Номаи табрикии ИНТ ба Амонбой Ҷуманов
Муҳтарам Амонбой Ҷуманов!
Шумо – адиб ва тарҷумони шинохтаро бо фарорасии 80-умин солгарди зодрӯзатон самимона муборакбод менамоем.
Боиси фараҳмандист, ки Шумо умри босамари хешро сарфи тарҷума кардед ва дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил гардидед. Осори аксари нависандагони тоҷик тавассути қалами Шумо ба забони ӯзбекӣ тарҷума, нашр ва мақбули ҳазорҳо хонандагон гардидаанд.
Шумо дар пешрафти тадриси забон ва адабиёти ӯзбекӣ ва рӯзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва матбуоти ӯзбекзабони кишвар саҳми назаррас гузоштаед.
Муҳтарам Амонбой Ҷуманов! Заҳматҳои шоистаатон барои дар матбуоти Тоҷикистону Ӯзбекистон муаррифӣ намудани адабиёти тоҷик зиёд аст. Китобҳои ба забони ӯзбёкӣ тарҷумакардаи Шумо, ба монанди «Ширмоҳ»-и Мутеулло Наҷмиддинов, «Марги бегуноҳ”-и Кароматуллоҳи Мирзо, «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»-и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, «Духтари ҷасур” – аз силсилаи «Афсонаҳои халқи тоҷик», китоби сеҷилдаи «Насри муосири тоҷик», асарҳои алоҳидаи Абдулҳамид Самад, Ӯрун Кӯҳзод, Гулназар, Мансур Суруш, Абдурофеъ Рабизода, Салими Зарафшонфар ва дигар адибон, аз ҷониби хонандагони ӯзбекзабон самимона пазируфта шуданд.
Заҳматҳои Шумо дар кори тарҷумаи асари «Шабе дар роҳ» ва нашри осори адибони тоҷик аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд. Ба Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ сазовор шуданатон гувоҳи меҳнати поку ҳалолатон дар риштаи тарҷума мебошад.
Ба тозагӣ барои тарҷумаи асари «Шабе дар роҳ»-и устод Саттор Турсун барандаи ҷоизаи «Китоби сол – 2022» гардидаед.
Ҳамқалами гиромиқадр, Шуморо ба муносибати 80-умин баҳори умратон табрик намуда, бароятон рӯзгори пурбаракат, хонаи обод ва дар кори пурмасъулияти тарҷумонӣ комёбиҳо таманно дорем.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН