Натиҷаи зиёдаравӣ ва худнамоӣ
Ба назар чунин мерасад, ки ғалату иштибоҳҳо ба забони мо бо ду роҳи асосӣ ворид мешаванду паҳн мегарданд. Аввалан, аз қоидаҳои имлои нокомиламон, ки ба китобҳои дарсӣ, сипас ба матбуоту нашриёт мегузаранд. Сониян, аз қаламбадастони донотарош, ки барои забон хидмати хирсона мекунанд.
Мо дар хусуси баъзе камбудҳои қоидаҳои имлои нав андешаҳои худро баён карда будем ( ниг. “Омӯзгор”, аз 13-уми январи 2022 ). Ин ҷо танҳо ба ду масъала дахл карданием. Чанде аз рафиқон ба хотири он, ки дар баъзе шеваҳои забони тоҷикӣ овози (ҳарфи) “ӯ” вуҷуд надорад, ин ҳарфро аз алифбо баровардан ё доираи истифодаашро маҳдуд кардан мехостанд. Аз ин рӯ, қоидаи нестандарҷаҳони пеш аз ҳарфҳои “ҳ” ва “ъ” истифода накарданашро бофта бароварданд. Бо ин ҳам қонеъ нашуда, дар қоидаҳои нави имло зикр карданд, ки дар калимаҳои иқтибосии арабӣ “у” навишта мешавад. Яъне, калимаҳои арабии амсоли таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, ки пештар бо “ӯ” навишта мешуданд, бояд бо “у” навишта шаванд. Маънии ин гуфта он аст, ки аз баҳри «вови маҷҳул» гузарем. Ин маънӣ касро ба андеша водор мекунад. Якум, ҳамон вови маҷҳул лозим будааст, ки гузаштагони мо беш аз ҳазор сол истифодааш бурдаанд. Дуюм, мо ҳоло ҳам бо алифбои ниёгон сару кор дорем. Он дар мактабҳои миёна ва баъзе мактабҳои олӣ таълим дода мешавад. Дар ин сурат толибилмон чун ба тарзи навишти кириллии чунин калимаҳо одат карданд, дар навишт бо алифбои ниёгон ба хато роҳ медиҳанд. Сеюм, бо таъсири ана ҳамин қоидаи бебунёд дар бисёр калимаҳои тоҷикӣ ба ҷои “ӯ” ҳарфи “у” навишта истодаанд, ки мо инро ҳар рӯз қариб дар тамоми рӯзномаҳо мушоҳида мекунем. Мисли гуруҳ, руз, хурду хурок, кушиш, фируз, кулҳо ва даҳҳои дигар.
Масъалаи дигар дар қоидаҳои имло ба ҷои ҳар кӣ ва ҳар чӣ пешниҳод шудани шакли дигари онҳо (ҳар ки, ҳар чи) аст. Ба назари мо, мураттибони қоидаҳои имло маҳз ба ҳамин сабаб чунин рафтор карданд, ки дар таркибҳои ҳар кӣ ва ҳар чӣ дар хати ниёгон «ӣ» бо «ҳ» навишта мешавад, на бо «ё». Вале ҳама медонанд, навишти кириллӣ дар онҳо «и»-и заданок» (ӣ) талаб мекунад, ки дар алифбои ниёгон «ё» аст. Яъне, ба сабаби тақлид ба алифбои арабиасоси форсӣ ба қоидаҳои имло боз як ғалат ворид шуд. Вале дар алифбои форсӣ пурсишҷонишинҳои кӣ, чӣ низ бо «ҳ» навишта мешаванд. Саволе ба миён меояд: Чаро онҳо бояд дар алоҳидагӣ (кӣ, чӣ) дигар хелу дар таркиб дигар хел (ҳар ки, ҳар чи) навишта шаванд? Мардумро ба иштибоҳ андохта, дар имло як ғалатро афзудан ба кӣ даркор?!
Забони навиштори мо, хусусан забони матбуоту нашриёт, аз охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта, аз давраи ҷанги Афғонистон рӯ ба мураккабию душворӣ ниҳод ва торафт ғализтар мешавад. Сабаби ин, пеш аз ҳама, тақлиди кӯр-кӯрона аст. Мутахассисону тарҷумонҳо аз он ҷо бештар калимаҳои шевагию иқтибосию вайрон туҳфа оварданд. Дигарон ба онҳо пайравӣ карданд. Дар натиҷа забон махлуту душвору ғализ шуд. О, даҳсолаву садсолаҳо бе калимаҳои “таниш”, “чолиш”, “пружа”, “утоқ”, “улгу” ва амсоли инҳо рӯзамон мегузашт. Чӣ зарурат шуд, ки чунин калимаҳоро ба забонамон дохил кунем? Ба навиштаи зерин калимаи «чолиш» чӣ нафосате ворид кардааст? «Бо назардошти чолишҳои умумӣ ва хатарҳои марбут ба коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ…»
Чунин донотарошонанд, ки ба ҷойи калимаҳои барои ҳама фаҳмои «бадарға» ва «қатл» калимаҳои душворфаҳми табъид ва эъдом, ба ҷойи фиристода шуд, истирдод шуд ва амсоли инҳоро истифода мебаранд. Шояд чунин калимаҳоро дар асарҳои таърихӣ кор фармудан даркор бошад. Вале дар рӯзнома, ки барои умум нашр мешавад, шаклҳои маъмул ва оммафаҳми онҳоро истифода бурдан лозим аст. Бисёр вақт ба ҷойи калимаҳои зебою фаҳмои тоҷикӣ калимаҳои дурушту нофаҳмои арабиро ба кор мебаранд. Аз қабили тахфиф шудан (арзон карда шудан, кам карда шудан), авлавият (бартарӣ) ва амсоли инҳо.
Калимаи суфтаи «мактаб»-ро ҳам, ки ҳазор сол боз дар истифода буд, ба ҳамин ҳол овардем. Як ибораи осонталаффуз (мактаби миёна)-ро ба як ибораи дурмадароз (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) табдил додем, ки ба назари мо, ҳеҷ зарурат надорад. Хелҳои мактабро бо номҳои мактаби ибтидоӣ, мактаби асосӣ, мактаби миёна ифода кардан кофист. Ғайр аз ин бо истифодаи «мактаб» калимаю ибораҳои дигар низ сохтан мумкин аст: Мактаб-интернат, мактаб-парваришгоҳ, мактаби мусиқӣ, мактаби милитсия ва ғайра. Мисли ҳамин солҳои охир дар соҳаи тиб ҳам як номи нав (маркази саломатӣ) пайдо шуд, ки бемаънӣ менамояд. Охир, саломатӣ марказу канора надорад. Пештар ҳар як муассисаи тиббӣ номи хоси худро дошт. Поликлиникаро бештар муоинагоҳ мегуфтанд (ҳарчанд ҳар дуи ин калима бегонаанд). Муассисаҳои табобатӣ дармонгоҳ, табобатгоҳ, муолиҷагоҳ, беморхона, касалхона, шифохона ном бурда мешуданд. Нуқтаҳои тиббии деҳотро «бунгоҳи тиббӣ» меномиданд. Ин мафҳум (бунгоҳи тиббӣ) моҳияту вазифаи муассисаро хуб ифода мекард. Боз як хубӣ дошт, ки аз ин ибораи дукалимагӣ ақаллан яктояш (бунгоҳ) тоҷикӣ буд. Мутаассифона, дар ибораи «маркази саломатӣ» ҳарду калима бегонаанд. Зимнан, кас ҳайрон мешавад. Ҳамзабонони хориҷии мо талош доранд, ки калимаҳои арабиро аз забони худ камтар кунанд. Мо мекӯшем, ки дар забонамон онҳоро афзоёнем. Ба назари мо, ин ба ҷуз намоиши доноию бузургманишӣ чизи дигаре нест.
Аҷибаш он, ки имрӯз ҳар кас қалам ба даст мегирад, кӯшиш мекунад, ягон калимаи сохтаву бофтаро ба навиштааш дохил кунад. Албатта, навигарию навоварӣ хуб аст, ба шарте, ки донишу таҷрибаи мукаммал дошта бошед. Дар акси ҳол аз ҳамон калимаҳои маъмул истифода бурдан авлотар аст.
Ба навиштаи зерини адиби навқалам таваҷҷуҳ кунед: «Дар нишинаи ба ронанда наздик як ҷойи холӣ ба чашм хӯрд». Ба андешаи мо, дар ин ҷо калимаи «нишина» бемавқеъ ва ғалат аст. Модом ки калимаҳои нишастгоҳ, курсӣ, харак ва ғайраҳо ҳастанд, ба калимаи бофтаву бемаънии «нишина» чӣ зарурат аст?! Калимаҳоро дар шакли аслӣ ва номҳоро (хусусан номи кишварҳоро) дар шакли расмиашон навиштан аз тарҷумаву таҳрифашон сад бор беҳтар аст. Зеро бисёр чизҳо дар аксари забонҳои дунё (бо андак тафриқаи талаффуз) як хел гуфта ва навишта мешаванд.
Дар ҳақиқат, калимаҳои лампочка, методӣ, телефон, радио, телевизион, компютер аз тарҷума ва шаклҳои ивазшудаашон: фурӯзонак, дастурӣ, телефун, родиу, телевизиюн, роёна беҳтару фаҳмотаранд. Ё номҳои Лаҳистон, Маҷористон, Олмон, Куриё, Итолиё на барои ҳама фаҳмост. Аммо Полша, Венгрия, Германия, Корея, Италияро ҳама медонанд. Аз ин рӯ, дар ҳамин шакли аслӣ ном бурдану навиштанашон авлотар аст. Беҳуда нест, ки устод Бозор Собир аз вайроннависиҳои мо ба сутуҳ омада, бо тундӣ навишта буд: «…Америкаи маро Амрико накунед, ман аз иронисозиҳои матбуоти тоҷик безорам…»
Натиҷаи ана ҳамин саҳлангорию донотарошиҳост, ки касе ба касе гӯш намекунад. Маслиҳатҳои хуби донишмандону мутахассисонро ба инобат намегиранд. Ва мо ҳар рӯз аз матбуоти даврӣ калима, ибора ва ҷумлаҳои бесарунӯгу нестандарҷаҳонро мехонем. Чунончи, чандест, ки дар мо ибораҳои хунуки роҳҳои аҳамияти ҷумҳуридошта, роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар истифодаанд. Чаро онҳоро дар шакли роҳҳои сатҳи (доираи, дараҷаи, моҳияти, мавқеи) ҷумҳурӣ ва роҳҳои сатҳи (доираи, дараҷаи, моҳияти ва мавқеи) маҳаллӣ гуфтан мумкин набудаст?! Балки онҳоро одиякак роҳҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои маҳаллӣ гуфтан ҳам мумкин будагист. Дар ҷое навиштаанд: «…дар зери тарма кушта шуданд». Одатан куштан ва кушта шуданро ба амали инсон (ё ҳайвон) нисбат медиҳанд. Аммо ҳеҷ кас дигареро дар зери тарма намекушад. Бинобар ин, ҷумлаи фавқро дар шакли «…дар зери тарма мурданд (фавтиданд, ҳалок шуданд)» навиштан лозим буд.
Солҳои зиёд мактабиён ҳангоми имтиҳон дар навиштани ду ибора дармемонданд: имтиҳони гузариш ва имтиҳони хатм. Зеро онҳо дар шаклҳои гуногун навишта мешуданд: имтиҳони аз синф ба синф гузаронӣ, аз синф ба синфгузаронӣ, азсинфбасинфгузаронӣ, аз синф ба синф гузарондан; имтиҳони хатм, имтиҳони хатмкунӣ, имтиҳони хатм кардан. Солҳои охир бе ҳеҷ зарурат ба ҷойи имтиҳон «аттестатсия»-ро қабул карданд, ки кори хонандагону муаллимонро боз ҳам душвортар кард. Хайрият, ду соли охир ин ду ибораро дар шакли аттестатсияи аз синф ба синф гузарондан ва аттестатсияи хатм ба кор бурда истодаанд, ки аз шаклҳои дигар хубу дурусттар менамоянд. Ба ҷои аттестатсия имтиҳон менавиштанд, боз беҳтар буд.
Бояд гуфт, ки солҳои 70-и қарни гузашта аҳли рӯзномаи «Маориф ва маданият» ин ибораҳоро ба меъёр дароварда, «имтиҳони гузариш» ва «имтиҳони хатм» менавиштанд. Инҳо шаклҳои беҳтарин буданд: муъҷаз, фаҳмо, осоннавис, осонталаффуз. Мутаассифона, аз чӣ бошад, ки бо мурури замон аз байн рафтанд ва ҷои онҳоро шаклҳои вайрону ғализу душворнавис ва душворталаффуз гирифтанд.
Вақтҳои охир боз як ғалати нав паҳн шуда истодааст. Барои мисол, ба ҷойи «Ҷамоати деҳоти Себзор» «Деҳоти Себзор» навишта истодаанд, ки хатои маҳз аст. Пеши роҳи ин ғалатро гирифтан зарур.
Ба калимаю ибораҳои зерин диққат диҳед: «Душанбенақлиётхизматрасон», вақти бемаҳдудият, муосиртарин маркази таҷрибавӣ, авқоти бегӯшт. Магар онҳоро дар шакли «Муассисаи хизмати нақлиёти Душанбе», вақти номаҳдуд, маркази таҷрибавии замонавӣ (ҳозиразамон) ё навтарин маркази таҷрибавӣ, хӯроки бегӯшт навиштан беҳтару саҳеҳтар нест? Донишмандон борҳо гуфтанд ва навиштанд, ки авқот шакли ҷамъи арабии вақт аст, на қут (ғизо, хӯрок). Эй бародар, маънои калимаро надонед, чаро менависед? Чаро ба китоби луғат нигоҳ намекунед?
Ҷумлаҳои зеринро мехонеду ба ҳоли шахси бо роҳи ноҳамвор раванда меафтед, ки гоҳ ба санге бармехӯраду гоҳ ба чуқурие: 1. Матлаби ӯ ҳамеша жарфан (?) омӯзанда буд. 2. Ман доштам (?) аз ин тараф рад мешудам. 3. Чаро ду шаҳру се ноҳия аз (…) иҷрои нақшаи андоз набаромаданд? 4. Ронандаҳо барои нақзи қоида зиндонӣ (…) ва 60 дарра мехӯранд. Дар ҷумлаи якум дар калимаи жарфан пасванди —ан лозим нест. Балки ҷумла бе калимаи жарфан ҳам фаҳмост. Дар ҷумлаи дуюм калимаи доштам зиёдатӣ менамояд. Дар ҷумлаи сеюм бошад, як калима намерасад (уҳда). Бояд гуфта мешуд: «...аз уҳдаи иҷрои нақшаи андоз набаромаданд». Муаллиф (тарҷумон)-и ҷумлаи чорум гумон кардааст, ки он ҷумлаи сода аст. Аммо вай ҷумлаи мураккабест, ки аз як ҷумлаи содаи дутаркиба ва як ҷумлаи содаи яктаркиба (бемубтадо) иборат аст. Аз ин рӯ, бояд чунин навишта мешуд: «Ронандаҳо барои нақзи қоида зиндонӣ мешаванд ва 60 дарра мехӯранд».
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи мо қоидаҳои забонро асосан дар мактаби миёна меомӯзем. Солҳои дароз дар тамоми мактабҳои олии Тоҷикистон яке аз имтиҳонҳои қабул навиштани иншо буд. Албатта, иншоро бе донистани қоидаҳои имло беғалат навиштан имкон надорад. Аз ин рӯ, хатмкунандагони мактабҳои миёна кӯшиш мекарданд, ки ҳамаи мавзуъҳои дарси забони модариро хуб аз худ кунанд. Чун иншонависӣ аз қатори имтиҳоноти қабули мактабҳои олӣ (ба истиснои факултаҳои филология) берун шуд, хатмкунандагони мактабҳои миёна дар забономӯзӣ бепарво шуданд. Ин боиси чаласавод мондани онҳо гардид. Бинобар он навиштани иншоро дар ҳамаи факултаҳои мактабҳои олӣ аз нав ба роҳ мондан зарур аст.
Эҳсон СУБҲОН,
Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон