Марҳалаҳои рушди забони тоҷикӣ

Ҳодисаи иҷтимоӣ будани забон ҳақиқати бебаҳс аст ва ҳамқадами замону ҳамроҳи ҷамъият ташаккул ва таназзул ёфтани он собит шудааст. Ба ибораи дигар, забон мисли ойинаи бузургест дар рӯбарӯи ҷамъият, ки ҳар чи дар ҷамъият падид меояд, дар ин ойинаи муҷалло инъикос мегардад.
Дуруст аст, ки дар давраи нави таърихи ташаккули забони тоҷикӣ дар сохтори он ягон дигаргунии куллӣ ба вуҷуд наомад ва осори беш аз ҳазорсолаашро метавон бидуни мушкил фаҳмид. Агар, аз як тараф сохтори мустаҳками забони тоҷикӣ ба ин мусоидат намуда бошад, аз ҷониби дигар осори хаттии пурғано боси гардидааст, ки таҳоҷуми фарҳангиву сиёсии дар тӯли таърих бар сари забон омада натавонад дигаргуние дар шаклу мазмуни он ворид созад.
Шоистаи таъкид аст, ки ҳарчанд забон яке аз рукнҳои муҳимми давлат ба шумор рафта, шиносномаи миллат ва сарчашмаи боэътимоди омӯзиши таъриху фарҳанг маҳсуб мешавад, дар ҳама давру замон ниёз ба ғамхориву пуштибонӣ доштааст. Далели ин гуфта метавон таназзулу матрук гардидани забонҳо бо сабаби беаҳаммиятии соҳибонашон ва равнақу ташаккули онҳо дар натиҷаи ғамхориву таваҷҷуҳро зикр намуд. Таърих забонҳои зиёдеро дар хотир дорад, ки дар арсаи ҳастӣ ҷойи худро тиҳӣ гузошта, ба дасти фаромӯшӣ супурда шудаанд.
Яке аз сабабҳои асосии ташаккул ва таназзули забонҳо сиёсати забонии давр мебошад. Чунонки вақте хонадони Сомониён ба қудрат расид, забони тоҷикӣ хеле нашъунамо ёфт ва бар тахти иззат нишонда шуд. Ва ё дар давраи ҳокимияти шӯравӣ забони тоҷикиро аз мақоми таърихии худ барканор намуда, ба як забони кӯчаву бозор табдил доданд ва чунон вонамуд мекарданд, ки имконоти ин забон барои таълифи осори илмӣ басанда нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки забони тоҷикӣ дорои услуби беш аз ҳазорсолаи илмӣ мебошад.
Дуруст аст, ки соли 1989 бо талоши як идда фарзандони фарзонаи миллат ба забони тоҷикӣ расман мақоми давлатӣ дода шуд, вале бо сабабҳои мухталиф на ҳамаи талаботи дар қонун инъикосшуда ба таври дилхоҳ раҳандозӣ шуданд. Боз ҳам то соҳибистиқлол гардидани кишвар амалан забони тоҷикӣ натавонист дар мақоми забони давлатӣ вазифаи худро ба иҷро расонад.
Чунонки бар ҳамагон чун офтоб равшан аст, соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад ва ин мардуми ҷабритаърихдида ба истиқлоли комили сиёсиву фарҳангӣ ва забонӣ расиданд. Ҳарчанд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба гирдоби даргириҳои сиёсӣ афтид ва неруи асосӣ ба рафъи оқибатҳои он равона шуд, баъди ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвар ба як марҳилаи комилан нав ворид гашт ва дар тамоми сохтору бахшҳо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар ин миён забони тоҷикиро низ наметавон мустасно шумурд. Агар баъди сулҳи тоҷикон инкишофи забони тоҷикиро як марҳалаи муҳим шуморем, ба тасвиб расидани қодаҳои имло дар соли 1998 ва аз алифбои забони тоҷикӣ берун намудани ҳарфҳое, ки ба онҳо ҳеҷ ниёз набуд ва иҷборан ворид гардида буданд, қадамҳои нахустин дар ин замина мебошанд.
Чунонки тазаккур ёфт, забон низ ба ғамхориву пуштибонӣ ниёз дошта, дар ҳамин замина ташаккул намудани он ногузир мебошад. Бо назардошти ин нукта дуруст роҳандозӣ намудани сиёсатии забонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ҳар суханрониву вохӯрии худ аҳаммияти забонро дар ҳаёти фарҳангии мардум таъкид мекарданд. Ҳамчунин борҳо зикр карданд, ки «забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст». Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пуштибонии Ҳукуматро аз забони тоҷикӣ метавон дар тамоми сохтору бахшҳои ҷомеа мушоҳида намуд.
Натиҷаи ғамхориҳои махсус буд, ки бо ибтикори Президенти кишвар соли 2008 «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон гардида, ба туфайли он барои тавсеаи бештари ин рукни ҳастии миллат заминаҳои мусоид фароҳам омада, корҳои амалии зиёд барои густаришаш ба анҷом расиданд. Дар ин соли таърихӣ барои таҳаввули забони тоҷикии адабӣ чандин китобу асарҳои марбут ба масоили мубрами забони тоҷикӣ таълиф ва иддае бознашр гардиданд, ки ин ҳама, дар маҷмуъ, ба пешрафту ҳамқадами замон гардидани забон такони ҷиддие бахшид.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2009-ро метавон як марҳалаи дигар дар тавсеа пайдо кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ қаламдод намуд. Зеро Қонуне, ки бист сол қабл аз ин (дар соли 1989) қабул гашта буд, дубора таҷдиди назар шуд ва бо дарназардошти соҳибистиқлолӣ ва манфиати миллӣ таҳрир гардид.
Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон марҳалаи муҳимми дар рушди забони тоҷикии адабӣ, бавежа дар бахши истилоҳоти илмиву тахассусӣ номид. Зеро ҳамасола ин Кумита бо ташкил ва баргузории конфронс дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳурӣ масъалаҳои мубрами забоншиносиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мушоҳидаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи истилоҳот ва тоҷикӣ намудани номвожаҳои ҷуғрофӣ дар меҳвари фаъолияти он қарор дорад. Диққати забоншиносонро ба масъалаҳои мухталифи истилоҳот равона намудани ин Кумита бесабаб набуда, дар замони муосир тавсеа додани имконоти забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм тақозои давр мебошад.
Андешидани чораи зарурӣ дар марҳалаи дигари ташаккули забони тоҷикӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 30- юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2016» мебошад.
Шоистаи таъкид аст, ки дар бораи тасдиқи Барномаи стратегии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар вазорату идора ва муассисаҳои кишвар нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани қарори мазкур мураттаб гардида, дар ин замина корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Барномаи стратегии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 нақшаи муфассалеро тартиб дода, мувофиқи он бо роҳандозии чорабиниҳои мутааддид корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар ҳамин замина Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, адабиёти бадеӣ ва маҷаллаю рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ тоҷикони сокини кишварҳои хориҷиро таъмин намояд ва барои тоҷикони хориҷи кишвар дар факултетҳои забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ квотаҳоро роҳандозӣ созад.
Ҳамчунин, дар ҳамин замина тасмим гирифта шуд, ки чорабиниҳо, конфронсҳо ва мизҳои мудаввар ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва ташкилу баргузории конфронси илмию амалии «Масоили мубрами забоншиносӣ»-ро мунтазам ба роҳ монад. Таҳияи барномаи сатҳи академии забони тоҷикӣ ва забони илм, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ, омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо, таъсиси барномаҳои телевизионии омӯзиши забони тоҷикӣ барои кӯдакону наврасон, таҳияи маводи аудиоию видеоӣ барои омӯзиши забони давлатӣ дар низоми ҳама зинаҳои таҳсилот, таҳия ва нашри фарҳангномаҳои мухтасари дузабона барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, андешидани чораҳои мушаххас барои баланд бардоштани дараҷаи таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ.
Тавре аз ҳадафҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 бармеояд, вазифаи он, пеш аз ҳама, истифодаи забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар буда, вазифаи асосии Барнома ҳифз ва ташаккули забони давлатӣ ҳамчун забони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз забонҳои дорои суннати хаттии чандҳазорсола ва осори ғании давраҳои таърихӣ мебошад.
Дар баробари марҳалаҳои зикргардида, ҳамчунин дар минбарҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид суханронии Президенти кишвар бо забони тоҷикӣ яке аз марҳилаҳои муҳимми рушди забони тоҷикии адабӣ ва соҳибэътибор гардидани он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 (28.11.2020) марҳалаи хеле муҳим дар тавсеа ва густариши забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Барномаи мазкур ҳадаф, вазифа самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян намуда, муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро татбиқ карда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ ва номвожаҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд.
Хулоса, дар давраи соҳибистиқлолӣ, бавежа баъди ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, забони тоҷикӣ рӯ ба як марҳалаи нави густариш ниҳода, таркиби луғавии он аз вожаҳое, ки дар натиҷаи сиёсати забонии нодурусти шӯравӣ иҷборан ворид карда шуда буданд, то андозае тоза шуд. Имрӯз фурсати он расидааст, ки барои ҳар чи бештар густариш ёфтани забони тоҷикӣ таҷрибаи форсизабонони дигар кишварҳо омӯхта ва ба кор гирифта шавад. Зеро забони форсӣ ин марҳаларо барвақт оғоз намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Ба андешаи мо, қабули баъзе истилоҳоти илмӣ аз забони форсӣ ё дарӣ ба нафъи забони тоҷикии адабӣ хоҳад буд.
Абдуманнон ХАММОР