НАШРИ КИТОБИ НАҚДИ МУНАҚҚИДИ ҶАВОН

Аз тариқи нашриёти «Балоғат» маҷмўаи мақолаҳои мунаққиди ҷавону пуркор Муҳриддин Сабурӣ зери унвони «Шеър дар мизони ҳунар» ба нашр расид.

Дар мақолаҳои ин китоб ашъори шоирони имрўзи тоҷик аз паҳлуҳои гуногун ва бо назардошти м е ъ ё р ҳ о и н а қ д и а д а б ӣ мавриди баррасӣ қароргирифтаанд. Мунаққид бештар ба ҷанбаҳои ҳунарии шеърҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳусну қубҳи онҳоро борикбинона ошкор кардааст. Дар як силсилаи нақдҳои ў, ба монанди «Баргирифтаҳои аён аз як шоири пуртавон», «Ҳар чи бомаънист, худ пайдо шавад» ва монанди инҳо ноқид масъалаҳои доғишеъри имрўзамонро чун сирқати адабӣ ва муғлақбаёнӣ дар миён гузошта, норасоиву камбуди ашъори баъзе равандагони ин ҷодаро танқид намудааст, ки барои орӣ шудани шеърамон аз чунин нуқсонҳо дорои аҳамият мебошанд.

Тавре ки муаллифи сарсухани китоб, адабиёт- шиноси маъруф, профессор Абдунабӣ Сатторзода гуфтааст, «хубиҳои нақди Муҳриддин Сабурӣ дар он аст, ки ў ҳам дар баёни ҳусн ва ҳам дар зикри қубҳи шеърҳое, ки мавриди баррасӣ қарор додааст, ҳа- меша бо далел ва исбот мулоҳиза меронад, умумӣ ва рўякӣ сухан намекунад. Ба ин ба ў аз асрори ҳунари шоирӣ, аз шеъри гузашта ва муосири форсии тоҷикӣ ба дараҷаи кофӣ огоҳ буданаш ва дар нақду таҳқиқ малака ва таҷрибаи лозима доштанаш мадад намудааст ва аз ояндаи неки ў дар ин ҷода гувоҳӣ медиҳад».

«АС»

Дигар хабарҳо