Дар ҷустуҷӯи устод Рӯдакӣ

 Дар ҷустуҷӯи устод Рӯдакӣ

15 апрел ба зодрӯзи нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нахустин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аллома Сад­риддин Айнӣ 146 сол пур мешавад.

Дар арафаи зодрӯзи устод ме­хоҳам аз хидматҳои арзандаи ӯ дар пайдо кардани қабри Одамуш­шуаро, хосса аз мақолаи таърихии “Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак” ҳарф бизанам.

Вале қабл аз он ки дар бораи мақолаи мазкур сухан биронем, бояд тазаккур дод, ки соли 1940 мақолаи “Устод Рӯдакӣ”-и Садрид­дин Айнӣ пештар аз “Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак” дар шумо­раҳои ду ва сеи маҷаллаи “Шарқи сурх” (“Садои Шарқ”) нашр шуда буд, ки устод оид ба шарҳи ҳол, зодгоҳи Одамушшуаро ва аз ман­бае, ки дар таҳқиқоташ истифода кардааст, маълумоти муфассал дода, аз ҷумла нигоштааст:

“Дар бораи ҷои зоидашудаи ин устоди бузург – Рӯдакӣ, дар сабаби тахаллусаш, ҳатто дар бораи ном ва кунияташ ривоятҳои гуногун ҳа­станд: бештарин тазкиранависони Шарқ (масалан, “Давлатшоҳӣ” ва “Оташкада”) кунияти ӯро Абулҳасан (аз номаш гап намезананд), ҷои зо­идашудаашро деҳаи Рӯдаки Бухоро менависанд, баъзе тазкиранависон (масалан, “Хизонаи Омира”) са­марқандӣ мешуморанд ва аз ному кунияташ чизе наменависанд.

Аммо аз таҳқиқоти охирӣ, ки дар қадимтарин манбаъҳои Шарқ, бахусус дар «Китоб-ул-ансоб» ба кор бурда шуд, маълум гардид, ки ном, унвон ва кунияти ин солори шоирон Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бин­ни Муҳаммад, бинни Ҳаким, бинни Абдурраҳмон, бинни Одам буда, ҷои зоидашудааш Рӯдак ном як деҳаи Самарқанд будааст.

Мо метавонем ба ин унвоне, ки Рӯдакӣ бо вай дар “Китоб-ул-ан­соб” ёд карда шудааст, калимаи “Фаридуддин”-ро ҳам, ки дар “Ка­шф-уз-зунун” ва “Ҳафт иқлим” дида шуд, зам карда, номи пурраи ӯро “Фаридуддин Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад, бинни Ҳаким, бинни Абдурраҳмон, бинни Одам Рӯдакӣ” гӯем.

Дар сабаби тахаллуси Рӯдакӣ баъзеҳо гуфтаанд, ки бинобар аз деҳаи Рӯдак будан ба он деҳа нисбат дода, ин тахаллусро ба худ гирифтааст ва баъзе дигарҳо мегӯянд, ки ба сабаби мусиқичии рӯднавоз буданаш шакли хурди калимаи рӯд — рӯдакро гирифта ва худро ба вай нисбат додааст.

Аммо баъд маълум шуд, ки “Рӯдакӣ” хитоб ёфтани ин устоди бузург бинобар аз деҳаи Рӯдак будани ӯст, чунки калимаи рӯдро, ки ба маънои номи сози маълум аст, манбаъҳои аввалӣ ҳеҷ ном намебаранд».

Воқеан ҳам устод Айнӣ дар пай­до кардани қабри Султони шоирон заҳмати зиёде мекашад.

Тавре аз нигоштаҳои боло бар­меояд, устод дар оғоз ба ҳамин қарор омада буд, ки Одамушшуаро аз “Рӯдак” ном деҳаи Самарқанд аст. Бад-ин хотир вақти зиёди худро ба ҷустуҷӯи деҳаҳои Самарқанд сарф мекунад, вале мурод ҳосил намешавад.

Билохира тасодуфе ӯро водор мекунад, ки таҳқиқоти худро аз Самарқанд дуртар, ба кӯҳистони Панҷакент бибарад, ки ҳосили он мақолаи таърихии “Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак” аст.

Вақте мақолаи мазкурро мехо­нед, ба килки сеҳрофарини устод аҳсант мегӯед. Воқеан ҳам истеъ­дод, дониш, биниш, иқтидор ва фаъолияти гуногунҷабҳаи устод ҳадду ҳудуд надошт.

Аз мақолаи мазкур маҳз бад-ин хотир ёдовар мешавам, ки боре дар нишасте бехабаре иброз дошт, ки гӯиё муншии аввали созмони ҳизбии ноҳия фозилони Киштӯдда­раро ҷамъ оварда, дастур медиҳад, ки ҳар санаде, ҳар ривояте, ки аз рӯзгори Одамушшуаро ҳаст, ҷамъ биоваранд ва дар ҳузури устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Герасимов фозиле, ки дар даст китоби бузурге доштааст, пораеро аз он қироат мекунад, ки аз деҳаи Панҷрӯд будани устод Рӯдакиро собит месохт.

Дар робита аз Панҷрӯд будани устод Рӯдакӣ, ки бо далелҳои қотеи илмӣ собит шудааст, шаку шубҳае нест. Вале ақидаи гӯиё устод Айнӣ бо мадади фозиле қабри Одамуш­шуароро пайдо кардааст, афсо­наи “Ҳазору як шаб”-ро мемонад. Чаро ки агар чунин ақида як зарра ҳақиқат медошт, устод Айнӣ дар мақолаи “Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак” номи он фозил ва ди­гаронро ҳатман зикр мекард.

Маълум, ки чунин ашхос мақолаи мазкурро, ки барои кушодани қабри устод Рӯдакӣ, ки дар соли 1956 ба вуқуъ пайвасту “ба сифати як да­стуруламали асосӣ хидмати фавқу­лодае расонидааст”, нахондаанд, вагарна ҳеҷ гоҳ жожхоӣ намекар­данд. Зеро дар он ба таври возеҳ зикр шудааст, ки сабабгори асосии пайдо кардани қабри устод Рӯдакӣ Диёр ном марди кӯҳистониест, ки дар даргоҳи устод Айнӣ мардикорӣ кардааст.

Воқеан ҳам устод Айнӣ дар мақо­лаи „Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак”, ки бори аввал соли 1940 дар шумораи панҷуми маҷаллаи „Шарқи сурх” («Садои Шарқ») чоп шудааст, дар ин хусус муфассал ҳарф за­дааст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо он мақоларо айнан меорам, то ки хонанда бори дигар аз хидматҳои бешоибаи устод Айнӣ дар пайдо кардани қабри Одамушшуаро ва сабаб шудани марди кӯҳистоние бо номи Диёр шинос шавад.

* * *

«То ҳол дар ҷои таваллуд ва вафоти шоири бузурги тоҷик ва мусиқачии қадимии ӯ – устод Рӯдакӣ ихтилоф давом мекард. Баъзеҳо ӯро аз «Рӯдак» ном қишлоқи Бу­хоро ва баъзеҳо аз Самарқанд, аз қишлоқи «Рӯдак» мегуфтанд. Аммо дар Бухоро ва Самарқанд ба ин ном қишлоқ дар замони ҳозира нест ва касоне ҳам, ки ин ривоятҳоро мекарданд, дар замонҳои пеш дар куҷои Бухоро ё Самарқанд будани қишлоқи «Рӯдак»-ро нишон дода наметавонистанд.

Асли ин ихтилоф дар манбаъҳои Шарқ – дар таърих ва тазки­раҳои фор­сӣ-тоҷикӣ буда, ин ихтилоф аз ҳамин манбаъҳо ба адабиёти Европа ҳам гузашта буд.

Аз тадқиқоти охирини баъзе оли­мон маълум мешуд, ки Рӯдакӣ аз «Рӯдак» ном қишлоқи Самарқанд буда, дар ҳамон қишлоқ зоида шуда ва дар ҳамон ҷо вафот ёфтааст. Аз ин ҷумла профессор Семёнов дар мақолаи худаш, ки ба Рӯдакӣ ва Дақиқӣ бахшида навиштааст, муай­ян мекунад, ки Рӯдакӣ аз «Рӯдак» ном қишлоқи Самарқанд буда, қабраш дар 15 километрии шаҳри Самарқанд аст.

Ман ҳам дар вақтҳои охир – дар вақти тартиб додани маҷмуаи ба номи Рӯдакӣ бахшидашуда ба ҳамин қарор омада будам, ки устод Рӯдакӣ аз «Рӯдак» ном қишлоқи Самарқанд аст ва қабри ӯ ҳам дар Панҷрӯдак ном ҷоест, ки аз то­беъҳои «Рӯдак» аст.

Асоси ин фикри ман ривояти «Китоб-ул-ансоб» буд, ки муаллифи вай Тоҷулислом Абусаид Абдулкарим бинни Абебакр Муҳаммад Та­мимии Самъонии марвазӣ (марвӣ) буда, дар Марв дар соли 506 ҳиҷрӣ (1113) таваллуд ёфта, ҳам дар он ҷо дар соли 562 (1167) вафот кар­дааст.

Тоҷулислом ривояти худро дар бораи Рӯдакӣ ва қабри ӯ аз Идрисӣ нақл мекунад, ки назар ба қавли худи Тоҷулислом, Идрисӣ астаро­бодӣ буда, дар Самарқанд то охири умраш истиқомат кардааст, таърихи Астаробод ва Самарқандро навиштааст, ҳам дар Самарқанд дар охири моҳи зилҳиҷҷаи соли 405 ҳиҷрӣ (1015), яъне тахминан баъд аз 60 ё 62 соли вафоти Рӯдакӣ ва­фот кардааст.

Тоҷулислом дар «Китоб-ул-ан­соб» дар моддаи «Ар-Рӯдакӣ» ме­нависад (аз тексти арабӣ мазмунан тарҷума): «Рӯдакӣ Абуабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммад бинни Ҳаким бинни Абдурраҳмон бинни Одам аст, ки девони вай дар мамла­катҳои Аҷам (форсизабон) даргард аст (яъне оммавӣ ва машҳур аст). Мегӯянд, аввалин касе, ки шеъри покизаи форсиро гуфтааст, ӯст. Абусаид Идрисии Ҳофиз гуфтааст, ки Абуабдулло Рӯдакӣ пешқадам­тарини ҳамзамонони худ буд дар шеъри форсӣ, Абулфазли Балъа­мӣ, ки вазири Исмоили Сомонӣ буда, дар Хуросон волӣ (ҳоким) шуда буд, мегуфт, ки Рӯдакӣ дар Араб ва Аҷам беназир аст (монанд надорад)».

Тоҷулислом дар «Китоб-ул-ансоб» дар моддаи «Ал-Банҷӣ» мегӯяд (мазмунан аз арабӣ тарҷу­ма мекунам): «Банҷ деҳае аз деҳаҳои Рӯдак буда, дар навоҳии Самарқанд аст. Вайро «Банҷи Рӯдак» мегӯянд. Ва ин деҳа қутби (маркази) Рӯдак аст. Абусаид Ид­рисии Ҳофиз гуфтааст, ки қабри Абуабдуллои Рӯдакӣ дар он ҷо машҳур аст ва дар пушти бӯстони (боғи) Рӯдак аст. Мардум зиёрат мекунанд. Ман ҳам зиёрат кардам».

Ин ривоят тамоман ба ҳақиқат мувофиқ буд, чунки нақлкунандаи ин ривоят – Идрисӣ дар Самарқанд дар замонҳои ба Рӯдакӣ бисёр на­здик зиндагонӣ карда ва таърихи Самарқандро навиштааст ва қабри Рӯдакиро ба чашми худ дидааст. Ин гуна тадқиқотчӣ дар бораи қабри касе, ки аз худаш 60 сол пеш мур­дааст, ғалат нахоҳад кард ва дар он гуна муддати кӯтоҳ мардум ҳам иштибоҳ карда, ба ӯ маълумоти ғалат нахоҳанд дод.

Акнун барои ман ин вазифа мон­да буд, ки бояд дар атроф ва рай­онҳои Самарқанд «Банҷ» ё «Панҷ» ё ин ки «Панҷи Рӯдак», ё ин ки «Рӯдак» ном қишлоқеро меёфтам.

Ман бисёр вақти худро ба пурсу­кови қишлоқҳои атрофи Самарқанд ва районҳои ба вай наздик гузаро­нидам, аммо қишлоқеро, ки номаш ба номҳои дар манбаи арабӣ зикр­шуда монанд бошад, наёфтам.

Баъзеҳо мегуфтанд, ки эҳтимол қишлоқи «Панҷоб» бошад. Аммо дили ман ба ин фикр қарор наме­гирифт. Чунки Панҷоб ба шаҳри куҳнаи Самарқанд бисёр наздик (дар 4 километрии вай) буда ва дар ҳудуди шаҳри нав дохил аст ва ҳол он ки дар тексти арабӣ Банҷ ва Рӯдак аз қишлоқҳои навоҳии Са­марқанд шумурда мешуд. «Навоҳӣ» бошад, дар забони араб ба маънои канораҳои дур ва районҳои дур кор фармуда мешавад.

Дуюм ин ки дар наздикиҳои Панҷоб «Рӯдак» ном ҷое нест ва ҳол он ки дар текст Банҷ – Банҷи Рӯдак – деҳае аз деҳаҳои Рӯдак шумурда шудааст.

Бинобар ин, ба ман лозим шуд, ки тафтишоти худро аз Самарқанд дуртар, ба тарафҳои кӯҳистони Панҷакент барам ва ба ҳамин ният ҳар тоҷики болоӣ – панҷакентӣ, заҳматободӣ ва масчоҳиро, ки медидам, дараки ин қишлоқҳоро аз онҳо мепурсидам, аммо ҷавоби эҷобӣ намеёфтам.

Охир як тасодуф маро ба мақсад расонд: дар моҳи августи соли 1940 ман ҳавлии худро ремонт кардам. Дар ремонт аз бозор як мардикор овардам, ки вай як тоҷики фаробӣ буда, номаш Диёр буд.

Ман бо вай суҳбат карда, номи қишлоқи худаш ва қишлоқҳоеро, ки ба қишлоқаш наздиканд, пурсидам. Чун бо ин суолу ҷавобҳо муроди ман ҳосил нашуд, аз Диёр:

– Рӯдак ном қишлоқе ҳаст ё не? – гуфта пурсидам.

–Ҳаст, – гуфт ӯ дар ҷавоб, – лекин аз мо дур аст, як рӯза роҳ аст.

– Ту дидаӣ?

– Не, ман надидаам. Аммо як бобо дорам, ки Муллоюсуф ном дорад ва ба 85 даромадааст, ӯ дидааст ва мегӯяд, ки «Рӯдак» бар болои кӯҳ аст.

– Бисёр хуб, дар он ҷоҳо Банҷ ё Банҷрӯдак ё ин ки Панҷрӯдак ном қишлоқе ҳаст ё не?

– Ҳаст, – гуфт ӯ, – як қишлоқ ҳаст, вайро «Пазрӯд» мегӯянд ва як қишлоқи дигар ҳаст, ки вайро «Панҷрӯд» мегӯянд.

Акнун муроди ман тамоман ҳосил шуда буд. Аммо як масъалаи дигар­ро ҳал кардан лозим буд: дар текст номи қишлоқе, ки қабри Рӯдакӣ дар вай нишон дода будааст, ба шакли «Банҷ» ва «Банҷи Рӯдак» навишта шудагӣ аст ва номи қишлоқе, ки ман ёфтам, «Панҷрӯд» буд. Ана ин ду ихтилофро ба ҳам созиш додан даркор буд. Ман ба зудӣ ин масъа­ларо ҳал кардам:

Азбаски матн дар забони арабӣ буд ва дар забони арабӣ ҳарфи «п» нест, маълум буд, ки «Панҷ» ва «Панҷи Рӯдак» ба шакли «Банҷ» ва «Банҷи Рӯдак» навишта шудааст. Сабаби шакли «Панҷрӯд» пайдо кардани «Панҷи Рӯдак» ҳам ба осонӣ ёфт шуд: мувофиқи қоидаи тоҷикӣ мардум аввал «Панҷи Рӯда­кро» бо қатъи изофа «Панҷрӯдак» гуфтаанд ва баъд аз он ин калимаро кӯтоҳ карда, ба шакли «Панҷрӯд» овардаанд. Вагарна аз рӯи қавли Диёр, ки номи ин қишлоқро ба ман гуфт, дар он ҷоҳо панҷ адад рӯд – наҳр набудааст, то одам гумон ку­над, ки ин калима «Панҷрӯд» буда, аз рӯдҳо гирифта шудааст.

Рӯзи дигар Диёр як ҳамқишлоқи худашро ба кор овард, ки ӯ ҳам гуфтаҳои рафиқашро тасдиқ кард.

Акнун барои ман таъкид кунондан ва пухта кардани ин маълумоти тасодуфӣ даркор буд. Бинобар ин, ман ҳамон рӯз ба секретари якуми райкомпартияи Панҷакент – рафиқ Муҳаммадиев (Шароф Муҳамма­диев – К. М.) хат навишта, тафтиш кунондани ин маълумотро аз вай пурсидам.

Рафиқ Муҳаммадиев баъд аз чанд рӯзи гирифтани мактуб, шах­сан ба хонаи ман омад ва маълу­моти мазкурро тасдиқ карда гуфт:

– Ман пурсуков кардам. «Рӯдак» ном қишлоқ будааст. Панҷрӯд бо­шад, дар Кулолӣ аст, ки аз Панҷа­кент 60 километр меояд. Дар миё­наи Рӯдак ва Панҷрӯд як кӯҳ аст, ки агар кас аз болои вай гузарад, ба ду соат ба Рӯдак мерасад. Аммо душворгузар аст. Роҳи рости мо­шинарави Рӯдак ҳам аз Панҷакент меравад. Ин роҳ аз роҳи Панҷрӯд қадаре дуртар аст.

Бо ин таъкид масъала тамоман равшан ва ҳал шуда, қабри Рӯдакӣ ва қишлоқи Рӯдак ёфт шуда буд. Акнун танҳо кори ба ин маълумот як шакли расмӣ додан монда буд. Би­нобар ин, ман ба Союзи нависанда­гони Тоҷикистон, ба рафиқ Деҳотӣ хат навишта, як экспедитсияи рас­мӣ ташкил карданро пурсидам ва дар экспедитсия иштирок кардани Союзи нависандагони Тоҷикистон, Базаи Тоҷикистонии Академияи ил­мҳои СССР ва Институти тадқиқо­тии Тоҷикистонро муносиб дидам.

Ба зудӣ экспедитсия ташкил шуд. Дар экспедитсия аз институт рафиқ Гарритский ва аз Союзи нависанда­гон рафиқ Бузургзода ва инчунин ба сифати роҳбари экспедитсия ман таъйин шудаем.

Рафиқон Бузургзода ва Гаррит­ский 22 сентябри соли 1940 дар Са­марқанд ба пеши ман омаданд. Ман ба онҳо текстҳои арабиро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда додам, ки на­вишта гирифтанд ва маълумотҳои дигарро ҳам ҳикоя кардам, ки дар дафтарашон қайд карданд ва дар он ҷо чӣ бояд карданро ҳам ба тарзи машварат гуфтам. Аммо худам ба сабаби хуб набудани сиҳатиям ба ҷои тафтишшуданӣ рафта натаво­нистам.

Рафиқони мазкур 23 сентябри соли ҷорӣ (соли 1940) ба Панҷакент рафта, аз он ҷо бо ёрмандии рафиқ Муҳаммадиев ба Панҷрӯд раф­танд. Қабри Рӯдакиро ёфта, кофта диданд ва маълумотро тамоман таъкид карданд. Рафиқ Гарритский бо ҳамин қаноат карда, ба Душанбе баргашт. Аммо рафиқ Бузургзода ба Рӯдак рафта, он ҷоро ҳам ба чашми худ дид ва тафтиш намуда, ҳамаи маълумотро тасдиқ ва таъкид карда омад.

Бо ҳамин ихтилофи чандинасра бартараф шуда, қабри Рӯдакӣ ва қишлоқи Рӯдак, ки устод Рӯдакӣ аз он ҷост, муайян гардид.

Акнун як шубҳаи хурдтарак монд, ки вайро ҳам гуфта, рафъ кардан даркор аст: модомки Рӯдак ва Панҷрӯд дар Панҷакент будааст, чаро дар текст инҳо дар навоҳии Самарқанд гуфта шудааст ва чаро устод Рӯдакиро панҷакентӣ нашу­мурда, самарқандӣ мегӯянд?

Ҷавоби ин суол бисёр осон аст: аз замонҳои бисёр қадим, то ба ҳамин наздикиҳо – то ба разме­жеваний (тақсимоти миллӣ дар назар дошта шудааст) Панҷакент, Заҳматобод ва Масчоҳ аз районҳои Самарқанд ҳисоб меёфтанд, ҳатто муллобачагоне, ки аз Панҷакент, Заҳматобод ва Масчоҳ ба Бухоро барои хондан мерафтанд, худро «самарқандӣ» мегуфтанд. Ба ҳамин қиёс самарқандӣ шумурда шудани устод Рӯдакӣ ҳам тамоман дуруст аст.

Инчунин қишлоқҳои мазкурро аз навоҳии Самарқанд шумурдан ҳам тамоман дуруст аст. Чунки дар тақсимоти маъмурии пештара худи Панҷакент ва тамоми қишлоқҳои вай аз канорҳои дури даври Са­марқанд ҳисоб меёфтанд, ки ин маъниро калимаи «навоҳӣ» дар тексти арабӣ ифода мекунад».

Самарқанд 29/Х-40

* * *

Қобили зикр аст, ки пас аз як моҳи нашри мақолаи мазкур устод Айнӣ дар Самарқанд очерки таърихии “Канали Марғедар”-ро таълиф ме­кунад, ки 28-29 ноябри ҳамон сол дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” (“Ҷумҳурият”) нашр мешавад.

Устод Садриддин Айнӣ қабл аз нигоштани очерки мазкур тирамоҳи соли 1940 ба хотири шинос шудан бо вазъи сохтмони канали Марғе­дар ба зодгоҳи Одамушшуаро сафар мекунад. Дар баробари ин, устод ният дошт, ки зодгоҳи Султо­ни шоирон – деҳаи Панҷрӯдро, ки аз саргаҳи канали Марғедар чандон дур нест, зиёрат бикунад. Вале ин нияти устод Айнӣ ба хотири хуб набудани сиҳатиаш ва ноҳамвору душворгузар будани роҳ амалӣ нагардид.

Очерки таърихии “Канали Марғе­дар” аз ҳашт фасл иборат буда, устод пас аз тасвири муфассали кори каналчиён, дар фасли панҷум, ки “Фарзандони устод Рӯдакӣ” ном дорад, боз ба мавзуи “ватани зои­дашудаи устод Рӯдакӣ” дахл карда, менигорад:

“…Арбоби таърих ва тазкираҳо то ҳол дар болои дар куҷо будани кишлоқи Рӯдак, ки ватани зоидашу­даи устод Рӯдакӣ аст, ихтилоф до­штанд. Фикрҳои охирӣ ба он қарор ёфта буд, ки “Рӯдак” дар Самарқанд аст. Аммо дар куҷои Самарқанд будани ин қишлоқро касе муайян карда, гуфта наметавонист. Ман имсол ба Панҷрӯдак (Панҷрӯд), ки ҷои қабри Рӯдакист, алоқадор бу­дани Рӯдак ва бо вай дар як район будани онро аз манбаъҳои бисёр куҳна ёфта, бо пурсуков аз як каси фаробӣ, дар ҳақиқат мавҷуд будани ин қишлоқро шунида будам, ки ин маълумотро секретари райкомпар­тияи Панҷакент рафиқ Муҳаммади­ев таъкид карда буд ва баъд аз он ба асоси ҳамин экспедитсияи расмӣ фиристода шуда буд, ки вай ҳам ин маълумотро тамоман тасдиқ карда, омада буд…”

Тавре устод Айнӣ нигоштааст, дар пайдо кардани қабри Одамуш­шуаро, ки ӯ “аз манбаъҳои бисёр куҳна” муайян кардааст, воқеан ҳам Диёр сабаб шудааст. Агар устод Айнӣ бо ӯ вонамехӯрд, тул каши­дани пайдо кардани қабри Султони шоирон аз эҳтимол дур набуд.

Чун устод аз Диёр номи деҳаи Панҷрӯду Рӯдакро мешунавад, ҳа­мон рӯз аз Самарқанд ба муншии аввали ҳизби коммунистии шаҳри Панҷакент Шароф Муҳаммадиев нома навишта, аз ӯ санҷидани маълумоти мазкурро хоҳиш меку­над.

Шароф Муҳаммадиев ҳам, тав­ре устод нигоштааст, “шахсан ба хонаи ман омада ва маълумоти мазкурро тасдиқ кард”.

Қобили зикр аст, ки Шароф Муҳаммадиев яке аз шахсиятҳои маъруфи водии Зарафшон буда, дар тули ҳаёти худ (1907-1982) бо фарзандони фарзонаи миллат Са­дриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абдулаҳад Қаҳҳоров ва дигарон ҳамкории судманде дошт.

Чун мавриди мувофиқ аст, бояд тазаккур диҳам, ки соли 1972 сао­дати мулоқот бо ин марди фозил ба нигорандаи ин сатрҳо ёр гардид, ки мавзуи қиссаи дигар аст. Танҳо ҳаминро афзуданиям, ки дар ҳа­мон мулоқот Шароф Муҳаммадиев гуфта буд:

– Вақте дар Киштӯддара, дар оғӯ­ши ҷангали Булбулон воқеъ будани Панҷрӯдро изҳор доштам, чашмо­ни устод барқ мезад, чеҳраашон мисли гул мешукуфт ва такрор ба такрор мегуфтанд: – Панҷрӯд-Рӯда­кӣ, Рӯдакӣ-Панҷрӯд…

Вақти хайру хуш устод дастона­мро сахт фишурду айнан гуфт:

– Пас аз ҳазор сол пайдо карда­ни зодгоҳи Одамушшуаро, мулло Шароф, ин муъҷиза аст, ки таърихи башарият ёд надорад ва шумо ҳам бояд ифтихор кунед, ки дар ин каш­фиёти бузург саҳми арзанда доред!

Дарвоқеъ, устод Садриддин Айнӣ, ба гуфти нависандаи зиндаёд Пӯлод Толис, “як умр ба халқи худ содиқ буд, ӯ тамоми ҳаёти худро ба хидмати халқ бахшид. Чунин одам ҳеҷ гоҳ намемирад ва хотираи пуршарафи ӯ ҳамеша аз партави офтоби муҳаббати халқ дурахшон хоҳад буд.”

Карим Мӯсо

Дигар хабарҳо