Номаи табрикии ИНТ ба Садрӣ Умар
Муҳтарам Садрӣ Умар!
Фаъолияти эҷодии Шумо аз оғоз, яъне аз солҳои 80-уми қарни гузашта ҷанбаҳои гуногун дошт ва чандин бахшу самтҳоро фаро мегирифт. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб чандин сол дар мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва зодгоҳатон – шаҳри Кӯлоб ба таълиму тарбияи насли наврас машғул будед ва дар ин роҳ таҷрибаи бисёр андӯхтед. Рӯзноманигорӣ низ аз бахшҳои дигари фаъолияти Шумо мебошад, ки бо кори омӯзгориятон ҳамзамон ҷараён гирифтааст. Солҳо чун хабарнигор, мудири шуъба ва котиби масъул дар нашрияҳои маҳаллии «Субҳи меҳнат», «Роҳи ленинӣ», «Барои коммунизм» ва ғайра пурмаҳсул кор кардед ва дар кӯраи матбуот обутоб ёфтед.
Солҳои ҳаштодум дар фаъолияти эҷодии Шумо саҳифаи тозае боз шуд. Дар муҳити пурҷӯшу хурӯш ва созандаи адабии шаҳри Душанбе маҳорати рӯзноманигорӣ ва шоириятон такмили бештар ёфт ва заҳмататон ҳосили бештар дод. Кор дар ду нашриёти муътабар – «Ирфон» ва «Адиб», баъдан дар Телевизиони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг таҷрибаи Шуморо аз ҳар ҷиҳат ғанӣ кард. Дар ҳамин давра ба эҷоди шеър таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудед ва чандин маҷмуаи ашъоратонро ба табъ расонидед. Намоишнома ва филмноманависӣ аз бахшҳои дигари кори ҳунарии Шумо мебошад, ки низ пурмаҳсул ҷараён гирифтааст. Драмаҳои манзуми «Тавҳид», «Саҳна, моҷаро, ишқ», намоишномаи «Гӯрзод» ва филмномаи «Чамбули мастон» дасти расоятонро дар эҷоди ин навъи асарҳо ба хубӣ нишон медиҳанд. Филми тасвирии «Тифле дар чанголи уқоб», ки ба қалами Шумо тааллуқ дорад, дар озмунҳои байналмилалӣ чандин бор баранда шудааст.
Аз соли 2006 дар сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қарор доред.
Ҷашни 70-солагиятонро шодбош гуфта, ба Шумо саломатии комил ва табъи ҳамеша боланда таманно мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон