НАВРӮЗ — ҶАШНИ ИТТИҲОДУ ВАҲДАТ
21 март — Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Наврӯз дар фарҳанги мо аз сапедадамони таърихамон ба ин сӯ ҳамеша рамзи Рӯзи нав, Рӯзи бедорӣ, Рӯзи эҳё, Рӯзи зиндагии тоза, Рӯзи пайванд гирифтан бо табиат ва бовар ба оянда будааст. Аз ҳама ҷашнҳое, ки башар пас аз шинохти худ ва Худо эҷод кардааст, бегумон Наврӯз ягона ҷашнест, ки инсонро аз хона ба кӯча мекашад, ба оғӯши табиат мебарад, бо гулу гиёҳону дарахтону парандагону абру борон мепайвандад ва бо ин васл асли ӯро ба ёдаш меоварад. Аз ин нигоҳ, Наврӯз ҷашни иттиҳоду Ваҳдати Бузург низ ҳаст.
Бисёр оинҳои неку хуҷастаи миллати мо, ки аксар то ба имрӯз омадаанд, пайванд ба Наврӯз доранд. Ба намуна рӯ овардан ва гиромӣ доштани унсури зиндагизои табиат об дар рӯзгори мо ҷойгоҳи вежа доштаасту дорад. Аз деринзамон тоҷикон дар рӯзи нахусти Наврӯз бар сару тани якдигар об мерехтаанд ва худро шустушӯ медодаанд. Ва сапедадамони нахусти рӯзи навро мутааллиқ ба фариштаи об медонистаанд. Дар даврони густариши оини Зардушт Аноҳито ба шумули фариштаи обу ободонӣ ва фаровонӣ шинохта мешудааст. Кишоварзон дар он рӯзгорон борону серҳосилиро аз муъҷизаҳои Аноҳито медонистаанд. Ва дар китоби Авасто яште низ ба ӯ бахшида шудааст. Бостоншиносон аз ҳафриёти мухталифи гӯшаву канорҳои Тоҷикистон тандисҳои зиёди Аноҳиторо пайдо кардаанд, ки аз ҷойгоҳи вежаи ӯ дар оини гузаштагонамон мегӯяд.
Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” ривояти гум шудану бозпас пайдо гаштани ангуштари Сулаймонро овардаву мегӯяд, ки дунболи ин мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: “Наврӯз омад!” Яъне рӯзе тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: “Эй подшоҳ, маро ошёнест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсӯтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашканӣ”. Пас Сулаймон роҳи худро дигар кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод мерафт, фуруд омад, парасту бо минқори худ қадре об оварду ба рӯи Сулаймон пошид… Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз бар якдигар об мепошанд. Ин достон гунаи дигари ҳамон ривояти дар ҳаво парвоз кардани тахти Ҷамшед бар шонаи девҳо дар Наврӯз аст.
А. Шишов дар “Тоҷикон” дар бахши ҷашнҳо ва дилхушиҳои мардумӣ бо такя ба муаллифи “Сомирия” овардааст, ки дар Самарқанд аз қадим расм буд, ки охири соли аҷамӣ (солшумории хуршедии форсӣ) шаби душанбеи вопасин мардум канори ҷӯи Оби Раҳмат гирд меомаданд, дар он ғусл мекарданд ва баракат меёфтанд…
Дар баҳорони кӯдакиҳои мо дар зодгоҳ сурсуракону бар сару рӯи якдигар об пошидану либоси тарафи муқобилро тар кардан расм буд. Ин корро аммо танҳо писарбачаҳо мекарданд. Ва падарону модарон мегуфтанд дар об туф накунед, ки дар рӯятон озах мебарояд. Озах пораи кӯчаки гӯшт аст, ки дар рӯи пӯст медамад ва чора кардану аз байн бурданаш душвор меояд. Ин ҳушдор ҳамеша дар гӯши мо буд, обро покиза медоштем, аз олуданаш парҳез мекардем.
Агар дар пайванд ба ин ривоятҳо вазъи имрӯзи дунёро пеши рӯ оварем, манзараи ғамангезеро мебинем. Маълум шудааст, ки инак дар қитъаҳои мухталифи дунё 700 миллион тан ранҷи ташнагӣ мекашанд. Ва гуфтаанд, ки чораҷӯие агар дар ин роҳ нашавад, то соли 2025 се миллиард кас маҳрум аз оби нӯшокӣ мегардад. Ва дигар захираи оби ошомиданӣ ба ҳаҷми оби истеъмолӣ баробар меояд. Бино ба арзёбии олимон, тақрибан даҳ аз сади рӯи Заминро кашоляхҳо пӯшидаанд, ки 80 аз сади захираи оби ширини сайёраро маҳфуз медоранд. Аммо ин кашоляхҳои ҳазорсола, ки “машки об”-и Заминанд, ҳамарӯза нобуд шудаву ба оби шӯри уқёнус омехта мешаванд. Ба дунболи ҳамасола зиёд шудани гозҳои гулхонаӣ тахмин мезананд, ки тӯли 70-80 соли пасин нисфи кашоляхҳои дунё нобуд мешаванд ва 1,5-2 миллиард одам ба камбуди об рӯбарӯ мегарданд. Мушкили об имрӯз аз печидатарин мавзуъ дар пеши рӯи башар аст. Ва инро сабаб муносибати ноогоҳона ва худхоҳонаи инсон нисбат ба табиат аст. Об аз ҳамон сапедадамони нахусти зиндагӣ мавҷуде муқаддас дар Замин хонда шудааст. Об монанди мо эҳсосу андеша дорад, неку бадро мешиносад ва ба некиву бадӣ посух низ мегӯяд. Инро, ки об мавҷуде бо ақлу андеша аст, олимони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла ҷопониҳо исбот кардаанд. Нависандаи бузург Достоевский мутмаин аст оне, ки табиатро дӯст надорад, одамро низ дӯст намедорад ва шаҳрванди бад аст.
Ва боз ҳам хитоб ба инсоният дар роҳи ҳушдор аз марги тадриҷӣ дар пайванд ба дастдарозиву нописандӣ ба табиат, аз ҷумла об, аз сӯи миллати мо садо дод. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз обшавии босуръати кашоляхҳо дар кураи арз, ба вежа дар қутбҳои шимолу ҷануби Замин, бонги изтироб баланд кардаву ба Созмони милал пешниҳод намуданд, ки 21 март, яъне рӯзи фарорасии Наврӯз “Рӯзи ҳифзи пиряхҳо” эълон шавад. Ва ин пешниҳодро Маҷмааи Сазмони Милал якдилона пазируфт. Инак бар асоси ин Қатънома 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидааст.
Ва бори дигар собит гашт, ки Наврӯз ҷашни ҳама ҷаҳон, рӯзи шодии Офтобу Замину Осмон, рӯзи оғози ҳама оғозҳо ва ваҳдати инсонҳост! Наврӯз рӯзи раҳоӣ, Рӯзи бедорӣ, рӯзи бовар ба пирӯзист. Ва рамзист, ки маҳз дар Наврӯз башар якдилонаву огоҳона аз сарнавишти хеш мехоҳад андешад, нигоҳашу муносибаташ ба табиатро ба майдони баррасӣ кашад ва аз ҳаёту наҷоти Замин андешад.
Зеро дар хотираи аҷдоди мо ҳама рӯйдодҳои бузург, сарнавиштсоз ва шодиовар пайванд ба Наврӯз доранд; ба подшоҳӣ расидани Каюмарс, кашфи оташ аз сӯи Ҳушанг, пирӯзии Таҳмурас бар девҳо, дастёбӣ ба оҳан ва эҷоди шамшер, тоҷгузории Ҷамшед, зодани Зардушт ва… Ин ҳама ривояту тамсилҳо аз муносибати одилонаву оқилонаи миллати мо ба табиат мегӯяд.
Наврӯз дар таърихи тоҷикон рамзи шикастнопазирии руҳи миллӣ низ будааст. Дар Эронзамин, аз ҷумла Хуросони Бузург, дар даврони хунрезиҳои ваҳшатбори мақдуниён ва аъробу муғул тоҷикон пешопеши дами шамшер ва борони тир Наврӯзро ҷашн мегирифтаанд. Таърих як пора аз ин гуна Наврӯзро ба ҳангоми ҳамлаи араб дар Хуросон то ба мо овардааст. Он Наврӯз наврӯзи шодӣ набудааст, он Наврӯзи тан-танаи руҳи ношикастании миллат будааст.
Умари Хайём дар «Наврӯзнома» васфи шамшер ва қаламро меоварад ва ҷойгоҳи вежаи ин дуро дар кори давлатсозиву давлатдорӣ ёдрас мекунад. Пойдорӣ ва устувории давлат, ҳушдор медиҳад ӯ, пайванд ба шамшер дорад. Шамшер пуштбони қонун ва адлу дод аст…
Қалам перояи давлат ва паёмовар аз дил аст. Сухан бе Қалам тани беҷонро монад. Манзури Хайём аз қалам албатта китоб будааст. Китоб хирад, дониш, андеша, ҷаҳоншиносӣ, худшиносӣ, Худошиносист!
Устод Рӯдакӣ мефармояд:
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ!
Пас, Наврӯз танҳо ҷашни бедории табиат, зодани гулу сабза набудааст. Наврӯз нахуст аз ҳама ҷашни бедории инсон, бедории руҳу ҷон аст. Наврӯз ҷашни Ёдбуд низ ҳаст. Рӯзи ба ёд овардани гузашта, Рӯзи нигоҳ ба оянда ва андеша аз оянда. Наврӯз ҷашни даъват ба созандагӣ, бунёдгарӣ ва эҷодкорист. Наврӯз ҷашни оғози Эҳёст!
Бошад, ки Наврӯзи имсол натанҳо оғози эҳёи андешаи миллӣ, иттиҳоду ваҳдати мо дар роҳи эҷоду бунёд бошаду ба мо неру бахшад, балки башарро низ ба сӯи худшиносиву иттиҳоду огаҳӣ бубарад.
Юнус Юсуфӣ,
барандаи Ҷоизаи давлатии
Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ