Нақши шахс дар таърих

 Нақши шахс дар таърих

16-уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми инсон дар таърих аз умдата­рин масъалаҳои омўзиш, таҳқиқ, арзёбӣ ва хулосабарорӣ мебошад. Ва аз Дунёи Қадим то ба имрўз мавзуи баҳс интихоб шудааст: магар инсон таърихро офари­дааст ё таърих аз хосияти фавқулодаи қонунмандии тараққиёт ва рушду инки­шоф бархурдор аст?

Дар ҳар сурат, назария ва амалияи тақдири кишварҳои олам омили инсо­ниро ҷузъи муайянкунандаи бунёди давлат ва такондиҳандаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла рушди давлатдорӣ, эътироф менамояд. Софокл таъкид мекунад: «Дар дунё қувваҳои бузург бисёранд. Аммо бузургтар аз Инсон дар табиат дигар неруе нест. Ў дар олам ғолибона қадам мезанад. Та­моми намуди қувваҳоро тавассути ақлу фаросати одамӣ паси сар карда. Лекин боз зўрии Ақли Инсон дар он аст, ки ояндаро ҳушмандона пешгўӣ карда метавонад».

Омўзиши сифатҳои шахсият воси­таи муҳимми дарки воқеияти имрўз ва ояндабинии ҷараёни рушди ҷомеа мебошад. Ба хотири он ки тибқи таъкиди нобиғагони классик, «таърих чизе нест, ба ҷуз фаъолияти ба мақсад нигаро­нидашудаи инсон».

Ҳамзамон бояд донист, ки сарчашмаи асосии мақсадгузорӣ, на шуури инсон, балки раванди воқеаҳои ҷамъиятӣ, олами объективӣ мебошад ва шахсро барои ҷуръат, тасмимгирию амал та­кон медиҳад. Сафарбар менамояд. Воқеият аст, ки ниёз ба амалро ногузир мегардонад.

Аз лиҳози дигар, ба таъбири академик И. Ковалченко, «ҳар насли таърихии инсоният дар давраи мушаххаси замон аз захираҳои таъйингардидаи моддӣ ва маънавие бархурдор аст, ки системаи муносибатҳои истеҳсолӣ, сиёсӣ ва мадании давр онро фароҳам овардааст. Ва ин насл ҳангоми фаъолият қодир аст фақат аз ҳамин захираҳо истифода намояд. Фаъоли­яти худро ташкил кунад.

Дуруст аст, ки дар натиҷаи амали мақсаднок ин захира ва ин имконот метавонанд такмил ва муносибатҳо тағйир ёбанд, аммо амал кардан, танҳо ва фақат дар доираи ана ҳамин имкониятҳо ва ана ҳамин захираҳо сурат гирифта метавонад».

Яъне фаъолияти раҳбари сиёсии ҷомеа, ки бо амри тақдир масъулияти сарвари миллат ба дўши ў меафтад, дар доираи ду омил – моддӣ ва маънавӣ маҳдуд аст.

Таҳлил, баррасӣ ва арзёбии шахсия­ти раҳбари сиёсӣ аз он ҷиҳат ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, ки сарфи назар аз замон ва мушкилоти рў ба рўйи ҷомеа, фазилати ў муҳитсоз ва омили ташаккули навъи боварӣ, эътимод, ахлоқ ва маънавиёти табақањои гуногуни ҷомеа мегардад.

Яке аз самтҳои омўзиши сифати шахсияти раҳбар, инъикоси фаъолияти ў дар ҳолати динамикӣ – қудрати пе­шрафт, ҳалли мушкилот ва сарнавишти сиёсии ҷомеа, ки новобаста аз иродаи зимомдори мамлакат арзи вуҷуд карда­аст, маҳсуб мегардад.

Насли мо шоҳиди сиёсати амалии Сарвари кишвар дар мушкилтарин даврони давлатдории тоҷикон, охири асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI аст.

Ман, ҳамчун шаҳрванд, шоҳиди воқеӣ ва иштирокдори раванди сиёсати амалӣ зери раҳбарии Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам.

Аз ин лиҳоз, барои мо арзишман­дии табиат ва нақши шахсияти Раҳбар дар тулуи мушкилнафаси давлатдо­рии миллӣ, шароити ниҳоят сангини гирдоби таърихӣ, даврони тақдирсоз, қонунмандии ҷараёни тараққиёти ҷа­мъиятии замон чун оина равшан аст.

Волотарин сифати роҳнамо дар қудрати қабули қарор ва амали кардани он дар чаҳорчўбаи таъмини суботи миллӣ ва рушду тараққиёти мамлакат аён мегардад.

Нақшаи ба ниёзҳои мардумӣ ҷавобгў, тахассусмандона ва дақиқ пешбинигар­дидаи зина ба зина ба эътидол овардани вазъи мамлакат, нишонаи аслии ин сиёсат ба ҳисоб меравад. 

Бузургтарин фоҷиа барои марду­мони олам низоъ бар мабнои динӣ – мазҳабӣ ва миллӣ – маҳалгароӣ ба шумор меравад. Бо ангезаҳои умқӣ ва носолими руҳиву равонӣ, ки хосияти ҳамагонии қишрҳои васеи мардуми­ро касб мекунад, ҳаллу фасли чунин даргириҳо аз мушкилтарин вазифаҳои сарварони кишвар, ҳатто наслҳо мегардад. Ҳамасрони мо шоҳиди чу­нин воқеаҳои хуношоми тулонӣ дар Сурия, Ироқ, Яман, Сомали, Судон ва даҳҳо кишвари дигари олам мебо­шанд. Хирадмандии роҳбари давлат, дараҷаи олии тавони ҳаллу фасли мушкилоти инсонӣ, ки дар қазияи фа­локати миллати тоҷик зуҳур гардид, аз сифатҳои олӣ ва фарқкунандаи Сарвари Тоҷикистон мебошад.

Дар баробари ин, дар шароити хази­наи холии давлат, кӯшиши умдаи ҳуку­мат – масъалаи бо нон таъмин кардани аҳолӣ буд.

Тавассути қабули қарорҳои ғайри­маъмулӣ ба мардум заминҳои корам тақсим карда шуд. Дигар чораҳои фавқу­лодаи наҷот аз гуруснагӣ ва касалиҳои марбут ба ин вазъ рухдода, батадриҷ амалӣ гардиданд.

Роҳбари давлат муътақид аст, ки мавҷудияти инсон дар ҷомеа хоси­яти мухтор надорад. Маҳсули фазо, муҳит, вазъият ва воқеият аст. Рушди инсониро масъалаи ҳаётан муҳим ва замонати тараққии устувори имрӯзу ояндаи миллат эълон ва дар ин самт миллиардҳо сомонӣ сарф кард.

Чунин назария ва усули кор раванди мақсадноки стратегӣ гирифт.

Давлат бо тамоми неру кӯшиш меку­над, ки наврасону ҷавонони мамлакат бо тарбия ва таълими босифат фарогир бошанд. Дар бораи қонунҳои тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккур тасаввуро­ти аниқ дошта, роҳ ва усули истифодаи онҳоро омӯзанд. Агар воқеияти объек­тивӣ ба фазои субъективӣ таъсиррасон бошад, субъект низ мебояд ба ҳолати объективии ҷомеа таъсиргузор, фазосоз, аз ҳама муҳим, омил будани худро ба намоиш гузошта тавонад.

Зарур ба таъкид аст, ки Илм, До­ниш ва Маърифат аз ниёзҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи башарӣ ҳастанд. Кӯшиши Сарвари кишвар, ки мо солҳо шунидем ва дидем, таъкиди он нуктаест, ки «сафарбар кардани тамоми неруи инсонӣ ба самти ягона – рушди донишу маърифат мебошад. Давроне хушбахт ҳисобида мешавад, ки бузургтарин фатҳ – расидан ба қул­лаҳои дониш эътироф гардад» (Анри Сен–Симон).

Яке аз нишонаҳои хирадмандии Роҳбари давлат ҷиддан ба инобат гирифтани пешомадҳои фавқулода ва ғайриинтизори иқтисодӣ, иҷтимоии дохилӣ ва омилҳои берунии хосияти табиӣ ва геополитикидошта маҳсуб мегардад.

Муносибати Сарвари давлат дар ин маврид, аз дидгоҳи диалектикӣ бархӯрдор аст. Ӯ ба воқеият аз мавқеъ ва вусъати тағйирёбӣ, дигаргуншавӣ, инчунин, эҳтимоли таъсиррасонӣ ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷики­стон менигарад.

Ба ақидаи ӯ, инсон дар ҷаҳони бесарусомонӣ ва пешгӯинашаванда, бояд низоме коркард ва роҳандозӣ кунад, ки манфиатҳои миллат ва давлатро ҳимоя карда тавонад. Ҷомеаро дар ҳолати рушд ва ҷавобгӯ ба талаби замон нигоҳ дорад.

Ба андешаи мантиқии Роҳбари давлат, дар баробари омили ирси­ят, инсон маҳсули муносибатҳои ҷамъиятӣ аст. Тарбият, муҳит, дони­шу маърифат, таҷриба ва таҳлили муқоисавии таҳаввулоти зиндагӣ ва хулосаи дуруст баровардан аз он, барои ташаккули шахсият таъсири муайянкунандагӣ доранд.

Таҳлили назария ва амалияи сиё­сии Сарвари кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки идеали асосии ӯ сохтани давлати миллӣ тавассути тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ бар пояи баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст.

Мо эҳсос мекунем, ки ақидаҳои мазкур аз ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва эътиқод­мандии бунёдии ин шахсияти бузург сарчашма мегиранд.

Солҳо, мутобиқ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ман Сардори давлатро дар сафарҳо ҳамроҳӣ кардаам.

Барои донистан, ӯ на танҳо ода­монро ба ҳузури худ мепазирад, бал­ки борҳо пеши мардум меравад, то шахсан ба аҳвол, кору бор ва рафти зиндагиашон шинос шавад.

Ҳар як сухану амалаш барои он такрорнашаванда ва ҷолиби таваҷҷуҳанд, ки натиҷаи таҳлили таҷрибаи зиндагӣ буда, дарбаргирандаи ниёзҳои рӯзафзун ва тағйирёбандаи талаботи ҷамъиятист.

Мо ҳангоми иҷрои вазифа эҳсос мекунем, ки Сарвари кишвар нисбат ба мавқеъ, супориш ва вазифаҳогу­зориҳои худ итминони комил дорад. Аз рӯйи зинаҳои ташаккул, камолоти давлат, пуштибонии мардуми одӣ аз ин сиёсат муътақид аст, ки роҳи интихобкардааш дуруст ва адолат­хоҳона аст.

Эътиқодмандии Президент ба ормону орзуҳои худ аз асоси воқеӣ бархӯрдор мебошад. Он бар шуур­нокии ҳақиқӣ, дарки воқеии вазъ дар дохили мамлакат, минтақа ва кишварҳое, ки тақдири Тоҷикистон бо онҳо алоқамандӣ дорад, асос ёфтааст.

Аз диди Роҳбари давлат, офаран­даи таърих инсон аст. Ҳар шахс бояд масъулияти худро дар назди ҷамъият барои имрӯз ва оянда эҳсос кунад. Ва­зифаҳои худро донад. Онро бо дарки масъулият ва кулли имконоти руҳиву равонӣ ва ҷисмонӣ иҷро намояд.

Дар Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ягона кишваре буд, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлол ба мушкилтарин ша­роити сиёсӣ-ҳарбӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ гирифтор шуд.

Аз лиҳози қаламрав, мавқеи ҷуғрофӣ, релеф, захираҳои замини корам, кан­даниҳои фоиданок, дар мавқеи ғайри қобили муқоиса бо дигар давлатҳо қарор дорад.

Дар ин маврид, Сарвари кишвар воқеиятро дарк карда, таъкид менамо­яд, ки имконоти тараққиёт ва пешраф­ти Тоҷикистон танҳо дар канданиҳои фоиданок ва мавқеи ҷуғрофиёии он нест. Аз захираҳои маънавӣ, ақл, фаросат, дониш, тахассусмандӣ ва дараҷаи рушди илму маърифат – за­хираҳои инсонӣ, иродатмандии саро­сарии миллӣ вобастагӣ дорад.

Роҳбари давлат ба хирад ва кас­бият чун муҳимтарин воситаҳои истеҳсолот ва такомули давлатдории миллӣ муносибат мекунад. Неруи ас­лии инсонро на дар мавҷудияти одии ҷисмонӣ, балки дар моҳияти ҷаҳон­бинӣ ва руҳи ӯ ба инобат мегирад. Баҳо мегузорад.

Борҳо ман шоҳиди он будам, таъкид мекард, ки ягона маҳаки шинохти инсон – дарки манфиатҳои миллӣ, му­вофиқати кору амали ӯ дар лаҳзаҳои барои давлат ҳалкунанда ва ҳаётан муҳим аён мегардад. На дар сухан ва шиорпардозӣ.

Ҳангоме ки мо дар бораи шахсияти Сарвари кишвар андеша мекунем, роҳи тайнамудаи ӯро дар зиндагӣ ба ёд ме­орем.

Ӯ дар оилаи деҳқон таваллуд ва бузург шудааст. Тамоми зинаҳои ҳаёти худро дар миёни мардуми одӣ дар меҳнат, заҳмат, омӯзиш ва андӯхтани донишу таҷриба сипарӣ кардааст.

Хулосаи мо ин аст, ки бузургтарин устоди Роҳбари давлат таҷрибаи рӯзгор аст.

Ҷомеа ҳамчун ҷузъи табиат дар давраҳои муайян, ҳассос ва хатарзои таърихӣ қудрати худро ба намоиш мегузорад. Таҷрибаи асрҳои аср дар хазинаҳои ирсии маънавиёти миллӣ маҳфуздоштаро аз худ нишон медиҳад.

Ҳамзамон, шахсияти бузург падидае нест, ки ба тарзи алоҳида, мухтор худро ҳамчун қаҳрамони фардӣ муаррифӣ ку­над. Не. Баръакс. Шахсияти бузург онест, ки тамоми қудрати хешро барои хизмат ба ниёзҳои мардум равона кардааст.

Аз ҷумлаи сифатҳои инфиродии Роҳбари давлати Тоҷикистон, ки мавриди эътирофи умум гаштаанд, волотарин мақом дар байни аҳли су­хан дорад. Болотарин манзалат дар иҷрои қавлу амал ӯрост. Ба ҳамин васила, шуҳрату шарафу обрӯ касб кард. Мардум ӯро Пешво хонд.

Шахсияти гениалӣ ормон, мақсад ва ниятҳои худро дар он шароит амалӣ мекунад, ки чунин нақш ба хислати маънавиёти мардумӣ ва муҳити зиндагӣ созгор ояд.

Эҳёи миллат барои Роҳбари давлат аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, бо су­пориши ӯ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба ҳар як хонадони тоҷик туҳфа карда шуд. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро чун қуръони Аҷам эътироф ва китоби рӯйимизии ҳар фарди ватанпарвар эълон кард.

Таҳлили сифатии фаъолони ба саҳнаи сиёсии солҳои навадуми асри гузашта воридшуда – яке аз фоҷиа­бортарин давраи таърихии миллати тоҷик, нишонгари он аст, ки бидуни чунин шахсияти бузурге мисли Эмо­малӣ Раҳмон, расидани миллати паро­кандагашта ба сулҳу субот ва таъсиси давлати ягонаи соҳибистиқлол ва ба пайроҳаи рушд раҳнамун сохтани он, ғайриимкон буд.

Ҳамзамон бо ин, мо ҷонибдори он ақида ҳастем, ки зуҳуроти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти фавқу­лодаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик, падидаи ғайриинтизор нест. Ӯ ифодакунандаи рушду камол, хираду андешаи таърихии миллати тоҷик дар роҳи Истиқлоли давлатӣ, маҳсули асрҳост, ки дар нақши ин абармарди сиёсат таҷассум ёфт. Эҳёгари ормону орзуҳои миллат дар ҳазораи ахир гашт.

Ҷойи сипос, хотиррасонӣ ва таъкид аст, ки дар муддати зиёда аз се даҳ­солаи ахир, таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълимоти назари­явӣ ва таҷрибаи амалӣ дар масъалаи таъсис, рушд, инкишоф ва ҳимояи сохти давлатдории миллӣ коркард ва роҳандозӣ гардид.

Аз худ кардан, инкишоф додан ва амалӣ намудани ин таълимот аз муҳим­тарин вазифаҳои наслҳои имрӯзу фардо, ҳамчун замонати пойдорӣ, субот ва та­раққии миллӣ мебошад.

Хотирот шакли ифодаи мавқеи шахсӣ аст.

Мо ҳамасрон, ҳамкорон, ҳамсафон ва шоҳидони даврони ҳокимияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем.

Рӯзу моҳу солҳо моли таърих меша­ванд.

Чун воқеият шакли субъективии дар­ки ҳастист, бидуни шубҳа, дар бораи шахсиятҳои фавқулодаи таърихӣ низ, садсолаҳо тафсир ва тавсифномаҳо идома хоҳанд ёфт.

Ин зуҳуроти одӣ ва маъмулии таҷри­баи таърихи инсоният аст.

Насли охири асри ХХ ва оғози ни­маи аввали асри ХХI мушоҳидачии фаъоли заҳматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати амалии давлатдорӣ – ташкил ва раҳбарии ҳу­кумат, пешбурди кори соҳаҳои ҳаётан муҳим ва тақдирсози сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, коркард ва роҳандозии соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ, мудофиавӣ, илм, маориф ва фарҳанг мебошад.

«Тасдиқ мегардад, ки истеъдод ва зуҳуроти шахсияти фавқулодаи таърихӣ хосияти модарзодӣ дорад». Ин хулосаи Гегел низ дар сифатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеияти истисноӣ нест.

Агар бунёдгузори давлати тоҷикон нобиғагии худро дар сиёсат ба аҳли башар нишон дода бошад, шахсияти ӯ низ барои мо ба ҳамин дараҷа омӯ­занда аст.

Аммо ҳақиқати таърихиро бояд эъти­роф намуд.

То замони Истиқлол тадқиқоти мустақили мукаммали бунёдии ба ни­зом даровардашудаи академӣ нисбат ба таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва нав аз ҷониби олимони маъру­фи тоҷик, рус, шуравӣ ва байналхалқӣ анҷом ёфта буд.

Нобиғагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар натиҷаи тадқиқи мавод ва таҷрибаи таърихӣ, махсусан воқеияти талхи солҳои авва­ли мустақилият дар ҳаёти халқи тоҷик, муборизаҳои шадиди геополитикии муосир ва зарурати ҳаётии ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, бо таълифи асар ва суханрониҳои анде­шамандонаи дар умқи фикр сайқал­дида, консепсияи Истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои хештаншиносӣ ва худши­носии миллиро илман коркард ва ба ҳамватанон пешкаш кард.

Дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун инсон ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурӯтан, хушсуҳбат, некта­биат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёкон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи руҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъу­лиятшинос, руҳбахш, пуркору накуко­ру пурсаъю қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошноро дарёфтам.

Ӯ воқеан, меҳнатдӯст ва заҳ­матқарин аст. Дар шоҳидӣ ва пеши назари мо садҳо, ҳазорҳо амале ба намоиш гузошт, ки ӯро ҳамчун ҷа­вонмард, фарзанди баруманди ин сарзамин, ҷонфидо ба хотири сулҳу субот, ваҳдат, якпорчагии Ватан, обрӯ, манзалат ва тақдири таърихии миллат ва давлати тоҷикон муаррифӣ кард.

Масъулияти таъмини амнияти мамла­кат, ки солҳо ба дӯши банда гузошта шу­дааст, воқеан, ҳамарӯза сайқали дониш, таҷриба ва касбиятро тақозо мекунад.

Бояд эътироф намуд, ки Роҳбари давлат ҳангоми баррасӣ, таҳлил ва арзёбии маълумот, дараҷаи баланди истеъдоди фитрӣ, тавони расидан ба моҳияти масъала, дарк кардани тазо­де, ки аз аломатҳои зоҳирии маълу­мот ба қонунмандӣ ва умқи падидаи ҷолиби таваҷҷуҳ мебарад, муносибат мекунад.

Дар қабули қарор иродатмандӣ, солорӣ ва мустақилияти омӯзанда аз худ нишон медиҳад. Моро низ ба чунин муносибат ба ҳама гуна далел водор месозад.

Хирад ва таҳаммулпазирии Роҳ­бари давлат бо вуҷуди серталабӣ, дар муносибат бо аъзои Ҳукумат, роҳбарони дараҷаҳои гуногуни мақо­моти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дар лаҳзаҳои ҳассос, мураккаб ва гоҳо нобарории иҷрои вазифаҳои хизматӣ, барои ҳама гуна сатҳҳои мақомот намунаи барҷастаи омӯзиш, таҷриба­андӯзӣ, арзёбӣ ва хулосабарорӣ аст.

Дар бораи роҳ, усул, маърифат, назокат, муошират ва фарҳанги волои идории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месазад тадқиқоти тахассусмандонаи академии шоистаи илмӣ ба анҷом расад. Ва он ҳамчун мактаби раҳба­рии давлатдории миллии намунаи ибрат, мавриди истифодаи наслҳо қарор гирад.

С. ЯТИМОВ

Дигар хабарҳо