Нашри осори баргузидаи устод Айнӣ дар Украина

Дар шаҳри Харкови Украина осори мунтахаби бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ба забони украинӣ бо шуморагони 1000 нусха интишор ёфт. Китоб бо эҳтимоми мудири Осорхонаи шаҳри Харков Андрей Парамонов, бо ёрии молии “Бунёди хайрияи Денис Парамонов” ба нашр расид.
Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлат Назризода дар хусуси аҳаммияти китоб чунин таъкид кардааст: “Хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нависандае ошно хоҳад шуд, ки иллатҳои иҷтимоиро, ки асоси мушкилоту печидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо кардааст. Дар баробари ин ба назар мерасад, ки ин асарҳо ин рӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳаммияти аслии худро гум накардаанд”.
Дар ин мунтахаб асарҳои “Аҳмади девбанд”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Мактаби куҳна” ва “Марги судхӯр” ҷой гирифтаанд.
Гуфтанист, бори нахуст маҷмуаи асарҳои устод Айнӣ солҳои 20-уми қарни гузашта дар шаҳри Харков чоп шуда буд.