Мулоқоти аҳли илму зиёи ду кишвар

 Мулоқоти аҳли илму зиёи ду кишвар

19 август дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ бо иштироки олимону зиёиёни ду кишвар баргузор гардид.

Меҳмонон бо дастовардҳои олимони тоҷик дар намоишгоҳи АМИТ шинос гардида, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ баён намуданд.

Дар оғози конфронс Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ намуда, ба кори конфронс барор хостанд.

Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронияш, аз ҷумла, омодагии олимон ва зиёиёни тоҷикро барои ҳамкории пурсамар бо аҳли илму зиёи Қазоқистон баён намуд ва таҳкими ин робитаҳоро зарур донист.

Сипас дар ҷараёни Конфронс аз ҷониби намояндагони соҳаҳои гуногуни илми ду кишвар маърӯзаҳо ироа гардиданд.

Дигар хабарҳо