МУҲАММАД ҒОИБ: «НАЗАРИ АЗ ГУЛ НАРМТАР»

 МУҲАММАД ҒОИБ: «НАЗАРИ АЗ ГУЛ НАРМТАР»

?????????????????????????????????????????????????????????

Дар  сӯгвории    устод  Гулназар

 

Он дам, ки гузаштӣ аз ҷаҳони фонӣ,

Аз байти ту абри дида шуд боронӣ:

“Бо кибр назар макун ба хоки сари роҳ,

Охир ба ҳамин хоки сияҳ сармонӣ”.

 

Аз гул назари ту нармтар буд ба чашм,

Рӯят зи тамуз гармтар буд ба чашм.

Дар чашмаи чашмат набуд осори ғубор,

Гар буд, ҳамон ғубор зар буд ба чашм.

 

Ширинсухану шоири номӣ будӣ,

Дар кишвари эҷод низомӣ будӣ.

Бо он ҳама хоксортар аз ту набуд,

Парвардаи дарсгоҳи  Ҷомӣ будӣ.

 

Навмед намерафт касе аз пешат,

Бегона зи як лутфи ту мешуд хешат.

Аз меҳр ҳама пиру ҷавон мегуфтанд:

Инсони бузургу марди дурандешат.

 

Чун мардумаке ба дидаҳо ҷо будӣ,

Чун баҳр бағалкушо ба дарё будӣ.

Ёқути ту буд қатраи хуни ҷигар,

Ганҷ аст сухан, аз  ҳама доро будӣ.

 

Аз хат асари такудават мехондем,

Бар шамъи хаёл партават мехондем.

Ин моҳ чӣ хонем, ки хомӯш туӣ,

Ҳар моҳ , ки ашъори нават мехондем.

 

Бар рафтани ту ҳанӯз бовар накунам,

Бар дай шудани тамуз, бовар накунам.

 Корат ҳама умр сӯхтан буд, ки зуд

Бар сардшавии сӯз бовар накунам.

 

Ҳар кас ки шунид маргат, афсӯс бигуфт,

Аз даҳр гузашт як баномус бигуфт.

Беҳтар зи наҷот аст ҳамин гуна вафот,

Инро ҳама то тутию товус бигуфт.

 

Рафтию суруди рӯҳбахши ту бимонд,

Омехта рӯди Фон ба Вахши ту, бимонд.

Рафтию ба саҳрои Самангони сухан

Бар Рустамаш интизор Рахши ту бимонд.

 

Аз роҳи хаёл пурҳунар мегузарад,

Бар шаҳраги дил хун аз ҷигар мегузарад.

То вирди забон аст суруди миллӣ,

Аз давр ба давр Гулназар мегузарад.

Дигар хабарҳо