Користони Роғун. Сабақи шуҷоату мардонагӣ

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби адибону публитсистони тоҷик бо мақсади ташаккули донишу ҷаҳонбинӣ ва дарки воқеияти иҷтимоӣ як қатор асарҳои хурду бузурги бадеиву ҳуҷҷатӣ таълиф гардиданд, ки онҳо бозгӯи таҳаввулоту дигаргуниҳои сохти иҷтимоии дирӯзу имрӯз ва ояндаи диёру рӯзгори мардуми кишвар мебошанд. Нависандаи халқии Тоҷикистон, журналисти соҳибистеъдод ва публитсисти воқеънигор Шералӣ Мӯсо аз ҷумлаи он нигорандагонест, ки дар инъикосу баррасии раванди корҳои сохтмонӣ ва бунёдкориву созандагии кишвар хеле фаъол аст. Дар асарҳои ӯ, аз ҷумла «Осоиш» (2003), «Тулуъ дар ғуруб» (2008), «Ошёни уқобон» (2010), «Қомати сабзи имон» (2011), «Қиссаи баҳорӣ» (2011), «Мардистон» (2013), «Президенти мо» (2014), «Саодати рӯ ба гардун» (2015), «Достони Роғун» (2015), «Ҷасорат» (2016), «Маҷмааи ифтихор» (2017) ва ғайра масъалаҳои мухталиф таҳлилу баррасӣ гардида, фаъолияту корнамоии мардуми тоҷик дар онҳо бо эҳсоси баланд инъикос гардидаанд.
Китоби “Достони Роғун”-и Шералӣ Мӯсо аз ҷумлаи асарҳои публитсистие мебошад, ки раванди корҳои сохтмониро дар ин иншооти азими аср ва барои миллати тоҷик муҳимму сарнавиштсоз дар бар мегирад. Ин китоб ҳашт достонро дар бар гирифта, фаъолияти меҳнатии шахсиятҳои гуногунро инъикос мекунад. Достонҳо ва ё силсилаочеркҳо бо ҳам пайванди мантиқӣ дошта, ҳамдигарро пурра мекунанд. Дар достони аввал, ки “Маҳаки номус” унвон дорад, аҳаммияти бунёди Неругоҳи обию барқии «Роғун» бо далелҳои мушаххаси илмӣ баён ёфта, публитсист барои ҷолибсозиву муассирӣ аз унсурҳои бадеиву публитсистӣ моҳирона истифода намудааст. Ин достон дар муқоиса ба дигар достонҳо нисбатан васеъ буда, ҳафт қисмат, аз ҷумла “Оғоз”, “Ошёни уқобон”, “Назаре ба таърих”, “Салом, эй Роғун”, “Роғун нури илоҳист”, “Шафоат ва шарофат” ва “Анҷом”-ро дар бар мегирад. Ҳар яке аз ин қисматҳо фарогири тасвири воқеии ин иншооти бузурги таърихиву гидроэнергеткӣ мебошанд. Агар дар қисмати “Оғоз” аз дубора шуруъ гардидани бунёди Неругоҳи обию барқии «Роғун» сухан равад, дар “Салом, эй Роғун” ва “Роғун нури илоҳист” раванди сохтмони он бо маҳорати баланди публитсистӣ таҷассум ёфтааст. Нигоранда то кадом ҳад муҳим будани ин неругоҳро ба иқтисодиёти кишвар бо эҳсоси ифтихору ватандорӣ чунин ба қалам медиҳад: “… Роғун рамзи ваҳдат, нангу номуси миллати тоҷик, Роғун ситораи дурахшонест дар осмони орзуву умеди тамоми мардуми Тоҷикистон! Роғун имон аст, бахт аст. Роғун обу ҳаво ва нон аст. Роғун масъалаи ҳаёту мамот аст”.
Публитсист ва адиби соҳибном Шералӣ Мӯсо дар таълифи асарҳои бадеӣ ва публитсистӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Ӯ барои таъсирнок гардидани сухан аз ҳикмату андарзи бузургон ва порчаҳои шеър, зарбулмасалу мақол мақсаднок истифода менамояд.
Тамоми қаҳрамонҳои асари ҳуҷҷатии “Достони Роғун”-и Шералӣ Мӯсо мардони меҳнатдӯст, созанда ва соҳибкасбанд, ки тақдир ва фаъолияти пурсамари онҳо ба ин иншоот иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ҷумла, фаъолияти пурсамари директори генералии ҶСШК “НоракНБОсоз” Шодмон Абдуллоев, ҷонишини мудири шуъбаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқии обии «Роғун» Нуралӣ Носиров, сармуҳандиси сохтмони Неругоҳи «Роғун» Укуматшо Ширинбеков, сардори дирексияи Роғун Зиёратшо Ашӯров, раиси ШСХ “Барқи тоҷик” Ҷӯрабек Нурмуҳаммад, сардори сохтмони Неругоҳи «Роғун» Саидамир Сиёҳмардов, сардори бригада Тоҷ Қодиров, кафшергарон Сармад Исоев, Абдукарим Саидраҳмонов, муҳандиси муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ Ҳакимшо Пиров, танзимгари базаи мошинҳои гаронвазн Ҳикматулло Аҳмадов, сохтмончиён Бахтиёр Маҷидов, Алимардон Авазов, Хайрулло Асоев, Икром Комилов, Асадулло Холов, Хайрулло Идиев ва нафарони зиёде инъикос ёфтаанд, ки шоистаи омӯзишу пайравӣ мебошанд. Аз ин миён фаъолияти яке аз сохтмончиёни ҷавони ин иншоот Бахтиёр Маҷидов нисбатан муассиру ҷолиб мебошад. “Бахтиёр як коргари одӣ, яке аз шаш ҳазор нафарон аст. Чеҳрааш офтобхӯрдаю шамоллесида ва обутобёфта. Дастонаш шахшӯли обиладор. Вай боре ҳам нагуфт, ки Ватанам ҳастии ман, ҷону дилам. Танҳо бо дили пур изҳор намуд:
– Мо Неругоҳи «Роғун»-ро месозем!
Ва баъдтар боз гуфт:
– Бо дастони худ сохтани «Роғун» чӣ нишоту хушбахтӣ дорад.
Барҳақ, бо дастони худ сохтани тақдири худ саодати беназир аст!
Бо ҳавас ба ӯ менигараму аз дил мегузаронам: “Дар либоси коргарӣ аҷаб зебост!”. Дарк мекунам, ки ин зебоии ботинӣ аст. Ғайрату матонаташ ҳам аз ҳамин чашма об мехӯрад.
– Мо бетон не, ишқ, меҳру муҳаббат ва сидқу садоқат мерезем”.
Қайд намудан зарур аст, ки яке аз хусусиятҳои хоси “Достони Роғун” истифодаи гуфтугӯйи ду ва зиёда одамон мебошад. Ин муколамаҳо дар кушодани дунёи ботинӣ, донишу ҷаҳонбинӣ ва фаъолмандии ҳар кадоме аз қаҳрамонҳо мусоидат намудаанд.
“… – Пас чаро ба Тоҷикистон омадӣ?
– Барои он ки дурнамо пайдо шуд.
– Дурнамо? Чӣ будааст он?
– Роғун, – посух дод Хайрулло. – Бале, Роғун маро ҷалб кард ва неру бахшид. Ба худ гуфтам: “Ба пеш!”
Сардор нобоварона пурсид:
– Ё ки ҳаваси пули калон туро овард?
– Ҳаргиз! – қатъӣ гуфт Хайрулло. – Пул не. Ҳеҷ гоҳ дар ғами пул набудам. Ва имрӯз ҳам нестам…
Сардор сухани ӯро бурид:
– Пас чӣ?
Хайрулло бо ҳамчунон оҳанг гуфт:
– Нангу номус ва орзуи ширин”.
Асоси ҳама гуна асари публитсистиро воқеияти иҷтимоӣ ва ҳуҷҷатнокӣ ташкил медиҳад. Дар достони ҳаштуми китоб, ки “Шуълаи барқи ҳақиқат” унвон дорад, масъалаи сарпарастии ширкатҳои байналмилалӣ инъикос шудааст. Адиб ва публитсист ин лаҳзаро дар “Достони Роғун” басо муассиру ҷолиб тасвир кардааст: “Инак, Бонки ҷаҳонӣ 1-уми сентябри соли 2014 хулосаи ниҳоияшро нашр кард: Роғун комилан бехатар аст! Ва ин лоиҳаро камхарҷтарин роҳи таъмини Тоҷикистон бо неруи барқ арзёбӣ кард.
– Иҷозат медиҳед шуморо табрик кунам?
Сармад нигоҳи пур аз ифтихор ва сипос ба Парчами партавфишони Тоҷикистон дӯхту сипас лабханде зад гарм ва самимӣ:
– Чаро не! – гуфт.
Барқи ҳақиқат шуъла зад. Дилашон аз фараҳу шодии беинтиҳо гум мезад. Дар чашмонашон чи қадар меҳру муҳаббат нисбат ба Роғун ҷой дошт. Сӯхтан ба сохтан бипайваст!”
Шералӣ Мӯсо дӯстиву бародарӣ ва робитаи давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Русия бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди иншооти бузурги аср нишон додааст.
Мутолиаи амиқи китоби ҳуҷҷатии “Достони Роғун”-и адиби соҳибистеъдод ва публитсисти воқеъгаро Шералӣ Мӯсо пеш аз ҳама моро бо корномаи меҳнатии сохтмончиёни Неругоҳи обию барқии «Роғун» шинос намуда, худшиносу худогоҳ будан, саҳим будан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва доштани садоқат ба Ватани худро талқин мекунад. Маҳз тавассути чунин асарҳои бозгӯкунандаи воқеияти Тоҷикистон ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон бештар мегардад.
Сангимурод ШАРИФОВ,
номзади илмҳои филология