Нашри «Ёддоштҳо» дар Эрон

«Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ аз ҷониби интишороти «Орван» дар чор қисм барои ҳамзабонони эронӣ чоп шуд. Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ вобаста ба чопи асар чунин изҳори назар намуд:
«Айнӣ донишманди камназири забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги гуфторӣ ва навиштории тоҷикон буд. Ҳар қадар бодиққат асарҳои устодро мутолиа намоем, дар пеши назар чизҳои нодире намоён мегарданд, ки барои донистани рӯзгори мардум бисёр муҳиманд. Бавежа, «Ёддоштҳо»-и ӯ, ки дар асоси воқеаҳо ва ҳодисаҳои дида, шунида ва мушоҳидакардаи муаллиф таълиф шудааст, дар донистани фарҳанги мардуми асри XIX ва аввали асар XX беҳамто мебошад. Ҳар лаҳзаеро, ки Айнӣ тасвир намудааст, дар асоси он метавон роҷеъ ба воқеаҳои гуногуни он замон ба андеша рафт.
Дар Эрон бори аввал «Ёддоштҳо» соли 1362 (1983) аз ҷониби Алӣ Акбар Саиди Сирҷонӣ ба нашр расида, зуд таваҷҷуҳи хонандагон ва пажӯҳандагонро ҷалб намуда буд. Баъди мутолиаи он байни аҳли фарҳанг вобаста ба тасвирҳои устод Айнӣ саволҳое пайдо шуданд, ки ба тавзеҳ ниёз доштанд, бояд касе онҳоро ба таври муфассал, бо ҷузъиёт ва шарҳи луғатҳо анҷом медод.
Ин ниёзҳоро ба назар гирифта, доктор Мустафо Бобохонӣ барои баргардони дубораи «Ёддоштҳо» камари ҳиммат мебандад.
Мустафо Бобохонӣ барои дарки бештари ин асар китоби дигареро дар 285 саҳифа зери унвони «Пайвастҳои «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (Муқаддима, мақолаҳо, намояҳо) пешкаши хонандагон менамояд. Китоби мазкур мустақил аст, вале метавон онро ҷилди панҷум гуфт. Он натанҳо «Ёддоштҳо», балки хонандагон ва пажӯҳандагони мамлакати ҳамзабонро бо таҳқиқоти муҳаққиқони тоҷик низ ошно месозад. Дар китоб баъди пешгуфтори «Чанд дастури калидӣ» мақолаҳои пажӯҳандагони тоҷик Ш. Исрофилниё, Н. Зоҳидӣ, А. Раҳмонзода, Р. Раҳмонӣ, М. Имомзода, А. Маҳмадаминов, Л. Шарифзода, М. Хоҷаева, А. Кӯчарзода ва Ш. Ҷамшед оварда шудаанд. Дар идомаи мақолаҳо «Феҳристи мисраъҳои аввал ва дувуми байтҳо», «Феҳристи зарбулмасалу мақолҳо», «Феҳристи номи касон», «Феҳристи номи ҷойҳо», «Феҳристи китобҳо ва нашрияҳо», «Феҳристи қавмҳо, тоифаҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳо», «китобнома» низ омадааст, ки барои беҳтар омӯхтани «Ёддоштҳо» хеле муҳим аст.
Доктор Мусафо Бобохонӣ ҳамчун замимаи «Ёддоштҳо» китоби дигареро дар 473 саҳифа бо номи «Вожаномаи «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (Теҳрон: Орван, 1404) таҳия намудааст, ки онро метавон китоби шашум гуфт. Дар ин вожанома тамоми калимаҳое, ки барои хонандагони эронӣ андаке нофаҳмо ё маънои дигар доранд, шарҳ ёфта, он ҳамчун асари мустақил на фақат барои хонандагон, балки барои забоншиносон низ муҳим мебошад. Як ҷиҳати ин вожанома аз он иборат аст, ки ӯ ҳар калимаеро, ки дар «Ёддоштҳо» чанд бор омадааст, саҳифа ба саҳифа ҳамчун луғати басомад нишон дода, кори хонанда ва пажӯҳандаро осон месозад.
Дар охир метавон пешниҳод намуд, ки ин кори арзишманду заҳматталаби пажӯҳандаи тоҷикдӯст аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илми филология сазовор дониста шавад».