Маънии умраш такопӯ буд…

Ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ
Солҳои охир Гулназар аз ҳама шоирони ҳамсолаш бештар ба кори эҷод рустамона камар басту асарҳо офарид. Дарди бехобӣ ва тунд задани дилу набз озораш медод. Вале чун даврони ҷавонӣ ӯ ба чашм айнаки дурбин намегузошт ва бо панҷаи дасти рост мудом қафаси синаву дил намемолиду аз нафастангӣ шиква намекард. Даврони рӯзгори пурташвиш, оғози солҳои навадуми асри XX, фасли зебои пойиз бомдод дар пайроҳаҳои фароғатгоҳи Хоҷа Оби Гарм қадам мезадем. Гулназар аз сари шохҳо бодоми талхак чида, ҳафт донаро бо санг шикаста, аз рӯйи тавсияи табиби халқӣ мағзи онро чун даво бо чини ҷабин хоида-хоида фурӯ мебурд. Пас аз ду ҳафта аҳволаш беҳ ва то Арчамазор мебаромадагӣ шуд. Акнун вай гоҳ-гоҳ бо каф паси сар молида, бехобиро бо кори пайваста ё мутолиаву чойи талх нӯшидан сипарӣ мекард. Кори мағзу қаламаш басо ҳайратовар фаъол буд: менавишту нашр мекард. Ва аз чопи ҳар китобу шеър, мақолаву тарҷумаҳо, навиштани қиссаву ривоятҳо аз рӯйи осори адибони классик барои бачаҳо, интишори ҳикояҳо, эҷоди филмномаҳо, ба саҳна гузоштани либретто, пазириши матни сурудҳо мисли айёми навқаламӣ шодиву сарфарозӣ мекард. Ин хислат то дами вопасин ӯро ёр ва чоп шудани ҳар асари хурду бузург барояш ид буд.
Боре Гулназар баъди нашри китоби ҳикояҳояш “Гули афшони олуча” аз банда бо табассуми роздор пурсид:
– Ҳикояҳоро хондӣ?
– Бале.
– Чӣ хеланд?
– Мисли шеъргунаҳои ман, – посух додам ва афзудам: – Нони моро нағзакак нимта кардаед…
Дасташро фишурдам.
– Медонед, – хушҳолона гуфт ӯ, – дар як нишасту ҳолати сархушӣ фалон нависанда даъво кард, ки “ҳикоянависӣ мисли шеър осон нест, ки раҳ ба раҳ дар мағзат пазониву баъд рӯйи коғаз биёрӣ. Одамро маҷақ, дабдалла мекунад”. Лофзаниро аз ҳад гузаронд. Ба ӯ ваъда додам, ки “як китоб ҳикоя менависам”.
– Худситоияш ба зарари мо шудааст… – гуфтам бо ҳазл ва афзудам: — Дар майдони наср боз як ҳарифи ҷиддӣ пайдо шуд: нозукбину хушбаён…
Зимнан ҳикояҳои Гулназарро ҷузъиёту қаҳрамонҳои нави дилнишин, ҳусни баёну тасвирҳои башираи шоирона оро медиҳанд, ки насри моро рангину дилпазир мекунанд.
Гулназар, аз рӯйи мушоҳидаҳои ман, беҳтарин асарҳои овозадори назму наср, танқиду адабиётшиносӣ ва таърихиро чун манбаи омӯзиш пайваста мутолиа мекард. Ин доираи донишу фаҳмиши ӯро ғанӣ гардонда, барои ибрози назар ба каму костиҳои осори бадеӣ, масалан, раванди шеъри муосир, наср ё эҷодиёти ҳамқаламон, муҳити адабӣ мадад мерасонд. Бегумон дар ин комёбӣ хазинаи таҷрибаи фаровони рӯзноманигорӣ, муҳаррирӣ, омӯзиши адабиёти классикӣ, назокатҳои забон, андӯхтани таҷрибаи рӯзгор, шинохти ҷаҳони ботини инсонҳо, дарки дарду армони ҳамзамонон созгор меафтод. Аслан адиби соҳибистеъдоде, ки ҳамқаламони яккатозу номвари аз худ пешро пайгирӣ менамояд ё ҳадафи бо навҷӯиву тозаофарӣ аз онҳо фаротар рафтан дорад, чунин талошу заҳматаш бо мурури солҳо ӯро донишманду дақиқназар, мардумшиносу сиёсатмадор низ мекунад. Ҳамин падидаи нек дар фаъолияти адабии Гулназар басо равшан ба назар мерасад. Далели ин гуфтаҳо мақолаҳои зиёди баҳсангези ӯ перомуни шебу фарози назми муосир, вежагии осори устод Лоиқу Қутбӣ Киром дар китобҳои тадқиқотии ӯ “Лоиқе чун Лоиқе”, “Қутбии қутби сухан”, – бигузор боиси баҳс ҳам шуда бошанд. Ҳақиқат дар баҳс аён мегардад, – шуда метавонад. Ин китобҳо самари ковишу пажӯҳиш ва андешаву заҳмати бардавоми шоиранд. Аммо гулчини мақола ва суҳбатҳои Гулназар дар китоби “Растохези сухан” (Хуҷанд: “Нури маърифат — 2015”) оид ба хидматҳои бузурги чеҳраи адабии устодони сухану ҳамқаламон, дастоварду саҳлангории эшон дар роҳи эҷод воқеан арзишманданд. Гулназар мунсифона ба тозакориҳо дар эҷодиёти ҳар як адиб баҳо медиҳад, аз куҷо сарчашма гирифтани сабку услуб, ҳатто образу ташбеҳҳои эшонро чун сирқот нарм ишора менаомяд. “Ба эҷодиёти Лоиқ чун ба як адабиёт бояд муносибат кард”, – таъкиди ӯ ҷавонмардона буд, зеро ба қавли ӯ “…танҳо Лоиқ тавонист, ки ҳамаи он бозёфту ҳамаи он тозакориҳоро, – вай ин сифатҳои фаъолияти адабиро аз осори устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноату Қутбӣ Киром дар назар дорад, – дар эҷодиёти худ фароҳам оварад ва ҷамъбаст кунад. Вай аз ҳама хубтару пурсамартар таҷрибаи адабиёти классикӣ, сурудаҳои мардумӣ, адабиёти ҳамзабонон ва ҷаҳониро истифода кард ва комёб шуд.” Оре, “шоири воқеӣ забони ғаму шодии мардум аст… Хурду калон аз ҳиҷои шоир (Лоиқ А.С.) ба шӯришу инқилоби ботинии худ ҳарфи таскин меёбанд, ба саволҳои бешумори рӯзгори худ ҷавоб пайдо мекунанд. Ҳамин ҷиҳати эҷодиёти ӯ эътиқоди хонандагонро ба шахси шоир афзудааст”.
Дар омади гап бояд иқрор бикунам: китоби “Растохези сухан”-и Гулназар, ки аз мақолаҳои пурмуҳтаво перомуни эҷодиёти адибон, суҳбат бо ҳамсарони шоиру нависандагони мутавафо, аз рӯзгори печида ва роҳи эҷодии суханварон фароҳам омадааст, арзишманд асту мақолаҳои “Вожаҳоро бояд шуст”, “Шеъри муҳоҷир”, “Забони шеъри ҷавонон”, “Ҳеҷ ягон вақт ту дил бастаӣ?”, “Оинаи беғубори ман”, “Сухани миллатсози Айнӣ” бо таҳлили жарф, андешаҳои тару тоза, назари дилсофона чун намунаҳои беҳтарини шеъри Гулназар арзиш доранд. Боиси таассуф аст, ки ин маҷмуаи мақолаҳои аз ҳар ҷиҳат омӯзандаву ибратбахш бо теъдоди хеле кам (200) дар шаҳри Хуҷанд нашр шуда, ягон-ягон то Душанбе расида. Ин китобро бояд дар пойтахт бо адади зиёд чоп кард, то устодону донишҷӯён ва адибони ҷавон аз он баҳравар гарданд.
Гулназар дар баҳо додан ба шахсияти маъруфи адабӣ, ҳатто ҷавоншоирони бостеъдод ва арзиши осори онҳо ҷавонмардӣ нишон медиҳад. Вай мегӯяд: “Ба шеър баргаштани забони ноби шеър аз устод Муъмин Қаноат шуруъ гардид. Тароват, зебоӣ, ҷаззобӣ ва маҳкамии шеъри Қаноат, бешубҳа, дар забони ӯст”. Ва боз иброз медорад: “Ман бисёр таркибу ибораҳои Лоиқу Бозор Собирро дар шеъри шоирони дигар дидаам”. Ин ишораи эродомези Гулназар як таъбири нешу киноядори кӯҳистониёнро ба ёдам овард: “Човандози сари бора”. Ин таъбири мардум аз мушоҳида баромада. Гап сари он ки айёми сардӣ дар кӯҳистон бузкашӣ зиёд барпо мегардаду аз дуру наздик човандозҳои машҳур бо аспҳои ҷавмасту бодпо ва тамошогарони ҷазмӣ ба ин ҳамоишҳо меоянд. Бузкашӣ талошу муборизаи тезу тунд ва бемуросост. Дар ин гирудори кандану афкандан хотирбинӣ ё гузашт фаромӯш мешавад. Ҷонкоҳонӣ, панҷаву бозуи бақуввати човандоз, нерӯ ва пойдорӣ, дави афсонавии асп омили пирӯзӣ мешаванд. Саҳнаи назаррабо ва пуршиддат тамошобинони пурҳаёҳуро сеҳр мекунад. Баногоҳ човандозе таҳамтану моҳир бо ҷонкоҳонии беандоза бузро аз панҷаи рақибон канда, бо илоҷе аспи дар обу арақ тарашро аз байни анбӯҳи ҷонварони девзод мебарорад ва сӯйи ҳалолҷо метозонад. Ана дар ҳамин лаҳза “човандози сари бора” аспи дамҳоташро маҳмез задаву чорнаъл тозонда, ба аспи човандози бо азобу азият аз байни анбӯҳи аспҳои бузкашҳо раҳида мерасад ва бузро осонакак мисли роҳзан ё ғоратгари беимон аз дасти ӯ рабуда, осонакак бурда ба ҳалолҷо мепартояд. Ва аз ин ғалаба шоду мамнун, дасти тозиёнадор болои сар алвонҷдиҳон аспашро маҳмеззанон дар майдон худнамоёна метозонад. Тамошогарони баимон аз ин ҳолат асабиву ҳайрон, норозиёна “боз ҳаромӣ номардӣ кард! Ҳисоб не!” – фарёд мезананд. Ҷонибдоронаш кафкӯбон боло-боло чаҳида, ҳангома барпо мекунанд. “Офарин! Ҳалол, ҳалол!” Доварони муросокор чашм ба кӯриву гӯш ба карӣ мезананд. Ана ҳамин манзара ва муносибати ғосибона, мутаассифона, дар майдони адабиёт низ ҳукм меронад. Барои аз худ кардани як байт, бозёфти дилангези шоире баъзан “човандозҳои сари бора” пайваста талош варзида, онро забонзад, обшуста ва бетароват мекунанд. Ин амал низ шабеҳи дуздӣ ва роҳзанист. Банда дар ашъори Гулназар ин тарзи ғасбу дуздиро мушоҳида накардам.
Гулназар тасвиру хаёлпардозиҳои Бозор Собирро меписандид ва ҳангоми шунидани матни суруде мегуфт: “Аз вожаву тасвир ва оҳанги сатри аввал кас пай мебарад, ки моли Бозор аст”.
Муҳаққиқи пуркору заҳматписанд зиндаёд Атахон Сайфуллоев дуруст таъкид кардааст: “Онҳо (мақола, публисистика ва мусоҳибаҳои Гулназар А.С.) моли адабиётанд ва баробари осори нависанда зиндагӣ хоҳанд кард, зеро ба шахсият, эҷодиёти бадеӣ ва тақдири шоир ва ҳунарманд ҳамоҳанганд, хонанда ва муҳаққиқи адабиёт аз онҳо маълумоти тоза ва муҳим ба даст меорад”.
Бешак, шеър дар эҷодиёти Гулназар ҷойгоҳи воло дорад. Доираи мавзуи ашъораш басо густарда буда, ковишу бозёфт дар онҳо фаровону пурҷилоанду ба инкишофи назмамон файзбахш. Дарунмоя, драматизм, ангезаи ботинии таконбахши андеша, ифтихори милливу ватандорӣ, васфи ҷавонӣ, ҷунуни ишқ, орзуву ҳавас, дарду алам, талхии нокомӣ, хиёнату бебарорӣ дар шебу фарози зиндагӣ, тасвири хушбахтии қаҳрамони лирикӣ аз лаззати дидору бӯсу канор дар сурудаҳои Гулназар нисбат ба нозимоне, ки кӯшидаанд перояи офаридаҳояшон бештар бо қофияву радифбозӣ бирешимвор ҷилодору нарм бошад, ба маънои некаш дурушту қавист, аммо дилрабову хотирмон. Ин навъи ашъор ҳусни маънӣ меафзояд. Намуна:
Ин аспи сафеди ту насиби кӣ шавад?
Ин ёри писанди ту ҳабиби кӣ шавад?
Гулназар барои маҷмуаи шеърҳои бачагонааш “Се кулчаи танӯрӣ” сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардид, лекин аз рӯйи инсоф иқрор бикунем, ӯ китоб-китоб шеърҳои баландғояву баландпоя ба нашр расондааст, ки ин Ҷоизаи олии адабиро ҳалолтар бикунад. Ин бегумон нишонаи масъулияти ҷиддии шоир дар назди хонанда ва адабиёти муқаддас мебошад. Ва ҳамин талошу заҳмати ҷонкоҳонаи бардавом шахсият ва осори Гулназарро ба дарахти пурсамари тановар табдил дода.
Саволе пеш меояд, ки Гулназар то охири умр бо ковишу пажӯҳиши бадеӣ ба ҳадафи хеш расид ё не? Ба андешаи банда, басо зебову муваффақона расид. Яъне ба эҷодиёти доманадору рангин ва шахсияти адабии Гулназар имрӯзу фардо наметавон ба чашми кам нигарист. Ӯ дар радифи шоирони тавоно маскан дорад. Вай фидоӣ ва тараннумгари тавонои Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.
Забони ман фақат як вожа дорад,
Ки бе номи Ватан ман безабонам.
Ин рубоӣ низ нидои дили Гулназар ба хонандаву аҳли назари имрӯзу фардост.
Ғофил магузар ту аз китоби дили ман,
Аз розу ниёзу аз хитоби дили ман.
Аз шоири шӯридаи хомӯш пур аст
Ин теппаи маҳзуни Лучоби дили ман.
* * *
Сафари охири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо пардабардории пуртантана аз рӯйи пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллӣ, зиндаёд Гулназар ва номгузории гулгашт ба номи ӯ дар маркази ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт. Ин иқдоми Президент аҳли илму адабро шод кард.
Дӯсти пизишкам профессор Саидилҳом Аҳмадзода занг зад ва дар баробари изҳори хурсандӣ гуфт:
– Ёд доред, ҳангоми аз Хуҷанд баргаштанамон дар Варзи манор баъди як пиёла чой Гулназар дар зодгоҳ бисёр шод шуду сарфароз ба ин майдон нигариста шӯхиомез гуфт: «Билло, ки ҳамин ҷояш зеби ман дорад».
– Нияти холис…дар ин рӯзи пурнишот бо дасти Ҷаноби олӣ пайкара кушода шуд.
– Хеле аҷиб! – афзуд Саидилҳом, – Муҷассамаи Гулназар дар ҳамон ҳолати ваҷду дилхушӣ аз озодии Ватану расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ болидарӯҳ аз дастовардҳои бузурги Истиқлол офарида шуда…
Абдулҳамид САМАД