Номаи табрикии ИНТ ба Муҳаммад Самӣ
Муҳтарам Муҳаммад Самӣ!
Шумо пас аз хатми мактаби миёнаи № 4-и шаҳри Кӯлоб (1963) ва факултаи энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1969) дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон фаъолият намудед.
Сарфи назар аз касбу пеша, муҳаббат ба адабиёту сухани ноби китобатшуда Шуморо ба майдони адабиёт овард. Наздик ба чиҳил сол мешавад, ки пайи эҷод ҳастед. Аввалин мақолаву ҳикояву шеърҳои Шумо аз соли 1975 дар рӯзномаҳои «Кулябская правда», «Ҳақиқати Кӯлоб» ва «Садои коргар» ба табъ расидаанд. Шумо муаллифи маҷмуаи қиссаю очерк ва ҳикояҳои «Маҳинбону» (“Симурғ”, 1997), “Фоҷиаи зиндагӣ” (“Сада”, 2001), «Сӯзи фироқ» (“Эҷод”, 2006), «Баномусони ҷонфидо» (“Ирфон”, 2010), «Қиссаи як афсар» (“Ирфон”, 2010), “Ҷоннисори халқу ватан” (“Адиб”, 2013), «Ишқи духтари Хуҷанд» (“Адиб”, 2013), «Нурофарон» (“Адиб”, 2017), романи “Рашк” (“Адиб”, 2018), “Фидоӣ” (“Ирфон”, 2019) ва маҷмуаи шеърҳо барои хурдсолон “Рози ошно” (“Сада”, 2002) ва «Ҳайкали зинда» (“Адиб”, 2013) ҳастед.
То кунун ҳам Шумо ба кори эҷод дилгармӣ доред ва ин далели муҳаббати Шумо нисбат ба сухани ноб ва адабиёт аст.
Заҳмати пурбаракати Шумо бо нишони «Сухан» қадр гардидааст.
Ҳампешаи гиромӣ, фарорасии 80-умин солгарди умри пурбаракатро ба Шумо табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки ҳамеша сиҳату саломату сарбаланду сарсабз бошед.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН