МИРЗО ҒАФФОР

 МИРЗО ҒАФФОР

ҒАФФОР МИРЗО 5 январи соли 1929 дар деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг зода шудааст. Соли 1949 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва чанде муаллимӣ кардааст. Муддате корманди моҳномаи «Шарқи Сурх» будааст. Соли 1956 Курси олии адабиётро дар Маскав ба поён расонда, солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст.

Асарҳояш аз солҳои 40-уми асри мозӣ чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Аз самими дил» (1952), «Ҳазор раҳмат» (1954), «Дил дар кафи даст» (1962), «Аз гаҳвора то майдон» (1981), достонҳои «Асрор» (1957), «Тоҷи давлат» (1958), «366 паҳлӯ» (дар чаҳор қисм; 1963, 1964, 1970, 1972), «Нору Нур» (1972), дуҷилдаи осор (1979-1980), романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» (1983) ва ғ. мебошад.

Барои бачагон асарҳои марғубе навиштааст, ки «Санговдавак» (1953), «Баррача рӯяд аз замин» (1953), «Чилдухтарон» (1956), «Гунҷишкак» (1961, 1964), «Достак» (1961, 1965), «Шайтони бекафшу маҳсӣ» (1963, 1964), «Як қатра Офтоб» (1965), «Кадом ҳунар беҳтар аст?» (1971), «Гулҳои дастабаста» (1974) ва ғ. аз он шумуланд.

Дар матбуот чанд ҳикояи хубаш чоп шудааст. Очеркҳояш дар байни хонандагон маълуму машҳуранд, ки дар маҷмӯаҳои «Сафари диёри дӯстон» (1960), «Ҷовидонӣ» (1965) ва «Меҳнат мукофот аст» (1977) гирд омадаанд.

Анқариб даҳ маҷмӯаи ашъораш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ба русӣ ба табъ расидаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.

Осори алоҳидаи В. Маяковский, Н. Некрасов, Ш. Петефи, Н. Ҳикмат, А. Сурков, П. Воронко, А. Твардовский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Чанд мақолае, ки дар бораи масоили рушду камоли адабиёт ва забони тоҷикӣ навиштааст, бесуд набудаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон (1994).

Аз соли 1952 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

26 августи соли 2006 вафот кард.

Дигар хабарҳо