Мактубҳои устод Айнӣ як мактабанд

 Мактубҳои устод Айнӣ як мактабанд

Китоби «Мактубҳо» бо пешгуф­тори муфассали Анзурат Маликзод оғоз гардида, дар он дар бораи мавқеи номанигорӣ дар эҷодиёти Садриддин Айнӣ сухан рафтааст. Мураттибони китоб А. Маликзод ва Г. Усмонова дар хусуси равиши кор маълумот дода, дар поёни ҳар як мактуб таърих ва ҷойи таълифи онро дарҷ намудаанд.

Хидмати таҳиякунандагони мак­тубҳо боз дар он аст, ки баробари нишон додани таърихи таълиф ва манбаи ҳар мактуб, номи ашхос, калима ва истилоҳотеро, ки барои хонанда норавшан аст, дар поварақ шарҳу эзоҳ додаанд. Ин аз заҳмат­писандӣ ва покизакории муратти­бон дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки гарчанде аксари мактубҳои Айнӣ ҳасбиҳолианд, бештарини онҳо хусусияти таълимӣ-ахлоқӣ низ дошта, дарси хосаи мактаби эҷодӣ ва ҳаётӣ ба шумор мераванд.

Бо вуҷуди ҷустуҷӯи зиёди му­раттибон аз маъхаз ва манобеи гуногун, номаҳои то соли 1911 ва ҳатто баъди он низ ба даст нада­ромадаанд. Дар ҷараёни иншои китобе дар бораи маърифатпарва­ри маъруфи Самарқанд Исматулло Раҳматуллозода, муайян гардид, ки дар солҳои аввали асри ХХ дар Самарқанд аз ҷониби маърифат­парвар Абдулқодир Шакурӣ ва шо­гирди ӯ Исматулло Раҳматуллозода мактабҳои нав боз шудаанд. Устод Айнӣ бо Мунзим ба Самарқанд ома­да, бо фаъолияти мактабҳо шинос мегардад.

Баъди ба Самарқанд омадан та­вассути Шакурӣ ва Исматулло Раҳ­матуллозода бо сарвари ҷадидони давр Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ шинос шудани Айнӣ низ мукотиботи онҳо бо маорифпарварони Самарқанд бардавом буд. Ниҳоят устод баъ­ди зарбаи 75 чӯби амири Бухоро ба Самарқанд омада, дар хонаи Исматулло Раҳматуллозода се сол зиндагӣ карда, шифо меёбад. Дар ҳамон солҳо устод Айнӣ мактубе ба раиси шаҳри Самарқанд дар хусу­си ба шаҳрвандии ин шаҳр қабул карданаш менависад, ки аз назари мураттибон дур мондааст. Албатта, дар маъхазҳо қайд нашудани ин мактубҳо сабабҳо дорад.

Чунонки зикр гардид, мактубҳои устод Айнӣ худ мактаби эҷодиянд. Мо инро аз мактуби нахустин, ки устод онро соли 1911 ба Олимҷон Идрисӣ навиштааст, мушоҳида ме­намоем. Дар ин мактуб устод Айнӣ дар бораи шоири мумтоз Мирзо Аб­дулқодири Бедил маълумоти мух­тасар дода, мундариҷаи куллиёти ӯро, ки аз дувоздаҳ қисм иборат аст, номнавис мекунад. Хонандагон метавонанд маълумоти муҳимро дар бораи Бедил аз ин мактуб ба даст оранд.

Аз 316 мактубе, ки дар «Макту­бҳо» ҷамъоварӣ шудаанд, қисми асосии онҳо ба масъалаҳои эҷоди бадеӣ, забон ва адабиёти муосири тоҷик марбутанд. Аз ҷумла, қариб 50 мактуб ба унвони Абулқосим Лоҳутӣ навишта шуда, камобеш ҳамин миқдор аз Лоҳутӣ ба устод Айнӣ мактуб ирсол гардидааст.

Бо омӯзиши мактубҳо маълум мегардад, ки устод Айнӣ ба масъалаи пок нигоҳ доштани забон ва луғатандӯзӣ аҳаммияти махсус зоҳир намудааст. Дар мактубҳо баъзан дар бораи як вожа дар чанд сатр ва ҳатто чанд саҳифа маълумот дода шудааст. Маълумоти муаллифи номаҳо дар бораи ба забони халқ наздик кардани вожаҳо, дар ҷараёни тарҷума истифода бурдан аз забони халқҳои дигар низ ҷолиби диққатанд. Бешубҳа, номаҳо арзиши баланд дошта, барои забономӯзӣ бисёр муҳимманд.

Масъалаи таърихи халқи тоҷик, тамаддунофаринии ниёгони бузур­ги мо дар номаҳо мавқеи намоён дошта, хонандаро ба омӯхтани таърихи халқи худ раҳнамун ме­созад. Устод Айнӣ барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик муҳимтарин маъхазҳоро номбар намудааст. Ӯ дар як мактуби худ менависад:

“Аз рӯйи шунидам, аз Берунӣ на танҳо дар бораи Хоразмшоҳиён, балки дар дигар масъалаҳо ҳам ҷавоб ёфтан мумкин аст. Дар ин ҷо ҳаминро ҳам қайд карда гузаштан лозим аст, ки барои мукаммал кор кардани масъалаҳои таърихи тоҷикон асарҳои Байҳақӣ, “Матлаъ-ус-саъдайн”-и Абдураззоқи Самарқандӣ, “Ҷаҳонкушо”-и Ҳофизи Абрӯ, “Тоҷ-ут-таворих”, “Равзат-ус-сафо”, “Ҳабиб-ус-сияр” ва ҳамаи таърихҳои Шарқро хонда баромадан ва аз онҳо чизҳои даркориро қайд карда гирифтан даркор аст” (саҳ. 350-355). Ин гуна мактубҳо барои муаррихону ҷавонон бисёр муҳим буда, дарси хуби худшиносиянд. Ҳамчунин, дар асоси манбаъҳо маълумоти дақиқ пайдо кардани устод Айнӣ перомуни қабри Рӯдакӣ ҷолиби диққат аст.

Мулоҳизаҳои Сад­риддин Айнӣ доир ба тоҷикон дар мактуби ба номи писараш Камол дар таърихи 19 марти соли 1949 навишта­аш низ возеҳу равшан баён ёфтааст:

“Эҳтимол ту таърихи термини “форс-тоҷик” ва “тоҷик-форс”-ро на­донӣ. Вақте ки ман “На­мунаи адабиёт” (чопи Москва, соли 1926)-ро навишта баровардам, ҳамаи шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо “забони адабӣ доштани халқи тоҷик”-ро инкор карданд. Ва ҳамаи гузаштагони моро, ҳарчанд дар Мо­вароуннаҳр расида бошанд ҳам, ба монуполияи Эрон додан хостанд. Ин аз як тараф, ба ҳақиқати таърихӣ мухолиф бошад, аз тарафи дигар, ба сиёсати партия мухолиф буд. Чунки дар ҳамон вақтҳо тақсими ҳудудии миллатҳои Осиёи Миёна шуда, аз тарафи партия тоҷи­кон ҳам ба сифати як миллати мустақил шинохта шуда буданд. Аз ин хатои шарқшиносон пантур­кистҳо истифода бурда, будани тоҷикҳоро дар Осиёи Миёна инкор карданд ва “тоҷикон ӯзбеконанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум кардаанд” гуфтанд (Ман ба ин маънӣ дар сарсухани “Намунаи адабиёт”-и худ ишора кардаам)” (саҳ. 464).

Юлдошов ном касе тариқи мак­туб аз устод Айнӣ хоҳиш мекунад, ки рӯйхати шахсиятҳои бузурги тоҷикро барояш манзур намояд. Устод Айнӣ ба ӯ маслихат медиҳад, ки доир ба ин масъала ба Бобоҷон Ғафуров муроҷиат кунад:

“Фикри шахсии ман дар ило­ваҳои шумо ба тарзи эҷодист, аммо дар бораи баъзе касоне, ки мумкин аст бар болои онҳо дар байни халқи тоҷик ва ӯзбек низоъ барояд, эҳтиёт кардан ва дар ин ху­сус ба ҷамъиятҳои илмии марказӣ – Москва созиш кардан лозим аст, чунончи Абурайҳони Берунӣ ва Ал-Хоразмӣ ҳарчанд шахсан худам ба тоҷик ва яке аз гузаштагони халқи тоҷик будани Ал-Берунӣ шак надо­рам, дар бораи ин кас бо ташкилоти партия ва бо рафиқ Ғафуров созиш карданро лозим медонам. Чунки ин одам дар рӯйхати мо дарояд ва ӯзбекҳо ҳам ҳамин одамро ба рӯй­хати худ дароранд, сабаби низоъ мешавад. Бинобар ин масъаларо пешакӣ ҳал кардан лозим аст”. (саҳ. 566). Мактуби мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки устод Айнӣ дар масъалаҳои муҳим, хусусан муно­сибатҳои байни миллатҳо, ки бисёр ҳассос аст, мулоҳизакорона амал менамудаанд.

Хидмати Айнӣ барои баргузор намудани ҷашни 500-солагии зодрӯзи адиби зуллисонайн, асосгузори адабиёти ӯзбекӣ Мир Алишер Навоӣ низ ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Аз номаҳои устод маълум мешавад, ки ӯ ба муносибати ин ҷашн натанҳо асари форсӣ-тоҷикии Алишер Навоӣ — “Девони Фонӣ”-ро таҳқиқ кардааст, балки мухтасари “Хамса”-и ӯро ба забони ӯзбекӣ низ ба нашр омода намудааст. Барои ин хидматҳояш устод Айнӣ ба гирифтани дараҷаи илмии доктори фанни филология муваффақ шудааст.

Мактубҳо ба саҳифаҳои норавшани зиндагии устод Айнӣ низ равшанӣ андохтаанд.

Мулоҳизаҳо дар бораи танқиди адабӣ ва нашри асарҳои бадеӣ дар чанд мактуб баён шудаанд. Устод ба ҷавонони эҷодкор, хусусан насрнависони ҷавон, маслиҳатҳои бисёр арзишманде додааст, ки аҳаммияти худро то кунун гум накардаанд. Ин нуктаро дар номаҳое, ки ба Пӯлод Толис, Ҷалол Икромӣ ва дигарон навиштааст, метавон мушоҳида кард. Дар мактубе, ки ба Ҷалол Икромӣ фиристодааст, чунин баён медорад:

“Барои ҳар нависанда аз ҳар чиз бештар хотираи устувор лозим аст, агар хотира заиф бошад, бо варзиш хотираро сахт кардан душвор аст. То сахт шудани хотира ҳар чизро аз қайдҳои муайяни яқинӣ (на гумонӣ) навиштан лозим аст. Агар нави­санда фаромӯшхотир бошад ва ба замми ин ҳар чизро аз ёд нависад, ба хатоҳои бисёр калон меафтад. Ин алифбои нависандагист. Нави­санда бояд чунон диққат кунад, ки дар кадом саҳифа чӣ навиштана­шро (албатта на бо таъбир, балки мазмунан) донад ва аз ёд бехато гуфта дода тавонад. Манбаи бисёр хатоҳои нависандагони ҷавон дар хотирпарешонӣ, фаромӯшхотирӣ ва дар бедиққатист” (саҳ. 556).

Бо итминони комил метавон гуфт, ки мактубҳои устод Айнӣ дорои арзиши баланди илмӣ буда, барои гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа бисёр муфиданд. Аз ин рӯ, ба нашр расонидани маҷмуаи мукаммали номаҳо, мавриди омӯзиш қарор додани онҳо бисёр муҳим аст. Умед бар он дорем, ки мураттибон номаҳои дигарро низ дастрас на­муда, гунаи мукаммали онҳоро ба хонандагон пешкаш мекунанд.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
шаҳри Самарқанд

Дигар хабарҳо