Малико, ҷашни Меҳргон омад

 Малико, ҷашни Меҳргон омад

Меҳргон омад, гирифта фолаш аз некӣ мисол,
Неквақту некҷашну некрӯзу некҳол.
                                                                 Унсурӣ

Меҳргон яке аз маросимҳои аҷ­додии мост, ки дар оғози фасли ти­рамоҳ – ҳангоми эътидоли шабу рӯз баргузор мешуд ва дар тӯли таърих, бино бар тафовут дар тақвимҳои гу­ногун, замони он иваз шудааст. Меҳр ба рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳ аз тақ­вими хуршедӣ ва моҳи ҳафтуми он гӯянд ва ба ҳам омадани рӯзи Меҳр бо моҳи Меҳрро Меҳргон (аз Меҳр ва пасванди ҷамъбандии -гон) хонанд. Меҳр баргирифта аз авестоӣ ва ориёӣ – ҷашни Митро (Mithra) ва рӯзи 16-уми моҳи Меҳр (меҳррӯз) ҷашни Меҳргони хурд ва Меҳргони омма ва рӯзи 21-уми моҳи Меҳр (ромрӯз) ҷашни Меҳргони бузург ё Меҳргони хоса барпо мешуд. Ва низ “Меҳрго­ни бузург ва Меҳргони хурдак” номи пардаест дар илми мусиқӣ (Фарҳанги Низом). Дар забони арабӣ муарраби ин вожа Меҳрҷон ба маънии ид, ҷашнвора, фестивал истифода ме­шавад. Арманиҳо маросими диниеро бо номи Меҳекон – рӯзи пирӯзии паҳлавон Георг ва гурҷиҳо маросими Меҳраканисайро баргузор мекунанд.

Аз куҳантарин сарчашмаҳо дар бораи ҷашни Меҳргон “Китобу-т- тоҷ”-и Ҷоҳиз, “Таърихи Табарӣ”-и тарҷумаи Балъамӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Осору-л-боқия”-и Берунӣ буда, дар бархе аз матнҳои зардуш­тӣ ҳам гузоришҳое аз моҳи Меҳр то замони мо расидаанд. Дар осори зардуштӣ Меҳри эзад ва фариштаи муваккили равшанӣ ва паймонҳо си­тоишу парастиш шудааст, аз ҷумла дар Меҳряшти Авесто (банди 13) омадааст, ки “Меҳр эзади нигаҳбони фурӯғ ва посдори паймон, нахустин эзадест, ки пеш аз дамидани Хуршед аз кӯҳи Ҳара ба саросари сарза­минҳои эронӣ менигарад” (Авесто, 625). Инчунин ин ҷумла бар таърифу тамҷиду парастиши фариштаи Меҳр дар Авесто борҳо омадааст: “Меҳр – шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меси­тоем, ки Аҳура Маздо ӯро фарраман­дтарини эзадони менуӣ биофарид” (Авесто, 437). Ё дар асари паҳлавии “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” дар бахши андар ситоиши ”Меҳри фа­рохчарогоҳи ҳазоргӯши беварчашм” чунин омадааст: “Эй Меҳр, андар гетӣ ва мену, касе фаррухтар аст, ки ба ҳеҷ ойина меҳрдуруҷӣ накунанд на бо ҳамдинон ва на бо друвандон ва низ на бо он кас, к-аш аз паймон шикастан зиён кам аст. Чӣ ҳар ду меҳр (паймон) аст <бо> ашавон ва низ <бо> друвандон. Ба василаи ту, эй меҳртухмаи мардумон, дар гетӣ ороста аст, ки пайванди ҷаҳониён ба роҳи ту биравад”. Ва дар андарзҳои зардуштӣ дар бораи фазилатҳои рӯзи Меҳр омадааст, ки дар ин рӯз шафоат хостан дуруст аст: “меҳррӯз агарат аз касе гиламандие абар расидааст, пеши Меҳр-эзад аз Меҳр доварӣ хоҳ ва гила кун!” (Аша Р. Озарбоди Маҳраспандон).

Абурайҳони Берунӣ дар “Осо­ру-л-боқия” андешаҳои гуногуну ҷолиберо аз донишмандон ва шах­сони муътабар ба монанди Салмони Форсӣ, Эроншаҳрӣ, Саид ибни Фазл, Кисравӣ овардааст, ки ривоятҳое ҳастанд дар бораи номи Меҳргон ва пайдоиши ин ҷашн ва фазилатҳои он:

– Меҳр номи офтоб аст “ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд”, ин рӯзро Меҳргон но­миданд ва “то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум монанди он ки дар Наврӯз гуфта шуд, ид қарор доданд. Ва барои ҳар табақе панҷ рӯз ид донистанд”.

– Рӯзи 16 Меҳрмоҳ, ки меҳррӯз ном дорад иди Меҳргон баргузор мешавад.

– Дар рӯзи 16-уми Меҳрмоҳ, яъне дар Меҳргон “ҳар чизе, ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад”.

– Дар ин рӯз Худованд “барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард…, аз нуру зулмат байни Наврӯзу Меҳргон паймон гирифт… ва моҳро, ки курае сиёҳ ва бефурӯғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст ”.

– “Ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд”.

– Ба ривояти дигар пас аз ҳазор соли тарсу ранҷи мардум аз Бева­расп, ки тозиён ӯро Заҳҳок хонанд, аз ҷониби Фаридун мағлуб шуда, ба кӯҳи Дамованд фиристода шуд ва он рӯз ҷашни Меҳргон баргузор шуд.

– Дар рӯзи Меҳргон “ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тирамоҳию зимистонӣ медиҳанд”.

Дар “Таърихи Табарӣ” низ риво­яте аз ҷашни Меҳргон ва пайванди он бо пирӯзии Фаридун ва бар тахт нишастанаш омадааст: “Афредун зафар ёфт ва Заҳҳокро бигирифту бикушт ва ҳамон рӯзгор тоҷ бар сари Афредун ниҳода, ҷаҳон бар вай су­пурд ва он меҳррӯз буд аз меҳрмоҳ ва онро Меҳргон ном карданд ва Афредун ба мулк нишаст” (Таърихи Табарӣ, Фарҳанги Низом).

Дар “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ низ ҷашни Меҳргонро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун мансуб дониста, аз ойинҳои кеши ӯ будани Меҳргон таъкид шудааст:

Чунон чун Фаридуни Фаррухнажод,
Дар ин Меҳргон тоҷ бар сар ниҳод.

***

Бикард андар он кишвар оташкада,
Бад-ӯ тоза шуд Меҳргону Сада.

***

Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан ойини ӯст.

Муаллифи “Фарҳанги Низом” Саййид Алӣ Низом дар бораи арзиши ҷашни Меҳргон мегӯяд, ки “агарчи баъд аз Ислом иди Меҳргон аз аҳам­мияти динӣ афтода буд, валекин аз ҷиҳати ин ки ёдгори фатҳи Фаридуни Пешдодӣ – подшоҳи қадими афсона­ии Эрон буда ва дар аввали поиз ҳам воқеъ шуда буд, ки ҳаво муътадил ва муқтазии ишрат аст, муддате нигоҳ дошта шуд ва баъд матрук гардид”. Дар аксари ривоятҳои ҷойдошта ҷашни Меҳргонро мисли ҷашни На­врӯз ба шоҳони Эрони бостон нисбат додаанд ва Рӯдакӣ дар ин маврид гуфта:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Манбаъҳои дигаре, ки аз ривоҷи ин ҷашн ва дигар ойинҳо дар за­монҳои бостон маълумот медиҳанд, осори тарҷумашудаи бостонии эронӣ ба забони арабӣ дар аҳди хилофати арабҳо мебошад. Яке аз қадимтарин гузоришҳо дар бораи Наврӯз ва Меҳргонро дар асари “Китобу-т-тоҷ” дармеёбем, ки аз ҷониби дабире порсӣ дар қарни VIII навишта шу­дааст ва иштибоҳан онро ба Ҷоҳиз мансуб донистаанд. Маълумоти ин китоб дар бораи вежагиҳои ҷашнҳои бостонии мо хеле ҷолиб ва дар баро­бари он хеле қадимтар аз маъхазҳои дастрас мебошад. Матн мансуб ба даврони Сосониён аст ва дар он сухан аз ҷашни Наврӯз – эътидоли тобистонӣ ва ҷашни Меҳргон – оғози зимистон рафта, далели равшани ву­руди ин ойинҳо ба ҷомеаи гуногунқав­ми хилофат аз арзиши байналмила­лии ин ҷашнҳо дар замонҳои бостон гувоҳӣ медиҳад. Дар китоб матни порсиг (паҳлавӣ) бо тарҷумаи ара­бии он омадааст. Дар боби “Ҳадоёи Наврӯз ва Меҳргон” омадааст: “Дар ҷашни Наврӯз ва Меҳргон месазад, шоҳ ҳадяҳо бахшад, зеро ду замони (фасли) сол зуҳур меёбад. Меҳргон расидани зимистон ва фасли сард аст ва Наврӯз – навиди оғози фасли гарм. Дар Наврӯз кору назм чандон зиёд аст, ки дар Меҳргон нест: чунон­ки пазироии сол ва кушодани хироҷ, задани сиккаи дираму динор, гумо­ридан (таъйин)-и коргарон, покиза кардани оташкадаҳо ва пошидани об ва ниёиш кардан (хондани дуо), бун афкандани хонумон (хонатаконӣ) ва ин аст (тафовути) равиши баргузории Наврӯз аз Меҳргон».

Аз гузоришҳои кӯтоҳ бармеояд, ки рӯзи 16 – меҳррӯзи моҳи ҳафту­ми тақвими шамсӣ – Меҳр (баробар ба 8-уми октябр) ҷашни Меҳргони хурд ё Меҳргони омма ва рӯзи 21 (ромрӯз)-уми моҳи Меҳрҷашни Меҳр­гони бузург ё Меҳргони хоса барпо мешуд, ки баъдан ин ду ҷашн ягона шудааст. Вожаи меҳр (офтоб) дар аҳди бостон исми эзади аҳду пай­мону равшаноӣ, покиву беолоишӣ ва фаришта буда, реша бар ойини митроизм – меҳрпарастӣ дорад, ки бар пояи парастиши Митро – меҳрпа­растӣ, то даврони зардуштия бунёд ёфтааст. Ва ин рӯз пирӯзии некӣ бар бадӣ – Фаридун бар Заҳҳок аст ва моҳ равшантару пурҷилотар аз Офтоб шуда, рустаниҳо аз сабзиш мемонанд. Аз фазилатҳои ин ҷашн хӯрдани нону анору ширинӣ (ҳалво аз орди арзану равғану шакар) ва бӯйидани гулоб ва ниҳоли хушбӯй ба монанди мурд аст, то офати бисёр аз ӯ дур шавад. Ҳамчунин шодмониву сурур ва суруд хондан, додани ҳадоё ба якдигар ва шукргузориву ситоиш аз Яздони пок рукни муҳимми ин ҷашни бостонӣ аст. Аз сайри таъри­хии ойинҳо маълум аст, ки Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии фарҳанги ориёиён аст ва қидмати чандҳазорсола дорад ва дар тули таърих бо дину ойин ва фарҳангҳои мардумони гуногун даромехта, дар худ розу ҳикмати офариниши гетӣ, гардиши аҷроми осмонӣ ва табиат, фалсафаи некӣ ва ҷовидонагиро нигоҳ доштааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон зикр карданд, ки “Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус ҷашни Меҳргон, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад”.

Маҳз ба шарофати Истиқлоли кишвар ва ибтикори Президенти фарҳангсолорамон ин ойини бостонӣ дубора эҳё шуд ва ҷашнаш гувоҳи ворисони аслии фарҳангу тамаддуни қадимӣ будани мо – тоҷикон аст ва арҷ гузоштан ба ин фарҳангу тамаддуни бостонӣ вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Фарангис Шарифзода,
директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдулло Рӯдакии АМИТ

Дигар хабарҳо