Медамад субҳи нав аз дарёи Вахш…

 Медамад субҳи нав аз дарёи Вахш…

«РАҲИ РОҒУН»

Субҳи 29.10.2024. Зиёда аз 30 рӯз­номанигор аз гӯшаву канорҳои гуногуни кишвари азизамон, аз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», на­шрияҳои «Садои мардум», «Минбари халқ», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе», «Мароми пойтахт», «Ҷаво­нони Тоҷикистон», «Бонувони Тоҷикис­тон», «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Субҳи Шаҳритӯс», «Хатлон», «Нури Левакант», «Кӯшониён», «Навиди Балх», «Навиди Кӯлоб», телевизи­онҳои «Душанбе», «Симои мустақили Тоҷикистон» ва ғайра дар саҳни бинои Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» ҷамъ омаданд. Зеро якҷо ба шаҳри ово­задори Роғун, барои боздид аз ҷараёни корҳои бузурги созандагӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» азми сафар доранд. Бо даст­гирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ин корвони иттилоотии рӯзноманиго­рон корномаи нурофаронро дар ВАО нашр кардан мехоҳад. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ҳамсафаронро бо якдигар шинос менамояд. Аҳволпурсиву бо ҳам аксбардоштанҳо оғоз меёбанд. Ҳар на­фар ифтихор дорад, ки сохтмони азими асрро аз наздик мебинад, яке бори ав­вал, дигаре бори дувум… Ҳар кас дар изтироб аст, ки оё ҳама мушоҳидаашро ба таври хостааш ба мардум расонида метавонад ё не…

Инак, савори ду микроавтобус ба роҳ баромадем. Раҳораҳ суҳбат аз «Роғун» гарм шудан гирифт. Вақте ба маркази ноҳияи Файзобод наздик омадем, мошин ба роҳи тарафи рост майл кард. Мудири барномаҳои радиои «Азия-плюс», ровии шинохта Субҳон Ҷалил, ки дар курсии пеши микроавтобус, дар бари ронанда менишаст, ба мо рӯ оварда гуфт:

«Ин роҳро мардуми Файзобод «Раҳи Роғун» мегӯянд, ки солҳои 80-уми асри гузашта маҳз барои равуойи бемамо­ниати мошинҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» сохта шудааст».

Мувофиқи гуфтаи ӯ, роҳи мазкур то роҳи асосӣ ду километрро дар бар ме­гирад. Дар охири ноҳияи Файзобод, дар канори роҳ касе меваҳои маҳаллӣ ме­фурӯхт. Субҳон Ҷалил аз себи сурху ноки сабзи ӯ харида, коми моро ширин кард.

Дар Ҷамоати шаҳраки Обигарм та­ваққуф карда, акси якҷо бардоштем ва Зинатулло Исмоилзода дар бораи ин мавзеъ маълумот дод.

ПЕШВОЗИ ГАРМ

Ба даромадгоҳи мавзеи Неругоҳи барқи обии «Роғун» расидан баробар мушоҳида кардем, ки барои пешвози меҳмонон ва роҳнамоии онҳо ҳама ша­роит фароҳам аст. Дар як гӯша кулоҳҳову либосҳои намунавии созандагон ҷо до­штанд, ки ба бар намудем. Бо сарфаи вақт ба зудӣ суҳбат дар бораи раванди кор дар неругоҳ сар шуд.

Анвар Раҳмонов, мудири истеҳсо­лии НБО «Роғун» гуфт:

«Соли 2018 чархаи якум ва соли 2019 чархаи дувум ба кор дароварда шуданд. Ҳоло зиёда аз 300 дурбини мадорбаста дар иншооти асосӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъол аст. Ва сабти онро хадамоти мат­буоти неругоҳ ҳифз мекунад».

Номбурда сараввал моро бо тарҳи сохтмони неругоҳ ошно намуда, ба тав­ри умумӣ дар бораи неругоҳ, обанбор, сарбанд, нақбҳои нақлиётӣ, садди сойи «Оби шӯр», нақбҳои обпарто, роҳҳо ва дигар иншооти он маълумот дод. Дар ин ҷо мехоҳам ёдовар шавам, ки Нависан­даи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо дар бораи садди «Сойи шӯр» навиштаи арзишманде дорад.

Анвар Раҳмонов ба суҳбаташ идома бахшид:

«Ин намунак (макет) то давраи соли 2014 омода шудааст. «Роғун» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аз ташхисҳои техникиву экологӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ гузашта­аст. Дар ҷумҳурӣ ҳамасола талабот ба барқ вобаста ба рушди саноату сохтмон меафзояд ва нишонаи он аст, ки сатҳи беҳзистии мардум баланд шуда истода­аст. Вақте 6 чарха ба пуррагӣ ба кор да­рояд, бо иқтидори миёнаи сол, зиёда аз 14 миллиард киловатт соат барқ тавлид меёбад, ки қариб баробар аст ба иқти­дори имрӯзаи ҳама неругоҳҳои кишвар. Имрӯз дар тамоми неругоҳҳо зиёда аз 16 миллиард киловатт соат неруи барқ истеҳсол мешавад. Дар маҷмуъ баъди ба таври комил ба истифода додани «Роғун» зиёда аз 30 миллиард киловатт соат неруи барқ дар кишвар истеҳсол ме­гардад. Ин ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар, ки саноатикунонӣ аст, таъсири мусбат мегузорад.

Дар айни ҳол кор дар сарбанд ба­суръат рафта истодааст. Зиёда аз 100 километр нақбҳои зеризаминӣ бунёд меёбанд. Толори мошинҳо ва транс­фарматорҳо дар зери замин қарор до­ранд. Соли 2021 бо ширкати Австрияву Олмон барои омода кардани 4 чархаи баъдӣ камар бастем. Барои боз ҳам ба талаботи аср ҷавобгӯ будани неругоҳ бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ мушовири байналмилалӣ дорем».

Анвар Раҳмонов дар бораи қисмати обқабулкунаки асосӣ, нақбҳои обрасон, камераҳои ивазсоз, қубурҳои обрасон, толори мошинҳо, толори трансфарма­торҳо, толори кабелӣ, нақби кабелӣ, чархаҳо, шахтаҳои дарвозаҳо маълумо­ти зарурӣ пешниҳод намуд.

МАКТАБИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ

– Дар толори трансфарматорҳо корҳо қариб ба анҷом расида истодаанд. Дар назар аст, ки дар толори мошинҳо то охири сол кандани ҷинсҳои кӯҳӣ ба анҷом расад. Дар маҷмуъ зиёда аз 60%-и кор дар неругоҳ аз нигоҳи физикӣ ба охир расидааст. Таҷҳизоти дар неругоҳ насб­гашта то 40 сол мавриди истифода қарор мегиранд ва баъд иваз карда мешаванд.

Дар неругоҳ ба тариқи шабонарӯзӣ зиёда аз 16700 нафар созанда кор меку­нанд. 98-99%-и онҳо аз кишвари худамон ҳастанд.

Ин неругоҳ мактаби бузурги созандагӣ аст. Кормандон дар оянда сохтмони ин­шооти гидроэнергетикӣ ва институтҳои шаҳрвандиро ба роҳ монда метавонанд. Аллакай ба кормандони мо давлатҳои дигар эҳтиёҷ пайдо карда истодаанд. Малакаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ширкатҳо ва коргарон иҷо­затномаи дараҷаи байналмилалӣ низ доранд. Дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок карда метавонанд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукума­ти ҷумҳурӣ Коллеҷи муҳандисӣ-техникӣ дар шаҳри Роғун ташкил карда шуд. Кор­мандон малакаашонро дар ин коллеҷ ба­ланд мебардоранд. Аз донишгоҳҳо ҳам ба таҷрибаомӯзӣ меоянд. Имрӯз зиёда аз 37 ширкат дар сохтмони «Роғун» фаъолият дорад, ки давраҳои омӯзишӣ дар онҳо ба роҳ монда шудаанд, таъкид кард Анвар Раҳмонов.

КОР БО ТЕХНИКАҲОИ НАВТАРИН

Ба гуфтаи Умедҷон Камолов, муо­вини сармуҳандиси мудирияти исти­фодаи НБО «Роғун», толори мошинҳо бо дарозии 221 метр, бари 21 метр ва баландии 7 метр сохта шудааст. Дар натиҷаи баланд гардидани сатҳи оби обанбор ба андозаи аз 1100 метр бо иваз намудани чархҳои корӣ иқтидори неругоҳро аз 200 мегават ба 400 мегават баланд бардошта метавонем. Дар гидро­агрегатҳо аллакай як қисмати корҳо ба анҷом расидаанд. Дар оянда бо баланд бардоштани сатҳи оби обанбор неруи барқи истеҳсолшавандаро боз бисёртар ба низоми ягонаи энергетикаи кишвар интиқол медиҳем. Дар давоми соли ҷорӣ неругоҳ ба андозаи 862 милион киловатт соат барқ истеҳсол кардааст, ки аз ав­вали ба истифода додани чархаи 1-ум (2018) ва чархаи 2-юм (2019) то имрӯз 7,8 миллиард кв-соат неруи барқ истеҳсол ва ба низоми энергетикии кишвар равона карда шудааст.

Гуфта шуд, ки вобаста ба талабот саривақт ба «Роғун» техникаҳои навта­рин аз хориҷа ворид карда мешаванд, ки бо онҳо кори шоён дар ҷӯш аст. Аз ҷумла, зиёда аз 100 мошини калонҳаҷму пуриқтидори тамғаи «БелАЗ» ин рӯзҳо корро дар майдони набард суръати тоза мебахшанд.

ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИН ОЗМОИШ­ГОҲҲО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Тавре мудирони шуъбаҳои Маркази озмоишгоҳи НБО «Роғун» Рамазон Рамазонов, Аҳмад Аҳроров ва дигарон иттилоъ доданд, озмоишгоҳ зиёда аз 500 дастгоҳи муосир дорад. Дар он ҳамарӯза маҳсулоти сохтмонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ мегузаранд. Дар ин озмоишгоҳ, ки бо супориши Сарвари давлат аз соли 2015 инҷониб фаъолият менамояд, З0 нафар корманд заҳмат мекашад. Гуфтанист, ки дар Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин оз­моишгоҳҳо эътироф гардидааст. Таҷҳи­зотҳояш аз Олмон, Канада, Русия ва кишварҳои дигар оварда шудаанд. Мав­риди таъкид аст, ки дар озмоишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Тоҷикстандарт новобаста ба иҷозатномаҳои ҷаҳонӣ доштанашон сахтиву тобоварӣ, муқовимат ва рангҳои металл, арматур, семент, бетон ва ғайра санҷида мешаванд. Ҳамчунин об, хок, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ҷинсҳои кӯҳӣ низ аз озмоиш мегузаранд. Чунонки мутахассисони марказ баён намуданд, сементҳои дар худи Тоҷикистон истеҳ­солшуда дорои сифати аъло ҳастанд. Баъзе ашёи сохтмонӣ аз Русия, Қазоқи­стон, Ӯзбекистон ворид мегарданд. Дар оянда арматур аз Эрон ҳам оварда ме­шавад. Ду корманди озмоишгоҳ корҳои илмӣ ҳимоят кардаанд.

СУХАНВАРӢ ВА ФАРҲАНГИ ВО­ЛОИ КОРГАРИИ НУРОФАРОН

Роҳбари гурӯҳ, раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода мехост, ки рӯзноманигорон ҳарчи бештар дар бораи неругоҳ маълумот гиранд. Донистаҳо ва бардоштҳои худро ҳам бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ нақл мекард. Аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди кор дар неругоҳ мисолҳо меовард. Дар омади гап гуфт:

«Як чиз зиёд хушоянд аст, ки корман­дони «Роғун» ҳама дар бораи раванди кор дар неругоҳ бо мо озодона суҳбат карда метавонанд, ба саволҳоямон посухҳои зарурӣ, пухта ва мушаххас медиҳанд. Аз ин мавридҳо бояд сама­рабахш истифода намоем».

Дарвоқеъ, дар «Роғун» аз суҳбатҳои кафшергару бетонрез, ронандаву нақб­кан, коргари одиву муҳандис… як баҳр баҳра гирифта мешавад, ки дар худ гавҳари гаронбаҳо дорад. Нурофарони замон, пайравони Пешвои муаззами миллатамон ҳамчунин фарҳанги волои коргарӣ доранд. Дар ҳар муҳити корӣ тар­тибу низом ва озодагиву тозагӣ ба чашм мерасад, ки ҳаваси корманди «Роғун» шудани меҳмононро беш аз пеш меорад.

«РОҒУН» ҲАМЕША МУНТАЗИРИ АДИБОН АСТ!

Чизи боз ҳам аҷибе, ки қабл аз ҳама, диққати Субҳон Ҷалилро ҷалб кард ва ба ман нишон дод, дар деворҳои ҳар шуъ­баи озмоишгоҳ зиндагинома, намунаи осор ва аксҳои шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ, Ғаф­фор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Низом Қосим ва ғайра ҷо карда шуда буданд. Чун аз масъулин пурсидам, ки ин иқдом аз тарафи кӣ сурат гирифтааст, посух доданд, ки ташаббуси роҳбари­яти неругоҳ аст. Ин манзара касро ба андеша мебарад ва ба хулоса меорад, ки «Роғун» ҳамеша мунтазири адибони барӯманди миллат аст, ки дар борааш ҳамвора нависанд, назму наср эҷод ку­нанд ва сохтмони кохи рӯшноиро мавзуи аввалиндараҷаи эҷодиёти хеш донанд. Албатта, то кунун шеъру достон, очерку лавҳа, қиссаву ҳикояҳои зиёде иншо гаштаанд ва намунаҳои беҳтаринашон дар ҳафтавори мо саривақт ба нашр рас­идаанд, вале боз ҳам бояд аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» гуфт, ки баробари ба пуррагӣ мавриди истифода қарор гириф­танаш саҳифаи тозаи китоби рекордҳои Гиннесро рангин месозад.

БАРҚИ РОҒУН

Нур бошад раҳ ба раҳ пайдои Вахш,
Гашт аз ин дам аён фардои Вахш,
Медамад субҳи нав аз дарёи Вахш,
Баъд аз ин дар Тоҷикистон шом нест.

Миллати нуронию нурофарем,
Рӯзу шаб бо моҳтобу ахтарем,
Дар ҷаҳони нур умре раҳбарем,
Баъд аз ин дар Тоҷикистон шом нест.

Баски моро расму роҳи дигар аст,
То ба дуриҳо нигоҳи дигар аст,
Хоки моро меҳру моҳи дигар аст,
Баъд аз ин дар Тоҷикистон шом нест.

Гашт ними умр сарфи рӯшанӣ,
То чунин борид барфи рӯшанӣ,
То зи дил гуфтем ҳарфи рӯшанӣ,
Баъд аз ин дар Тоҷикистон шом нест.

Хонаи нури Аҳуроӣ, Ватан,
Ту ягона ганҷи пайдоӣ, Ватан,
Бе ду дунё ҳам ту дунёӣ, Ватан,
Баъд аз ин дар Тоҷикистон шом нест.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»

Дигар хабарҳо