«Машав ғамгин, агар ҷашнат нагиранд!»
Назаре ба «Наврӯзнома»-и Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода
Ҳар куҷо ошиқи муштоқе буд,
Ҷуфт шуд, ҷуфт, агар тоқе буд.
Боз ҷамъияти гул ҷамъ омад,
Боз рӯзи сухани Боқӣ шуд.
Бозор Собир
Дар баробари вижагиҳои дигараш, аз лиҳози фарогирии мавзуъ низ адабиёти шуҳратёру тавонои тоҷик басо ғанист ва тақрибан мавзуеро наметавон ба забон овард, ки вобаста ба он дар ин адабиёти ҷаҳонгир асаре баланду дилписанд мавҷуд набошад. Аз ин хусус он нукта таъкидкарданист, ки қисмате аз мавзуъҳо дар адабиёти тоҷик домани густардатар доранд ва дар меҳвари таваҷҷуҳи аҳли эҷод қарор гирифтаанд. Ҳамин гуна аст мавзуи тасвири табиат ва тараннуми зебоиҳои он дар адабиёти воломақоми мо. Ин аслан як падидаи табиист, зеро адибон дилдодагони ҳусну зебоиянд ва ҷилваю таровату назокати табиат эҳсоси онҳоро ба ҷӯш меоварад, мафтуну масрур мекунад ва ба сухан гуфтан вомедорад. Зебоӣ муассиртарин манбаи илҳоми аҳли эҷод аст ва табиат саршор аз зебоист, ба вижа, дар фасли баҳор, фасле, ки тимсоли ҳусну зебу зинат эътироф гардида. Шеъре, ки дар ситоишу тавсифи баҳор гуфта мешавад, дар адабиёти тоҷик бо номи баҳория маълум аст. Ва дар гуфтани баҳорияҳо шоирони тоҷик дар ҳама давру замон гӯиё як навъ сабқат оростаанду ашъоре ба миён овардаанд, ки яке аз дигаре дилчасптару самимитаранд. Баҳорияҳои баландпояву нишотбахши устод Рӯдакӣ, Фаррухию Манучеҳрӣ, Унсурию Анварӣ… баҳри равнақи минбаъдаи ин навъи шеър заминаи созгор ба вуҷуд овардаю барои ояндагон илҳомбахш гардидаанд. Баҳор, воқеан, фаслест саршор аз зебоию ҳусну тароват, фаслест, ки бо нузҳату назокаташ ҳамагонро мафтун мекунад, ба ваҷд меоварад. Ва ин фасли зебо ҷашне машҳур дар таркиб дорад бо номи Наврӯз, ки шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда. Наврӯз нигинест дар ангуштарии баҳор, ки ин ҳумоюнфаслро фурӯғу шаҳомату нишоти бештаре эҳдо мекунад. Таърихи ин ҷашн ба умқи замонҳо мерасад ва он мардумитарин тантанаи ақвоми ориёист. Наврӯз дар дарозои таърих ба ҳаводиси зиёде бархӯрда бошад ҳам, устувору пойдор боқӣ мондаву шукӯҳу шаҳомат ва маҳбубияташро накостааст. Яке аз ин давраҳо ба аҳди Шуравӣ мутааллиқ аст. Бо таҳрики зимомдорони фарҳангу иҷтимоиёти замон Наврӯз як навъ расми даромехта бо анъанаҳои бепояву куҳнашуда ва шоҳпарастӣ муаррифӣ мешуд, вале дар асл онҳо аз ҷанбаи қавии миллӣ доштани Наврӯз ва посдори ҳувияту фарҳанги дерини халқ будани он ҳарос доштанд.
Агар дар аҳди то Шуравӣ дар ашъори шоирони тоҷик вожаи Наврӯз фаровон ба назар расад, пас дар давраи Шуравӣ ин вожа тақрибан аз байн рафтаву бағоят камистеъмол шуда буд. Дар радифи қаламкашони дигар шоирон низ аз корбурди ин зебовожа андешаи «мабодо…» ба сар худдорӣ мекарданд ва акнун аз наврӯзияи таркиби баҳорияҳо қатъи назар мешуд. Ин аст, ки дар эҷодиёти аксар шоирони давр ҷои онро ба куллӣ вожаи баҳор гирифтааст. Шоирон ҳамоно дар ситоиши баҳори нозанин шеърҳо гуфтаанд, вале аксаран бидуни истифода аз вожаи Наврӯз. Дар чунин муҳит дар ситоиши Наврӯз шеър гуфтан барои ҳар як эҷодкор амале буд ҳамсанг бо қаҳрамонӣ. Ин гуна қаҳрамонӣ аз ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон, устод Боқӣ Раҳимзода ба вуқуъ пайваст. Дар осори ин шоири маҳбуби тоҷик вожаи Наврӯз фаровон ба назар мерасад. Соли 2021 дар ҷумҳурӣ «Осори мунтахаб»-и шоир ба чоп расид, ки он бо шеъри «Нахустин шиносоӣ бо Ленин» оғоз меёбад ва байти аввали ин шеър чунин садо медиҳад:
Мисли Наврӯзи оламорое
Шӯху бебок баччагон будем…
Дар маҷмуъ, устод Боқӣ Раҳимзода наздик ба бист баҳория эҷод кардааст, ки ҳама дар сатҳи баланд ва самимию дилчаспанд. Чунин ба мушоҳида мерасад, ки шоир, чун дар васфи баҳор сухан мегӯяд, маҳорату истеъдоди аслияш ба ҷилва меояд, ҳарфу ҳиҷояш бештар самимию пуробуранг ва хеле шоирона мешавад. Бингарем, ки субҳи баҳориро шоир чӣ қадар равшану пурҷозиба ва ҳунармандона ба риштаи тасвир кашидааст:
Рехт бар сар дурру гавҳар абри найсон ин саҳар,
Шаҳрро дар ханда дидам баъди борон ин саҳар.
Аз дару девору боғу кӯчаҳои сабзпӯш
Ҷилвагар шуд дар назар рӯи баҳорон ин саҳар.
Кӯҳсори тоҷикон дорад намуди дилкаше:
Абр бар сар, ганҷ дар бар, гул ба домон ин саҳар…
Дар шеъре бо номи «Баҳори тоҷик» шоир изҳор медорад, ки бо тамошои манзараҳои баҳорӣ «дилам кушояд». Аз мутолиаи осори ӯ метавон ба хулосае расид, ки пас аз гуфтани ашъори бо тақозои замонаву талаби ғояи айём, чун ба мавзуи дилхоҳаш рӯй меоварад, натанҳо дилаш, балки банди хомааш ҳам мекушояд. Баҳорияҳои устод Боқӣ Раҳимзода даромехта бо сухани ноб, санъатҳои бадеӣ, ибораҳо, ифодаҳои зебою дилнишин ва мазмуни бикранд ва зуд мақбули дилҳо мешаванд, ба замзама табдил меёбанд.
Ҳар лаҳза боди форам аз рӯи майса бӯяд,
Оби зулол нозук рухсори сабза шӯяд,
Бо ранги тозаю тар гул дар чаман бирӯяд,
Дил баҳри ишқи дилбар тавсифи тоза ҷӯяд…
Махсусияту бартарии ашъори баҳорияи устод Боқӣ Раҳимзода дар он аст, ки ӯ якчанд шеърашро бевосита ба ҷашни Наврӯз, ба тавсифу ситоишу мадҳи Наврӯз бахшидааст. Ин гуна падида дар осори ҳамаҳдони шоир ба мушоҳида намерасад. Шеърҳои «Наврӯзӣ», «Наврӯз» ва «Мо муштоқи Наврӯз» хеле баландмазмуну равону самимӣ ва навоваронаанд ва собит мекунанд, ки ба рағми он ҳама маҳдудсозиҳои ғоявии айём шоири ватанпарвару иродатманд кӯшидааст, то дар зинда мондани расму оин ва анъанаҳои неку дерини ниёгони баруманди хеш ҳиссагузор бошад. Ӯ амиқ дарк намуда, ки шоир посдори маънавияту фарҳанги миллат аст ва шеъри асил бояд бо махсусиятҳои миллӣ иртиботи қавӣ дошта бошад.
Ёд дорам, мо дар синфи 5-ум мехондем (нимаи аввали солҳои 70- уми садаи ХХ), ки дар китоби дарсиамон – “Адабиёти Ватан” бо шеъри «Мо муштоқи Наврӯз» ошно шудем. Омӯзгорамон дар бораи устод Боқӣ Раҳимзода ва ашъори ӯ ба мо маълумот дода, шеъри мазкурро ба таври муассиру ҷолиб бароямон тафсир бахшид ва зимнан дар бораи ҷашни Наврӯз бо муҳаббату эҳсоси баланд сухан гуфт ва супориш дод, ки он шеърро азёд бикунем.
Аз ҳамон ҳангом дар умқи дили мо нисбат ба Наврӯз таваҷҷуҳу эҳтирому ихлос пайдо шуд. Воқеан, шеъри «Мо муштоқи Наврӯз» самимияту шавқу шӯри махсус дорад, бо ҳунари волои шоирӣ гуфта шудааст, аз навгонию тозагӯиҳо саршор буда, хонандаро дарзамон мафтун мекунад.
Гули бодом бӯи нози Наврӯз,
Гилеми сабза пойандози Наврӯз.
Ба роҳаш абри найсон дур бипошад,
Ки тундар оварад овози Наврӯз…
Биё, Наврӯз, бар ҷонам асар кун,
Дарахти умри манро пурсамар кун.
Ба ман бинмой айёми ҷавонӣ,
Шарори синаамро бештар кун.
Чӣ қадар муҳаббатрез, нишотбор ва сурурбахш аст ин наврӯзияи камназир! Дар он, ки аз даҳ банд (чил мисраъ) иборат аст, вожаи «Наврӯз» нуҳ бор батакрор истифода шуда. Шоир дар ситоишу тавсифи ин фархундаҷашн аз таркибу ибора ва ташбеҳу тавсифу истиораҳои зебою дилнишине, аз қабили бӯи ноз, гилеми сабза, абри найсон, арӯси сол, барги сунбул, ҷаъди зулф, шӯрида булбул, печутоби насимосо, муштоқи дидор, шаби маҳтоб, накҳати боди саҳар, табассуми Наврӯз, фавҷи лола, ҷавонӣ дар бағал, авҷи амал, холи ҳуснобод, дилошӯбу ҷаҳоноро, нақкоши сеҳрэҷод, зангори дил, чашмаи ашъор, сарчашмаи илҳом, ҳарфи оташбор, мавсими шодӣ, гули сурӣ, рухсори ҷаҳонтоб, нахустин бӯса, дарахти умр, айёми ҷавонӣ, шарори сина, сархату туғрои шеър… корбаст намуда, шеърашро ба сони пайкари арӯсон ороставу пероста кардааст ва асаре дар сатҳи баланд офаридааст. Ин шеър, бешубҳа, аз беҳтарин баҳорияҳои адабиёти муосири тоҷик мебошад.
Шеъри «Наврӯзӣ» низ суруру нишот аз файзи мақдами баҳору Наврӯз дар батн дорад, ифодагари шукӯҳу шаҳомати Наврӯз аст ва як навъ паёми наврӯзии шоирро ба халқи азизаш мемонад:
Наврӯзи наву соли наву кори нав омад,
Дар кишвари дил файзи фараҳбори нав омад…
Дар шишаи тирезаи мо нақш кашида,
Борони баҳор аз пайи осори нав омад…
Баҳорияи дигари шоир, ки “Наврӯз” ном дорад, шеъри тасвирӣ буда, манзараи нахустрӯзҳои фарорасии баҳор ва нишот аз ҷашни Наврӯзро таҷассум мекунад. Шеърест ҳар сатраш ҳамбаста бо суруру шодмонӣ ва ороста бо алфози тозаву ошиқона:
Рафта фасли даю баҳорон шуд,
Гавҳарафшон чу абри найсон шуд…
Барқи ишқ оташе ба ҷонам зад,
Сина аз шуълааш дурахшон шуд…
Аз миёни саҳоби фикру хаёл
Чеҳраи навҷавонӣ хандон шуд.
Меҳри Наврӯз то тулуъ намуд,
Фасли дай пушти парда пинҳон шуд.
Бо ситоиши Наврӯз устод Боқӣ Раҳимзода як навъ ҷасорати адабӣ нишон додааст, зеро чунонки гуфта шуд, дар доираи наззораи чашми ҳамабини мафкураи ҳукмрони замон ин гуна ошкору пурҳарорат ва самимона, дар заминаи руҳияи баланди миллӣ шеър сурудан амале сахту сангин ва нохушанҷом буд. Наврӯз тадриҷан аз хотираҳо зудуда мешуду таҷлили он мамнуъ (ба таври ғайрирасмӣ) дониста мешуд. Ин ҳолатро дар чаҳорпораи охирини шеъри «Мо муштоқи Наврӯз» устоди шуҷоъ ва дилсӯзи миллат бо як навъ ошуфтагию таассуф, ки эътироз нисбат ба идеологияи замон вобаста ба масоили миллӣ дар умқ дорад, бозгӯӣ кардааст:
Агар як сол н-оӣ, даҳр пир аст,
Ба номат сад қасам, дунё ҷазир аст.
Машав ғамгин, агар ҷашнат нагиранд,
Ки номат сархату туғрои шеър аст.
Метавон ҳадс зад, ки ашъори наврӯзии устод Боқӣ Раҳимзодаро сабабу таҳрикбахши эҷод ҳамин мисраи «Машав ғамгин, агар ҷашнат нагиранд» гардида, ки даромехта ба оҳанги таскину таассуф ва навъе бовар ба пояндагии Наврӯз аст. Устод ҳамеша дар байни халқи азизаш ва маҳбубу мақбули ҳамагон буд, дар ҷашну сури ҳамдиёрон ширкат варзидаю маъракаороӣ мекард. Ба гуфти Бозор Собир:
Халқ бо Боқию Боқӣ бо халқ
Гӯиё ҳамтану ҳамҷон буданд.
Шоири тавоно Тоҷикистони азизу манзараҳои дилошӯби онро, анъанаҳои мардумию фарҳанги қадимии халқашро мепарастид, аз зумраи он «ду-се мард» буд, ки устод Лоиқ ситоишаш карда (дар шеъри «Барои устод Боқӣ»):
Дар ин дунё ду-се чашмони бино чашми дунёянд,
Ду-се тан покҷоне покии дунёи зебоянд.
Ду-се озодфикре ҷумла оламро кунанд озод,
Ду-се равшанзамире равшании ҳастии моянд.
Шоири озодфикру равшанзамири миллат устод Боқӣ Раҳимзодаро ҳамакнун бояд дар радифи он «қаҳрамонони Наврӯз», ки батакрор корномаи наврӯзиашонро ба забон меорему барҳақ таҳсинашон мегӯем, ёд кард ва ин ҷанбаи корномаи адабии ӯро набояд нодида гирифт. Ситоишгару посдор ва саногӯю шукӯҳафзою таблиғгари Наврӯзи оламафрӯз буд устод Боқӣ Раҳимзода!
Абдурауф Муродӣ