Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 8 августи соли 2023
8 августи соли равон маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ки онро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ифтитоҳ намуд.
Аъзои Раёсат бо лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа ошно гардида, онро тасдиқ намуданд, ки аз масъалаҳои зерин иборат буд:
- Супурдани ҷоизаҳои адабии ИНТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар соли 2023.
- «Таъмини амнияти иттилоотӣ — бахши муҳимми таҳкими истиқлоли давлатӣ”. Гузориши узви Раёсати ИНТ, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо
- «Ҳазар аз сухане, ки созанда нест». Гузориши муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа.
- Масъалаҳои ҷорӣ.
Нахуст Ато Мирхоҷа ба барандагони ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ Сипеҳри Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, Шодӣ Раҷабзод, Сироҷиддин Икромӣ, Шераки Ориён, Диловари Мирзо ва барандагони ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода Мисбоҳиддини Нарэиқул, Абдуллоҳи Раҳнамо, Ҳасани Султан диплом ва нишонҳои ифтихорӣ тақдим намуд.
Сипас узви Раёсат Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуи «Таъмини амнияти иттилоотӣ — бахши муҳимми таҳкими истиқлоли давлатӣ» сухан ронд.
Дар навбати худ гузориши Ато Мирхоҷа ба масъалаҳои доғи рӯз ва мавзуъҳои мубрами ҳаёти адабӣ бахшида шуд.
Дар ҷаласа аъзои Раёсат доир ба масъалаҳои матраҳшуда ибрози назар намуданд ва дар робита ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.