли ҷавон, баамаломадаро ба тасвир гирифтааст.

Қаҳрамони драмаи Мансур Сурӯш «Ҳуббулватан» Рафоэл ҳини тарки Ватан дарк мекунад, ки ӯро реша маҳз дар ҳамин хоку об аст. Асар иборат аз воқеаҳои ҳузнангез аст, вале ҳисси ифтихор аз ин сарзамин ва то чӣ андоза дӯстдоштанӣ будани он аз ҳар сафҳаи он эҳсос мешавад.

Носири шинохта Маҷид Салим дар ин давра асари саҳнавие  бо номи “Шикор” пешниҳод намуд. Ӯ дар ин жанру ин асар ҳам ба мавзӯи хеш содиқ монда, муносибатҳои мушкилу печидаи инсону табиатро ба тасвир гирифтааст.

Дар навъи мазҳака ҳамоно намоишноманависи номдорамон Шодӣ Солеҳ устувор аст. Дар онҳо монологҳо то ба ҳадди имкон мухтасару муассир буда, муносибати қаҳрамонон ва пешрафти ҳодисаҳо бо ёрии муколамаи табиӣ амалӣ мегардад. Лекин дар асари нави драмнавис “Қумрӣ шишту Шоҳин парид…” паҳлӯи дигари ҳунару истеъдодаш – воқеаҳои ҷиддии ҳаёт бо иштирокчиёни гуногунтақдиру гуногунхислат мавриди муҳокимаву мулоҳиза ва тасвир қарор гирифтааст.

Чанде пеш аҳли адабу ҳунар 90-солагии ҳунарманд ва драмнависи машҳурамон Тӯрахон Аҳмадхонро таҷлил кард. Ин ном рамзи садоқат ба пеша буда, ба адабиёту санъати мо силсилаи ҷолиби осори адабию образҳои саҳнавиро эҳдо намудааст. Ҷашни ҳунарпешаи суханвар низ, ки қисмати муҳими он намоиши асари наваш – “Меҳргиёҳ” буд, ба тимсоли зиндадилию рӯҳбаландӣ ва дар арсаи ҳаёту эҷод собит мондани устоди саҳнаву сухан мубаддал гардид.

Як падидаи ин давра ба миён омадани чанд намоишнома барои бачаҳост. Аз ҷумла, “Тарсу ва духтараки далер”, “Дӯсти нодон” ва “Се додарон”-и Ҷумъа Қуддус, “Озодапаланг” ва “Қуллаи мурод”-и Маҷид Салим, қаринаи нави “Бузаки ҷингилапо”-и барои театрҳои кӯдакону наврасон навиштаи Саидамин Ҷило. Хурсандибахшии ин падида он аст, ки ҳам хонандагон ва ҳам бинандагони наврасро ба театр ошнову ҷалб мекунад.

Дар ин давра баробари драмнависон мунаққидони соҳа низ хеле дастовардҳо доранд. Бо кӯшиши театршиносону киношиносон Саъдулло Раҳим, Баҳор Хуррамзод, Муҳаммадулло Табарӣ, Ҷумъа Қуддус, Иброҳим Усмон ба қадри имкон масъалаҳои мубрами таъриху назарияи драматургия ва жанрҳои он ба риштаи таҳқиқ кашида шуданд, вале ҳамоно кори шоистаи дар ин самт анҷомдодашуда боби махсуси асари дастаҷамъии «Адабиёти тоҷик дар замони истиқлолият» аст. Муаллифи он Муҳаммадулло Табарӣ кӯшидааст, ки раванди рушди драматургияи миллиро дар солҳои соҳибистиқлолӣ инъикос намуда, илман ба он баҳо бидиҳад.

Зимни мутолиаи тадқиқоти осори соҳа ва мушоҳидаҳои шахсӣ ба хулосае расидем, ки имрӯз аксари драматургон дар асарҳояшон ба инкишофи озодонаи рухдодҳо монеъ мегарданду қаҳрамонҳоро ба амаликунандагони ҳадафи хеш табдил медиҳанд. Дар натиҷа драмаҳои мо аз лиҳози ҷанбаъҳои маънавӣ ба маводи матбуот монанд шуда, ба тамошобинон чизи нав дода наметавонанд. Яке аз сабабҳои ин костагии забони саҳнавист, ки муъҷазии ифода, балоғати маънавӣ ва салосати савтии суханро тақозо менамояд. Мутаассифона, то ҳоло дар драматургияи мо ибораҳои обшуставу қолабӣ фаровон истифода мешаванд ва сухане, ки қаблан ҳунарманд ва баъдан тамошобинро ба ваҷд биёрад, бигирёнаду бихандонад ва дар ҳар ҳарфи он зиндагӣ эҳсос бишавад, сухане, ки бо амал пайваст бошад, хеле кам ба назар мерасад.

Норасоии дигари драматургияи имрӯзаамон дар он зоҳир мегардад, ки муаллифон мехоҳанд тамоми паҳлӯҳои зиндагиро дар як асар мунъакис бисозанд. Дар натиҷа махлутшавии чандин мавзӯъ ва ҳалли худро наёфтани онҳо ба амал меояд.  Чунон ки маълум аст, дар зиндагии инсон воқеаҳои зиёде ба вуқӯъ мепайванданд, лекин танҳо рӯйдодҳои муҳимтарин асли хислати инсонро мекушоянд ва маҳз ҳамин гуна лаҳзаҳоро корбаст намудан асари ҷолибу симоҳои хотирмони саҳнавиро ба вуҷуд меорад.

Мушкили дигари ин мавзӯъ ворисият аст. Имрӯз ҷавонтарин драмнависи узви ИНТ 60 сол дорад. Ва агар чораи муассире дида нашавад, шояд ихтисоси адабии драмнависи ҳирфаӣ аз байн биравад. Барои драмнависи соҳибқалам ба дигар навъи адабӣ – наср ё публитсистика гузаштан душворие надорад, вале ҳоли театрҳо чӣ мешавад? Дар ин хусус фикр кардан ва чораҳои имконпазир андешидан аз ҷумла вазифаи созмони эҷодии мост.

Солҳои охир аз тариқи телевизион, ҳамчунин тавассути дискҳои бешуморе, ки ба фурӯш бароварда мешаванд, филмҳои нави синамогарони тоҷик ба тамошобинон манзур гардиданд. Мутаассифона, онҳо хеле хом буда, талаботи воқеии тамошобинро қонеъ гардонда наметавонанд. Аз ҷумла, ҷузъи муҳиме, ки ба созмони мо алоқаманд аст, яъне сенарияи филмҳо аксаран ба қалами филмноманависҳои тасодуфӣ мутааллиқанд. Шераки Ориён ва Сафар Ҳақдод, ки дар кор мутахассисанд, адибони маъруфамон Гулназар, Кароматуллои Мирзо, Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қуддус барои ислоҳи ин вазъ кӯшишҳо ба харҷ доданд, лекин ҳамоно яке аз масъалаҳои асосии ин риштаи эҷод низ ҳамон аст, ки дар мавриди драма гуфтем, яъне тарбияи кинодраматургони ҷавон, заминиву ҳаётӣ намудани филмҳо, табиию дилрас кардани забони онҳо. Дар ин самт фаъолияти густурдатари ниҳодҳои марбут, олимони санъатшинос, аз ҷумла Муҳаммадулло Табарӣ, ки таҷрибаи ғании тадқиқу таҳқиқи драмаю театр дорад ва Тиллои Некқадам, ки дар тарғиби ин санъати «аз ҳама муҳим» ва ходимони ҷоннисори он саҳми арзанда мегузорад, зарур аст.

***

Бахши робитаҳои адабӣ низ дар ин давра корҳои назаррасеро ба сомон расонд, ки дар чанд самт сурат гирифтанд. Аввалан, дар самти таҳкими робитаҳо бо кишварҳои ҳамзабон. Дар ин маврид метавон аз муаррифии маҷмӯаҳои шеъри шоиронамон «Нома ба Панҷшер» ва «Ҳамосаи Панҷшер» ёд кард, ки вобаста ба буҳрони шадиди кишвари ҳамҷавору ҳамзабон ва дастгирии мавқеи оқилонаву одилона ва инсондӯстонаи Пешвои миллатамон дар ин масъалаҳо баргузор гардид.

Дар ин давра ду гурӯҳи адибони тоҷик дар намоиши байналмилалии Теҳрон ширкат варзиданд, бо адибону хонандагони эронӣ суҳбатҳо ва маҳфилҳои адабӣ баргузор карданд. Лекин воқеаи муҳими ин мавзӯъ дар ин давра маҳфилҳои зиёди шеъру суруди тоҷикӣ дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табриз буд, ки бо иштироки шоирону ҳунарпешаҳои номдорамон сурат гирифт.

Дар ҳамкорӣ бо Сафорати Эрон пайваста маҳфилҳои зиёди бузургдошти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Саъдӣ ва Ҳофиз бо иштироки адибону олимони тоҷику эронӣ баргузор гардиданд.

Дар доираи сафари Раисҷумҳури Эрон шодравон Раисӣ бо иштироки нахустхонуми он кишвар Ҷамила Содот Аламулҳудо маҳфили бисёр бошукӯҳи адабӣ доир гардид ва дар хусуси мубодилаи пайвастаи афкор ва таъсиси кунгураи адибони форсизабони дунё мувофиқа ҳосил шуд.

Самти дигари фаъолияти бахш муаррифии пайвастаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Бо ин мақсад муаррифиномаи мухтасари созмон ба забонҳои тоҷикию русӣ омода ва ба созмонҳои адабии давлатҳои зиёде фиристода шуд.

Бо мақсади ошноии бештари хонандагони русизабон пайваста асарҳои адибони тоҷик дар сомонаҳои расмии Иттифоқи нависандагони Россия – «Стихи.ру» ва «Проза.ру» гузошта мешуданд.

Дар ин давра аз шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор вусъати тоза пайдо карданд. Дар ҳошияи ин сафарҳои адибони тоҷик ба Қазоқистону Ӯзбекистон сурат гирифт ва зимнан санадҳои ҳамкории адабӣ ба имзо расиданд, сафарҳои якчанд ҳайатҳои адибони тоҷику ӯзбек ба кишварҳои ҳамдигар амалӣ шуданд ва маҷмӯаҳои муштарак манзури хонанда гаштанд.

Адибонамон дар баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ ҳамеша саҳм мегузоранд ва аз ин самти фаъолият дар давраи марбут метавон аз шомҳои дӯстӣ бо иштироки намояндагони Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Фонди байналмилалии «Наҷоти Арал» ёдовар шуд.

Бо мусоидати бевоситаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон адибу муҳаққиқи шинохта Абдуллои Раҳнамо муддати мадиде дар маъхазҳои кишвари ҳамсоя машғули омӯзиш буд ва умед дорем, ки маҳсули кораш тадқиқоти тозаи саҳифаҳои ноаёни таъриху адабиётамон хоҳад шуд.

Дар доираи сиёсати ҳамсоягии нек дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои мактабҳои тоҷикӣ таҳияи китобҳо ба назар гирифта шудааст. Тибқи хоҳиши он ҷониб ИНТ 70 китоби электронӣ ва китобҳои зиёди бачагона фиристод.

Боз ҳам дар ҳошияи сиёсати муносибатҳои неки ҳамсоягии Пешвои миллат муносибатҳои адабии Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба эҳё оварданд. Дар ин замина бо ҳидояти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасмими муштараки Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба ҳаёту фаъолияти адиби бузург Чингиз Айтматов конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он раиси Иттифоқи нависандагон дар бораи робитаи инсонию эҷодии нависанда бо Тоҷикистон ва адабиёти тоҷик маърӯза ва тарҷумонҳои асарҳои нависандаи номвар – Бахтиёр Муртазо ва Ҳикмат Раҳмат дар мубодилаи афкор иштирок намуданд.

Дар ин давра робитаҳои адабӣ бо шарики стратегии давлатамон –  Федератсияи Россия низ хеле густариш ёфт. Бо даъвати бевоситаи Вазорати фарҳанги он кишвар Олга Борисовна Любимова раиси ИНТ дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург ба сифати барандаи яке аз маҳфилҳои он ширкат варзид.

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо нависандаи маъруфи рус, депутати Думаи давлатӣ, Раиси Иттифоқи нависандагон ва ноширони Россия Сергей Шаргунов, сармуҳаррири ҳафтаномаи машҳури «Литературная газета» Максим Замшев, нависанда Афанасий  Мамедов ва шоиру тарҷумон Алёна Каримова, ки меҳмони хосаи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе буданд, мулоқоти судманд баргузор гардид ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» намунаҳои эҷоди меҳмононро дар тарҷумаи Камол Насрулло, Сироҷиддин Икромӣ, Салими Зарафшонфар ва Сурайё Аҳмадзод манзури хонандагон кард.

Дар доираи чунин як чорабинии дигар маҳфили муштараки адабии шоирони тоҷику рус барпо шуд, ки дар он шоири машҳури Россия¸ муаллифи барномаҳои густурдаи табъу нашри асарҳои адибони кишварҳои муштаракулманофеъ Максим Амелин ширкат варзид ва тарҷумаҳояшро аз назми муосири тоҷик ба самъи ҳозирин расонд.

Ташкили мулоқотҳои пайвастаи роҳбарияти ИНТ бо сафирони кишварҳои гуногун самти пурмасъулияти кори бахши робитаҳо буд. Дар ин давра борҳо бо сафирону намояндагони сафоратҳои Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Белоруссия, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ мулоқотҳо баргузор ва корҳои мушаххас ба нақша гирифта шуданд.

Бахшида ба 80-солагии Ғалаба бар фашизм ИНТ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон китоби асарҳои адибони тоҷик оид ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба табъ расида, дастраси хонандагони ду кишвар гардид.

Ҳамчунин адибони зиёдамон дар ҷаъомадҳои гуногуни адабӣ, ки дар Москваю  Санкт-Петербург, Доғистон, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Фаронса, Кувейт баргузор гаштанд, иштироку суханронӣ доштанд.

Муаррифии тарҷумаи китобҳои адибони кишварҳои гуногун низ кори рӯзмарраю маъмулии бахши робитаҳо буд.

Дар ин ҷо бамаврид аст, ки аз рисолаву мақолаҳои шоистаи Замира Ғаффорӣ, Умеда Ғаффорӣ, Низомиддин Зоҳидӣ, Муртазо Зайниддинзода оид ба робитаҳои адабиамон бо адабиётҳои дигар халқҳо ёд бикунем.

***

Дар панҷ соли охир аз рӯи имкон китобҳои тарҷума чоп шуданд, тақрибан ягон шумораи нашрияҳои адабиамон бе тарҷума ба табъ намерасад ва дар пурбории ин кор аксари шоиру нависандагонамон саҳм мегузоранд.

Дар интихобу ташкили тарҷума ва умуман ҳамоҳангсозӣ дар ин самт нақши Маркази тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагон муҳим аст. Дар панҷ соли охир он асарҳои хурду бузурги зиёдеро аз адабиёти муосири тоҷик ба забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва ғайра тарҷума кард ва иддае аз осори тарҷумавиро ба забони русӣ дар солномаи «Литературный Таджикистан» ва маҷаллаи «Помир», ба забони ӯзбекӣ дар матбуоти ӯзбекизабони Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар шакли китобҳо дар нашриётҳои Ӯзбекистон, маҷмӯаҳои мухталифи шеърҳоро ба забони арабӣ дар кишварҳои Мисру Арабистони Саудӣ ва Сурия ба табъ расонд.

Дар ин давра шумораҳои 3-7-и солномаи «Литературный Таджикистан» таҳия ва чоп шуд. Дар онҳо, ки аз бахшҳои «Из наследия мастеров современности», «Проза», «Поэзия», «Литература для детей и юношества», «Из творчества русскоязычных литераторов Таджикистана», «Очерк и публицистика», «Критика и литературоведение» ва ғайра иборат аст, асарҳои адибони тоҷик ба забони русӣ тарҷумаву чоп ва ба китобхонаҳои пойтахт ва доираи васеи муштариён пешниҳод шуданд.

Бо заҳмати кормандону тарҷумонҳои Марказ Норӣ Раббимдухт, Ҷамила Мурувватиён,  Азим Амин, Фирдавси Табар, Комила Камолова, Нуриннисо Ризвоншоева, Таҳмина Саидмуродова, Зебуннисо Расулзода, Таҳмина Эмин мақолаҳои публитсистии устод Айнӣ, романҳои Сорбон «Барзгар», Нарзулло Тиллозода «Қотили бегуноҳ», Юнус Юсуфӣ «Қақнус», Мирзонасриддин «Оташ дар хонаи қадим», Кароматулло Мирзо «Моҷарои зиндагӣ», маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои Муҳаммад Ғоиб, қиссаи ҳуҷҷатии Мирзо Шукурзода «Фарёди фоҷеаи Афғонистон», асарҳои хурду бузурги Саттор Турсун, Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Барот Абдураҳмон, Бахтиёр Муртазо, Мирзо Файзалӣ, Ато Мирхоҷа, Баҳманёр Муродӣ, Саидаҳмади Зардон, Салими Зарафшонфар, Иноят Насриддин, Тоҳири Муҳаммадризо, китоби «Таронаҳо»-и Сабрин, мақолаҳои адабиётшиносии олимони муосири тоҷик, ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ, Ҳанифаи Муҳаммадохир, намунаҳои шеъри Бозор Собир, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Фарзона, Озар ба русӣ тарҷума шуданд.

Мутарҷимони Марказ Омонбой Ҷуманов, Гулнора Муродалиева, Интизор Умарова романи Бахтиёр Муртазо «Нақби Истиқлол», қиссаҳои Саттор Турсун «Эътироз», Шералӣ Мӯсо «Қомати поки имон», Маҷид Салим «Мавлоно Яъқуби Чархӣ», ҳикояҳои  Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Матлуба Ёрмирзоева,  Барот Абдураҳмон, Маъруф Бобоҷон, Азизи Азиз, Сироҷиддин Икромиро пешкаши хонандаи ӯзбек намуданд.

Ягона мутарҷими арабӣ Нарзуллоҳи Назар ҳикояи Сотим Улуғзода «Марги ҳофиз» ва шеърҳои ҷудогонаи Зебуннисо, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадалии Аҷамиро ба хонандагони кишварҳои арабизабон расонд. Бо саъйи ӯ дар ин давра дар шаҳри Димишқи Сурия китоби «Ҳамосаи  панҷгона» иборат аз шеърҳои Гулназар, Гулрухсор, Низом Қосим, Доро Наҷот ва Фарзона ба чоп расид.

Бо кӯшиши собиқ мутарҷими Марказ Хадича Бобоёрова ва Нозанин Абдуманнонова ҳикояҳои Сотим Улуғзода «Марги ҳофиз», Фазлиддин Муҳаммадиев «Даъво», Саттор Турсун “Рӯзи охирини тирамоҳ” ва ашъори  Абӯабдулло Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ,  Ҷалолиддини Балхӣ, Умари Хайём, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, ҳикоя ва афсонаҳои Азизи Азиз ва Маҳбуба Неъматзода ба забони англисӣ тарҷума шуданд.

Тарҷумони Марказ Абдусалом Мамадназаров ду китобро, ки шомили очеркҳои таърихии «Исъёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва қиссаҳои «Ҷаллодони Бухоро» ва «Марги судхӯр»-и устод Садриддин Айнианд, ба забони англисӣ тарҷума кард, ки дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Лондон ва Душанбе рӯи чоп омаданд.

Мавриди зикр аст, ки як қисми тарҷумаҳои осори адибони тоҷик аз ҷониби кормандони Марказ дар шабакаҳои интернетии «Новая литература Кыргызстана», «Проза.ру», «Ал-Нур» ва ғайраҳо ба табъ расидаанд.

Дар ин давра Марказ маҷмӯаи «Қатрада қуёш акси»-ро ба чоп расонд ва ду маҷмӯаи ҳикояҳои адибони муосирамонро дар тарҷума ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба нашриёти «Адиб» супурд. Баъдан маҷмӯаи назм низ ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуд, ки умедворем рӯи чопро мебинад. Дар ин ва дигар асарҳои тарҷумавӣ нақши адибони ӯзбекзабонамон Амонбой Ҷуманов, Омон Раҷаб, Ҷамшед Пирим, Тӯрон Тӯйчӣ, Урунбой Усмон, Эгамназар Соҳибназар, Сайфулло Қулаев, Ёқуб Абдуманнонзода, Ҳасанбой Ғоиб, Гулнора Муродалиева, Сулаймон Эрматов, Эркин Шукуров, Интизор Умарова ва дигарон равшан аст.

Тайи солҳои 2021-2022 Маркази тарҷума дар доираи татбиқи лоиҳа оид ба таҳияи «Тазкираи адабиёти муосири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки аз се китоб – наср, назм ва адабиёти бачагона иборат аст, тарҷумаи осори сӣ адиби тоҷикро манзур намуд. Барои бахшҳои марбути адабиёти  тоҷик Абдураҳмон Абдуманнон ва Азим Амин мақолаҳои тафсирие  навиштанд, ки хонандаи русизабонро бо ҳолу ҳавои назму наср ва адабиёти кӯдакони мо ошно месозанд.

Маркази тарҷума дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур оид ба таҳияи «Тазкираи адабиёти муосири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки аз се қисм (наср, назм ва адабиёти кӯдакон) иборат аст, ҳамчун ҳамоҳангсоз иштирок намуда, тарҷумаи намунаҳои осори 48 нависанда ва 36 шоири шинохтаи муосири русро ба забони тоҷикӣ сари вақт таъмин кард. Дар ин кори душвору пурмасъулият Юнус Юсуфӣ, Сироҷиддин Икромӣ, Равшан Махсумзод, Абдурауф Муродӣ, Ҷумъа Қуддус, Баҳманёр Муродӣ, Маҷид Салим, Салими Зарафшонфар, Камол Насрулло, Зиё Абдулло, Ато Мирхоҷа, Баҳром Раҳматзод, Сурайё Аҳмадзод ва Саидмурод Расулӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Соли 2024 Марказ дар доираи нақшаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Маркази тарҷумаи бадеӣ дар тарғибу ташвиқи  адабиёти муосир” мизи мудаввар  барпо намуд, ки дар рафти он фаъолияти Марказ дар ин ҷода мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бояд гуфт, ки масъалаи кадрҳои тарҷумаи бадеӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳои хориҷӣ хеле ташвишангез аст. Дар ҳоли ҳозир Маркази тарҷума нарасидани тарҷумонҳоро ба забонҳои англисӣ, хитоӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра шадид эҳсос мекунад.

Дар Марказ тарҷума аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ дар муқоиса ба дигар забонҳо афзалият дорад. Масалан, аз шумораи умумии кормандон шаш нафарашон танҳо ба забони русӣ, ду нафар ба забони ӯзбекӣ ва як нафар ба забони арабӣ тарҷума мекунанд. Шуъбаҳои тарҷумонии донишгоҳу донишкадаҳо наметавонанд тарҷумонҳоеро омода кунанд, ки забонҳои ҳам модарӣ ва ҳам хориҷиро дар сатҳи барои тарҷумаи бадеӣ зарур бидонанд ва завқи бадеию салиқаи тарҷумонӣ дошта бошанд. Бинобар ин, Марказ маҷбур аст дар баробари кори тарҷумонӣ, инчунин оид ба тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа низ тадбирҳо биандешад. Маҳз бо ин мақсад ҳар сол дар Марказ ду давраи таҷрибаомӯзии пешаздипломии донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳо сурат мегиранд, ки дар рафти онҳо сӣ донишҷӯи ихтисоси “тарҷумаи бадеӣ” бо сохтори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, фаъолияти Марказ, масъалаҳои назария ва амалияи тарҷумаи бадеӣ шиносоӣ пайдо мекунанд.

Хурсандибахш аст, ки агар то ҳол асосан шоиру нависандагон ба тарҷума шуғл меварзиданд, акнун нафароне пайдо шудаанд, ки дар сатҳи касбӣ танҳо машғули ин коранд. Аз ҷумла, Амонбой Ҷуманов, ки дар тарҷумаи асарҳои бисёр носиронамон саҳми босазо дорад, дар ин панҷсола ҳам пурмаҳсул заҳмат кашида, чор ҷилди навбатии китоби панҷҷилдаи насри муосири тоҷикро ба табъ расонд.

Шоирони куҳансоламон Ҳикмат Раҳмат ва Собир Султон натанҳо шеъру таронаҳо эҷод карданд, балки фаъолона ба тарҷума низ машғул буданд.

Махсусияти кори тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод он аст, ки аксаран ба асарҳои адибони то ҳол ба забони тоҷикӣ умуман баргардоннашуда ё беҳад кам тарҷумашуда рӯ меорад. Тарҷумаҳояш аз осори адибони маъруфи Фаронса Алфонс Доде, Амрико Стивен Кинг ва Курт Воннегут, Русия Александр Грин, Михаил Зошенко, Андрей Платонов, Михаил Плясковский, Вил Андреев, Кир Буличёв, Михаил Жванетский, Михаил Задорнов, Аркадий Хайт, Владимир Крупин, Сергей Довлатов, Семён Алтов ва дигарон далели равшани ин аст. Мавсуф дар ин давра ҳам дар мавқеи эҷодиаш устувор монда, чор намунаи кораш – асарҳои адибони рус “Ёздаҳто ҳикояча барои садҳо бача”, маҷмӯаи ҳикояҳои Ҳафиз Сайфуллоев “Ҷӯй, нон, модарам ва ман”, мунтахаби ҳикояҳои адибони русу ҷаҳон “Оҳанги зиндагӣ” ва маҷмӯаи ҳикояҳои адиби ӯзбек Нуралӣ Қобул “Шаби бадр”-ро манзури хонанда намуд, ки аксараш тавассути китобиёту тақризҳои адибони шинохтаамон баҳои баланд гирифтанд.

Саидмурод Расулӣ шумораи тарҷумаҳояшро аз адабиёти русу ҷаҳон бо баргардони романи Майн Рид “Ғуломони озод” ва қиссаи Борис Четвериков “Ҷовид” афзунтар кард. Дар мавриди тарҷумаи дигари ӯ – китоби адиби қазоқ Неъмат Келимбетов “Умедамро аз даст додан намехоҳам”, ки барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод карда буд, дар маҷлиси Раёсати ИН ва баъдан бо тарҷумону муҳаррири китоб гуфтугӯи ҷиддӣ сурат гирифта, ба норасоиҳои зиёди мазмуну мундариҷа, забону баён, назару тафаккури маҳдуди муаллифу тарҷумон, муҳаррир ва нашриёт, дар маҷмӯъ сарфи назар шудани масъулият ва эҳсоси созандаи миллӣ ишора шуд.

Тарҷума, чун ҳама намудҳои эҷоди адабӣ, асосан кори як шахс аст, лекин аз он ҳазорон нафар баҳра мебаранду зери таъсири мусбат ва ё манфии он мемонанд. Аз ин рӯ, ИНТ бори дигар тарҷумонҳо, муҳаррирон, нашриётҳоро ба дақиқназарию масъулият даъват намуда,  дар оянда ҳам ба ин масъала аҳамияти калон хоҳад дод ва кӯшиш хоҳад кард, ки ҳам асарҳои баландғояву баландпояи адабиётҳои дигар мавриди тарҷума ба забони тоҷикӣ қарор бигиранд ва ҳам осори шоистаи адабиёти мо ба дигар забонҳо баргардони адабӣ бишаванд.

 ***

Мо адибони баландпояи бачаҳо ва наврасон дорем, вале, мутаассифона, имрӯз овозашонро хеле кам мешунавем. Чанд нафар хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, чанди дигар ба назму насри калонсолон машғуланд. Танҳо Латофат Кенҷаева, Маҳбуба Неъматзода, Азизи Азиз ва Муродалӣ Собир ба фаъолияти собиқашон содиқ монданд. Аксари навиштаҳои адибони маъруфи бачаҳо, ки дар ин давра пешкаши хонандагон гардидаанд, бозчопанд.

Аз навгониҳои ин самти адабиёт метавон аз китоби Маҳбуба Неъматзода “Шакардара” ёдовар шуд, ки барҳақ Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айниро ба даст овард

Дар панҷ соли охир Азизи Азиз се қиссаи хуб чоп кард.  Хусусияти асосиву умумии онҳо ин аст, ки насиҳат намекунанд, ҳатто ошкоро маслиҳат намедиҳанд, балки бо ҷузъиёти дархур, далелу бурҳони воқеӣ кӯдаконро ба амалҳои наҷиб раҳнамо мешаванд.

Солҳои охир ба хотири он, ки насри бачаҳо менависанд, Гулсара Авазова ва Наргиси Муродалиро ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтем. Қиссаи Гулсара Авазова “Чӣ гуна ман далер шудам?”, ки ба масъалаи ному номмонии миллӣ бахшида шудааст, ҷолиб буд. Мутаассифона, ҳарду ҳам дер боз хомӯшанд ва аз асарҳои тозаэҷодашон дарак нест.

Дар панҷ соли охир барои бачаҳо зиёда аз сесад китоби нав нашр шуд. Асарҳои Юсуф Аҳмадзода «Нози баҳорон», Ҷӯра Ҳошимӣ «Биё, бо ҳам бихонем, Абдусаттори Раҳмон «Мо амак шудем», Маҳбуба Неъматзода «Шакардара», Муродалӣ Собир «Маҳтоб дар об», «Сафеддара», «Қиссаи гови алои момои Шарифамоҳ”, Гулсара Авазова «Чӣ  гуна ман Далер шудам?», Шарифи Муҳаммадёр «Ҳикоя-муаммо», Азизи Азиз “Қиссаҳои Нахӯдак”, “Майна”, “Як каф гандум”, “Нони Нозанин”, Эгами Нарзулло “Мо ҳама банди корем” аз ин ҷумлаанд. Аслан, китобро вақте бачагона мегӯянд, ки ба ғайр аз мазмуну мундариҷаи хуб ороиш, андозаи ҳуруф, сифати коғаз, теъдод ва нархаш ба синну сол ва шавқу завқи хурдсолон мувофиқ бошад. Мутаассифона, аксари китобҳои бачагонаи мо чунин нестанд.

Президенти кишвар дар Паёми имсолаашон зикр намуданд, ки шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ назар ба соли 1991 як миллион нафар зиёд шудааст, дар панҷ соли минбаъда зиёда аз 1000 мактаби нав ба истифода дода мешавад ва 50 фоизи кӯдакони мамлакат ба кӯдакистонҳо хоҳанд рафт. Метавон гуфт, ки миқдори хонандагони асарҳои бачагона бо ҷамъи хурдсолон ва мухлисони калонсоли адабиёти бачаҳо тақрибан ба панҷ миллион мерасад, вале теъдоди китобҳо барои ин гуруҳи ҷомеа ҳанӯз аз 200 то 1000 дона аст.

Албатта, дар ин самт баъзе кӯшишҳо ҳаст. Иттифоқи нависандагон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм чор китоби хрестоматия омода карда, ба чоп супурд, ки ба тамоми мактабҳои мамлакат фиристода шудаанд. Муҳим он аст, ки ин китобҳо тадриҷан барои таҳияи китобҳои хониш замина мегарданд.

Дар ин замина асарҳои ҷолиби адабиёти ҷаҳонро бо забону баёну ороиши муносиб пешкаши бачаҳо намудан муҳим ба назар мерасад. Дар ин давра ҳам якчанд асар тарҷума ва ба дасти чоп супурда шуд, ки «Доктор Айболит»-и Корней Чуковский, «Гули ҳафтранг»-и Валентин Катаев, «Шоҳдухтари фасли сармо»-и Ҳанс Кристиан Андерсен, «Хирси ноуҳдабаро»-и Сергей Баруздин, «Чебурашка ва дӯстонаш»-и Эдуард Успенский, ҳикояҳои хурди Лев Толстой аз он ҷумла буда, бо қалами Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Азизи Азиз, Баҳманёр Муродӣ, Сурайё Аҳмадзод равону муассир баргардон шудаанд.

Дар ин давра Иттифоқи нависандагон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм барои адибону адабиётшиносон ва муқарризони навқалам ва ноширони адабиёти бачаҳо  дастурҳои «Шеваҳои эҷоди асари бачагона» ва «Воситаҳои арзёбии асар ва китобҳои бачагона»-ро омодаву чоп кард. Дар онҳо масъалаҳои эҷоду ороиш ва пешниҳоду муаррифии асари бачагона дар замону шароити нав мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Адибони бачаҳо дар ҳамкорӣ бо ТВ «Баҳористон» ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои тарғиби китоб ва китобхонӣ 220 барномаи омода намуданд, дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони Театри давлатии лӯхтак 20 асари бадеӣ пешкаши тамошобинони хурдсол карда шуд, дар Китобхонаи миллӣ, мактабу донишгоҳ ва дигар муассисаҳо мулоқоту суҳбатҳои зиёд баргузор гаштанд.

Оре, метавон аз корҳои зиёди ин самт ёдовар шуд, лекин масъалаи асосӣ барои фаъолияти минбаъдаи Шӯрои адабиёти кӯдакон ва наврасон бо ёрии ҳамагон, пеш аз ҳама, мунаққидони адабиёти бачаҳо Неъматҷон Файзуллоев, Азимҷон Аминов ва дигар донишмандони соҳа эҳёи шуҳрати собиқи ин бахши муҳими адабиётамон боқӣ мемонад. Ва орзӯи он ки боз ҳам чунин шеърҳои муҷаз, дилпазир ва муассир чун ашъори дар зеҳни ҳамаамон нишастаи устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав, Деҳотӣ, Миршакар, Шукӯҳӣ, Гулчеҳра, Убайд Раҷаб, Юсуф Аҳмадзода, Ҷӯра Ҳошимӣ, Ҳамроҳ Усмон, Латофат Кенҷаева, Шарифи Муҳаммадёр, Эгами Назрулло, Абдусаттори Раҳмон бихонем.

Умедворам, ки аҳли толор ибрози назарро оид ба адабиёти кӯдакон дар анҷоми сухан ҳаргиз ба  маънои эътибори камтар ба он не, балки лутфан ба хотири бештару равшантар дар ёдҳо мондани масъалаву мушкилаҳои ин адабиёти бузург мепазиранд.

***

Вакилони муҳтарам!
Меҳмонони арҷманд!

Ин маърӯза ҳаргиз даъвои оинаи тамомнамои панҷ соли адабиётамон будан надорад. Шояд бо айби чангу занги дастнорасии маҷмӯаву китобҳо, ноогоҳӣ аз табъу нашри баъзе мавод, заъфи хотира ва, чунон ки ишора рафт, тангии фурсат корҳое дар    бахшҳои гуногуни адабиётамон дар он акс наёфта бошанд. Чашми он дорам, ки дасти расои музокираҳо он зангу чангҳоро пок мекунанд ва ба инъикоси беҳтару бештари ҳолу ҳавои панҷ соли адабиётамон мусоидат менамоянд.

Сипос барои таваҷҷуҳатон.

Дигар хабарҳо