Аз эҷоди ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Мижгона Халилова. Модар

Ҷавонзан ба ҳаммом оби гарм овард, собун муҳайё сохт, сачоқи тоза гирифт ва назди писари бе­мораш рафт, то ки биораду сару танашро бишӯяд. Шустушӯи писарак модарро хуш меояд, гумон меку­над, ки ӯ мисли гули баҳориест, ки пас аз боридани борон тозаю тар мешавад, бӯи форам аз худ бадар месозад.

Аммо ин бор вақти шустушӯ да­стони модар ларзиданд, ларзиши дастон дар чашмонаш ашкро падид овард. Ғуссаи дил дар гулӯ хафа­гираш намуд, роҳи нафасаш баста гашт. «Чӣ имтиҳони сахте, чӣ озмо­иши бузурге! Писараш дар лобалои марг қарор дораду аз дасти модар коре намеояд, ба ҷони фарзандаш марг таҳдид мекунаду модар но­тавон аст!» — андешид ба худ.

— Модар, чаро гиря мекунед?- пур­сид Абубакр риштаи хаёли модарро барканда.

— Не, бачаҷон, гиря намекунам, — ба худ омад зан, — шояд оби сару тани туст, ки ба рӯям мепарад.

— Не, модар, шумо гиря мекунед, чашмонатон сурх шудаанд.

Модар барои худро сафед кар­дан даҳон кушоданӣ шуд, ки ногоҳ фарёди гургонае баланд гардид.

— Занак, ҳо занак! Занак дар куҷоӣ? Э… дар падари ту …

— О, Худоҷон, дар чунин рӯз ҳам нӯшида омадааст, — ғазаболуд гуфт зан. — Аз куҷо пул ёфта бошад?

Писарак гунаҳкорона сар хам кард: — Аз…ҷевон, чойники сурхе, ки барои меҳмонон аст, гирифта бурд…

— Чӣ? – дуд аз димоғи модар ба­ромад. Аммо ба чашмони писараш нигаристу дарҳол худро ором во­намуд кард.

— Боке не, писарам. Бало ба па­саш. Худованд туро нигаҳбон бо­шад, ҷарроҳии ту бахайр гузарад, шуд. Калон, ки шудӣ барои ман садто чунин чойникро мехарӣ, ҳамин тавр не, ҷони оча?

Ҳарду табассуми талх карданд ва ғарқи андеша шуданд…

Модар охирин бор обро ба сару тани писарак рехту бо сачоқ хушкаш намуд. Сипас ӯро ба оғӯш гирифта, бардошта то хона овард. Шавҳара­шро дид, рӯи роҳрав афтида, хоб аст. Оҳи сард кашид, аммо ҳарфе ба забон наовард. Ба ин ҳолат одат кардааст. Ҷангу ҷидолҳои пайваста натиҷае ба бор намеоранд, ба ҷуз дилтангиву ноҷӯрӣ ба ҷисму ҷони зан. Бетафовут нигарист ба шавҳар. «Худо биомурзад» аз дил гузаронд ва гузашту рафт.

Барои писарак ва хоҳару баро­дараш хӯроки шом овард. Баъдан шавҳарашро кашолакунон ба хона даровард. Ба ҷойхоб хобонд. Рахти хоби ҷигарбандонашро низ дуруст карду наздашон дароз кашид. Хоб ба дидагонаш намеомад. Хаёлан зиндагиашро чун навори филм пеши назар медид.

Чӣ дид ӯ дар давоми ҳаёти сию­шашсолааш? Ҷангу хархашаи хонаи падарӣ ва такрори онро дар хонаи худаш! Ҳақ мегуфтаанд кампирони деҳ: «Рӯзи модар ба сари духтар». Падараш майзада буд, модар рӯзи хуш намедид. Акнун ин ҳолро худи ӯ аз сар мегузаронад. «Аз борон гу­рехт, таги новардон монд». Не, дурӯғ аст! Ӯ се ҷигарбанд дорад! Мисли моҳ зебоанд! Бо ҳама бадрафторӣ онҳо падарро дӯст медоранд. Зан ба хотири онҳо шавҳари майзадаро таҳаммул мекунад. Хушии умру уме­ди ояндааш ҳастанд се фарзанд. Рӯз то бегоҳ дар дукони самбӯса­пазӣ барои онҳо заҳмат мекашад. Ва расидани шомро мунтазир мешавад, фаро расидани беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёташро. Бо подоши меҳнаташ хоҳишҳои фарзандонро амалӣ ме­намояд. Ба яке ҳасиб, ба дигаре ши­ринӣ, ба сеюми лӯхтаку муҳрачаҳо харида, сӯи кошонааш мешитобад. Истиқболи гарми онҳо, чеҳраҳои хандонашон ҳама кулфату ғамашро аз байн мебаранд. Зан як лаҳза та­бассум мекунад, механдад, ҳатто аз шодӣ ашк мерезад… Баъдан идома медиҳад зиндагии носозгорашро, зиндагии нооромашро, зиндагии ноҷӯрашро…

Акнун тақдир мехоҳад ҳамин хурсандии кӯчакро низ аз ӯ бигирад! Дарди ношуд писаракашро ба қабзаи худ гирифтааст ба сӯи марг мекашадаш. Наход ҳама такудавҳои чандинсолаи модар беҳуда бошанд? Наход писараш оқибат қурбони ин дарди ҷон­коҳ бигардад? Гӯшти зиёдатие, ки дар мағзи сари писарак аст, оқи­бат ӯро мекушад? Ал­лакай як дасту пояшро шал сохтааст. Духтуро­не, ки то дирӯз модарро умедвор мекарданд, ки бо дорую дармон он гӯшти сабилмондаро нест мекунанду ҳоҷат ба ҷарроҳӣ намемонад, имрӯз илоҷи ягонаро дар ҷарроҳӣ мебинанд ва он ҳам бидуни кафолате…

Акнун модар миёни роҳ мондааст. Агар ба ҷарроҳӣ розӣ нашавад, писарашро аз даст медиҳад, розӣ шавад ҳам, хатари бузурге ба ҷони ҷагарбандаш таҳдид мекунад. Зан чӣ кор карданашро намедонад, ҳайрон аст, лол аст, бечора аст… Ку нафаре, ки ба дардаш дармон шавад? Ку шахсе, ки муттакояш гардад, маслиҳату машварати ду­русташ диҳад, роҳ нишон диҳад? Падар? Ӯ ҳам мисли шавҳар ғарқи айшу ишрати худ аст!? Модарро рӯзгори нобасомон он қадар афгор намуда, ки саломатиашро рӯз аз рӯз аз даст медиҳад.

Зан ногоҳ аз ҷой бархост, рафт сӯи ҳаммом ва дасту рӯй шуст, ху­дро покиза намуд, либосашро иваз карду рӯи ҷойнамоз нишаст. Ба рукуъ ва суҷуд рафт, сар ба замин зад, даст ба дуо бардошт. Ашк рух­сораҳояшро мешуст, ғам дилашро мефишурд, ӯ бармехост, менишаст сар ба замин мезад, даст ба дуо мебардошт. Ин амалҳои модар то дергоҳ идома ёфт. То замоне ки аккоси сагон пасанда шуда, хурӯси ҳамсоя ба фарёд омад…

Модар хастаю афсурда ба берун нигарист. Субҳ медамид. Зан ҷойнамозро ғундошта, рафт паи пухтани гармоба. Баъдан писара­шро аз хоб бедор кард, оростаю пироста намуд, мошинеро киро кар­ду сӯи беморхона роҳ пеш гирифт. Шавҳараш чун ҳамеша масти хоб буд.

Аз тирезаи мошин модар ба атроф менигарист. Чанд писараку духтаракро дид, ки шодон сӯи мак­таб мерафтанд. Ҷигарбанди ӯ барои ҷарроҳӣ шудан меравад.

— Модар ҷарроҳиро чӣ гуна мегуза­ронанд? — пурсид Абубакр ногаҳон.

Вай саросема шуд. Худи ӯ аз тасаввури он ба даҳшат меомад. Сари кӯчаки фарзандашро духтурон бояд чок кунанд, аз мағзи сар гӯшти зиёдатиро бурида гиранд. Чунин ҷарроҳиҳо дар табобатхонаҳои худӣ кам гузаронида мешавад. Духтурон пешниҳод карданд, ки агар имкон дошта бошад, метавонад ба бемор­хонаҳои кишварҳои дигар муроҷиат намояд. Аммо зани танҳо (зан чандин сол аст, ки худро танҳо ҳис мекунад) ин қадар маблағро аз куҷо меёбад? Ӯ ҳатто ҳуҷҷати заруриеро надорад, ки аз бонк қарз гирад. Бо зорию таваллои зиёде аз соҳиби дукон даҳ ҳазор сомонӣ қарз гирифт. Шукри ҳамсояҳо, то ҷои тавон кумак карданд, аммо хароҷоти табобат хеле гарон аст.

Мошин назди дарвозаи Қарияи Боло қарор гирифт. Модар аз мошин берун шуда, ба бинои беморхона дида дӯхт, тапиши дилашро бештар ҳис кард. Барояш осонтар мебуд, агар худи ӯро ҷарроҳӣ мекарданд.

Духтури шинос Абубакрро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, аз ҳамкоронаш хоҳиш намуд, мӯйи сари писаракро тарошанд. Модар ба мӯйи сари фарзандаш, ки рӯи замин меафтид, менигаристу худро рӯи фарш афтода медид.

Утоқи ҷарроҳӣ омода шуда буд ва ҳамшираҳои шафқат барои бур­дани бемор омаданд. Модар бори охир фарзандашро ба оғӯш гирифт. Туғёни дилашро дар худ фурӯ бурд, нахост писарашро тарсонад, танҳо бесадо гирист. Ҳамшираи шафқат писаракро базӯр аз модар ҷудо на­муда, бо худ бурд. Модар дар ҷои нишасташ аз ҳуш рафт. ..

Духтурон ӯро ба ҳуш оварданд, аммо зан дигар тавони аз ҷой бархестан надошт. Рӯи кат беҳуш мехобид. Танҳо замоне, ки ҳамши­раи шафқат хабари бахубӣ анҷом ёфтани ҷарроҳиро ба зан расонид, ӯ аз ҷой барқвор хеста, сӯи ҳуҷраи эҳё шитофт. Писарашро дид, ки беҳуш хоб аст. Ранги бе ин ҳам сафеди писарак барфсон гаштааст, аммо ӯ нафас мекашид, ҷонаш бо ӯ буд…

Модар худро маломат мекард: агар тавсияҳои духтуронро сари вақт иҷро карда метавонист, агар писаракаш нигоҳубини хуб медо­шт, шояд беморӣ бе ҷарроҳӣ ҳам бартараф мегардид. Аммо тақдир чунин будааст, ки имкони дар хона нишастану ба фарзанди бемораш парасторӣ намуданро надошт. «Кош, шавҳари ман ҳам мисли мардони дигар ғамхори фарзандонаш мешуд. Кош ба ҷои ашёи хонаро фурӯхтану арақ нӯшидан ба ман кумаке мера­сонд. Дар чанд соли охир ҷуз ранҷу азоб чизи дигаре зам намекунад ба зиндагии оилавӣ…»

Абубакри хурдсол низ ба таври худ ҳаёти даҳсолаашро ба риштаи таҳлил мекашид. Чаро ӯ доим ка­сал аст? Чаро мисли ҳамсолонаш давидаю парида наметавонад? Бемориаш хуруҷ мекунаду аз ҳуш меравад. Кош, Худованд тани ӯро солим гардонад. Кош, дигар мода­раш аз барояш ғам нахӯрад, ашк нарезад. «Оҳ, падар, падар, мо чӣ гуноҳ дорем, ки аз аҳволамон до­имо бехабарӣ. Пули ёфтаи худро ба шароб мезанӣ. Бечора модарам доимо дар кор, доимо дар таку дави зиндагист. Модарони дигар ҳамеша дар хона ба кӯдаконашон як ҷо, вале мо модарамонро серӣ намебинем. Саҳар барвақт рафта, шом барме­гардад. Ту бошӣ, падар, корат фақат шаробнӯшӣ, мастигарӣ… Э, кош ман тезтар калон мешудам, дастгири модар мегардидам».

Фазои беморхона равшантар ме­гардид. Модар андак-андак неруеро дар ҷисму ҷон эҳсос мекард.

 

Дигар хабарҳо