Номаи табрикии ИНТ ба Ҷамшед Пирим

 Номаи табрикии ИНТ ба Ҷамшед  Пирим

Муҳтарам Ҷамшед Пирим!

Шумо ҳамчун шоири ӯзбекзабон дар муҳити адабии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соҳибному соҳибмақом гаштаед ва дар пешрафти ин шохаи адабиётамон саҳми муносиб гузоштаед. Фаъолияти эҷодии Шумо, ки дар ду бахш – адабиёт ва рӯзноманигорӣ ҷараён гирифтааст, солҳои 70-уми асри гузашта шуруъ шуда, бо мурури замон густариш ёфтааст. Солҳои фаъолият дар рӯзномаи «Совет Тожикистони» ва бахши ӯзбекии Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун қаламкаши хушзавқи ӯзбекзабон аз худ дарак додед ва барои ҳамзабонони тоҷикистониятон матлабҳову барномаҳои хубу диданӣ пешкаш намудед.

Солҳои кор дар нашрияҳои минтақавии «Қадрият» ва «Суғд ёғдуси» ва дар бахши адабиёти ӯзбеки шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ибтикороти назаррас доштед ва барои рушди адабиёти ӯзбекзабон хидматҳо кардед. Китобҳоятон – «Майса ҳиди», «Ёруғ сӯз», «Хазонрез кунлар», «Бӯладиган эл», «Зангори анроқлар», «Тош китоб», «Сайҳун мавжлар», «Ибодат», «Сайланма» ва ғайра ашъори солҳои гуногун навиштаатонро дар бар гирифтаанд.

Фаъолияти тарҷумонии Шумо пурбор мебошад ва ҷиҳати муаррифии адабиёти тоҷик ба хонандагони ӯзбек заҳмати бисёр кашидаед. То кунун намунаҳои осори адибони машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Сайидалӣ Маъмур, Зулфия Атоӣ, Неъмат Оташ ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда, дар шакли китобҳои алоҳида ва маҷмуаҳои дастҷамъӣ интишордодаед.

Аълочии маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаҳои адабии ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ буданатон гувоҳи таваҷҷуҳу эҳтиром доштани давлату Ҳукумат ба шахсият ва осори Шумост.

75-солагиятонро бо орзуи сиҳатмандиву сарсабзӣ ва шодкомӣ хуҷастабод мегӯем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо