Набзи Роғун

 Набзи Роғун
(Гузору гузорише мавзун аз дили корзори Роғун, 28.07.2022)
***
✓Ҷойи тоқӣ ман кулоҳи оҳанин мепӯшам акнун,
Мешавам ман корманди НОБи Роғун,
Чунки андар ин набарди нуру зулмат,
Ҳал шавад тақдири истиқлоли миллат.
Чунки андар ин набарди нуру зулмат,
Ҳал шавад тақдири истиқлоли давлат.
Чунки кору корзори НОБи Роғун
Ҳамчу як андешаи миллӣ,
Мекунад тоҷикро ғун.
Балки нақшу ҷойгоҳи чархи Роғун,
Ҳамчу чархи сарнавишти халқи тоҷик,
Бартар аст аз чархи гардун.
Чун Худо ҳам хешро нури самовоту замин гуфт,
Андар оёташ чунин гуфт.
НОБи Роғун низ чун конуни истеҳсоли нур,
Маъбади қудсии анвори илоҳист,
Кори ҳар як корманди ин қадамҷо,
Кори милливу худоист.
Эй, ки бо ҳангомаи дину ҷиҳоду иҷтиҳод,
Рафтаӣ сарсон ба саҳрои Ироқу Сурия,
Чашм бикшо, нак туро ҷанги муқаддас,
Ин туро Ҷанги бузурги меҳанӣ.
Ҷанг бо сардиву торикии шабҳои халоиқ,
Ҷанг бо вобастагиву фақру зулмат,
Ҷанг андар ҷабҳаи нуру сафо,
Ҷанг дар роҳи Худо.
Кор дар Роғун ҷиҳод аст,
Кор дар Роғун калиди иттиҳод аст.
Гар ҷиҳоди Сурия куштору вайрониву гӯр аст,
Дар ҷиҳоди Роғун озодиву истиқлолу нур аст.
Дар ҷиҳоди Роғун ободиву сур аст…
✓Ҷойи дафтар рӯи лавҳи санг иншо мекунам акнун,
Ҳамчу нақши панҷаи устои нерӯгоҳи Роғун,
Дар ҷабини кӯҳ бо имлои нохун,
Балки бо имзои нохун.
Ин, ки фарзандони ин миллат чӣ тӯфон мекунанд ин ҷо!
Корзоре бартар аз тасвири инсон мекунанд ин ҷо.
Оби дарёро ба мисли ришта мебанданд,
Кӯҳи хороро мисоли чок медӯзанд,
Кӯҳҳоро бар мисоли тут талқон мекунанд ин ҷо,
Ғайриимконро ҳам имкон мекунанд ин ҷо,
Тоҷикистонро ба ин эъҷозу қудрат Тоҷкистон мекунанд ин ҷо.
Баъди Роғун,
Бояд аз афсона берун ояд он Фарҳоди номӣ,
Қаҳрамони номуродӣ достонҳои Низомӣ,
Хоби ширин рафта дар парпечи «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ,
Рамзи нокомию қурбонии хомӣ.
То занад зону ба пеши кӯҳканустои Роғун,
Пеши он устои беҳамтои Роғун,
То биёмузад тариқи кӯҳ кандан,
То биёмузад тариқи нақб бастан,
То бихонад мактаби тасхири дарё,
То раҳо ёбад зи рӯъе…
Баъди Роғун бе муҳобо метавон гуфт:
Офарин бар қудрати бозуи тоҷик!
Офарин бар кулчаи зонуи тоҷик!
Офарин бар зӯри дасташ!
Офарин бар зӯри пояш!
Офарин бар азми халқаш!
Офарин бар Пешвояш!
Офаридаст ин, ҷасорат, ин бузургӣ,
Офаридаст ин шаҳомат, ин тамаддун.
Шоҳкори НОБи Роғун!…
✓Ҷойи тоқӣ ман кулоҳи оҳанин мепўшам акнун,
Мӯзаву камзул биёредам ба ҷойи шиму кастун,
Мешавам ман корманди НОБи Роғун,
Мекунам ман сарнавишти Тоҷикистонро дигаргун:
Баъди Роғун, Тоҷикистон
Мешавад султони махзанҳои нур,
Кишвари худмеҳвариву эътимод.
Кишвари рушди саноат,
Кишвари рушди савод.
Баъди Роғун, Тоҷикистон,
Ҳам мароми обро бар даст мегирад,
Ҳам зимоми барқро бар даст мегирад,
Ҳам лаҷоми Шарқро бар даст мегирад,
Моҳии тиллоии таърихро бар шаст мегирад.
Баъди истиқлоли нерӯ,
Баъди истиқлоли бозӯ,
Мерасад таҳкими истиқлоли давлат.
Мерасад таъмини истиқлоли миллат.
Баъди Роғун Тоҷикистон мешавад қудрат.
Абдуллоҳи Раҳнамо

Дигар хабарҳо