Нақди адабӣ ва адабиёти миллӣ
Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода
(Мисбоҳиддини Нарзиқул. Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир. – Душанбе: Аршам, 2022. — 406 с.)
Мутолиаи китоби “Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди адабии муосири”-и Мисбоҳиддини Нарзиқул ин нуктаро барои хонанда равшан месозад, ки масоили меҳварии таҳқиқи муаллиф дар се бахш – наср, назм ва нақд ҷараён гирифта, маҷмуан бар он 32 мақола ворид гардидааст.
Дар бахши назм низ силсилаи мақолаҳои фароҳамомада бо равишҳои хос ва диду назари фардии муллиф дар шинохти шеъри имрўзи тоҷик ба қалам омадаанд. Ба таъбири дигар, метавон ин нуктаро изҳор дошт, ки Мисбоҳиддини Нарзиқул дар нақди шеър дар баробари усулҳои муътабари нақду шеър дар қаламрави нақди имрўзи ҷаҳонӣ аз равишҳои хосае ба кор мегирад, ки онҳо дар заминаи таҳқиқ дар вазни шеър, сохтору муҳтаво, сабки суханварӣ, суннат ва навоварӣ, таҷрибаҳо дар қолибҳои шеър муқаррар гардидаанд.
Дар ин маврид низ масоили куллии марбут ба равандҳои шеъри муосири тоҷик, ба шумули шеъри ҷавонон ва як ғалати машҳур, шеъри арўзи озод дар ҳавзаи адабии Тоҷикистон фарогири мабоҳиси куллии марбут ба шеъри имрўз ҳастанд. Дар мақолоти дигар бошад, ашъори устод Лоиқ Шералӣ, шоироне чун Муҳаммад Ғоиб, Рудобаи Мукаррам, Баҳроми Раҳматзод ба унвони намояндагони ҷараёнҳои шеъри имрўз нақду баррасӣ шудаанд. Мақолаи “Ҳадяи шоир чӣ бошад! Шеъри нав” нақди муаллифро ба шеъру андешаи яке бунёдгузори шеъри нави форсӣ – Нимо Юшиҷ дар худ таҷассум намуда, паёме аз он ба мо мерасонад, ки нақду баррасиҳои анҷомдодаи муаллиф маҳдуд ба шеъри муосири Тоҷикистон набуда, балки муаллиф шеъри имрўзи моро дар паҳнои равандҳои пешқадами шеъри муосири форсӣ нақду таҳқик мекунад. Бояд гуфт, ки шеваҳои хоси нақду баррасиҳои Мисбоҳиддини Нарзиқул роҷеъ ба шеъри имрўз чанд вежагии муҳим доранд, ки аҳаммияти онҳоро дар шинохти шеъри имрўз ва арзишдоварии он муқаррар месозад. Дар навбати аввал муҳаққиқ бо риояти суннатҳои хоси нақду баррасӣ ва пажуҳишӣ дар ҳар мақолаи хеш пешинаи таҳқиқро ба миён гузошта, мақолаву нигоштаҳои дар робита ба мавзуи меҳварӣ иншогардидаро тасниф ва масоили калидии онҳоро шарҳу тафсир мекунад.
Дар пажуҳишҳои Мисбоҳиддини Нарзиқул масъалаи сабки фардии шоир дар мисоли шеъри устод Лоиқ низ хеле мўшикофона баррасӣ шуда, таҳаққуқи фаҳмишҳои назарии он бо амал дар мисоли шеъри ин суханвари соҳибназари мо тафсир ёфтааст. Афзуданист, ки Мисбоҳиддини Нарзиқул роҷеъ ба зиндагинома, баррасӣ ва нақди шеъру андешаи устод Лоиқ китобе ҷудогонае бо номи “Фуруғи ҳастӣ” ҳам таълиф кардааст, ки ҳанўз соли 2002 ба нашр расидааст. Пажуҳишҳои вориди китоби “Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир” идомаи силсиланақдҳои ў дар бораи шеъри устод Лоиқ мебошанд, ки мабоҳиси тозаи дигар дар он онҳо ҷой гирифтаанд, ки намунааш баррасии вежагиҳои сабки фардии шоир аст.
Дар иртибот ба чунин пажуҳишҳои анҷомёфта метавон ба як вежагии муҳими силсиланақдҳои Мисбоҳиддини Нарзиқул ишорат кард, ки он ҳам мабоҳиси ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ дар бораи вазни шеър ва мушкилоти он ба шумор меравад. Дар аксари нақдҳои роҷеъ ба шеъри имрўз сомондодаи ў баҳси авзони шеърӣ ҷойгоҳи махсус дорад, зеро воқеан шояд ба сабаби мушкилот ва душворӣ дар кори маърифати он мавзуи авзони шеърӣ дар адабиётшиносии тоҷик хеле кам таҳқиқ шудааст. Таҷрибаҳои шоистаи тадриси фанни “Назмшиносӣ” дар донишгоҳ, таваҷҷуҳи амиқ ба масоили назарии омўзиши он ва иншои чанд китоби арзишманд роҷеъ ба вазни шеъри тоҷикӣ дар баробари муаррифии ў ба унвони яе аз пажуҳгарони пешсафи масоили назарии авзони шеърӣ самараҳои матлуби корашро дар таъйини бурду бохти шеъри имрўз аз назари сохторшиносӣ ва истифодаи авзони мутаводили шеърӣ, таҷрибаву тозакорӣ ва нуқсу норасоиҳо муқаррар месозанд. Мусаллам аст, ки бештари маврид ғалатҳое, ки дар шеъри шоирони имрўз сар мезанад, ба масъалаи вазни шеърӣ марбутанд, ки дар аксар мақолаҳои дар нақди шеъри муосир ба қалам овардаи Мисбоҳиддини Нарзиқул ин мавзуъ матраҳ шудааст. Ҳатто дар мақолаи “Назаре ба шеъри ҷавонон ва як ғалати машҳур” муаллиф нодуруст шикастани мисраъро дар вазни арўзи озод ё худ шеъри нимоӣ дар шеъри наслҳои мухталиф ба унвони ғалати машҳур муаррифӣ мекунад ва маълум аст, ки ин иштибоҳи роиҷ ҳам ба таври куллӣ ба вазни шеър рабт мегирад. Агарчӣ мақолаи мазкур соли 2009 дар заминаи як суханронии муаллиф дар ҷаласаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба қалам омада, шеъри насли ҷавонони давраи даҳсолаи аввали қарни ХХI-ро фаро мегирад, вале бегумон мулоҳизоти нигорандаи он барои наслҳои имрўз низ ҳукми машваратҳои судмандеро соҳиб аст, ки насли имрўз метавонанд аз он дидгоҳҳо дар такмили сохториву ҳунарии шеъри худ баҳраманд бошанд. Баробари ин, баҳси заминаҳои зуҳури арўзи озод дар ҳавзаи адабии Тоҷикистон ва раванду майлонҳои он низ дар идомаи баррасиҳои боло аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии нақду баррасиҳои муаллифи китоб ба шумор меравад, ки дар баробари бозгўии муҳим будани таҳқиқи он бурду бохти шоирони имрўз дар самти эҷоди чунин навъи шеърӣ мушаххас гардидааст. Баҳс аз шеъри “Марши ҳуррият”-и устод Айнӣ ва муқаддамии таълифи он аз “Афсона”-и Нимо Юшиҷ оғоз ёфта, баъдан тағйироти шаклии Пайрав Сулаймонӣ дар ашъори ғиноӣ ва зуҳури навпардозиҳои ў дар заминаи вазни арўз баррасӣ шудаанд. Бахши савуми китоб мақолотеро фаро мегирад, ки дар нақди нақди адабӣ ва адабиёшиносӣ ба қалам омадаанд. Бо такя бар ин мақолаҳо ва дигар навиштаҳои муаллиф метавон изҳор дошт, ки ў дар нақди нақд низ аз ҷумлаи пешсафон ба шумор меравад, ҳол он ки дар ҳақиқат ин тамоюли муҳимми нақди адабӣ имрўз ба такмилу тарвиҷ ниёз дорад.
Баҳсҳои марбут ба сирқоти адабӣ, масъалаҳо ва мушкилоти нақди адабии муосир тарҳи муҳим ва заминаҳои назарии масоили зарурии марбут ба нақди адабиро шарҳу тавзеҳ дода, дар умум оинаи нақди адабии муосиро равшан бозгўӣ намудаанд. Чанде аз мақолоти шомили ин бахш ҳосили суханрониҳои илмии муаллиф дар ҷаласаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошанд, ки роҷеъ ба мақолоту тақризҳои чопшуда оид ба нақди адабӣ дар саҳифаҳои нашрияҳои “Адабиёт ва санъат”, “Садои Шарқ” буда, дар умум манзараи куллии нақди адабӣ ва адабиётшиносии кишварро равшан сохтаанд. Дар баробари баррасии саҳми устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷодаи ташаккули адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар солҳои 2016-2020 ду мақола бевосита ба таҳқиқи нақши ду нафар адабиётшинос ва мунаққиди варзидаи тоҷик Худоӣ Шарифзода ва Абдунабӣ Сатторзода ихтисос ёфтаанд, ки ҳамагӣ фаъолиятҳои пурдоманаи муаллифи китобро дар самти нақди нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ бозгўӣ мекунанд.
Дар умум, мутолиаи китоби “Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди адабиёти муосир”-и Мисбоҳиддини Назриқул ин нуктаро мусаллам мегардонад, ки бо таълиф ва нашри он муаллиф асари шоистаеро бо фарогирии тамоми паҳлуҳои нақди адабӣ: нақди шеър, нақди наср ва нақди нақд ба қалам овардааст. Бо иншои китоби мазкур, ки фарогири равандҳои фаъолияти ноқидии муаллифи он дар давоми бештар аз бист соли охир мебошанд, номбурда чеҳраи худро ҳамчун намояндаи муваффақи се шохаи адабии нақд: нақди шеъру нақди наср ва нақди нақд муаррифӣ намудааст.
Мулоҳизаҳои муаллиф дар ҳар бахши он бо диди дигар ва шеваи хоси худи ў баён шуда, масъалаҳои меҳварӣ аз зовияҳои меъёрҳои мутаккӣ ба таҷрибаҳои пешқадами нақди адабии ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин ҳосили ҷустуҷўву ковишҳо ва тамоюлҳои эҷодии худи муаллиф баррасӣ гардидаанд. Бахше аз китоб ба нақду баррасии вежагиҳои мухталифи осори насрии адабиёти муосири тоҷик ихтисос ёфтааст. Агарчӣ Мисбоҳиддини Нарзиқул дар як мақолаи ҷудогонаи хеш вазъи куллии ташаккули навъи роман ва романнависӣ дар адабиёти даврони истиқлоли миллиро мавриди баррасӣ қарор дода бошад ҳам, вале занҷираи пайванди масоили меҳварии мавриди таваҷҷуҳи мунаққид дар робита ба нақду баррасии вежагиҳои сабкиву мавзуӣ жанри роман, ҳусну қубҳи корномаҳои эҷодии романнависони муосири тоҷик дар мисоли таълифоти адибоне чун Муҳаммадзамони Солеҳ, Абдулҳамид Самад, Сайидаҳмади Зардон, Раҷаб Мардон, Юнус Юсуфӣ, Мирзонасриддин, Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, Юсуф Аҳмадзода, Бахтиёр Муртазо ва дигарон дар чанд мақолаи дигар ба таври куллӣ пажуҳишҳои ўро ҳамчун таҳқиқи мукаммале роҷеъ ба вазъи умумии инкишофи жанри роман дар адабиёти даврони истиқлол муаррифӣ менамоянд. Бар ин асос, нақду баррасии роман дар адабиёти муосири тоҷик аз ду зовия – таҳқиқ дар равандҳои умумии инкишофи он вобаста ба ҷараёни куллии адабиёти муосир ва нақду баррасии вежагиҳои романҳои ҷудогона сурат гирифта, муштаракоте дар шеваи нақд дар ҳар ду равиш ба мушоҳида мерасад. Агар дар мақолаи “Диди таърихии романнависони имрўзи тоҷик” масъалаи ҳофизаи таърихӣ ва таҷассуми бадеии таърих дар насри имрўз хати пайванди масоили меҳварии таҳқиқро муқаррар намояд, дар мақолаи “Роман дар адабиёти давраи пас аз истиқлоли Тоҷикистон” вежагиҳои куллии жанри роман, суннат ва навоварӣ дар ин навъи адабӣ нақши калидӣ касб кардаанд. Дар мақолаи аввал романҳои таърихии нависандагони тоҷик – “Девони Хуросон”-и Муҳаммадзамони Солеҳ, “Достони писари Худо”-и Сорбон, “Бармакиён”-и Равшани Ёрмуҳаммад, силсилаи чаҳоргонаи “Асрори таърих”-и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, ки ба он “Шоҳроҳи Абрешим”, “Садди Суғд”, “Дар домани Тахти Сангин”, “Матонат”, “Куруши Кабир”-и Бароти Абдураҳмон нақду баррасӣ шуда, зимни пажуҳиши осори мазкур муҳимтарин вежагиҳои романҳои таърихӣ дар насри муосири тоҷик шарҳу тафсир ёфтаанд. Дар мақолаи дувуми марбут ба таҳқиқ дар романи имрўз 16 романи муосир нақду баррасӣ шудаанд, ки аз вусъати масъалагузорӣ, шинохти арзишҳои адабӣ, тамоюлҳои эҷодӣ ва дар умум фарогири фазои куллии вазъи романнависӣ дар адабиёти имрўз дар он паём мерасонанд. Мусаллам аст, ки дар шинохти наср дар ҳама давру замон забонро яроқи асоси нависанда унвон кардааст, зеро маҳз забон ва доираи имконоти забонӣ ба адиб имконият медиҳад, ки вусъати фикр, тасвири воқеияти зиндагонӣ, аносири сувари хаёл, диду водид, бардошту маърифати хешро аз рўзгор ба қалами тасвир дароварда, бандубасти мувофиқи мақсади асари бадеиро таъмин намояд. Аз ин рў, таҳқиқи амиқи вежагиҳои забонии романҳои мазкур дар пажуҳишҳои Мисбоҳиддини Нарзиқул воқеъбинонаву мўшикофона сурат гирифтааст, зеро дар баробари муваффақиятҳои нависандагони мо дар тарҳи баёни матолиб,орояҳои забонӣ бурду бохти онҳоро дар амри риояти таносуби калом, истифодаи бомавриди вожагону таркибҳо, мантиқи сухан низ изҳор намудаст, ки аз нақду баррасиҳои амиқ ва баёни мулоҳизот дар доираи санҷаҳои хоси суханвариву нависандагӣ дарак медиҳанд. Бо мутолиаи ин китоб мо бо итминон метавонем изҳор дорем, ки дар баробари пешрафтҳои назму насри имрўз нақди адабӣ низ дар ҳоли рушду такомул аст ва дидгоҳу равишҳои хоси шинохти шеър, нақду баррасии он шакл гирифта истодаанд.
Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филологӣ, профессор