МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 31 МАЙ СОЛИ 2019
31 майи соли 2019 маҷлиси навбатии Садорати Иттифоқи нависандагониТоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз бахшид. Аъзои Садорат нахуст рӯзномаи маҷлисро баррасӣ намуданд. Пешниҳод гардид, ки ба рӯзнома масъалаи ташкилӣ-интихоби узви Раёсати ИНТ илова карда шавад. Аъзои Садорат рӯзномаи маҷлисро тасдиқ намуданд, ки аз масъалаҳои зерин иборат буд:
1.Вазъи адабиёти бачагона ва дурнамои рушди он.
2.Узви Раёсати ИНТ интихоб намудани сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат”.
Доир ба масъалаи аввал Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маърӯза кард.
Дар музокираи мавзӯъи зикршуда Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Гулназар Келдӣ, Зулфия Атоӣ, Нависандагони халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Сорбон, Бароталӣ Абдураҳмон, адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон, адибон Алӣ Бобоҷон, Додохон Эгамзод, Маъруф Бобоҷон, Азизи Азиз, Шарифи Муҳаммадёр, раиси Иттифоқи оҳангсозони ҷумҳурӣ Хуршед Низомов, корманди масъули Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Байзоев, Содиқи Завқӣ, омӯзгори ташаббускор Сафаралӣ Раҷабов ширкат намуданд.
Таклиф шуд, ки лоиҳаи Барнома оид ба рушди адабиёти бачагона аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Бо назардошти фикру пешниҳодоти аъзои Садорат доир ба масъалаҳои рушди минбаъдаи адабиёти бачагона қарори дахлдор қабул гардид.
Аъзои Садорат сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” Парда Ҳабибро узви Раёсати ИНТ интихоб намуданд.
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН
- МаърўзаиРаиси ИНТ оид ба вазъи имрӯзаи адабиёти бачагона ва дурнамои рушди он ба эътибор гирифта шавад.
- Матни маърӯзаи мазкур дар нашрияҳо ва сомонаи ИН чоп карда шавад.
- Барои таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди адабиёти бачагона барои солҳои 2020-2030 аз ҳисоби адибони бачаҳо,муҳаққиқони адабиёти бачаҳо ва мутахассисони варзидаи соҳаи маориф гурўҳи корӣ таъсис дода шавад.
- Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ба қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди адабиёти бачагона барои солҳои 2020-2030 мусоидат намояд.
- Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, шабакаҳои радиову телевизион, муассисаҳои нашриявӣва нашрияҳо пешниҳод карда шавад, ки ҳангоми нашру пахши асарҳои бачагона тавсияҳои маҷлиси мазкури Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба назар бигиранд.
- Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияташро дар самти омӯзишу парвариши адибони ҷавоне, ки барои бачаҳо менависанд, пурзӯр созад ва ба дарёфти истеъдодҳои ҷавони ин соҳа диққати бештар зоҳир намояд.
- Назорати иҷрои қарор ба муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонва шӯрои адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонвогузор карда шавад.