Муҷибахон Ҷавҳарӣ Носипос

Сафар-муаллим ин саҳар аз чӣ бо- шад, ба мошини тамғаи «Ҷип»-и писараш савор нашуд. Мисли дигар рӯзҳо ба шаҳр нарафту то бегоҳ бо дӯстонаш ҳамсуҳбат нашуд. Ба ҳамсараш амр кард, ки борхалтаи бозориашро ёфта биёрад. Кампири Зуҳра аз чунин тасмими шавҳараш дар шигифт монд, зеро кайҳо боз харид кардан шуғли шавҳараш набуд. Зуҳра-хола баҳсро дар ин маврид зарур нашуморид ва ба хонаи арӯсиашон, ки дар шафати хонаҳои дуошёнаи писараш сохта, хеле пасту назарногир ба чашм мехӯрд, даромад ва борхалтаро аз миёни китобу дафтару ҷузвдонҳои дигари солҳо рӯйи тоқҳо хобида пайдо карда, берун баровард. Дар дил ба худ савол медод, ки чаро ин борхалтаи куҳна ба шавҳараш лозим шуда бошад. То имрӯз, ҳар гоҳе ки мӯйсафед ба ин хона ворид мешуд, соатҳои дароз паси мизи куҳна нишаста, сар аз китобҳову дафтарҳояш барнамедошт ва ҳеҷ гоҳ аз борхалта намепурсид. Онро ба шавҳараш дода, бо нигоҳи суоломез ба ӯ нигарист.

– Напурс! Набераатро бедор бикун, ҳамроҳам биёяд! – гуфт мӯйсафед ва бо азоб сари по шуд. Қоматашро рост кард. Пойи чапашро хаму рост намуд. Баъд аз зону то рон онро молиш дод. Шояд дардаш сабук шуд, ки «ҳа, носипосе» гӯён нимлангон ба сӯи дарвоза рафт. Зуҳра-хола аз пушти ҳамсараш нигарист. Ба ёдаш омад он рӯзи наҳс. Вақти намози шоми рӯзи баҳорӣ буд. Се шогирди муаллим ӯро ғарқи хун хобида ба рӯйи кӯрпача оварданд. Маълум гардид, ки ба сӯяш тир парронда, маҷрӯҳаш кардаанд. Кӣ ва барои чӣ, ҳанӯз рӯшан набуд. Аммо дар зеҳнаш барои ҳамеша нақш баст, ки он бегоҳ ҳамин борхалта бори аввал холӣ аз нону дигар хӯрданӣ ва ҳамсараш ярадор ба хона оварда шуданд. Инак, аз он рӯзи сиёҳ бист сол паси сар гашта бошад ҳам, ҳанӯз дарди по ӯро азият медиҳад.

–Бобоҷон, чаро имрӯз пиёда ба- ромадед? Поҳотон варам мекунанд, охир! – пурсид бо дилсӯзӣ аз ӯ набераи наврасаш Комрон, ки дар шафаташ қадам мезад.

–Бачам, пиёда гаштан барои ман аз манфиат холӣ нест. Агар кам ҳаракат бикунам, шояд рафта-рафта якбора карахт шавад. Он гоҳ дигар ҳеҷ муолиҷа суд намекунад, – посух дод бо меҳр мӯйсафед ва сари набераашро сила намуд.

Бо ҳамин пирамарди нуронӣ то ба назди бинои сехи нонпазии деҳа расидан сукут намуд, ҳарфе ба забон наовард, парандаи хаёлаш марзҳои тайнамудаи умрашро яке паси дигар убур мекард. Он айёме дар зеҳнаш зинда шуд, ки ҳамчун омӯзгори ҷавон ба мактаби деҳа ба кор омад. Фазои мактаби он замону симои шогирдон якояк аз пеши назараш гузашт. Дар муддати кӯтоҳе соҳиби эътимоду эҳтироми хосу ом гардид. Услуби дарсдиҳӣ ва муомилаи дилсӯзонаву сахтгиронаи муаллимро волидайни шогирдон писандиданд. Дӯсташ доштанд шогирдон. Маҳбуби ҳамагон гашт. Толибилмон дарсашро бесаброна интизор мешуданд. Усули дарсгӯйии ӯ ғайримаъмулӣ буд. Дар бораи шоироне низ маълумот медод, ки дар китоби дарсӣ ва барномаи хониш набуданд. Равияҳои адабиро мушаххас шарҳ медод. Дар мавзӯи миллат, ҷойгоҳи он дар ташаккули тамаддуни башарӣ, тоҷик будану забони ноби тоҷикӣ Сафар-муаллим чунон бо эҳсос ҳарф мезад, ки синфхонаро хомӯшӣ фаро мегирифт ва ба қавли маъмул, агар пашша пар мезад, шунида мешуд. Ифтихори баланди миллӣ дошт. Касе илми арӯзро хубтар аз ӯ намедонист. Бале, муаллим ошиқи касби хеш буд, шогирдонашро чун фарзандонаш дӯст медошт, ба қалби ҳар яке роҳ меёфт ва барои донишандӯзӣ онҳоро пайваста таблиғу талқин менамуд…

Авзои сиёсии кишвар тағйир ёфт. Ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Наҳсӣ то ба рустои дурдасти онҳо низ расид ва низоми кори муаллимро халалдор кард. Акнун омӯзгорони мактаб чун қабл ҳамраъй набуданд. Ду қисмат шуданд. Як гурӯҳ тарафдори як майдон буду гурӯҳи дигар тарафдори майдони дигар. Гоҳо баҳси миёни онҳо ба занозанӣ хотима меёфт. Гурӯҳи аввал низоми шӯравиро зери тозиёнаи танқид гирифта, он давраро иштибоҳи таърих меҳисобиду аз рӯҳониён пуштибонӣ менамуд ва гурӯҳи дувум аз ҳукумати тозатаъсис ҷонибдорӣ карда, ҳаводори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ буд. Сафар-муаллим дар ибтидо саъй намуд, ки тарафҳоро ба ҳам биёрад ва тафриқабозиро аз миён барад, аммо таҳдид шунид. Кӯшиши худро беҳуда донист ва саъй кард, ки аз ин мунозираҳо канор равад, ҳатто дар фосилаҳои танаффус дар иҳотаи хонандагон мемонд. Дар дил афсӯс мехӯрд, ки ин ҳама ба хубӣ анҷом намеёбад. Бо чашми сар медид, ки омӯзгорон рисолати худро як сӯ гузошта, саргарми сиёсатбозӣ шудаанд. Чун донист, ки бархе аз ҳамдеҳагонаш ба пойтахт рафтаву бо мухолифини ҳукумат як ҷо майдоншинӣ доранд, дуд аз димоғаш баромад. Бадтар аз он ин буд, ки ҳатто шогирдон ҳам акнун аз сиёсат ҳарф мезаданд ва дар мавқеи зидди якдигар қарор доштанд. Шамсиддин, яке аз хонандагони аълохону фаъол, ғайричашмдошти ҳама муаллимону духтурону аъзои ҳизби коммунистро кофир ҳукм намуд ва фарзандони онҳоро «валадуззино» эълон кард. Аз шунидани чунин таҳқир чашми муаллим шаб зад ва ҷилави ғазабашро гирифта натавониста, торсакие ба рӯйи Шамсиддин зад. Бори аввал буд, ки ба сари шогирди худ даст боло намуд. Ҳамаро ба оромӣ хонда, иброз дошт, ки ба суханҳои Шамсиддин, ки асос надоранд ва дурӯғи маҳзанд, бовар накунанд, имонашонро тағйир надиҳанд, умед ба оянда дошта бошанд, зеро ин ҷанги шармандаворро рӯзе анҷом аст. Гуфт, ки ин ҷангро барои мо душманони миллатамон таҳмил намудаанд, то бародарро душмани бародар созанд. Аммо дур нест, ки миллати тоҷик ҳодии худро меёбад, то ӯро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Ӯ ҷангро аз миён мебарад, ҳама бо якдигар оштӣ мешаванд, аммо ин рӯзҳои сиёҳ аз ёдҳо фаромӯш намешаванд. Шумо бо ҳамдигар дӯсту тифоқ бошед ва нагузоред, ки оромию осудагӣ аз миён биравад. Аломати норозигӣ ва бадбинӣ аз ваҷоҳати Шамсиддин хонда мешуд. Муаллим ба ӯ рӯ оварда, пурсид:

–Канӣ, бигӯ, ин фикрҳо аз куҷо дар зеҳни ту пайдо шуданд? Аз муаллиму духтур чӣ бадӣ дидӣ? Наврас сарашро хам намуду чизе нагуфт. Хуршеди ҳамсинфаш, аз ҷояш бархоста гуфт:

–Муаллим, падари Шамсиддин дар ҷанг қарор дорад. Дар ҳавлиашон ҳар шаб одамон ҷамъ мешаванд. Падари маро ҳам акоҳояш ба ҳизбашон даъват карданд, вале падарам розӣ нашуд. Пагоҳаш Шамсиддин маро дар байни ҳамсинфонам «писари кофир» хонд.

Муаллим ба маънои «оё ин рост аст?» ба Шамсиддин дида дӯхт. Ӯ ба ҷойи он ки шарм дорад, зери лаб ғур- ғур карда, хашмгинона ба Хуршед нигоҳ кард. Аксари шогирдон бо ҳисси нафрат ба Шамсиддин нигаристанд. Онҳое, ки аз ӯ ҷонибдорӣ мекарданд, бо мақсади берун овардани вай бо ибрози «вақти дарс аст», «биёед, дарс хонем» ба мавзӯъ хотима бахшиданӣ шуданд. Сафар-муаллим вазъи синфро ба директори мактаб арза намуд, талаб кард, ки маҷлиси волидайнро даъват намоянд ва ба онҳо фаҳмонанд. Директор дар ҷавоб гуфт:

–Муаллим, дар чунин ҳолат хомӯшӣ беҳтар аст, ба эҳсосот дода нашавед, онҳо ҳоло кӯдаканд. Имрӯз як чиз мегӯянд, пагоҳ чизи дигар.

Хунсардии директор Сафар-муаллимро дар ҳайрат гузошт.

Баръакси вай ҳар соати дарсиашро бо насиҳату пандгӯйӣ шурӯъ менамуд. Тадриҷан дарёфт, ки Шамсиддин дигар дар байни шарикдарсонаш ҷудоӣ намеандозад, ҳарчанд муносибаташ бо онҳо самимӣ набуд. Соли хониш ба охир расид, вале ҳанӯз ҳам вазъи сиёсии кишвар ором набуд. Мардум аз камбуди хӯрокворӣ азият мекашид. Барои дарёфти як дона нон соатҳо дар навбат меистоданд…

Чун соли хониши нав оғоз ёфт, маълум гардид, ки аксари омӯзгорон мактабро тарк намудаанд. Сафар- муаллим натавонист аз кори дӯстдоштааш дил канад, ба ҳоли шогирдон раҳмаш омад. Нахост, ки онҳоро дар нимароҳ монад. Қарор дод, ки бидуни маош ҳам кор мекунад. Шиками ду фарзанду модару занаш аз ҳисоби ҳосили замини наздиҳавлигии аз падараш меросмонда сер мешавад. Ҳар рӯз пас аз дарс ба назди бинои сехи нонпазӣ меомад ва якчанд соат навбат мепоиду аз рӯйи меъёр дуюним хлеб гирифта, ба хона мерафт…

–Бобоҷон, сехи нонпазиро Хуршеди шогирдатон хусусӣ намуда, нонҳои бомаззаву лазиз мепазад, ана мебинед, хушсифат таъмир ҳам кардааст, –гуфтани набера боборо аз қаъри дарёи хотирот ба соҳили зиндагии воқеӣ баровард.

Бобо дар ҳолати сукут ба он бино хеле назар дӯхт. Рӯ ба рӯяш бинои наву зебо қомат афрохтаву аз он иморати собиқи даврони ҷанги шаҳрвандӣ нишоне намонда. Он бино акси ҳузну ғаму аламро дошт, аммо шукрона, ки ҳоло аз он рангҳо осоре нест. Фақат ҳамон аламе, ки ҷигарашро сӯрох намуда буд, чун ҳамешагӣ дар зеҳни Сафар-муаллим сари ҳар вақт рӯшан мешуд. Он рӯз борхалта дар даст баъди анҷоми дарсҳо ба навбатпоии нон омад. Навбат хеле тӯлонӣ буд. Аз миён ду соат сипарӣ шуд. Акнун навбаташ расида буд, ки ҳамоно аз баланд шудани садои мошини сиёҳшишае, ки рост ба тарафи издиҳом меомад, мардуми дар навбат буда ба ҳар тараф пароканда шуданд. Аз мошин чор нафар силоҳбадаст фаромаданд. Яке аз онҳо ҳамон Шамсиддини шогирди муаллим буд. Қад ёзонда, тануманд гашта буд. Дар даст силоҳ дошт. Бо дидани муаллим рост ба сӯйи ӯ омад. Муаллим гумон кард, ки шогирдаш ақлашро кор фармудаву ба худ омадаву сарбозу муҳофизи ватани азиз гаштааст. Ифти- хор фарояш гирифт. Хост ба истиқболи ӯ равад, вале нигоҳҳои нафратолуди шогирд вайро аз рафтан боздошт.

–Ҳа, Сафар-муаллим, дар навбати нон чӣ кор мекунӣ? Ту аз давлати кофирон мероси зиёд гирифтаӣ-ку! Наход тамом шуда бошад? Ин нонҳо барои ту барин муаллимҳои бехудо нест, медонӣ-а? Шаппотии ба рӯи ман задаро дар хотир дорӣ?,- ришхандзанон бо қундоқи автомат аз китфи муаллим тела дод шогирди нохалаф.

Муаллим ба чашмони хунгирифтаи шогирдаш нигоҳ ва иштиёқи қасос гирифтани ӯро эҳсос намуд ва бидуни тарсу ҳарос ба ӯ гуфт:

–Шарм дор, Шамсиддин, аз аспи виқор фаро, иштибоҳ мекунӣ, ман устоди ту ҳастам ва бадие ба ту накардаам. Таҳқири устод ба гуфти худат гуноҳи кабира аст, медонӣ-а? Кудуратро аз қалбат берун намо!

Дастони муаллим аз таъсири қаҳру ғазаб ларзиданд.

Ин ҳарфҳои муаллим ғазаби шо- гирдро афзунтар намуд. Ӯ зуд силоҳро ба тарафи муаллим рост ва бидуни истиҳола ба пояш тир холӣ кард. Муаллим рӯйи хок афтод. Касе ҷуръат надошт ба ӯ наздик шавад.

–Барои ду ҳарф аз ту ёд гирифтанам аз куштанат худдорӣ мекунам, вагарна куштани ту барин атеисти бехудо савоби хеле бузург аст!–дод зад сари муаллим шогирд, то барои ҳама шунаво бошад ва тарсро дар қалбҳои онҳо ҷо бикунад.

Аз таъсири дарди ҷонкоҳ ва рафтани хуни зиёд муаллим аз ҳуш рафт… Солҳо сипарӣ шуданд, оромӣ ҳукмфармо гардид, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуд овард. То ҷое он рӯзҳои наҳс аз ёдҳо зудуда шуданд, вале ҳарфҳои шогирди нохалаф аз ёди муаллим нарафт. Гӯё он қазия дирӯз рух дода буд. Муаллим бо ба ёд овардани он рӯзи шум дар дил аз худ мепурсид, ки дар тарбияи Шамсиддин ба кадом хатоӣ роҳ дод? Андешае аз дилаш мегузашт, ки шояд ӯ иштибоҳ накардаву иштибоҳ дар тарбияи хонаводагии шогирд бошад. Бо гуфтани ин ҳарф худро таскин мебахшид…

–Бобоҷон, магар мо барои харидани нон омадем? Агар ҳа, пас, нонеро мехарем, ки номаш «Хуршеди ховар» аст. Ширмол ва пур аз мағз аст. Бибиам ҳам онро хеле дӯст медорад, – гуфтани набера бобои зери бори хотироти аламнок мондаро аз нав ба худ овард. Пирамард андак хам шуда, пойҳояшро аз зону то рон молиш дода, «ҳа носипосе» – гӯён ба тарафи растаи нонфурӯшӣ тоб хӯрд.

Наберааш ҳайрон-ҳайрон нигариста пурсид:

–Бобоҷон, ҳар боре ки пойи худро молиш медиҳед, ҳамин гапа мегӯед. Носипос кист? Муаллим аз рафтан бозистод. Ба қафо гашт. Ба чашмони наберааш нигарист. Дар нигоҳаш ҳазор маънӣ хонда мешуд. Сари набераашро сила кард, аммо аз додани посух худдорӣ намуд…

Дигар хабарҳо