Намунаи шеъри ғолибони озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ»

 Намунаи шеъри ғолибони озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ»
Озмуни соли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2021 510 нафар иштирокчиро аз саросари кишвар гирд овард. Сабқат миёни довталабон аз 2-юм то 13-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома ёфт. Як баробар афзудани теъдоди иштирокчиёни озмун нисбат ба соли гузашта далели таваҷҷуҳи махсусан насли ҷавон ба адабиёт аст.
Дар бахши назми номинаи “Эҷоди назму наср”-и озмун 48 нафар иштирок дошт. Ҳамаи онҳо дорои истеъдоду лаёқат ва ғолиби даврҳои гузаштаи озмун буданд. Аз ин миён ҳайати ҳакамон 5 нафарро ғолиб донистанд:
1. Родмеҳр Сулаймонӣ – ҷойи якум
2. Баҳманёри Саидқул – ҷойи дуюм
3. Кӯҳзоди Фатҳулло – ҷойи дуюм
4. Давлат Алӣ – ҷойи сеюм
5. Фозили Ҳафткулӣ – ҷойи сеюм
Ба сифати намуна ашъори ғолибон ва чанде аз иштирокдорон манзури хонандаи маҷалла мегардад.
Родмеҳр СУЛАЙМОНӢ
Тоҷикистон
Як дил фақат бигӯям алҳамди Тоҷикистон,
Аслан ҳамеша ҳастам дилбанди Тоҷикистон.
Як шаҳрванди шеърам, сад қарн то ба имрӯз,
Ман вожа-вожа будам пайванди Тоҷикистон.
Хуршед шуд таваллуд аз кӯҳи Меҳани ман,
Лабханд зад ба дунё монанди Тоҷикистон.
Ман себқанди сурхи меҳри Ватан парастам,
Ширин шудаст комам аз қанди Тоҷикистон.
Аз боғи сабзрӯяш дидам намоди ҳастӣ,
Радди балои ҷон аст испанди Тоҷикистон.
Модар, ба эҳтиромат ҳастам фидои номат,
Зеро маро ту хондӣ фарзанди Тоҷикистон.
Баҳманёри САИДҚУЛ
Ба модарам
Дару дарвозаи бози дили ту
Чун ту пояд ба умеде раҳи ман.
Хабар омад, ки нахобида шабон
Наканӣ чашми худ аз ҷогаҳи ман.
Ёд дорам, ки шабе дар тифлӣ,
Пушти дар, дар таги борон мон-дам.
Оҳ гуфтиву зи ҳарфи чашмат
Дарди душвори ту осон хондам.
Чу анор аст дили ғамборат,
Дасти ғам сахт варо афшонад.
Бачаи содаи бепарвоят
Қимати умри туро кай донад.
Падарам рафт зи олам, модар,
Даҳ баҳор аст, ки ту танҳоӣ.
Ман, ки имрӯз ғарибам, донам,
Дарди мушкил будани раҳпоӣ.
То замоне дару дарвозаи ту
Мисли ту роҳи маро мепояд,
Мунтазир пушти дарат бош, ки боз
Писари хунҷигарат меояд.
Кӯҳзоди ФАТҲУЛЛО
Барои бародарам
Оҳуву кӯҳу камар ёдат ҳаст?
Ёнаву теппаву ҷар ёдат ҳаст?
Сангу реги лаби дарёҳо буд
Ба назар дурру гуҳар, ёдат ҳаст?
Будаем аз пайи пода ҳама умр
Мову ту хуни ҷигар, ёдат ҳаст?
Дар сари кӯҳ ба зери борон
Шабамон гашт саҳар, ёдат ҳаст?
Кулчаи равғании модарамон
Ба ҳамон таъм магар ёдат ҳаст?
Баски мо баччаи даҳмарда будем,
Дарси мардии падар ёдат ҳаст?
Аз сари содагӣ дар Оби сафед
Задаам ҳезуми тар, ёдат ҳаст?
Дар сари ҳезуми каҷ дастатро,
Оҳ, бубрид табар, ёдат ҳаст?
Шаҳр имрӯз ғуборолуда,
Деҳаи тозаву тар ёдат ҳаст?
Давлат АЛӢ
Қабои андеша
(Ба устоди равоншодам Хушназар Майбалиев)
Зи ту омӯхтам омӯхтанро,
Чароғи завқи хеш афрӯхтанро.
Зи ту омӯхтам бе лахчаву дуд
Даруни синаи худ сӯхтанро.
Зи ту асрори фан омӯхтам ман,
Зи ту сеҳри сухан омӯхтам ман.
Зи ту омӯхтам меҳру муҳаббат,
Зи ту дарди Ватан омӯхтам ман.
Ту мегуфтӣ ба ман бо дарду бо сӯз,
Ту мегуфтӣ ба ман ин панд ҳар рӯз:
Зи худ кун дидани бишнидаҳоро,
Ба чашмат гӯш карданро биомӯз!
Ман акнун чашми худро гӯш кардам,
Алови тоқатам хомӯш кардам.
Равам то сарфарои рӯзи фардо,
Қафо гаштам, назар бар дӯш кардам.
Ту мегуфтӣ: Зи дониш бош доро,
Бикӯш, андешаатро бахш оро.
Кунун ман аз ҳарири шеър чун гул
Қабо пӯшондаам андешаҳоро.
Фозили ҲАФТКӮЛӢ
***
Ҳанӯз роҳи сафо меравад каҷоваи ту,
Ҳанӯз душмани Заҳҳок ҳаст Коваи ту,
Ману туем ҳамон сарбадор, тоҷики ман.
Ту сулҳпарвару андешанеку ҷомасафед,
Мисоли туст ҳамин тоҷ бар сари хуршед,
Зи нури илм туӣ тоҷдор, тоҷики ман.
Туро Сикандару Чингиз ҳам надод амон,
Чи қадр бор ба пушти ту мениҳод замон,
Ғамозмудаи сад рӯзгор, тоҷики ман.
Машав фирефтаи қиссаҳои бегона,
Барои худ ба замини ту мекунад хона,
Ба дасти хеш худатро супор, тоҷики ман.
Туро барои зару кону дашту дар куштанд,
Кӣ кушт? Чанд ғуломони
бепадар куштанд,
Паноҳ бурдаӣ бар кӯҳсор, тоҷики ман.
Ба ханда хок зада чашми ростбини туро,
Мисоли хуни ту хунхорҳо замини туро
Нахӯрдаанд магар дар Бухор, тоҷики ман?
Китобхонаи чандинҳазорсолаи ту,
Шукӯҳу шавкату андешаву рисолаи ту,
Бисӯхтанд ду-се нобакор, тоҷики ман.
Ту Бӯалию ту Хоразмии фалактасхир,
Давоми зиндагии Маздаку Куруши Кабир,
Машав дарахтшинони мазор, тоҷики ман.
Ба поси хотири Сомониёни зуфунун,
Чу асрҳо паси ҳам мераванд, гир акнун
Бародарони худатро канор, тоҷики ман.
Сафаргул ҲАЛИМИЁН
***
Мужда, эй дил, ба дарат Юсуфи
Канъон омад,
Дари худ боз намо, ҳадяи Яздон омад.
Хез, во кун бағалу гарм дар оғӯшаш гир,
Офиятсӯз, нак он ишқ чу султон омад.
Солҳо мунтазиру чашм ба роҳаш будам,
Бин, ба ин хонаи норӯфта меҳмон омад.
Аз қудумаш садафи синаи ман ёфт гуҳар,
З-ӯ маро дурру гуҳар бар сари мижгон омад.
Ғами ширин, ки раҳовард бароям овард,
Гӯиё з-омаданаш бар тани ман ҷон омад.
Дили гумкардараҳи ман зи таманнои
висол
Аз раҳи меҳру вафо боз ба ҷавлон омад.
Саъйи беҷост бурун рафтан аз ин
кӯй дигар,
Он чи мехостӣ, акнун ба сарат он омад.
Нурӣ МУҲАММАД
Нома ба як фаришта
Биё, азизи ман, аз пушти офтоб биё
Ва ё чу моҳ шабе аз паси саҳоб биё.
Шудаст дидани рӯят ягона матлаби ман,
Дар интизориям, охир, макун итоб, биё.
Намерасам ба ҳисоби замони зудгузар,
Ҷавониям шуда дар пушти ин ҳисоб, биё.
Арӯси сол хазонрезу пирзол шудаст,
Занад ба силии борон ба рӯям об, биё.
Ҳанӯз ҳам шабаҳи пириям басе дур аст,
Вале билохира аз ман равад шубоб, биё.
Румони зиндагиям аз ҳузури туст тиҳӣ,
Биё, ба боби гулобии ин китоб биё.
Чи қадр нома бубастам ба пои шопаракон,
Ба ин умед, ки гул мекунад ҷавоб, биё.
Ту ҳам, ки шопараки боғҳои ваҳми манӣ,
Биё, туро бикунам бояд интихоб, биё!
Адиба ҲАБИБОВА
***
Бар нишоти суҳбатат ҳар гоҳ пазмон мешавам,
Хилвате меёбаму дар хеш пинҳон мешавам.
Медиҳад овоз занги интизориҳои ту,
Чун чароғи сабз бо ёдат фурӯзон мешавам.
Байни мушти хотиротат дар фишор афтода дил,
Дар миёни дардҳои худ парешон мешавам.
Ёд меорам нахустин лаҳзаи дидорро,
Аз ҳамон беҷуръатиҳоям пушаймон мешавам.
Дар дилам тӯфони Нӯҳ омода бар шӯру ситез,
Мерасад рӯзе, ки сардори сад исён мешавам.
Мекунам бовар, ки рӯзе мебиёӣ, аз дигар
Рӯ ба рӯят чун гули садбарг хандон мешавам.
Хандаи бедард меорам бароят армуғон,
Ҳамнаво бо мавҷҳои лолазорон мешавам.
Меравию пушти абри ҳаҷр мегардӣ ниҳон,
Боз борон, боз борон, боз борон мешавам.
Идибеки МИРЗОРАҲИМ
Мавҷҳо
Мавҷҳои рӯди ҷӯшон,
Волаву масту хурӯшон,
Хешро бар сангҳои сурхи соҳил мезананд,
Сангҳо дил мезананд.
Сангҳои сарду хомӯш,
Мавҷҳоро лаҳзае бигрифта оғӯш,
Гӯиё ки меҳр меварзанд,
Мавҷҳо аз шавқ меларзанд.
Бо садоқат, мавҷҳо ламсида-ламсида
Сангҳоро суфта месозанд.
Аз барои тоату такрими хеш,
Ҳайкали олуфта месозанд.
Баъд аз он бар ҳосили дастони хеш
Ишқ меварзанд,
Саҷда меоранд,
Дӯст медоранд.
Гар ба чашми дил бубинӣ,
Бемуҳобо, ишқ ин ҷо дар ҳади авҷ аст,
Сурхиҳои санги соҳил
Хуни пешонии мавҷ аст.
Фаридаи ДАВЛАТ
Таъкид
Чун орзуи дилам ҳазор аст,
Аз дай хабарам мадеҳ, баҳор аст.
Садбарг, ки дар чаман бирӯяд,
Садпора дилаш зи неши хор аст.
Ин дард чаро шикаст рӯҳам,
Андеша накард, ин чӣ кор аст.
Аз хуни чакидаи дили ман
Саҳрои умед лолазор аст.
Эй дӯст, чу офтобу маҳтоб
Қалби ману ту зи як табор аст.
Аз ҳосили ҷамъ рафта берун
Оҳи лаби ман, ки бешумор аст.
Аз вазъи ҷаҳон хабар деҳ, аммо
Аз дай хабарам мадеҳ, баҳор аст.
Меҳровари МАСЧОҲӢ
***
Ойина рӯшан мешавад, вақте намоён мешавӣ.
Дар шомгоҳи хотирам маҳтоби тобон мешавӣ.
Ҳайронам аз ин содагӣ ё худ аз ин девонагӣ,
Мебӯсӣ аввал бо ҳавас, баъдан пушаймон мешавӣ.
Эй шӯх, эй оромишам, эй чораи ташвишҳом,
Бо рӯҳи ман омехта, яъне ба тан ҷон мешавӣ.
Пинҳон макун мақсудро, он ишқи номаҳдудро,
Иқрор шав, иқрор шав, иқрор… пазмон мешавӣ.
Оғози ман, парвози ман, мумтози ман, эъҷози ман,
Зеботарӣ он лаҳзае, ки мӯпарешон мешавӣ.
Чашмони ман ойинаанд, ойинаи чашмони ту,
Ойина рӯшан мешавад, вақте намоён мешавӣ.
Назархудои НАЗАРХУДО
Ба ёди модари меҳрубонам
Ҳамчун баҳор рафтӣ, баҳорона н-омадӣ,
Идат расиду лек ту идона н-омадӣ.
Булбул ба шохсор ғазалхон расида буд,
Эй модарам, аёдати мо хона н-омадӣ.
Мо тоза кардаем ҳама хона аз чидир,
Пошидани сафедӣ бари шона н-омадӣ.
Будам ба хоби ноз замоне ба доманат,
Ҳатто кунун ба хондани афсона н-омадӣ.
Имшаб ту, ай фариштаи руъёи ман, чаро
Хандида бо нигоҳи самимона н-омадӣ.
Ин ашки яхгирифтаи ман об гашту лек
Ту бар алайҳи ғусса ба кошона н-омадӣ.
Аз мо баҳор рафтӣ, баҳорона н-омадӣ,
Ай модарам, чаро ту дигар хона н-омадӣ?
Синои АБӮАЛӢ
***
Остони хонаи ман остони Рӯдакист,
Ҳар чи дорам дар бисоти хеш, они Рӯдакист.
Ташнагиям бишканад аз маънии ашъори ӯ,
Зарфишони пушти боғам Зарфишони Рӯдакист.
Рӯдакӣ аз Тоҷикистон асту тоҷикзода аст,
Хонаи ҳар тоҷики дунё макони Рӯдакист.
Қасри шони миллатамро бо сухан бунёд кард,
Кишварам озода аз файзи равони Рӯдакист.
Шоирон истораҳои осмони нанги мо,
Осмон бошад, азизон, осмони Рӯдакист.
Дар ғазал ишқ асту армону ҳавас, эй гулпараст,
Ҳар ғазал пайки саодат аз ҷаҳони Рӯдакист.
Кӯрзавқон кай тавонанд аз ҳасад гарданд дур,
Пояи фарҳанги дунё аз баёни Рӯдакист.
Бар сари номи забони ман чӣ суд аз баҳсҳо,
Чун забони ширадори ман забони Рӯдакист.
Кибриё СОЛЕҲЗОДА
Интизор
Чаковакҳо,
Ало, эй минбари зебоятон шохи дарахти себ,
Шумо бар дурҳо рафтед,
Ба мулки меҳрҳову нурҳо рафтед,
Дилам аз дарди ҳиҷрон аз садо монда,
Дили ман интизори омаданҳои шумо монда.
Бахтиёр РАҲМОНИЁН
Рубоиёт
Ман дар ту надидаам дили маҳзунро,
Як рамзи дақиқи Лайлии дилхунро.
Бо ин ҳама дар ишқ бихоҳӣ аз ман
Девонагии накардаи Маҷнунро.
Аз рафтани ту домани дил пурхун аст,
Оҳанги видои ту аҷаб маҳзун аст.
Гуфтори ҳама ба пеши ту бемаъност,
Дар матни сукути ту басо мазмун аст.
Чун ёд намекунӣ гаҳе ёронро,
Таҷриба накардаӣ ғами ҳиҷронро.
Бо чашми зи ҳаҷри ёр норехта ашк,
Бешак, монӣ баҳори беборонро.
САДОИ ШАРҚ-№1-2022

Дигар хабарҳо