МАҶЛИСИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН 20 МАЙИ СОЛИ 2016

20-уми майи соли 2016 маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим маҷлисро ифтитоҳ намуда, аъзои Раёсатро бо масъалаҳои баррасишаванда шинос кард. Масъалаи аввал оид ба иҷрои банди 25-уми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 5 аз 8-уми апрели сои 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои Иттифоқи нависандагон буд, ки аз ҷониби Низом Қосим ба миён гузошта шуд.

        Бо овоздиҳии аъзои Раёсат барои омӯзишу таҳлили осори аъзои иттифоқ ва сатҳи касбии онҳо комиссияи махсуси иборат аз панҷ нафар ташкил шуд, ки корро то муҳлати муқарраргардида анҷом хоҳад дод.

Даъвати маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъалаи дуюм буд, ки аз ҷониби аъзои Раёсат баррасӣ шуд.

Дар атрофи масъалаҳои ҷорӣ низ аъзои Раёсат мубодилаи афкор намуданд.

ҚАРОРИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2016 ба сабаби ҷавобгӯ набудани осорашон ба сатҳи адиби касбӣ шахсони зерин аз узвияти ИНТ хориҷ шуданд:

Ширин Абдулло,

Маликаи Аваз (Авазова Малика Ҷондоровна)

Муфаззали Аҷамрод

Нуралӣ Валӣ

Наврӯзи Гулзода

Ҳазрати Ғайрат

Субҳон Ёдгорӣ

Кулолӣ (Ҳаитбой Лоиқов)

Абдуқаҳҳори Қосим

Ҷумъаи Махшул

Ваҳҳоб Набиев

Наргис (Эшонҷонова Қурбоной Давлатовна)

Усмони Сабз (Сабзов Усмон Раҳмонович)

Абдуҳалим Самадзода (Самадов Абдуҳалим Каримович)

Саидҷалоли Саид

Самариддин (Яқубов Самариддин Эмомович)

Эгамназари Соҳибназар

Мирзоҳайдар Умарзод

Зикруллои Файзулло

Дӯстмурод Ӯроқов

Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ (Давлатов Абдураҳим Муталович)

Гулназари Хатлонӣ (Бӯрӣ Гулназаров)

Гулназар Хизмат

Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад

Анвари Ҳусейн

Файзулло Эшонҷон

Дигар хабарҳо