Наср дар маҷаллаи «Садои Шарқ»
Имрӯз маҷаллаи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Садои Шарқ” ягона муаррифгари насру назм, нақди адабӣ ва фарҳанги муосир аст. Зеро маҳз “Садои Шарқ”, ки нахустин маҷаллаи адабии тоҷик мебошад, дар айёми Соҳибистиқлолии кишвар тавонист хонандаро бо падидаҳои адабӣ ва осори адибони диёр, дастовардҳои илмию адабии Тоҷикистон ошо намояд. Аз ин рӯ, маҷалларо метавон ойинаи барқади адабиёти муосири тоҷик номид. Дар ин нигошта мо тасмим гирифтем, ки ба бозтоби насри “Садои Шарқ” дар соли 2021 назар андозем.
Соли гузашта дар дувоздаҳ шумораи нашрияи миллии “Садои Шарқ” панҷ роман, шаш қисса, ҳашт ҳикоя ва новеллаи адибон ба табъ расидааст. Ҳамчунин тули як сол намунаи беҳтарин ҳикояҳои адибони хориҷиро низ маҷалла нашр намудааст. Аз ҷумла ҳикояи Александр Грин “Чароғи сабз”, №2 (Тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод), ду ҳикояи Алфонс Доде, №11 (тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод), Л.Н. Толстой “Марги Иван Илич”, № 4,6,8 (тарҷумаи Назар Одинаев) ва Николай Ҳайтов “Дарахти береша”, №10 (тарҷумаи Диловари Мирзо) нашр шудаанд. Боиси хушнудист, ки кормандони маҷаллаи миллии “Садои Шарқ” дар роҳи дастгирии адибони ҷавон тадбирҳои хайреро анҷом медиҳанд. Маҳз соли гузашта нахустин тарҷумаҳои бадеии ҳикоя ва гуфтори ҳакимони Сурайё Аҳмадзод, Амина Мираҳмадова, Гулафзо Ғуломова ва Фарзона Восиева дар маҷалла ҷой ёфтаанд, ки боиси таҳсин мебошад.
Дар шумораи якуми маҷалла мунтахаби романи нави Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб “Касе дар нимароҳ намемонад” дастраси хонандагон гардид. Тавре аз номаш пайдост, дар зиндагӣ танҳо дасту дили гарм ва нияти неку амали хайр метавонад гиреҳкушои кори ҳар инсон гардад. Дар асар ҳамин нияту амалҳои зишту накӯ ва бархурди некиву бадӣ, тазодҳои ҳаёт ба ҳам омадаанд. Воқеоти асар дар замони мо ба вуқуъ омадаанд. Қаҳрамони асосии роман Манучеҳр аввал рӯзгори осудае дорад ва бо ҳамроҳии волидайнаш Гулшану Даврон дар ҳавлии барҳавое ба сар мебаранд. Одамрабоён духтари Сангини тоҷир – Шаҳлои хурдакакро медузданду мехоҳанд ғайб зананд, ки тасодуфан Манучеҳр шоҳиди ин воқеа мегардад. Ва бо нишондоди ӯ духтарак озод мешавад, аммо одамрабоён қасди ҷони Манучеҳри мактабхон карда, ӯро латукӯб намуда, пойҳояшро мешикананд ва Манучеҳр якумрӣ бистарӣ мегардад. Минбаъд амалиёт дар асар тезутунд ҷараён мегирад. Дар ин ҷо симои манфури Сангини тоҷир, амалҳои ҳаромхурию чоплусии вай ба мушоҳида мерасад. Нависанда бо услуби ба худаш хос образҳои ҷолибе таълиф намудааст. Дар асар образи Ҷовид, ки ӯ ҳам тоҷир аст, фарқ мекунад. Зеро ӯ мисли Сангин бандаи нафсу фиребгар нест, балки чун ҷавони боимону заҳматкаш дастгиру ёвари Манучеҳри маъюб ва хонадони вай мегардад. Баъди ба садама дучор шудану ҳалок гардидани падари Манучеҳр – Даврон маҳз Ҷовид тарбияи Манучеҳрро ба зимма мегирад ва бо талошҳои вай оқибат Манучеҳр ба муроди дилаш мерасад. Ва иродаи мустаҳкаму эътиқоди қавӣ ба Манучеҳр имконият медиҳад, ки дар нимароҳ намонад ва аз аробанишинӣ ғамгин нашуда, барои бахташ мубориза бараду оқибат чун филмофар ном барорад. Бо намуна аз аз романи “Касе дар нимароҳ намемонад” адиб ҳушдор медиҳад, ки кулӯхандозро подош санг аст ва ҳар амали зишту номатлуб оқибат чун гиреҳе ба гардани одами манфур меафтад.
Романи “Садама ё худ Достони як марди саргардон”, ки ба қалами устод Саттор Турсун мансуб аст, ба мавзуи воқеоти пеш аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои олӣ бахшида шудааст. Воқеан, устод Саттор Турсун нависандаи хушсалиқа ва шинохтаи тоҷик мебошад. Ҳунари нависандагии ӯ дар роман барҷаста аён мегардад. Маҳз забони тозаю равон ва образҳои хотирмон ба асар шукӯҳи дигаре ато намудааст. Нависанда кӯшидааст, ки дар рафтору кирдор ва муносибати қаҳрамонони роман Осаф, Чаман, Парвин, Хоҷа Аҳмаду Фархунда барин инсонҳо фоҷиаи миллат ва нобасомониҳову якдигарнофаҳмиҳои он айёмро бозгӯ намояд. Меъёри асосии тасвири адиб тақдири инсон, зиндагии печидаи мардум ва адолати иҷтимоӣ мебошад. Тасвири табиат, рӯйдодҳо, кирдору амалиёти қаҳрамонону образҳои асар аз маънӣ ва панду андарз бархурдоранд. Барои намуна ба ин андешаҳои нависанда диққат диҳед: “Умуман эҷоди ҳақиқатро тасаввур намудан бе дарки табиат амри маҳол. Санъатшиносон ҳам мегӯянд, ки то қадри тавон пайванд доштан лозим ба вай, ҳеҷ набошад, қаробат ҷустан мебояд. Ба фикрам, ақидаи солим. Зеро вақте ман ҳам беҳтарин шоиру нависандагонамонро пеши назар меорам ё дар хусуси боистеъдодтарин рассом, актёр, филмбардор, бастакор ва ғайра инсони алоқаманд ба шуғли эҷодӣ хаёлан андеша меронам, бо тааҷҷуб дармеёбам, ки онҳо қариб ҳама зодаи деҳотанд. Ё худ кӯдакиашон дар канори табиат гузаштааст”.
Дар шумораи сеюми маҷалла бобҳо аз китоби сеюми романи “Саройи санг”-и адиби хушсалиқа Ато Мирхоҷа ҷой ёфтааст. Замони ҳаводис ва вуқуи воқеъоти таърихӣ дар гузаштаи куҳистони Бадахшон ба амал омадааст. Бобҳои роман “Қарори қатъӣ, “ Гуфтушунид бо Маҳмуди Ғазнавии сонӣ”, ”Пас аз гуфтушунид”, “Рӯзи сиёҳи Хуф”, “Зуғ аз ҳафт остон”, “Никоҳ ба дарахт” хеле пандомӯз буда, ҷанбаи фалсафӣ -таърихӣ доранд. Роман аз ҷиҳати фарогирии мавзуъ на фақат паҳнои васеи таърихии мулки куҳистонро дар бар гирифтааст, балки адиб масъалаҳои зисту муносибат ва анъанаҳои мардуми кӯҳистони дурдастро бозгӯӣ кардааст. Дар баробари офаридани образҳои хотирмони Манзаршоҳ, Сангинбахту Дарвеш ва Сарвиноз муаллиф ба манзараҳои табиат, анъанаҳои мардумӣ ва муҳити зисти кӯҳистониён таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Масалан, дар боби “Рӯзи сиёҳи Хуф” бо такя ба гӯйишҳову боварҳои мардумӣ ва инъикоси манзараҳои табиат чунин нигоштааст: “Се моҳи аввали соли муш ба оромиву осудагӣ паси сар шуд. Барфи на он қадар баланд ба шуълаҳои тези хуршед тоб наоварда, ҳафтае пас аз Наврӯз заминро аз асорати барфу ях озод кардан гирифт. Дар баъзе ҷойҳо ҳатто эҳтиёҷ ба хокпошӣ намонд – барфҳо бидуни дахолати деҳқон об мешуданд. Оре, дар водиҳо офтоб худ барфро об мекунаду заминро ба ихтиёри барзгар месупорад. Аммо дар дарраҳои баланде ба мисли Хуф кори офтобро ҳам деҳқон баҷо меорад”. Умуман романи Ато Мирхоҷа “Саройи санг” нахустин асари мукаммали таърихӣ аз диёри Бадахшон буда, далели мустақили шинохти таърихӣ ва зиндагии кӯҳистониён дар гузашта мебошад.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир зумрае аз адибони мо ба эҷоди асарҳои таърихӣ рӯй овардаанд, ки ин албатта дар роҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ҷумла дар шумораи чоруми маҷалла порае аз романи таърихии Додохони Эгамзод “Ахтари сабз” ба табъ расидааст. Ин романи адиб бозгӯи фоҷиаву кушторҳо буда аз ҷонсупориҳои ниёгонамон баҳри осоиштагиву оромии марзу бум, арзишҳои миллӣ ҳикоят доранд.
Яке аз адибони фаъоли мо, драматурги варзида Ҷумъа Қуддус баробари таҳияи асарҳои саҳнавӣ ҳамчунин солҳои охир ба эҷоди асарҳои насрӣ, ҳикояву очеркҳои хонданибоб даст задааст. Инак, романи мустанади нави муаллиф бо номи “Дар ҷустуҷӯи Ай Қю дар шумораи ҳафтуми маҷалла ба зевари чоп расидааст. Асар ба масъалаҳои доғи рӯз – зарари интернету гардиши бемайлони доллар, ахлоқу бемории Ковид-19, муносибатҳои байналмилалӣ ва ноогоҳии ҷавонон аз хониш ва умуман коста гардидани ахлоқ дар ҷомеа бахшида шудааст. Асар бо шеваи ҳаҷв иншо гардида, аз зарбулмасалу гӯйишҳои мардумӣ фаровон истифода мегардад. Образҳои Симинӣ, Сабрина, Муллионӣ, Валиҷон ва ғайра ҳамзамонони мо мебошанд. Роман таркиби ҳаҷвӣ-иҷтимоӣ дошта, бо услуби хоссаи муаллиф иншо шудааст. Воқеъаҳо дар Душанбе, гирду атрофи он ва ҳатто хориҷа ба амал омадаанд. Муаллиф оқибатҳои демократикунонӣ ва суръати тези интернету зарари онро ба риштаи тасвир мекашад ва дар асар бисёр образҳо бо номҳои аслии худ омадаанд. Дар романи нави худ Ҷумъа Қуддус нахустин маротиба образҳои ҳаҷвии дӯстдоштаи худ очаи Биккаву Зикка, ки онҳоро борҳо саҳнавӣ намудааст, ба риштаи тасвир кашидааст. Вале асар печидагиҳои зиёде дорад ва ибораҳои урён ва истифодаи лаҳҷа ҳусни онро костааст. Масалан, таркибҳои мардумии рундурув, шапошап, сағера, кал, зунукта гир, чапушак хеле фаровон истифода шудааст. Ҳамин тавр, «Дар ҷустуҷӯи Ай Қю» на ба асари публитсистӣ, балки ба романи ҳаҷвӣ шабоҳат дорад.
Мираҳмад Амиршоҳӣ мухтасари романи ҳуҷҷатии “Афсонаи рӯз ё рози Роғун”-ро зери унвони ба озмун ба хотири бунёди коргарони Неругоҳи барқӣ-обии Роғун бахшидааст. Асар бо афсона ё рози дарё оғоз гардида, муаллиф аз асрори дарёи Сурхоб ва зиндагии мардуми ин дара қисса мекунад. Сипас пораҳои зиндагии мардум дар замони шуравӣ аз нав эҳё гардида, гузаштаи Роғун падид меояд. Ва баъдан корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин сохтмони азими аср рӯи коғаз омадаанд.
Соли гузашта дар маҷаллаи миллии “Садои Шарқ” як силсила қиссаҳои ҷолиб ва хонданӣ ҳам ба табъ расидаанд. Аз ҷумла, дар шумораи чорум ду қиссаи нависандаи шинохта устод Абдулҳамид Самад “Дастовез” ва “Шаҳдрези садо” ба нашр расидаанд. Дар қиссаи “Дастовез” адиб дар бораи бемории Ковид-19 чун як вабои аср, ки инсониятро таҳдид дорад, ҳикоя намуда, ҳамзамон дар бораи бистарӣ шудани хеш ва талошҳош дар он рӯзҳо хеле воқеъбинона ва муассир нақл мекунад. Сипас худи воқеаҳои ба вуқуъ омадаро моҳирона ба риштаи тасвир кашида, аз нигоҳи бадеӣ назар меафканад. Дар қиссаи “Шаҳдрези садо”-и адиб бошад, ҳунарманди асил ва муносибати неки одамон ба ӯ тасвир ёфтааст. Дар қисса рафтори раиси мағрур хеле ҷаззоб ба тасвир омада, барои имрӯзиён панди зиндагӣ мебошад.
Дар шумораи №10-и “Садои Шарқ” мунтахаби қиссаи Шарифбек Азизӣ “Духтаре бо вашми гули лола” ба табъ расидааст, ки мавзуи асосии он пойдории ишқу муҳаббати ҳақиқӣ ва амалиёти муфаттишон мебошад. Дар қисса, ки ҷанбаи публитсистӣ дорад, амалиёти воқеӣ мебошанд. Зеро худи муаллиф солиёни зиёде ба ҳайси муфаттиш фаъолият доштааст ва бештари навиштаҷоташ аз вокуниши ин ё он воқеъот ҳикоят мекунад.
Дар шумораи №10-и маҷалла як қиссаи хеле зебои нависандаи хушсалиқа ва навовар Юнус Юсуфӣ бо номи “Парандаи сабзи ишқ” нашр шудааст, ки ба худи банда хеле писанд омад. Юнус Юсуфӣ барҳақ адиби тавоно мебошад ва тахайюлоти вай дар иншои наср, бахусус, қисса ва ҳикоя хеле васеъ ва густурда мебошад. Юнус Юсуфӣ метавонад бо тасвири олами руъё ва ботини инсон дар омезиши ривоёту асотир достонҳои баланде эҷод намояд. Вай барҳақ адиби рангинхаёл ва маъниофарест. Нигоштаҳояш ҷанбаи бойи асотирӣ дошта, беихтиёр ба қалби хонанда нохун мезананд, зеро забону тарзи баёни Юсуфӣ бисёр табиӣ ва дилнишин аст. Қисса бозгӯи ҳикояти Баҳромшоҳ ва ишқи нотамоми Нӯшин мебошад. Дар қисса тасвирҳои табиат ва рангомезиҳои он хеле олӣ ва муассир садо медиҳанд. Масалан, ба ин тасвири адиб нисбати дарахти танҳо диққат диҳед: ”Гулҳои сурхи баланд дар навдаҳо чун ҷомҳои кӯчаку зебое бар нӯки ангуштҳои нозук метобанд. Рӯзҳое, ки борон меборад, ҷомҳои саршори сари ангуштҳо ногаҳ ранг дигар мекунанд монанди осмони дури тобистон нилгун мешаванд”.
Дар “Захмҳои замони ҳиҷрат” ном қиссаи ҳуҷҷатии Мирзо Шукурзода (№12) дар бораи сарзамини падарон Масчоҳи куҳан ва Дилварзин сухан рафта, ин роҳ хонандаро то мулки ҳамсоя Афғонистон мебарад. Мирзо Шукурзода бешубҳа дар иншои қиссаҳои мустанад соҳиби салиқаи наку мебошад. Зиндагиномаи фарзандони фарзонаи сойруйиҳо ва мардонагии инсонҳои шариф қиссаро хонданбоб намудааст.
Соли гузашта ҳамчунин як силсила ҳикояҳои ҷолиб дар маҷалла рӯи чопро дидаанд. Аз ҷумла дар шумораи 6 ҳикояи Юнус Юсуфӣ “Хоб” ва Сайидаҳмади Зардон «Шаш гуфтор. Достони насрӣ» интишор ёфтааст. Бисёр ҷолиб аст, ки адиби рангинхёл Ю.Юсуфӣ ҳикояи “Хоб“-ро нозукона ва бо забони шево иншо намуда, хонандаро дар олами руъё ва андешаҳои печида мечархонад ва образҳои зебои ҷовидонӣ ба қалби инсон нохун мезананд. Ҳикоя боз дар охир бо хоб анҷом меёбад, ки хеле омӯзанда мебошад: “Ва ногоҳ порае аз гуфтугӯи ҳамон рӯз намунаи “Тоҷмаҳал”-ро ба ман доданаш ёдам шуд, ки мегуфт, бунёди ин ҷаҳони боду абр ҳама тарсу хоб аст. Ман дар хоби касе ба сар мебараму ӯ дар хоби дигаре ва ин гуна то ба Бепоён……..”
Сайидаҳмади Зардон «Шаш гуфтор. Достони насрӣ» интишор намудааст, ки бисёр ҷолиб ва таърихӣ мебошанд. Гуфтори якум ба руҳи тобони Зеварой – модари устод Садриддин Айнӣ, гуфтори дуюм ба руҳи тобони Розия Озод – модари аллома Бобоҷон Ғафуров, гуфтори севум ба руҳи тобони Бибӣ Марям – модари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, гуфтори чаҳорум ба руҳи Холбибӣ – модари устод Мирзо Турсунзода, гуфтори панҷум ба руҳи Шарифамо – модари қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва гуфтори шашум ба руҳи тобони Майсара – модари Шириншо Шоҳтемур бахшида шудааст. Муаллиф перомуни хидматҳои беназири модар дар тарбия ва ташаккули фарзанд бо факту далелҳои мустанад такя намудааст.
Ҳикояи “Роҳбалад”-и Сироҷиддин Икромӣ, ки дар шумораи 7-и маҷалла ба табъ расидааст, хеле муассир ва табиӣ қаламдод шудааст. Воқеаи ҳикоя дар хатти сарҳад ба вуқуъ омада, гурӯҳе мехоҳанд бо кӯмаки роҳбалад сарҳадро убур карда, ба Афғонистон фирор намоянд. Ахиран ин нияти онҳо ба нокомӣ анҷом меёбад. Образи роҳбаладу гургон ва хатти сарҳад ба ҳикоя ҷанбаи пурқуввати меҳанпарастӣ илқо намудааст.
Ҳикояи “Ногуфта наметавонам”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзо, ки дар шумораи 7-и маҷалла ба табъ расидааст, саршори инъикоси масоили хештаншиносӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Он яке аз беҳтарин нигоштаҳои адабӣ дар бораи эҷоду пораи ҳаёти адиби шинохта Нур Табаров аст. Устод Кароматуллоҳи Мирзо барҳақ адиби боистеъдод ва хушсалиқа мебошанд ва асарҳои ӯ ҷанбаи баланди ахлоқӣ — тарбиявӣ доранд. Дар ҳикояи дигараш “Муҷассамаи побарҷо” ки дар ҳамин шумора нашр шудааст, сухан аз солҳои нооромӣ ва ҳаёти мардуми одӣ меравад. Муаллиф бо кушодани ҳаводиси ҷанг дар образи қаҳрамони асосӣ Беҳрӯз бисёр барҷаста оқибатҳои зишткориву ноаҳлиро нишон додааст. Ҳикояи адиби хушбаён Равшани Махсумзод “Бародарон” низ хеле табиӣ ба кушодани олами ботинии образҳои ҳикоя Чорӣ ва Панҷӣ ва оқибатҳои муносибати зишти инсонӣ бахшида шудааст. Маҳбас ва рӯ ба рӯ шудан бо қисмати хеш хонандаро ба олами руъё мебарад. Аз назари забон ва тарзи баёну сухан сабки зебост ва калимаю ибораҳои он ҳамоҳангию ҳаммаъноӣ доранд.
Дар “Маро ба ман шиносонд” ном ҳикояи Матлуба Ёрмирзоева (№ 10) перомуни ишқу муҳаббати сармозада ва асрори олами тахайюлоти Бунафшаи нозанин сухан меравад. Дар ҳикоя образи асосӣ – Бунафша чун як духтари содда ва ба ишқ мубтало тасвир ёфтааст. Ҳикояи “Хумори бачагӣ” ки дар шумораи 11 ба табъ расидааст, ба қалами Абдурофеъ Рабизода тааллуқ дошта, бозгашти адиб ба дунёи поку беолоиши бачагию наврасӣ мебошад. Забони ҳикоя равон буда, андешаву бозгӯиҳои гузаштаи бебозгашт онро хонданбоб намудааст. “Гиряи кӯдак” ҳикояи нави Сироҷиддин Икромӣ мебошад, ки дар шумораи №12 нашр шудааст. Ҳикоя заминаи воқеӣ дошта, қаҳрамонони он Самаду Сороро як дурӯғ қариб аз ҳам ҷудо месозад. Образи Самад ва талошҳои вай баъди ба дунё омадани фарзанд хеле таъсирнок эҷод шудааст. Самад намехоҳад дурӯғи ҳамсарашро бахшад. Вале дар поёни ҳикоя танҳо нигоҳи чашмони ангурии тифл ба падар нияти Самадро тағийр медиҳад.
Дар охир бояд қайд намуд, ки маҷаллаи «Садои Шарқ» барҳақ баландтарин минбари аҳли адаб маҳсуб меёбад ва хеле хуш аст, ки акнун бо тарзи нави саҳифабандӣ ва ҳаҷми калонтар нашр мегардад. Кормандони маҷалла гӯшаҳои тарҷума ва насрро бо беҳтарин чакидаҳои хомаи на танҳо адибони тоҷик, балки хориҷа оро медиҳанд, ки шоистаи дастгирӣ мебошад. Хулоса, соли гузашта бахши насри маҷаллаи “Садои Шарқ” дар маҷмуъ вазифаи хешро қаноатбахш анҷом додааст.
Маҷид САЛИМ