Наҷоти дунё дар амнияту дӯстист

 Наҷоти дунё дар амнияту дӯстист

Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии дӯстон ва ба истиқболи дастоварди арзишманди таърихии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар — тоҷику узбек

Ҳамасола 9 июн Рӯзи байналмиллалии дӯстон таҷлил меёбад. Ҳамаи мо медонем, ки амну осоиш ва хушбахтии одамизод дар рӯи Замин аз сулҳу дӯстӣ ва муҳаббату  ҳамдигарфаҳмии инсонҳо вобастагӣ дорад. Андешаи дӯстӣ ва пайгирӣ аз он, хусусан, дар замони муосир, ки дунёро бештар душманиву зӯроварӣ, низоъҳои байниҳамдигарии кишварҳо  ба изтироб ва ташвишу таҳлукаҳо овардааст, хеле муҳим аст.

Ҷомеаи байналмиллалӣ барои тарғиби дӯстиву роҳандозии он дар саросари олам кӯшишҳои зиёде намудааст. Дар асоси қарори Ассамблеяи СММ  30 — июли ҳар сол рӯзи байналмиллалии дӯстӣ  эълон гардидааст. Дар ин радиф 9 — июн рӯзи байналмиллалии дӯстон, 25 июн рӯзи дӯстӣ ва ягонагии славянҳо,  3-июн рӯзи дӯстии махфӣ, 26 сентябр рӯзӣ вохӯрӣ бо дӯстони куҳан, илова ба инҳо боз рӯзи дӯстии пионерон низ вуҷуд дорад ва ин номгӯ ҳанӯз поёни ин рӯйхат нест. Ин санаҳо гувоҳи онанд, ки ҷомеаи байналмиллалӣ  ҳамеша дар андешаи пос доштан ва роҳандозӣ кардани  дӯстист, зеро он  ягона кафолати сулҳу амонӣ ва тинҷиву осоиштагии ҷаҳон аст. Дӯстиву бародарии халқҳо ҳамон дастоварде мебошад, ки инсониятро аз хатарҳои ваҳшатзои ҷангу нифоқ ва оқибатҳои мудҳиши он метавонад эмин  дорад. Зиндагӣ нишон додааст, дар он ҷойе, ки дӯстӣ меъёри ахлоқу одоби ҷомеа мебошад, он ҷомеа рушду нумӯи бештару беҳтар дорад, зеро ҳавову фазои дӯстӣ ба меҳру муҳаббат ва некиву хайрхоҳии одамон мусоидат мекунад.

Ҳама халқҳои рӯи олам дар ҳама давру замон дӯстиро баландтарин арзиш ва дастоварди ахлоқиву иҷтимоӣ медонистанд ва табиист, ки мавзӯъи дӯстӣ дар забони мардум, дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва осори бузургон дар шакли гуфтаҳо, зарбулмасалу мақолҳои зиёде  таҷассум ёфтааст.

Аз назари илмӣ низ олимони ҷаҳон собит намудаанд, ки дӯстӣ гарави дарозумрии инсон аст. Илм собит намудааст, ки маҳз муҳити солими дӯстӣ ва рафоқату меҳрубонӣ боиси тансиҳатӣ ва дарозумрии инсон мегардад. Ҳамчунин мунисибатҳои дӯстона дар ҷомеаи инсонӣ таъсири асосӣ ба зиндагии инсон гузошта, боиси дарозумрии ӯ мешавад.  Олимон  пас аз мушоҳидаҳои илмӣ ба хулосае омадаанд, ки дӯстӣ ва дарозумрӣ алоқаи қавӣ байи ҳамдигар доранд. Маҳз алоқаҳои қавиии дӯстӣ шабакаи сироятнопазирии  вуҷуди инсонро қавӣ мегардонанд.  Олимон ба чунин хулоса пас аз анҷоми 148 таҳқиқот оид ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ва фавти мардум омадаанд. Ин таҷриба бо фарогирии 300 ҳазор нафар одаме, ки ба ҳисоби миёна 64 сол доштаанд дар Амрико гузаронида шудааст.

Муҳити дӯстӣ ҳамеша муҳити солим ва нишотбахш аст, муҳитест, ки дили инсонро ба имрӯзу ояндаи зиндагӣ гарм медорад. Инсонҳои бо ҳам дӯст муносибати нек бо якдигар дошта, дар ҳавои хушиву хубӣ ва хайрхоҳӣ бо ҳам зиндагӣ доранд. Онҳо ба табрики ҳамдигар мешитобанд, ба ҳамдигар паём ва дуруд мефиристанд, орзуҳои нек мекунанд. Хусусан  дар он рӯзҳое, ки Рӯзи байналмилалии дӯстон ва ё Рӯзи дӯстӣ эълон гардидааст.

Бузургони дунё ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ ҳамеша роҳнамои дӯстиву бародарӣ ва зиндагии осоиштаи инсонҳо дар рӯи замин будаанд. Ва яке аз асосҳои ин дӯстӣ бовар ба ҳамдигар аст. Ва мо дидаем, ки нобоварӣ ба ҳамдигар дар сиёсати байналмилалӣ  чӣ фоҷиаҳое ба бор овард. Маҳз ҳамин нобоварӣ як кишвари ободу осоишта, мисли Ироқро ба хун олудаву ба хок яксон намуд. Яке аз шахсиятҳои машҳур Лабуис фармудааст, ки “ҳамин ки нобоварӣ роҳ ёфт, дӯстӣ ғайб мезанад”. Ба гуфти Арасту дӯстӣ як рӯҳест, ки дар ду пайкар зиндагӣ мекунад. Аз дӯстии ду нафар дӯстии ҷомеа метавонад сарчашма гирад. Аз дӯстии ду кишвар дӯстии як минтақа ва аз дӯстии якчанд кишвар дӯстии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон сарчашма мегирад.

Метавон мисолҳои барҷастаи зиёде аз осори нобиғагони илму адабамон, аз устод Рӯдакӣ (“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон бартар аз дидори рӯи дӯстон”) то ба Ҳофизи лисонулғайб (“Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дид ба бор орад.”) ва устоди шаҳир Мирзо Турсунзода овард, ки сурудаҳояшон имрӯз шиори зиндагии мардуми сулҳпарвару башардӯсти мо мебошанд:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯдорем мо!

Ин хушбахтии мо тоҷикон ва  миллати куҳанбунёду тамаддунпарвари мост, ки  кишвари сулҳдӯсту дӯстпарвари мо, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  ҳанӯз аз рӯзҳои оғоз сиёсати ҳамзистии осоишта, сулҳу дӯстӣ ва  сиёсати дарҳои кушодро роҳандозӣ намудааанд ва маҳсули он аст, ки Тоҷикистони азизи мо имрӯз дар арсаҳои байналмиллалӣ чун як кишвари хайрхоҳе, ки дар амну осоиш ба сар мебарад маҳбубияти хосси байналмиллалӣ дорад. Ва мардуми олам ҳарчи майли бештаре ба сайру саёҳати он доранд.

Ба андешаи банда,  падидаи ҷолибтарин ва дастоварди арзишмандтарини кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз ҳамкории неку нерӯбахш дар муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дигар, хусусан бо кишвари дӯсту ҳамсоя, Ӯзбекистони бародар аст. Ин муносибатҳои дӯстона бо ҳидоят, ташаббус ва саҳмгузории  ду сарвари  воломақоми ҳарду кишвар Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Узбекистон, Сарвари давлати бародари Узбекистон Шавкат  Мирзиёев тӯли солҳои охир сурат гирифтанд.

Сафари расмии ахиран ба вуқуъпайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки  2-3 июн дар шаҳрҳои Тошканд ва Урганҷ ҷараён дошту бо натиҷаҳои  бобарор баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар ба анҷом расид, гувоҳи дурахшони ин гуфтаҳост. Ин сафар ва натиҷаҳои хурсандибахшу қаноатмандкунандаи он саҳифаҳои нави дурахшони дигарро дар китоби дӯстии ду халқи бародар боз намуд.

Дар ин мулоқоти расмии сатҳи баланд бори дигар аз бунёди таърихии дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар симои дурахшони ду фарзанди фарзони ин халқҳо мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, ки баландтарин намунаи дӯстии бунёдии шахсиятҳои бузург дар таърих асту ба дӯстии ду миллати ҳамсояву ба ҳам дӯст бунёд ниҳодааст, таъкид  гардид. Дӯстии ин ду шахсияти бузурги таърихӣ нишон медиҳад, ки  дӯстии чунин шахсиятҳои бузург  боиси ба ҳам наздик шудани халқҳо ва комёбиҳои баланди илмиву фарҳангӣ онҳо мегардад. Ва хеле нишотбахшу фараҳангез аст, ки мо имрӯз ташаббуси идомаи чунин дӯстии воло, эҳёи навини онро дар симои ду Сарвари ватандӯсту инсонпарвар – Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Узбекистон, Сарвари некбину хайрхоҳи он Шавкат Мирзиёев мебинем.

Дар доираи ин сафар байни ду ҷониб аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ  15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи форуми  соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни  соҳибкорону тоҷирон  ба имзо расид, ки маблағи  тадбиқи  лоиҳаҳои сармоягузории онҳо 1 миллиард доллари  америкоиро ташкил медиҳад, ки ин падида бесобиқа аст.

Бегумон нуқтаи олии  ин сафар ва натиҷаи неки он, ки барои  мардуми ҳарду кишвар онро муҳиму тақдирсоз метавон арзёбӣ кард, имзои Эъломия оид ба таҳкими  дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи  халқҳои тоҷику узбекро амалӣ месозад. Яқин аст, ки ин Эъломияи таърихӣ фазои боварӣ ва ҳамзистии мардуми ин ду кишвари бародарро боз ҳам шукуфотару дилхоҳтар хоҳанд сохт. Ва чунин эъломияе, ки бори аввал дар таърихи муносибатҳои кишварҳо сурат гирифтаву такя ба хираду хайрхоҳӣ дорад, метавонад намунаи ибрати ҳама ҷаҳониён бошад.  Зеро мақсадҳо ва ҳадафҳои олии инсоният дар сайёраи Замин танҳо бо роҳи бовариву эътиқоду эътимод ва муҳаббати тарафайн ва дастгирии ҳамдигарӣ метавонанд амалӣ гарданд.

Натиҷаи дигари шоистаи ин сафар, ки низ дар замони муосир нақши барҷаста дар таҳкими ҳамкории судманди ду кишвар ва халқҳои он хоҳад дошт,  бахшидани  оғоз ба корҳои лоиҳакашию  иктишофӣ  дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт мебошад.

Шоистаи ибрат аст, ки дар асоси фазлу хирад ва дар ҳавои сулҳу осоиш дар ин замони хатарзое, ки низоъу нифоқ ва кинаву нафрат баъзе кишварҳои сайёраро мувоҷеҳи ҷангҳои хунин ва рӯ ба рӯ ба фоҷиаҳои фалокатбор намудааст, ду кишвар ва ду Сарвари соҳибхирад бо муносибатҳои ҳасанаи худ нишон медиҳанд, ки танҳо сулҳу ҳамзистиии осоишта, бовару дастгирии  ҳамдигар метавонанд, кафолати ҳамзистии осоишта ва хушбухтии мардумон бошанд.

Бале, ин аст шарофати дӯстӣ. Дӯстӣ, пеш аз ҳама, ахлоқ аст, ахлоқе, ки одамонро вомедорад сарфи назар аз сатҳи иҷтимоӣ ва дигар меъёрҳо хайрхоҳи ҳамдигар бошанд. Маҳз дӯстист, ки ҳавои солими муносибатҳои инсонҳоро дар сайёра таъмин мекунад. Муҳаббати дӯстӣ ба ин тариқ метавонад аз дил ба дил, аз кишвар ба кишвар, аз халқ ба халқ бигзарад ва як муҳити поки беғараз ва солими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистиро дар дунё ба вуҷуд орад.

Худатон бубинед, одамоне, ки дӯсту рафиқ надоранд, танҳову бемуттако ҳастанд. Як дӯст, дар ҳар куҷое бошад, ҳатто дар дурдасттарин нуқтаи сайёра ба шумо умед  ва бовар мебахшад, дилатонро гарм медорад. Дар иҷрои ҳар кор,  дар ҳалли ҳар мушкили пешомада шумо, пеш аз ҳама, рӯ ба дӯстон меоред ва такя бар онҳо мекунед. Ҳатто хурсандӣ, ҷашну сур ҳамон вақт гарм эҳсос мешаванд, ки онро маҳз бо дӯстон ба ҳам бубинед.  Дар лаҳзаҳои ғаму ғурбат ва гирифториҳо аввалин касе, ки ба сарвақти шумо мерасаду дастатонро мегирад, низ дӯст аст. Аз ин рӯ, зинда бод дӯстӣ ва дӯстон! Танҳо дӯстӣ ва ягонагии инсонҳост, ки қодир аст ва метавонад сайёра ва инсониятро аз фоҷиаҳо наҷот бидиҳад.

Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»,
Шоири халқии Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Дигар хабарҳо