Маҳфили эҷодии нависандаи маъруф

Маҳфили эҷодии нависандаи маъруф

Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагон маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо бо иштироки адибони маъруфи кишвар, фаъолону аҳли адаби шаҳр ва ихлосмандони каломи бадеъ баргузор гардид.

Дар маҳфил раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, зикр кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши адабиётро чун бузургтарин мактаби тарбия барои рушди инсоният дар даврони соҳибистиқлолии кишвар муҳим арзёбӣ ва ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, ба нашри китобҳои шоирону нависандагон мусоидат карда, онҳоро эҳтирому қадршиносӣ менамоянд.

«Намунаи онро метавон дар шарафёб гардидани Кароматуллоҳи Мирзо ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ, ордени «Шараф», Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, нишони «30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» арзёбӣ намуд», — гуфт ӯ.

Раиси шаҳр иброз дошт, ки бузургмардони майдони суханварӣ барои рушду такомули шахс ва ғанӣ гардонидани маънавиёти мардум пайваста тариқи адабиёт иқдом менамоянд ва бо ба даст омадани истиқлолият низ адабиёт ҳамчун афзояндаи маърифати наслҳо рисолати худро назди давлату миллат содиқона адо мекунад.

Кароматуллоҳи Мирзо аз чеҳраҳои маъруфи адабии кишвар маҳсуб меёбад, ки намунаҳои эҷодаш воқеаҳои ҳассоси зиндагӣ ва таҳаввулоти иҷтимоии ҷомеаро фарогир буда, ба як қатор забонҳои мардуми ҷаҳон баргардону чоп шудаанд.

Дар синамо аз рӯи чандин асари мондагори нависанда филмҳои ҳунарии ҷаззоб, ки зиндагиро холисонаю воқеъбинона инъикос намудаанд, рӯи навор омадааст ва онҳо ҳамчун тарғибгари ахлоқи хамида, таҳкимбахши ҳисси худшиносиву фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстию инсондӯстӣ ва дигар хислатҳои накуи инсонӣ дар байни мардум, бахусус насли наврас писанд ва эътироф шудаанд.

Дар маҳфил муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ҷамолиддин Мансуров, нависанда ва драматург Ато Ҳамдам, адибону рӯзноманигорон аз шаҳри Ҳисор Муҳаммадалӣ Саидӣ, Фатҳуллоҳи Азиз ва дигарон суханронӣ доштанд.

Абдулҳамид Самад аз хизматҳои шоистаи нависанда ёдоварӣ намуда, хотироти неки худро аз гузаштаи пурифтихор бо адиб варақгардон кард.

Кароматуллоҳи Мирзо бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлол иштирокчиёни чорабиниро бо 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, барои пазироӣ ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуд.

Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Шамсидин Муҳиддин, Комилҷони Ғанӣ ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо шеъру таронаҳои ҷолиб ба маҳфил ҳусни тоза бахшиданд.

Дигар хабарҳо