Маҳбуби баччаҳо

Мусоҳиба бо адиби кӯдакон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҳбуба Неъматзода
– Ҳама чиз замина ва сабабе дорад. Чӣ шуморо ба самти адабиёти кӯдак овард?
– Падарбузургам мудири мадраса буданд, ба шеър таваҷҷуҳи хосае доштанд. Модаркалонам Мастурабонуи Бухороӣ бахядӯзӣ мекарданд. Чарх мересиданду шеъри Ҳофизро такрор ба такрор мехонданд:
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Шеъри Ҳофизро мехонданду аз сари шавқ мегуфтанд: баҳ-баҳ, аз сари Хоҷа Ҳофиз гардам! Модарам дар ҷавонияшон кам-кам шеър менавиштанд, аммо ҷое чоп накарданд. Падарам ҳам китобхон буданд, барои мо китобҳои ҷолибу хонданӣ меоварданд. Ман ҳам мактаб рафтаму ба адабиёт дил бастам. Шеърро бисёр дӯст медоштам. Мехостам тамоми дарсҳо дарси адабиёт бошанд. Ба фанҳои дигар, хусусан фанни ҳисоб, шавқи чандоне надоштам. Агар муаллимамон супориш медоданд, ки 10 байти фалон достонро азбар кунед, ман мекӯшидам, ки тамоми достонро ҳифз кунам. Достонҳои Мирзо Турсунзода «Ҷони ширин», «Қиссаи Ҳиндустон», «Тара Чандри»-ро азёд карда будам. Шеъри устод Лоҳутӣ бисёр бароям писанд буд.
Вақте бобоям вафот мекунанд, модаркалонам бо фарзандон танҳо мемонанд. Чун мешунаванд, ки дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ хуб аст, шароит беҳтар аст, ба Душанбе мекӯчанд. Он солҳо роҳи қатора мавҷуд будааст, бо қатора ду фарзандашон – модару тағоямро гирифта ба Душанбе меоянд. Модарам дар Душанбе шавҳар карда, соҳиби нуҳ фарзанд мешаванд, ки ҳама дар ҳамин шаҳр таваллуд шудаанд.
Ман аз хурдӣ бо шеъри Гулчеҳра Сулаймонӣ ошно гардидам. Шояд таъсири шеърдӯстии ман буд, ки ҳангоми дар синфи 9 хонданам чанд шеър навиштам. Ҳамаро ба як дафтар кӯчондаму ҷустуҷӯ намуда, идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон»-ро пайдо кардам. Бо тарсу ларз дари сармуҳаррирро боз кардам, ки ду нафар нишастаанд. Маро хуш қабул карданд. Дафтари шеърро ба дасташон додам. Нишонии мактабамро навишта гирифтанд. Инҳо Мавҷуда Ҳакимова ва Акбар Қодирӣ буданд.
Дар ин миён 15 рӯз гузашт. Як рӯз «Пионери Тоҷикистон»-ро боз намудаму аз хурсандӣ чунон фарёд задам, ки ҳамсояҳо нигарон шуданд. Дар саҳифаи аввали рӯзнома шеъри худамро медидам. Санааш ҳеч гоҳ аз ёдам намеравад: якуми майи соли 1964 буд. Наққош барои ин шеър расми ҷолибе офарида буд: кураи замин, ки бачаҳо дасти якдигарро гирифта, онро муҳофизат мекунанд. Ин шеър «Сулҳу дӯстӣ» ном дошт:
Аз қатраҳо шавад ҷӯй,
Аз ҷӯйҳо калон – дарё.
Халқҳо гар якдил бошанд,
Сулҳ бимонад дар дунё.
Чи сиёҳ, чи сафедак,
Фарзандони модарем.
Баҳри сулҳу зидди ҷанг
Мубориза мебарем.
Дигар кормандони рӯзнома дасти маро раҳо накарданд. Супориш медоданд, ки барои рӯзнома пайваста чизе нависам. Ман дигар духтари рӯзнома шудам. Мавҷуда Ҳакимова ва Акбар Қодирӣ аввалин устодони ман буданд, ҳамеша аз меҳрубонӣ ва роҳнамоияшон баҳраманд будам. Боре устод Абдумалик Баҳорӣ маро дар кӯча диданду гуфтанд: «Духтарам, шеърҳои барои бачаҳо навиштаи шумо бароям бисёр писанданд, хулосаҳои ҷолиб доранд. Барои калонсолон нанависед, барои калонсолон нависанда бисёр аст. Шумо барои бачаҳо нависед». Устодон ҳамеша ҷавононро раҳнамоӣ мекарданд, тавсия медоданд, дилгарм менамуданд, ҳеч гоҳ бетафовут набуданд.
Баъди хатми мактаб ба ман маслиҳат доданд, ки ба шуъбаи журналистика ҳуҷҷат супорам. Бахти мо хандид. Аввалин маротиба соли 1966 дар назди факултети филология шуъбаи журналистика боз шуд. Довталабон барои донишҷӯ шудан зиёд буданд. Диламонро ваҳм гирифт. Гуфтам, оё метавонам донишҷӯ шавам? Рӯзи имтиҳон наздик омада буд. Як рӯз эълон пахш намуданд, ки донишҷӯёни эҷодкоре, ки навиштаҳояшон дар матбуот ба нашр расида бошанд, ба комиссияи қабул ҳамроҳи ҳуҷҷатҳо супоранд, ба онҳо имтиёз дода мешавад. Ман дар имтиҳон холи зиёд гирифта, нахустин донишҷӯи ин факулта шудам.
– Баъди хатми донишгоҳ дар “Пионери Тоҷикистон”, “Чашма”, “Оина” ва рӯзномаву маҷаллаҳои дигар фаъолият намудед. Ба ибораи дигар, тамоми умр дар ин соҳа кор кардед. Кор дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба эҷодиёти шумо чӣ таъсире гузошт?
– Ман дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» 20 сол кор кардам. Вақте ба «Пионери Тоҷикистон» ба кор омадам, баъзе аз кормандони он 20-30 сол таҷрибаи корӣ доштанд. Насим Раҷаб, Нозирҷон Боҳирӣ, Мавҷуда Ҳакимова собиқадорони рӯзнома ба шумор мерафтанд. Ҳар яке барои ман ғамхору дастгир буданд. Дар он давра Мавҷуда Ҳакимова сармуҳарририи рӯзномаро ба дӯш доштанд. Баъд аз Мавҷуда Ҳакимова Гулрухсор ин вазифаро бар дӯш гирифтанд. Гулрухсор ҳамеша навиштаҳои маро мехонданд, таҳрир менамуданд, роҳнамоӣ мекарданд. Насим Раҷаб мудири шуъбаи мо буданд. Супориш медоданд, ки ба фалон мактаб рафта, хабар ё мақола омода кунам. Сахтгир буданд. Мекӯшидам, ки ба боварашон сазовор бошам. Чанд ҳаҷвия низ навишта будам, писандиданд. Мавҷуда Ҳакимова ва Акбар Қодирӣ, Гулрухсор, Насим Раҷаб ба ман ҳаққи устодӣ доранд. Зеро аз синни наврасӣ дасти маро дар эҷод рост кардаанд. Абдумалик Баҳорӣ ҳамеша барои мо раҳнамо ва маслиҳатгар буданд, ба китоби аввалинам сарсухан навиштаанд.
– Ҳастанд дар зиндагӣ лаҳзаҳое, ки шумо ҳеч гоҳ онҳоро фаромӯш намекунед, батакрор ба ёд меоред?
– Бо шавҳарам дар Афғонистон будем, он кас ба ҳайси тарҷумон кор мекарданд. Як рӯз аз почта як баста ба номи ман омад. Онро боз кардам, мактуби кӯтоҳ аз Наримон Бақозода. Дар бораи китоби ман тақриз навишта, дар «Садои Шарқ» чоп карда, бо як мактуби кӯтоҳ ба Афғонистон фиристодаанд. Ин гуна муносибат мекарданд бо адибон, онҳоро руҳбаланд менамуданд. Ин кор маро такон дод. Бо як писарам хонашин будам, аз нав қаламу коғазро ба даст гирифтаму навиштанро давом додам. Ин воқеае буд, ки ҳеч фаромӯшаш намекунам.
– Баъзе аз шеърҳо бо як сабаб ё ангезае ба вуҷуд меоянд. Масалан, вақте ки Гулчеҳра Сулаймонӣ ба хона ворид мешаванд, набераашон бадоҳатан мегӯяд: «Бибиҷонам меояд, дилу ҷонам меояд». Баъдан байтҳои дигари онро эҷод карданд. Ҳангоме ки Абдусалом Деҳотӣ ба хонаи устод Мирзо Турсунзода меҳмон мешаванд, устод Турсунзода барои он ки духтарашон Фирӯза аз хоб бедор нашавад, мегӯянд: «Фирӯзаҷон хобидааст». Абдусалом Деҳотӣ шеъре менависанд ва номашро мегузоранд: «Фирӯзаҷон хобидааст» Маҷмуаи ашъорашон низ ҳамин унвонро дорад. Дар фаъолияти эҷодии Шумо ин ҳолатҳо рух додаанд?
– Бале! Боре додарамро дидам, бо ҳамсинфаш хархаша дошт. Додарам портфелашро ба сӯи ӯ ҳаво медод, ӯ портфелашро ба сӯи додарам. Портфели додарам боз шуду китобу дафтарҳояш парешон. Ин манзараро дар як шеърам тасвир намудам:
Оҳ, портфели бечора,
Бечора портфел.
Афтидааст ба дасти
Бачаи бадфеъл.
Раҳораҳ ӯ то мактаб
Баку баку бак.
Ҳай менавозад онро
Мисоли таблак.
Шиносеро сари раҳ
Ногаҳ бубинад,
Портфелро курсӣ карда,
Рӯяш мешинад.
Агар ки қаҳраш ояд,
Бо дӯғу даранг
Гирифта онро ба каф,
Барояд ба ҷанг.
Гаҳ мисоли тӯб занад
Онро бар ҳаво.
Гаҳ ғелад рӯи замин
Бо даҳони во.
Ин баччаи шӯх ҳоло
Дар бари худам.
Шармам меояд гӯям
Додари худам.
Боре ба Самарқанд меҳмонӣ рафтем. Соҳибхона як духтарчаи 5-солаи ҷангара дошт, ки бо ҳама дар ҷангу даъво буд, хонаро ба сар мебардошт. Баъди чанде ногоҳ хона ором шуд. Бинам духтарчаро хоб бурдааст. Ба хона омадаму шеъри «Ҷангара»-ро навиштам:
Самарқанда обаш нағз,
Ҷангарая хобаш нағз.
Бедор шавад, ҷӯяд ҷанг,
Дили ҷангара аз санг.
Зиқ шавад ӯ, хап шинад,
Бе ҳарфу бегап шинад.
Мисли хурӯси куланг
Тайёр бувад ӯ ба ҷанг.
Сих мекунад мӯҳоша,
Чин мекунад рӯҳоша,
Чашмонаш шавад ало,
Бача не, вай як бало.
Номашро гӯям?
Ҳай, ҳай!
Охир, метарсам аз вай.
– Вақте ба эҷодиёти адибони бачаҳо назар мекунем, мебинем, ки аксаран ё ба эҷоди назм машғуланд ё ба наср. Аммо кам адиберо дар ин ҷода пайдо кардан мумкин аст, ки ҳам дар наср ва ҳам дар назм қувваозмоӣ карда бошад. Шумо дар ҳарду ҳам муваффақ шудаед. Ин ба шумо чӣ гуна даст дод?
– Аз пайи иҷрои супоришҳои рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба мактабҳо мерафтам, хабару мақола омода мекардам. Боре муаллимае дар бораи намак як воқеае, ки бо хонандааш рӯй дода буд, нақл кард. Ман онро гирифтаму ҳикояи «Намак»-ро навиштам. Дар саҳифаи аввали «Чашма» чоп шуд. Фикр мекунам, кор дар рӯзномаву маҷалла ва аз наздик шинос шудан бо олами кӯдакон, бо онҳо будан барои ман имкон додааст, ки наср ҳам нависам. Масалан, ҳикояи «Намак» дар қолаби шеър намеғунҷид, барои наср мувофиқ буд. Вазъияту шароит сабаб шуд, ки дар наср низ қуввуозмоӣ кунам.
– Чаро жанри қисса дар адабиёти кӯдаки мо имрӯз қариб дида намешавад?
– Навиштани қисса барои бачаҳо нисбат ба навиштани ҳикоя ё афсона мушкилтар аст. Дигар ин ки бачаҳои ин замона ҳавсалаи хондани матни тӯлониро надоранд. Боре як қиссаро ба як наврас додам, ки хонад. Дидам, чунонки мебояд, таваҷҷуҳ накард. Бачаҳо бештар чизи кӯтоҳро меписанданд.
– Асарҳои зиёде аз адабиёти ҷаҳон ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Ба ин тарҷумаҳо чӣ гуна баҳо медиҳед, то куҷо муваффақ шудаанд?
– Талъат Нигорӣ асари Антуан де Сент-Экзюпери – “Шоҳзодаи хурдакак”-ро ҳунармандона тарҷума кардаанд. Ин асар дар «Пионери Тоҷикистон» қисм-қисм чоп шуда буд. Ин тарҷумаи муваффақона буд. Тарҷумаи «Пирамард ва баҳр»-и Э. Ҳемингуэй ба забони тоҷикӣ яке аз тарҷумаҳои нағз буд. Тарҷумаҳои хуб дар замони Шуравӣ кам набуданд.
Ба назири ман, адибоне, ки барои бачаҳо менависанд, ба тарҷума ҳам машғул шаванд, хубтар аст. Тарҷума набояд бо лаҳҷа сурат гирад, балки бо забони адабӣ бошад. Баъзан асареро бо лаҳҷа тарҷума мекунанд, ки қобили қабул нест. Адибон ва тарҷумонон бояд бо забони адабӣ нависанд, то бачаҳо забони адабиро хуб омӯзанд.
– Вақте аз Максим Горкий мепурсанд, ки барои кӯдакон чӣ гуна бояд асар навишт, ҷавоб медиҳад: «Мисли калонсолон, аммо хеле беҳтар». Ба назари шумо, асаре, ки барои бачагон навишта мешавад, бояд чӣ гуна ва чӣ хусусиятеро доро бошад?
– Шарти нахуст кӯтоҳбаёнист. Бачаҳо ҳарчи кӯтоҳу пурбор бошад, бештар меписанданд. Пургӯиро хонандагон дӯст намедоранд. Ҳамчунин интихоби мавзуъ бисёр муҳим аст. Мавзуъ бояд шавқовар бошад, диққати бачаро ба худ кашад. Бача ҳар чизро намеписандад, мавзуи такрорро дӯст намедорад. Бояд мавзуъ нав ва ҳаётӣ бошад. Аз ин сабаб сафар кардан, бо бачаҳо будан, онҳоро хуб омӯхтан лозим аст, то асаре, ки менависед, хонданиву шавқовар шавад.
Боре аз пеши мактаб мегузаштам, дидам, ки як гурӯҳ бачаҳо дар саҳни он бозӣ доранд. Наздашон рафтаму суҳбат кардам, хоҳиш кардам, ки дар бораи оилаашон чизҳои ҷолиб нақл кунанд. Яке аз онҳо гуфт, ки падарам дар зодрӯзам як тӯтӣ харид. Аммо он тӯтӣ гап намезад. Падарам гуфт, ки хурд аст, калонтар шавад, гап мезанад. Барои он ки гап заданро ёд гирад, ҳар рӯз бо ӯ суҳбат мекардем, «салом», «хайр» ва дигар калимаҳоро мегуфтем, то сухангӯиро омӯзад. Се-чор моҳ гузашт, як субҳ тӯтӣ «Искандар, хез, вақти мактаб шуд» гуфт. Модарам ҳар субҳ маро бедор мекарду ба мактаб мефиристод. Тӯтӣ ин суханро аз модарам омӯхта буд. Аз нақли хонанда ҳикояи «Тӯтии сухангӯ»-ро навиштам.
Чун номи адабиёт баргирифта аз адаб аст, бояд асар пандомӯз бошад, тавонад, ки дар тарбияти бача саҳм гузорад.
– Имрӯзҳо кори эҷодиятон дар Самарқанди бостонӣ чӣ гуна ҷараён дорад?
– Минтақаҳои Самарқанд номҳои ҷолиб доранд: «Боғи зоғон», «Боғи шамол», «Боғи майдон», «Сӯзангарон», «Боғи чинор», «Гузари хайма». Ин бароям илҳомбахш буд. Яке аз маҷмуаҳоям «Боғи шамол» ном дорад. Вақте аз Тоҷикистон ба Самарқанд рафтам, рӯзномаи «Овози Самарқанд» таъсис ёфта буд. Хушбахтона, маро ба кор қабул карданд. Фазои бисёр муносиб барои эҷод мавҷуд буд. Ҳама меҳрубон ва дастгири ман буданд. Имкони хуб барои нашри китоб доштам. Соли 1997 китоби «Меҳрубон»-ро чоп кардам. Он солҳо аз Тоҷикистон китоб намерафт. Мактабҳои Самарқанд бе китоб монданд. Китоби «Меҳрубон»- ро хонандагон истифода мебурданд. Соли 1998 «Таваллудат муборак»-ро ба нашр расонидам. Ин китобро дар дарси хониш истифода мебурданд. Дар шаҳри Ангрени вилояти Тошканд чанд мактаби тоҷикӣ буд, дархост карданд, ки аз китоби «Таваллудат муборак» барои онҳо низ фиристам. Ин китобро бо теъдоди 8000 нусха ба нашр расонида, ба макотиби тоҷикӣ фиристодем. Соли 2000-ум «Бонуи бобо»-ро чоп кардам. Ин асар низ чун асарҳои дигарам ҳамчун китоби дарсӣ истифода мешуд. Ба ибораи дигар, Самарқанд маро такон дод ва корҳои эҷодиям равнақи тоза пайдо карданд.
Хушбахтона, дар Самарқанд ҳастанд боз адибоне, ки барои бачаҳо эҷод мекунанд. Бахтиёри Ҷумъа латифаю ҳикоя, духтарашон Маликаи Бахтиёр ҳикоя, Дилрабо Насимӣ шеър менависанд. – Ташаккур барои суҳбати самимӣ.
Мусоҳиб Насимбек Қурбонзода, “АС”