МУҲАММАДРИЗО ТОҲИР

 МУҲАММАДРИЗО ТОҲИР

ТОҲИРИ МУҲАММАДРИЗО 17 майи соли 1964 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №60 муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ва корманди Осорхонаи ҷумҳуриявиии таъриху кишваршиносии ба номи Камолиддини Беҳзод будааст.

Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, муддате дар заводи «Фонон» ва мактаби миёнаи №25 фаъолият бурдааст.

Солҳои 1986-2004 корманди Телевизиони Тоҷикистон ва сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм» будааст. Ҳоло сармуҳаррири Раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад.

Аввалин хабару мақолаҳояш аз аввали солҳои ҳаштодум дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд. Минбаъда навиштаҳояш дар рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Паёми Душанбе», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Тоҷикистон» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Ҳикояҳои ӯ «Шаби борон», «Носипосӣ», «Ишқи парӣ», «Амонат», «Гиреҳи дил», «Никоҳ», «Чарх», «Марсияи кӯҳистон», «Бачаи шаҳр», «Воқеаномаи рӯзҳои мо», «Боша», «Фаришта» ва ғ. бо услуби хоси тасвири ҷаҳони ботинию психологии қаҳрамонҳо ҷолибанд.

Қиссаи «Ғӯраи сармозада» (1993) оқибати шуми маҳалгаройӣ ва қисмати ҷавонони муосирро мавриди баррасӣ қарор додааст. Қиссаи «Чарх» (2003) аз проблемаҳои мубрами ахлоқию маънавии ҳамзамононамон ҳикоя мекунад. Қиссаи «Муноҷот» (2014)» ба тасвири рӯзҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст.

Муаллифи гулчини қиссаву ҳикояҳои «Ишқи парӣ» (1999), «Чарх» (2005), «Фарёди кӯҳҳо» (2011), «Парвоз» (2014), романи «Рӯзҳои Худо тезгузаранд…» (2014) ва «Парвоз (2014) мебошад.

Пйесаҳои Тоҳири Муҳаммадризо «Ишқи парӣ», «Бардак» ва «Дарёи дилҳои ҳастӣ»-ро чанд театри ҷумҳурӣ ба саҳна гузоштаанд.

Дар Телевизиони Тоҷикистон аз рӯи сенарияи Тоҳири Муҳаммадризо ва Тағоймуроди Муҳаммадмурод (2000) филми «Пилтапеч» таҳия шудааст. Ҳамчунин ӯ муаллифи видеофилмҳои мустанади «Чоркӯҳ» (1998), «Қуллаи мурод» (1999), «Наврӯз» (2001), «Пир Шоҳ Носири Хусрав» (2003) ва «Тоҷикистони азизи ман» (2004) мебошад.

Тарҷумаи филмҳои ҳунарии «Дарди дандони шир», «Сурх ва сиёҳ», «Модагург», «Хислат», «Қиссаи баҳрҳои ҷанубӣ», силсилафилмҳои мустанади «Бузургшаҳрҳо», «Занҳои бузурги аср», «Дар ҳифзи табиат» ва ғ. маҳсули ранҷи ӯстанд.

Намунаҳоеро аз осори драматургони ҷаҳон, монанди А.П. Чехов «Боғи олуболу», А.Дударев «Дар ёд дорӣ, Алёша?», Ж.Б. Молйер «Бемори зӯракӣ» ва ғ. ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1995 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо