Номаи табрикии ИНТ ба Ҷӯра Ҳошимӣ
Муҳтарам Ҷӯра Ҳошимӣ!
Шеъри нахустини Шумо барои бачаҳо 48 сол қабл чоп шуда буд. Ба зудӣ бо «Соябони ранга» ба гулбоғи адабиёти бачагонаи мо дохил шуда, таваҷҷуҳу эътибори хонандагони асили шеъри кӯдаконаро ҷониби хеш ҷалб кардед ва то имрӯз «Хати амонӣ» дар даст, зери нурҳои ҳаловатбахши «Офтобак» бо «Баччаҳо дар кӯчаҳо» қадам мезанед, ба онҳо «Аз як-як то лак-лак» меомӯзонед, ба саволи бешумори бачаҳои кунҷков — «Кулча чаро ширин аст ?», «Чаро шамолак вазид?» ва ғайра ҷавоб медиҳед, «Ре»-мегӯям ман бурро!» гуфтани хурдсолонро шунида, хурсанд мешавед ва ин хидмату муҳаббати Шуморо халқу Ватан борҳо қадр карда, аз ҷумла, бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2022 бо унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардонид. Аз шоирони бачагона ба Шумо бештар муяссар шуд, ки, ба қавле, давраро васеъ гирифта, адабиёти кӯдаконро бо мундариҷаву мазмуни тоза ғанӣ гардонед ва шеъри равону хотирмонатон пахлуҳову мавзуъҳои мухталифи таълиму тарбияи хурдсолонро фаро гирифт.
Ҳампешаву дӯсти азиз! Шумо шоири барҳақ хушбахтед, зеро таии 50 сол мвшавад, ки бачаҳо суруду таронаҳои Ҷӯра Ҳошимиро бе амру супориш, бо шавқу завқу хоҳиши том аз ёд ва замзама мекунанд. Шуморо бе муболиға дар қатори устодони шеъри бачагона — Мирсаид Миршакару Абдусалом Деҳотӣ, Гулчеҳра Сулаймонию Убайд Раҷаб, ки худ шогирди бовафои ин бузургонед, шоири ҳар хонадон, шоири ҳам набераву абера, ҳам падару модар ва ҳам бобою бибиҳо метавон ном бурд. Чунин маҳбубият ҳаққи ҳалолатон аст ва садсолаҳо бардавому ҷовидон бод!
Ба Шумо саломатӣ, умри дароз ва муваффақиятҳои нав ба нав орзумекунем!
75-солагӣ муборак бод!
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН