Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 14 марти соли 2025

14-уми марти соли равон маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он масъалаҳои даъвати маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагон, пешниҳоди асарҳо барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҷлисро раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим оғоз бахшид ва сипас барномаи он аз ҷониби аъзои Раёсат тасдиқ шуд.

Ҳангоми баррасии масъалаи аввал – даъвати маҷлиси Садорати ИНТ аъзои Раёсат баъди мулоҳизарониҳо ба ин қарор омаданд, ки маҷлиси мазкур дар даҳаи сеюми моҳи майи соли равон баргузор бигардад. Ҳамчунин, мавзуи маҷлиси Садорат ва гузоришгар тасдиқ карда шуд.

Сипас масъалаи пешниҳоди асарҳо барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ИНТ матраҳ гардид. Раиси ИНТ Низом Қосим, аъзои Раёсат Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмон Абдуманнон, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳобзода андешаҳояшонро дар бораи китобҳои пешниҳодшуда иброз намуданд.

Дар натиҷаи таҳлилу баррасиҳо асарҳои зерин барои муҳокима пешниҳод гардиданд:

Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ:

Романҳои «Теғи сухан», «Бо навои борон» (дар як ҷилд). Шарифбек Азизӣ. «Меҳроҷ-граф», Душанбе, 2024. Пешниҳоди Шўрои насри ИНТ;

«Офтоби беғуруб» (маҷмуаи қиссаҳо, ҳикояҳо, эссе). Нозирҷон Ёдгорӣ. «Балоғат», Душанбе, 2024. Пешниҳоди Шўрои насри ИНТ;

«Обними меня» (маҷмуаи ҳикояҳо). Ҳафиз Сайфулло­ев. «Перо», Москва, 2024. Пешниҳоди Шуъбаи суғдии ИНТ;

«Оҳанги зиндагӣ» (ҳикояҳои 24 адиби ҷаҳон). Тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод. Пешниҳоди Шўрои робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи бадеии ИНТ;

Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода:

«Дили афрўхта» (маҷмуаи ашъор). Хурсандӣ Ҳоҷиму­род. Душанбе, «Адиб», 2024. Пешниҳоди Шуъбаи ваҳдатии ИНТ;

«Край мой родимый» (маҷмуаи ашъор). Саид Сангин. «Адиб», Душанбе, 2024. Пешниҳоди ҳайати таҳрири маҷал­лаи «Помир»;

«Парвини хаёл» (маҷмуаи ашъор). Саъдӣ Мирзо. «Адиб», Душанбе, 2023. Пешниҳоди ҳайати таҳрири маҷал­лаи «Садои Шарқ»;

«Сенуқта…» (маҷмуаи ашъор). Нарзулло Азизиён. «Ношир», Хуҷанд, 2024. Пешниҳоди ҳайати таҳрири ҳаф­таномаи «Адабиёт ва санъат»;

«Табассуми ишқ» (маҷмуаи ашъор). Рўдобаи Мукаррам. «Эр-граф», Душанбе, 2024;

«Шасти Равшан» (маҷмуаи ашъор). Равшан Ҳамроҳ. «Истеъдод», Душанбе, 2023. Пешниҳоди бахши назми ИНТ.

Таъкид гардид, ки муҳокимаи асарҳои мазкур дар ВАО то охири моҳи майи соли равон идома меёбад ва дар маҷлиси навбатии Раёсати ИНТ тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад.

Дигар хабарҳо