Муҳаққиқ ва мутарҷими адабиёти тоҷик

 Муҳаққиқ ва мутарҷими адабиёти тоҷик

?????????????????????????????????????????????????????????

Таҳқиқ ва тарҷумаи осори сухан­варони адабиёти тоҷик ба забонҳои мухталифи олам дар мамолики мух­талиф, аз ҷумла дар кишвари ҳамсо­яи Ӯзбекистон дар замони Истиқлоли миллӣ ба марҳалаи комилан нави хеш ворид гардид. Дар самти густа­риш ва вуруди ин раванди муҳим ба сатҳи нав саҳми донишманди соҳиб­ном, ходими калони илмии институти забону адабиёт ва фолклори Акаде­мияи илмҳои Ӯзбекистон, профессор Эргаш Очилов шоистаи таваҷҷуҳ ва таъкид аст.

Дар ҷараёни таҳлили муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти илмии профес­сор Эргаш Очилов ин нукта равшан мегардад, ки ӯ бештарин корномаҳои шоёни хешро дар ду арса ба зуҳур расонидааст: Аввал, таҳқиқу бар­расии осори суханварони адабиёти форсу тоҷик ва пайвандҳои адабии халқҳои тоҷик ва ӯзбек, баррасии ма­соили татбиқии адабиёти ин мардуми ҳамҷавор ва дӯст. Дувум, тарҷумаи мероси суханварони адабиёти клас­сикии тоҷик дар забони ӯзбекӣ, ки воқеан кори сангин ва мушкиле эъти­роф ҳам гардидааст. Албатта, мавзуи мушкилоти тарҷумаи осори адибони классикии форсу тоҷик як масъалаи мубрами адабиётшиносии ҷаҳонӣ дар иртибот ба тамоми забонҳои тарҷу­машаванда аст ва бешак тарҷума ба забони ӯзбекӣ низ дар ин миён истис­но наметавонад бошад, ки ин баҳс бамаротиб дар баррасиҳои мунтақи­дон ва пажӯҳишгарони тарҷумашинос таъкид шудааст. Худи профессор Эргаш Очилов низ ба ин мавзуъ чун тарҷумашинос бевосита руҷуъ кардаву нақду назарҳои арзишманд баён кардааст. Аз ин рӯ, новобаста ба чунин мушкилот иқдомоти про­фессор Эргаш Очилов, ки аз ҷумлаи мутарҷимони пуркор ва сермаҳсул шинохта шудааст, шоистаи эътироф ва ситоиш ҳам ҳаст.

Бояд гуфт, ки профессор Эргаш Очилов бештар аз 30 сол аст, ки дар анҷоми корҳои бузург дар адабиёт­шиносии ӯзбекӣ ва тоҷикӣ, таҳқиқи равобити адабӣ ва адабиёти тат­биқӣ, тарҷумашиносӣ ва амсоли ин муваффақ шудааст. Баррасии таъ­сирпазирии суханварони адабиёти ӯзбек аз адабиёти тоҷик як шохаи бузурги ибтикороти илмии устодро ба вуҷуд овардаст, ки танҳо руҷуъ ба пайвандҳои маънавиву эҷодии Амир Алишери Навоӣ бо Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон, инчунин таъсирпазириҳои ӯ аз суханварони гузаштаи адабиёти мо бо шаклу шеваҳои мухталиф аз густараи до­манаи баррасиҳои илмии эшон паём мерасонад. Ҳамзамон, дар иртибот ба таъсиргузории Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Бедили Деҳлавӣ ба адабиёти ӯзбек низ силсилаи мақолаҳо ба қалам овардааст, ки ҳам ба тоҷикӣ ва ҳам ба ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба чоп расидаанд. Ҳамчун муҳаққиқи соҳибназар ва мутарҷиму тарғибгари адабиёти форсу тоҷик дар силсилаи ҳамоишҳои илмии адабпажӯҳӣ борҳо дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ширкат варзидааст. Робитаи хуби профессор Эргаш Очилов барои боз ҳам густариш ёфтани паҳлуҳои мух­талифи пажӯҳишоти ӯ, таҳқиқи беш­тари масъалаҳои мубрами адабиёти гузашта ва муосир тоҷик шароити мусоид фароҳам меоварад.

Як бахши муҳимми таҳқиқоти профессор Эргаш Очиловро баҳсҳои марбут ба равобити адабии сухан­варони адабиёти муосири тоҷик ва ӯзбек низ ба вуҷуд овардааст. Таҳқиқи арзишманди ӯ роҷеъ ба пайвандҳои эҷодии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва нависандаи барӯманди ӯзбек бо номи “Устод Айнӣ ва Ғафур Ғулом” бо назардошти аҳамияти муҳим дар баррасии масоили адабиётшиносии тоҷикӣ низ дар таърихи 6 июни соли 2024 дар нашрияи “Адабиёт ва санъ­ат“ ба чоп расидааст. Дар канори ин, баробари нависандаи соҳибзавқу соҳибназар будан дар адабиёти ӯзбек Ғафур Ғуломро ҳамчун яке аз нахустин бедилхонону бедилдонон ва мутарҷимони намунаҳои ашъори Бедил дар ин кишвар эътироф наму­дааст, ки мақолаи арзишманди про­фессор Эргаш Очилов зери унвони “Ғафур Ғулом ва Мирзо Бедил” ҳи­коят аз шарҳи муфассали ин мавзуъ мекунад, ки ҳанӯз дар соли 2005 ба чоп расидааст. Биноба таҳқиқи ин адабиётшинос, таъсири сабки сухани Бедил дар эҷодиёти Ғафур Ғулом ба таври барҷаста эҳсос мешавад, ки ин нукта дар мақолаи дигари ӯ “Бедил ва адабиёти ӯзбек” низ таъкид ва зикри намунаҳои эҷодӣ шарҳу тавзеҳ ёфтааст.

Фузун бар ин, тарҷума ва шарҳи намунаҳои ашъори суханварони тоҷик, чун устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Бедили Деҳлавӣ ва дигарон саҳми арзишманди донишмандро ҳамчун мутарҷим ва мубаллиғи ашъору аф­кори суханварони адабиёти форсу тоҷик ба забони ӯзбекӣ шарҳу тафсир мекунад. Нашри китобҳои Фаридуд­дини Аттор “Ҳикматлар” дар соли 2013, ки тарҷумаи ӯзбекии ҳикматҳои ин суханвари орифро фаро мегирад, иқдоми шоистаи ӯро дар таҳқиқ ва муаррифии мероси маънавии шоир бозгӯӣ мекунад. Китобҳои “Муҳаббат маъвоси” бошад, тарҷумаи 1002 ру­боии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва “Ҳаёт ҳикмати” тарҷумаи бахше аз ғазалиёт, 178 рубоӣ, муқаттаот ва намунаҳои фардиёти Саъдии Шерозиро дар худ ғунҷоиш додааст. Пешгуфторҳои ба ҳар яке аз ин кутуб нигоштаи профессор Эргаш Очилов ба зоти хеш як таҳқиқи муҳим дар шинохти мероси маънавии бузургони адабиёти классики тоҷик ба шумор меоянд, ки барои муаррифии чеҳраи адабии муҳаққиқ чун пажӯҳишгар ва тарғибгари адабиёти тоҷик дар Ӯзбе­кистон нақши муҳим доранд.

Китоби “Минг бир рубоий” фароги­ри тарҷумаи ҳазору як рубоӣ аз 40 тан шоири гузаштаи адабиёти тоҷик мебо­шад, ки аз устод Рӯдакӣ оғоз ёфта, бо Шамсиддин Шоҳин ба анҷом мерасад. Бо сабаби он ки китоб бо пуштибонии Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исло­мии Эрон дар Ӯзбекистон дар соли 2009 ба чоп расидааст, дар як сафҳа бо хати форсӣ бо номи “Тарҷумаи ҳазору як рубоӣ аз номоварони адаби форсӣ” муаррифӣ шудааст. Дар миё­ни ин шуаро номовароне ҳам ҷой до­ранд, ки дар доираҳои илмиву адабӣ бо сабаби дастрас набудани мероси адабии онон ҳамчун шоир камтар ши­нохта шуда, намунаҳои ашъорашон натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Тоҷикистон ва мамолики дигар ҳам ба шоистагӣ муаррифӣ нашудаанд. Ойи­шаи Самарқандӣ, Фахриддини Розӣ, Подшоҳхотун, Духтарӣ, Хондамир, Офоқбегим, Заҳируддин Муҳаммади Бобур, Байрамхон, Комилабегим, Мунира ва дигарон дар шумори ҳамин суханвароне қарор гирифтаанд, ки намунаҳои ашъорашон аз форсӣ ба ӯзбекӣ дар ин китоб тарҷума шудаанд.

Агарчӣ осори фавқуззикр намунаҳои тарҷумаҳои ӯзбекии ашъори суханварони адабиёти форсу тоҷикро чун самараи ибтикороти ин мутарҷими номвар фаро мегиранд, вале ду китоби дигаре чун маҳсули заҳматҳои профессор Эргаш Очилов низ ба нашр расидааст, ки аз чанд ҷиҳат қобили аҳаммият мебошад. Бо он ки ҳар ду китоб “Рубойилар” унвон гирифта, силсилаи рубоиёти ирфонии ду тан аз намояндагони барҷастаи тариқати нақшбандия – Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ва Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувониро фаро мегиранд, вале фарқи ҳарду аз осори дигар дар он зоҳир мешавад, ки ин ҷо намунаҳои рубоиёт ба ду забон форсӣ ва ӯзбекӣ ва хатти сириллик ҷой дода шудаанд. Профессор Эргаш Очилов ба ҳарду китоб пешгуфтор ва тавзеҳоти муфассале навиштааст, ки симои ӯро чун муҳаққиқи адабиёти ирфонии форсу тоҷик муаррифӣ мекунанд. Огоҳӣ аз мероси адабиёти гузашта ва мутолеи хуби хати форсӣ имкон додааст, ки маҷмуи рубоиёти мазкурро ба хати сиррилик дар баробари тарҷума таҳия ва интишор диҳад.

Соли 2011 китоби Мирзо Абдулқодири Бедил бо номи “Ҳайрат ойинаси” ба чоп расид, ки тарҷума ва шарҳу тавзеҳи гузидаи ғазалиёт, рубоиёт ва ҳикматҳои шоирро ба забони ӯзбекӣ дар тарҷумаи профессор Эргаш Очилов фаро мегирад. Чандин мақолаҳои дигаре дар заминаи пайванди адабиёт ва адибони ӯзбек ба Бедил, татаббуоти суханварони ин сарзамин бар ашъори Абулмаонӣ, аз ҷумла шоири зуллисонайн ва амири Хоразм-Амирӣ ба қалам овардаанд, ки симояшонро ҳамчун муҳаққиқи барҷастаи осори Бедил дар ин сарзамин муаррифӣ мекунад. Даст задани профессор Эргаш Очилов ба тарҷумаи ашъори Бедил худ ибтикори шоёнест, ки хадамоти барҷастаи эшонро дар шумори камтарин мутарҷимони ҷаҳонии сурудаҳои Абулмаонӣ муаррифӣ мекунад. Барои анҷоми ин тарҷумаҳо, ки бештари онҳоро намунаҳои рубоӣ ва ғазалиёти шоир ба вуҷуд овардаанд, ба қавли худи шоир, “фаҳми тунд” лозим аст. Бегумон, профессор Эргаш Очилов бо ҳамон дарку маърифати матлубе, ки аз адабиёти форсӣ дорад, дар анҷоми ин кор муваффақ гардид. Ба таъбири дигар, роҳи адиби маъруф Ғафур Ғуломро дар ин арса ба шоистагӣ давом дода, худро дар канори ҳам мутарҷимон ва ҳам муҳаққиқони ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил дар Ӯзбекистон ва ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ҳузураш дар чанд ҳамоиши байналмиллалии “Урси Бедил” дар Эрону ва Ҳинд ва нашри мақолоти ин муҳаққиқ дар маҷмуаи суханрониҳои чунин нишастҳои бонуфузи байналмиллалӣ, робитаҳои муҳкам бо муҳаққиқони варзидаи осори Бедил дар кишварҳои мухталифи олам ҳикоят аз эътирофи корномаҳои илмии эшон дар бедилпажӯшӣ дар ҷаҳони муосир мекунад.

Фаъолияти амалии тарҷумонӣ имкон фароҳам овард, ки баробари анҷоми ин корҳои арзишманд ба таҳқиқи ҷанбаҳои назарии кори тарҷу­ма ва мушкилоту муаммоҳои он низ машғул гардида, ба таълифи рисолаи арзишманде зери унвони “Муаммоҳои тарҷумаи ашъори форсӣ ба ӯзбекӣ” (ба забони ӯзбекӣ) муваффақ шавад, ки натанҳо дар адабиётшиносии ӯзбек, балки дар адабпажӯҳии тоҷик низ қобили аҳамият аст ва гумон мекунам, ки тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ дар амри шинохти масоили назарии тарҷумашиносӣ муфид хоҳад буд.

Ибтикороти Эргаш Очилов дар тарҷума ва тарҷумашиносӣ, ба ан­дешаи мо, омили бештар барои фурӯрафти эшон ба ғаври маънои вожагону таркибҳои форсиву тоҷикӣ гардид. Бо камоли маърифат аз на­зокатҳои забони тоҷикӣ мақолаҳои арзишманде дар ин забон ба қалам овард, ки бахше аз онҳо дар маҷал­лаву нашрияҳои Тоҷикистон ба чоп расидаанд. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки Эргаш Очилов як до­нишманди зуллисонайне ҳаст, ки дар ҳарду арса ҳам тавфиқ ёфтаву чун разми дӯстӣ барои ривоҷ ва тарғиби ҳарду адабиёт ва адабиётшиносии кишварҳои бародари Ӯзбекистону Тоҷикистон хидмат намуда меояд.

Нуралӣ НУРЗОД
профессор,

Баҳриёр ФАЙЗУЛЛОЕВ,
номзади илми филология

Дигар хабарҳо