Кӯҳзод: Фотиҳаи Муҳаммадиев имрўз ҳам роҳнамои ман аст

 Кӯҳзод: Фотиҳаи Муҳаммадиев имрўз ҳам роҳнамои ман аст

– Устод, чӣ Шуморо водор намуд, ки по ба майдони адабиёт гузоред?

 – Маро шавқи хондан ва завқи ба маънояш сарфаҳм рафтан нависанда кардааст. Ва аслан гирем, ман ҳоло ҳам хонандаам, на нависанда. Навиштаҳоям бино бар заруратеанд, ки ҷойҳои холии китобҳои хондаамро пур бикунам. Ман аз ҷумлаи шогирдони танбал набудам, бисёр китоб мехондам, бисёр меомўхтам, алалхусус дар Донишгоҳи омўзгории пойтахт. Ва ба китобҳои бадеие, ки нав чоп мешуданд, тақриз менавистам. Масалан, як нависанда дар асари худ масъалаеро баррасӣ мекунад. Ў дар ин кор то куҷо муваффақ шудааст? Оё умуман муваффақ шудааст? Масъалаи мавриди баррасии ў барои ҷомеа аҳаммияте дорад? Дар ин ҷода ҳунари нависандагии муаллиф чӣ қадар зоҳир гаштааст? Ман ба ин ва дигар суолҳо ҷавоб меҷустам. Аксар вақт ба суолҳои худ посух наёфта, аз навиштаи муаллифон қонеъ намешудам. Ҳамин тавр, худ ба навиштан оғоз намудам. Яъне нависанда шудан аз хонанда будан сарчашма мегирад.

– Метавонед эҳсосеро, ки баъди чопи ҳикояи нахустинатон аз сар гузарондед, баён намоед?

– Эҳсосоти ман омехта ба тааҷҷуб, ҳаяҷон ва хурсандӣ буд. Шарҳ медиҳам: он даврон ман дар кишвари Туркманистон масруфи хидмати ҳарбӣ будам. Се ҳикояамро ба унвони маҷаллаи “Садои Шарқ” фиристодам. Вале ҷавоб аз идораи маҷаллаи “Хорпуштак” омад, ки боиси тааҷҷуби ман шуд. Мактуб аз номи нависандаи машҳур Фазлиддин Муҳаммадиев буд. Ин маро ба ҳаяҷон овард. Устод иброз доштаанд, ки “ман узви ҳайати таҳририяи “Садои Шарқ” мебошам, рўзе ба идораи маҷалла даромадам, ҳикояҳои туро рўйи мизе дидам, варақҳо зард шудаанд, маълум, ки касе ба онҳо диққат надода ва ба ту ҷавоб ҳам нанавистааст. Ман масъулинро сарзаниш кардам ва ҳикояҳоро гирифта хондам, якеашро писандидам. Азбаски сардабири “Хорпуштак” ҳастам, онро дар ҳамин маҷалла чоп кунондам. Вақте хидмати ҳарбиро ба охир расонӣ, биё, мо туро ба кор мегирем”. Аз он, ки ҳикояам дар “Хорпуштак” ба табъ расида, худ мавриди таваҷҷуҳи Фазлиддин Муҳаммадиев барин устоди сухан қарор гирифтаам, хурсандии маро ҳадду канор набуд.

– Албатта, Шумо баъдтарҳо низ аз дастгирии устод Муҳаммадиев бархурдор будед?

– Бале. Ман баъди итмоми хидмати ҳарбӣ рўзе ба идораи маҷаллаи “Хорпуштак” рафтам. Аз кормандони он Басир Расоро мешинохтам. Назди ў даромадам. Андак суҳбат кардем, ки ба ҳуҷра шахси пуррабадане дар тан куртаи нимостини ранга ворид шуд. Аз рўйи либос ман фикр кардам, ки ў ягон рассом ё суратгир аст. Ў ба ман салом доду гузашта, ба курсие нишаст. Басир ба он шахс гуфт: “Кўҳзод ҳамин аст”. Ў ҳамон лаҳза аз ҷояш хеста, маро ба оғўш гирифт, аз нав ҳол пурсид ва гуфт: “Омадӣ? Хуш омадӣ!”. Маълум шуд, ки ҳамон одам нависандаи забардаст Фазлиддин Муҳаммадиев будаанд. Сухано- ни муаллим барои ман гўиё фотиҳае буд ҳам ба даргоҳи маҷаллаи “Хорпуштак” ва ҳам ба даргоҳи адабиёт. Ин фотиҳа то имрўз маро роҳнамоӣ мекунад.

Муаллим нависандагони ҷавонро ҳамеша дастгирӣ мекарданд. Банда ҳам дар ҳолатҳои душвор аз пуштибониашон зиёд баҳра бурдаам. Масалан, бояд повести ман “Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз” дар “Садои Шарқ” ба чоп мерасид. Ҳангоми ғалатгирии дуюм маълум шуд, ки повестро аз чоп боздоштаанд. Сабаб пурсидам. Ҷавоб доданд: “Сабабаш ҳаст, лекин ҳоло намегўем. Вақташ расад, баъд ба ту ме- фаҳмонем”. Чанд моҳ гузашт. Касе чизе нагуфт. Як рўз Муҳаммадиев ба ҷойи кори ман омада, пурсиданд: “Повестат куҷост?”. Ҷавоб додам: “Дар дастам, муаллим”. “Ба ман те” гўён папкаро гирифта рафтанд. Намедонам, он кас повестро куҷо бурданд, бо киҳо суҳбат карданд, барои зарурати чопаш чӣ далелҳо оварданд. Ба худам ҳам дар ин бора гап назаданд. Аммо повест баъди ин дар “Садои Шарқ” бо сарсухани муаллим ба табъ расид.

Устод Муҳаммадиев ҳақиқатан ҷонфидои адабиёт буданд. Фикру зикрашон ба он банд буд. Аз дасташон ҳар коре меомад, барои шоирону нависандагон дареғ намедоштанд.

– Дар замони Шўравӣ бештари асарҳоро дар Иттифоқи нависандагон мавриди баррасӣ қарор медоданд. Ин падидаи мусбат буд?

– Нуқтаи назари дигаронро марбут ба асари худ қабул кардан ҳамеша хуб аст. Навиштаҳои адибон дар Иттифоқи нависандагон муҳокима мешуданд, оид ба онҳо баҳсу мунозираҳо барпо мегаштанд. Дуруст, ки асарҳоро бештар аз нигоҳи идеологӣ таҳлил мекарданд. Вале дар байни муҳокимакунандагон адибон, мунаққидон, фарҳангиёне буданд, ки ҷанбаҳои ҳунарии навиштаҳоро ҳам ба назар мегирифтанд. Яъне онҳо ба осори адибон аз нигоҳи адабиёти асил баҳо медоданд. Муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев ба ҳамин зумра тааллуқ доштанд. Баррасии ҳарҷониба, албатта ба сифати повест, роман, достонҳо таъсир менамуд. Анъанаи мазкур ҳоло низ дар Иттиҳоди нависандагон идома дорад, вале онро зиёдтар тавсеа бахшидан лозим аст.

– Аз назари Шумо, насри тоҷик баъди пошхўрии Шўравӣ пеш рафт ё на?

– Ба ин суол яктарафа ҷавоб додан мушкил аст. Дар замони истиқлол ҷуғрофияи фарогирии мавзуъ васеъ гашт. Инчунин азбаски сензура бардошта шуд, адибон метавонанд фикри худро оид ба ҳар масъала кушоду равшан арза доранд. Дар баробари ин, масъулияти муаллифон барои пухтатар навистан кам шудааст. Мутаассифона, аз асарҳои баландсифат асарҳои пастсифат бештаранд.

– Зиёиёне ҳастанд, ки адабиёти шўравии тоҷикро куҳнашуда ба шумор меоранд. Шумо аз насри ҳамон давра ба хонандагони ин давра кадом асарҳоро тавсия мекунед?

– Онҳое, ки чунин мегўянд, шояд таассубзада мебошанд. Барои хондан адабиёти ҳама замонҳо ва халқҳо дорои намунаҳои хуб аст. Насри шўравии тоҷик низ. “Ёддоштҳо”, “Марги судхўр”, “Аҳмади девбанд”, “Исёни Муқаннаъ”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”-и устод Айнӣ, “Баёноти сайёҳи ҳиндӣ”-и Абдуррауфи Фитрат, “Аллома Адҳам”, “Восеъ”, “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғ- зода, “Духтари оташ”, “Тори анкабут”-и Ҷалол Икромӣ, “Одамони ҷовид”, “Маъвои дил”-и Раҳим Ҷалил, “Дар он дунё”, “Муҳоҷирон”-и Фазлиддин Муҳаммадиев, “Тобистон”-и Пўлод Толис… Мо ҳамагӣ чанд намунаи хубро номбар кардем. Он мункирон агар лоақал ҳамин асарҳоро мехонданд, дар сарашон ин фикри ботил пайдо намешуд ва ба инкор кардан забонашон намегашт.

– Насри давраи Шўравӣ дар равияи реализми сотсиалистӣ навишта мешуд. Шумо низ парвардаи ҳамин мактабед. Кўшише накардед, ки дар замони истиқлол ба ягон равияи модернистӣ асар эҷод намоед?

– Чунин кўшиш накардаам. Зеро аз нигоҳи ман, реализм беҳтарин усули нависандагист. Ҳоло реализми сотсиалистӣ, албатта, вуҷуд надорад. Аммо худи реализм дарозумр аст. Реализм, ки ба тоҷикӣ онро вуқўъгўйӣ меномем, ҳаётро боварбахш тасвир мекунад, ба ҳаёт такя месозад. Дуруст, ки равияҳои гуногун ба адабиёт тозакориҳое ворид кардаанд, вале агар ба таърихи адабиёти ҷаҳон назар андозед, асарҳои мондагортарин зодаи мактаби реализманд. Ман кўшиш менамоям, ки суханам барои бештари мухлисони адабиёт фаҳмо ва таъсиргузор бошад. Реализм дар ин самт хуб ёрӣ мерасонад. Мо барои хонанда менависем, на барои худ.

– Дар баъзе осори Шумо, аз ҷумла романи “Ҳайҷо”, ҷанбаи публитсистӣ бақувват аст. Шумо публитсизмро махсус ба кор мебаред ё мавзуъ онро ба саратон бор мекунад?

– Умуман равиши баёнро баъзан мавзуъ муайян мекунад. Агар мавзуъ сабук бошад, тасвир ҳам сабук мешавад. Агар “вазнин” бошад, барои ифодаи фикр тасвиру баёни “олимонатар” лозим меояд. Ин савти баёнро як парда боло мебардорад. Публитсисизм дар романи “Ҳайҷо” низ аз талаботи мавзуъ мебарояд. Зеро мавзуъ ба таърих, сиёсат, фарҳанг ва дигар масъалаҳо дахл мекунад. Публитсистика воқеият ва ҳаётро амиқтар, васеътар, густардатар фаро мегирад. Ин равиш, албатта, дастурӣ нест. Балки ба ният ва ҳадафи муаллиф вобаста аст.

– Шумо аз ҷумлаи он адибонед, ки доир ба масоили гуногун мақолаҳо низ ба табъ мерасонанд. Чӣ зарурате барои ин вуҷуд дорад?

– Нависанда узви ҷомеаи мавҷуда аст. Ў бояд узви фаъоли он бошад. Масъалаҳои мубраме ҳастанд , ки қаламкаш ба онҳо бетараф будан наметавонад. Чунонки Лоиқ мегўяд:

Мадду ҷазри ҳодисот аз синаи ман бигзарад,

Дар лаби дарёи ҳастӣ санги беҷон нестам.

Бештари мушкилоти иҷтимоӣ вокуниши фаврӣ мехоҳанд. Интишори мақола ҳамин гуна воситаест. Мақола зуднавис ва зуднашр аст, фикрро ба мухотаб зуд мерасонад. Дар ин маврид нависанда масъаларо пеш мегузорад, зарурати ҳалли онро исбот мекунад, хулоса мебарорад, ба мухотаб мефаҳмонад, ки алҳол кор ба он сурат аст, агар ба ин тартиб ҷараён гирад, манфиаташ бештар мешавад. Бо ин роҳ адиб дар рушду инкишофи кишвар ҳисса мегузорад.

– Ба онҳое, ки асари бадеӣ хондан шарт нест, мегўянд, чӣ ҷавоб додан мумкин аст?

– Дар дунё чӣ бисёр? Касбу кор. Ва ҳар касбу кор тобу китоби худро дорад. Ҳар кас аз пайи касбу коре меравад, бояд тоби онро бидонад ва китоби онро бихонад. Агар нахонад, рафту равиши корашро нахоҳад донист. Албатта, бештари одамон китобҳои илмиву ихтисосии худро хонда, ба комёбиҳо ноил мегарданд. Лекин хонанда аз китобҳои илмиву соҳавӣ касб ёд мегирад, аз китобҳои бадеӣ одамият меомўзад.

Асари бадеӣ ҳамчунин ҷаҳонбинии хонандаро васеъ мекунад, ба зиндагӣ таҳрик медиҳад, некиро талқин менамояд. Сониян, асари бадеӣ хонандаро ба фикр кардан водор месозад.

Зикри нуктае бамаврид аст, ки имрўз дар мағозаю кўчаю бозор китобу китобчаҳое аз қабили “Дуои дами дегдон”, “Бибисешанбе” ба фурўш монда шудаанд ва онҳо харидори зиёд ҳам доранд. Аз ин китобҳо омма чӣ мегирад? Ду-се дуоро шабу рўз такрор мекунад ва гумон мебарад, ки дониш омўхтааст ва он дар зиндагӣ коргар хоҳад гашт. Ҳол он, ки дар чунин навиштаҳо дониш нест. Як идда китобҳои хурофотӣ одамонро ба танбалӣ, дунёбезорӣ, маргпарастӣ, таассубгароӣ маҷбур месозанд. Аз онҳо ба ҳаёт, илм, фарҳанг, мафкура зиён ҳасту фоида не.

Хонанда бояд андеша кунад, ки зиндагӣ чист, воқеият чист, афсона чист, ривоят чист. Барои пешравии ҷомеа чӣ кор бояд кард? Чаро инсонигарӣ зарур аст? Ҳамин гуна фикрҳоро ба сари ў асари бадеӣ меорад. Инчунин ў дар атрофи ҳодисаҳои мавриди тасвири адиб меандешад: Чаро ин тавр шуд? Чаро қаҳрамони асосӣ ин гуна рафтор кард? Оё ин гуна рафтор кардан мумкин аст? Ва ғайра. Ҳамин тариқ, агар кўтоҳ гўем, вазифаи осори бадеӣ тарбияи фикр мебошад. Бе фикру андеша коре ба мурод кардан душвор аст. Бе фикру андеша миллат пеш намеравад. Хулоса, хондани китоби бадеӣ манфиати зиёди маънавӣ мебахшад.

Дар замони иқтисоди бозаргонӣ ба мардум талқин намудани мутолиаи китоби бадеӣ саҳл коре нест. Вале мо бояд дар ин роҳ кўшиши зиёд ба харҷ диҳем, ки миллатамон китобхон шавад, то ба худогоҳӣ, ватанпарварӣ, инсондўстӣ бештар даст ёбад.

– Устоди арҷманд, барои гуфтугузори кушоду самимона ба Шумо миннатдорӣ баён мекунам, табъатон саршор боду қаламатон пурбор!

Суҳбатнигор

Салими ЗАРАФШОНФАР

Дигар хабарҳо