Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 5 июли соли 2024

5 июли соли ҷорӣ маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси ИНТ Низом Қосим аъзои Раёсатро бо барнома шинос карда, масъалаи аввали маҷлис – ҳисоботи Хазинаи адабиёт дар бораи фаъолият ҷиҳати қабули ҳаққи узвиятро дар миён гузошт. Дар хусуси мавзуи мавриди назар раиси Хазинаи адабиёти ИНТ Акбар Абдулло батафсил ҳисобот дод ва натиҷагирӣ кард, ки вазъи пардохти ҳаққи узвият аз ҷониби аъзои ИНТ дар панҷ соли охир чандон хуб нест. Зикр гардид, ки то ҳол аъзои ИНТ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳаққи узвиятро пурра насупоридаанд ва ба оинномаи созмони адибон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд. Дар ин бора раиси ИНТ Низом Қосим низ бо нигаронӣ сухан гуфт ва ба масъулон супориш дод, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала кўшиш намоянд.
Вобаста ба масъалаи дувуми маҷлис – тасдиқи чорабиниҳо барои баргузор намудани Анҷумани 16-уми нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим сухан ронд ва аз ҷумла иброз намуд, ки барои дар сатҳи хуб баргузор кардани анҷуман омодагиҳои ҷиддӣ бояд дида шаванд ва матлабҳо дар бораи вазъи шохаҳои гуногуни адабиёти имрўзамон дар панҷ соли охир таҳия ва нашр гарданд.
Ҳмзамон, ба Комиссияи тафтишоти ИНТ супориш дода шуд, ки то моҳи майи соли 2025 вазъи молии сохторҳои ИНТ-ро тафтиш карда, маърузаи муфассал омода намояд.
Аъзои Раёсат пешниҳодҳои ироашуда ва нақшаи чорабиниҳои Анҷумани 16-умро қабул карданд.
Тағйироти кадрӣ масъалаи дигари маҷлис буд, ки аз ҷониби аъзои Раёсат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сармуҳар р ири нашрияи адабии ИНТ – ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Парда Ҳабиб бинобар хуб набудани саломатияш бо хоҳиши худ аз кор озод шуд ва ба ҷойи ӯ узви Раёсати ИНТ Толиби Луқмон иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири ҳафтанома таъйин гардид. Низом Қосим вобаста ба ин масъала иброз дошт, ки сифату муҳтавои ҳафтанома ба дигаргунӣ ниёз дорад ва бояд аз ҳар ҷиҳат беҳбуд биёбад.
Ҳамчунин, ҳайати нави таҳрир ва мушовараи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аз тарафи аъзои Раёсат тасдиқ гардид.
Дар хусуси масъалаҳои зикршуда ва масъалаҳои ҷории дигар аъзои Раёсат Абдулҳамид Самад, Абдураҳмон Абдуманнон, Муҳаммад Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод ва дигарон изҳори назар намуданд.

Дигар хабарҳо